
Қобилҷон Хушвахтзода: «Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба масоили об дар ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обии сайёра нақши муҳим доранд»
Май 31, 2025 10:15
ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се даҳсолаи охир дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии экологӣ, ки ба захираҳои об, кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо вобастаанд, нақши назаррас гузоштааст. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили об дар ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обии сайёра нақши муҳим доранд. Чунин изҳори назар намуд Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба мухбири АМИТ «Ховар.
Қабули ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон пайваста дар ҳалли ин мушкилоти муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати дурбинонаро пеш мебарад. Дар доираи ин ташаббус конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуда истодааст, ки дар он мутахассисони пешрафтаи ҷаҳонӣ иштирок доранд.
Президенти Академияи миллии илмҳои мамлакат изҳор дошт, ки ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки тағйирёбии иқлим зиндагии ҳаррӯзаи башариятро тағйир медиҳад. Ин, пеш аз ҳама, тавассути таъсиррасонӣ ба захираҳои обӣ мушаххас мегардад. «Ба иттилои олимон, яке аз нишондиҳандаҳои асосии тағйирёбии низоми обӣ обшавии зуд-зуди пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Аз ҳама бештар коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия ҳамаро ба ташвиш овардааст. Хусусан пиряхҳои кӯҳӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазиртар ҳастанд»,-гуфт ӯ.
Тибқи баҳодиҳиҳои муосир, пиряхҳои Осиёи Марказӣ аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта тақрибан 30%-и ҳаҷми худро аз даст додаанд. Ин раванд махсусан дар даҳсолаҳои охир бештар гардидааст. Қобилҷон Хушвақтзода изҳор медорад, ки пиряхҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, зеро аз ҳолати онҳо мустақиман таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, рушди кишоварзӣ, энергетика, саноат ва дигар соҳаҳои калидии фаъолияти ҳаётӣ вобастагии зич дорад.
Дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим афзоиши шумораи аҳолӣ низ фишорро ба захираҳои обӣ зиёд менамояд. Ба маълумоти мавҷуда, то солҳои 60-уми асри гузашта дар Осиёи Марказӣ ба ҳар нафар беш аз 8 000 метри мукааб об дар як сол рост меомад. Имрӯз ин нишондиҳанда беш аз чор баробар коҳиш ёфтааст.
«Обшавии зуд-зуди пиряхҳо на танҳо боиси камшавии захираҳои обии минтақа мешавад, балки сабаби афзоиши ҳодисаҳои хатарноки гидрологӣ — омадани сел, обхезӣ, лағзиш ва тармафароӣ мегардад, ки ҳар сол ба иқтисод ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ зарари калон мерасонанд»,-мегӯяд ӯ.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 май зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо раванди таъминоти обро халалдор ва ба амнияти озуқаворӣ таҳдид карда, ба истеҳсоли неруи барқи тоза таъсири манфӣ мерасонад. Ин раванд, ба таъкиди Сарвари давлат, дар аксари ҳолатҳо хатарҳои зиёд эҷод намуда, нобаробарии иқтисодӣ ва осебпазирии аҳолиро меафзояд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон раванди обшавии босуръати пиряхҳо боиси обхезӣ, омадани сел ва фаромадани ярч гардида, ба инфрасохтор зарари калон мерасонад.
Дар ин замина Қобилҷон Хушвахтзода изҳор медорад, ки ҳолати муосири криосфера, бахусус пиряхҳои Тоҷикистон, ки дар ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд, на танҳо таҳлили амиқ талаб мекунанд, балки қабули чораҳои мушаххасро низ зарур медонанд. «Ин чораҳо тақвияти пойгоҳи моддиву техникӣ ва рушди таҳқиқоти илмии муштаракро бо таъкид бар омӯзиши пиряхҳо дар бар мегирад. Дар ин замина таҳкими ҳамкории байналмилалӣ бо шарикон дар соҳаи таҳқиқоти яхшиносӣ дар минтақа хеле муҳим мебошад»,-чунин мешуморад ӯ.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо назардошти аҳамияти масъалаи таҳқиқи пиряхҳо соли 2018 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт, ки дар он таҳқиқоти гуногунҷанба дар соҳаи яхшиносӣ бо истифодаи усулҳои муосири таҳқиқотӣ гузаронида мешаванд. Ҳоло дар марказ зиёда аз 60 корманд кор мекунад. Дар давраи фаъолияти марказ барои омӯзиши пиряхҳо дар минтақаҳои баланду душворгузари Тоҷикистон зиёда аз 50 экспедитсияи илмӣ ташкил карда шудааст.
Шаҳлои САДРИДДИН, АМИТ «Ховар»
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
28 май дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Ма
28 май дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Федератсияи Россия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва оғоз гардид. Раиси Маҷлиси
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Федератсияи Россия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва оғоз гардид. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ таҳти садои мусиқии маросимӣ дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони Федератсияи Россияро пос доштанд. Дар ин маросим Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро намояндагони воломақоми Шӯрои Федератсияи Федератсияи Россия ҳамроҳӣ намуданд.
Имрӯз, 26 май бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамоиши илмӣ – амалӣ байналмилалӣ оид ба Ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмӣ - амалӣ намояндагони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЕ) низ ширкат доштанд.
Ба кори ҳамоиш Мирсаидов Илҳом – директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, дар бораи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон ибрози ақида намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқадимавии хеш таъкид дошт, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” дар тамоми давлатҳои узви СММ эълон гардидааст ва барои дар амал татбиқ намудани пешниҳоди навбатӣ мо олимони АМИТ вазифадорем, ки тамоми паҳлуҳои ин мавзуъро омӯзиш гузаронида, дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ ба даст орем.
Дар ин силсила ташаббусҳо эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки ба шарофати дипломатияи фаъол ва роҳбарияти илмии Тоҷикистон имконпазир гардид, ҷои махсусро ишғол мекунад. Қатъномаи дахлдорро Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 якдилона қабул кард. 21 март низ расман Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шудааст, ки ҳамасола ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти ҳифзи ин экосистемаҳои осебпазир ҳамчун манбаи асосии оби тозаро хотиррасон мекунад.
Гуфта шуд, ки дар ҳошияи иҷрои ин иқдом аз 29 то 31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҷараён дорад. Яке аз ҳадафҳои конфронс таҳияи асноди стратегӣ, харитаи роҳ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳамкории мо намунаи муҳими ҳамкории самарабахши байналмилалӣ барои рушди устувор, пешрафти илм ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Бигзор ин шарикӣ таҳким ва густариш ёбад ва ҳифзи ин экосистемаҳои ноустувор, вале ҳаётан муҳимро барои наслҳои ҳозира ва оянда таъмин кунад.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ СИФАТИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ИЗОТОПҲО ДАР МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО
26 майи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳо Озмоишгоҳи сифати об, санитария ва изотопҳоро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи ҳамкориҳои муштараки сохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ заминаи моддиву техникӣ такмил ёфта, сифати корҳои илмӣ ва натиҷаи онҳо беҳтар мешавад.
Гуфта шуд, ки дар доираи ин ҳамкорӣ бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи PICARRO дастрас карда шуд, ки он яке аз дастгоҳи гаронарзиш ва нодир ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки яке усулҳои таҳқиқ ва муосири омӯзиши пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обӣ дар Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ истифодаи таҳлили устувори изотопӣ бо истифода аз дастгоҳи лазерии PICARRO мебошад.
Бояд гуфт, ки дастгоҳи мазкур дар чаҳорчубаи лоиҳаи “Ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбии иқлим” (TAD 7004, 2022-2025 бо дастгирии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамоҳангсозӣ Агентии байналмилалӣ нерӯи атомӣ (МАГАТЕ) дастрас шудааст.
Имрӯз, 26 май бо ишитироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону коршиносон дар Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки таъсиси озмоишгоҳи мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, № 407 дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ба истиқболи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо равона гардидааст.
Зимни ифтитоҳ ба роҳбари академия иттилоъ дода шуд, ки Озмоишгоҳи низоми миллии иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксҳои моҳворагии сифати баланд ва дақиқияти боло пиряхҳо таҳқиқ намуда, масоҳати онҳоро дар давраи интихобшуда барои ҳар як ҳавзаи пиряхӣ муайян менамояд. Инчунин аз рӯи муқоиса маълумоти сарфи об ва маълумоти метеорологии боришот ва ҳарорат равандҳои ташаккулёбӣ ва таназулёбии пиряхҳо муайян карда мешаванд.
Гуфта шуд, ки дар озмоишгоҳи мазкур равандҳои динамикии пиряхҳои набзонии Тоҷикистон ва кӯдҳои пиряхӣ таҳқиқ шуда, моделронии ташаккулёбии минбаъдаи онҳо амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон бо мақсади дақиқ муайян кардани равандҳои криосфера бо истифода аз дастгоҳҳои худпарвозӣ бесарнишин ва таҳқиқоти саҳроӣ низ чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.
Имрӯз, 26 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ ҳамоиши илмӣ ба муносибати таҷлили 1045- солагии фарзанди халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино таҳти унвони “Нақши Ибни Сино дар ташаккул ва рушди илми тиб” баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ибодзода Саидмуқим Тиллохуҷа ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳаёту фаъолият ва нақши Ибни сино дар рушду ташаккули илми тиб маъруза намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш изҳор доштанд, ки Шайхурраис ибни Сино яке аз бузургтарин мутафаккирони асри XI мебошад, ки на танҳо дар доираи илми тиб, балки дар фалсафа, мантиқ ва илмҳои табии ба баландтарин сатҳ расидааст. Осори ӯ, аз ҷумла «Қонуни тиб» ва «Китоби Шифо», то имрӯз яке аз сарчашмаҳои бунёдӣ ва муътамади илми тиб дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд. Ин китобҳо бо забони арабӣ навишта шудаанд, аммо дар қалбҳои ҳазорсолаҳои насли донишмандон реша давондаанд ва барои равнақи илми тиб хазинаи гаронбаҳо ба ҳисоб мераванд.
Гуфта шуд, ки Абӯалӣ ибни Сино на танҳо табиби варзида ва олим буд, балки як файласуфи пурқудрат ва маърифати ниҳоят амиқ дошт. Ӯ илми тибро на ҳамчун як фан, балки ҳамчун як санъати ҳаёт ва ифодаи тамомияти инсон медид. Тиб барои ӯ ҳеҷ гоҳ танҳо ҷустуҷӯи дору ва табобат набуд, балки шинохти амиқи муносибати инсон бо муҳити атроф ва нигоҳдории саломатии ҷисму равон буд. Ин хел равиш ба тиб моро ҳоло низ вазифадор месозад, ки ба илми тиб ҳамчун санъат ва илм, ба ҳамзамон аз нигоҳи илмӣ ва инсонӣ нигоҳ кунем.
Таъкид гардид, ки вақте инсоният бо мушкилоти муосири тиббӣ ва ҷаҳонии саломатӣ, ба мисли бемориҳои сироятӣ, тағйироти генетикӣ, бемориҳои музмин ва таъсири манфии тағйирёбии муҳити зист рӯбарӯ аст, нақши мероси Ибни Сино беш аз ҳарвақта равшан мешавад. Илми тиби муосир бояд роҳҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобатро бар асоси таҷриба ва хирадҳои ниёгони бузург, ба мисли Абӯалӣ ибни Сино ва бо истифода аз технологияҳои пешрафта таҳия намояд.
Муҳаққиқи маъруфи рус Сергей Фёдорович Оловников дар таҳлили осори Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст: «Абӯалӣ ибни Сино, ба ҷои он ки танҳо табиби амалист, дар ҳақиқат рӯҳоният ва маърифати тиб аст. Ӯ аввалин нафарест, ки илми тибро бо усули илмӣ ва фалсафӣ якҷоя карда, онро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардааст.»
Дар Тоҷикистон, ки мероси пурғановати илмӣ ва адабӣ дорад, мақоми Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи илми тиб ва фарҳанги миллии мо басо муҳиму таърихист. Осори ӯ заминаи асосии барномаи таълимии донишгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои тадқиқотии кишвар ба шумор меравад.
Суханҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фармудаанд: «Таълим ва илми тиб бояд ҳамеша бо эҳтироми ҳаёт ва инсонӣ ҳамроҳ бошад, зеро бе ин арзишҳо рушди воқеии илми тиб ғайриимкон аст,» моро дар ин роҳ раҳнамоӣ мекунад.
Аз ин лиҳоз, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор аст, ки омӯзиши мероси Шайхурраисро ҳамчун бахши аслии таълим ва тадқиқот дар соҳаи тиб тақвият бахшад ва ҳамзамон бо роҳбарии ҳукумат ва ҳамкории байналмилалӣ барои пешрафти илми тиб дар кишвар кӯшишҳои ҷиддӣ намояд.
Дар айни замон, зарурати ворид кардани равияҳои нави тадқиқотӣ ба илми тиб — аз қабили биотехнология, геномика, тибби персоналӣ ва таҳқиқоти байнисоҳавӣ бо илми фалсафа ва ахлоқ — аз мероси ниёгони бузург бармеояд. Ин равиш моро водор месозад, ки на танҳо ба ҷустуҷӯи усулҳои муолиҷа, балки ба фарогирии тамомияти инсон ва муҳити зиндагӣ таваҷҷуҳ кунем.
Имрӯз, 23 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби мукаммали “Таронасози ватан”- и Файзалӣ Ҳасан муаррифӣ гардид.
Ба кори маҳфил президенти Академяи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади тарғиби ҳамаҷонибаи дастовардҳои илмӣ ва эҷодии олимону адибон ва аҳли ҳунар тасмим гирифтааст, ки моҳе як маротиба чунин маъракаҳои эҷодӣ ташкил намояд. Гарчанде ба ҷойи як ҷаласа мо ҳар моҳ ду ва ҳатто се ҷаласаи маҳфили “Хирад”-ро баргузор менамоем, ки фикр мекунам хуб аст. Ҳадаф аз баргузории маҳфилҳо таҳлили дастовардҳои олимон, адибону аҳли фарҳанг, арҷгузорӣ ба хизматҳо ва эҷодиёти устодон мебошад.
Гуфта шуд, ки имрӯз мақсаду муҳтаво ва мундариҷаи ҷаласаи мазкур ба эҷодиёти яке аз чеҳраҳои намоёни санъати мусиқии мамлакат, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, сароянда ва оҳангсоз Файзалӣ Ҳасанов бахшида шудааст.
Таъкид гардид, ки дар олами мусиқии муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол даҳҳо ҳунармандони асил бо созу навоҳои тоза васфи ватани азизамонро тараннум мекунанд ва дар байни онҳо нақши устод Файзалӣ Ҳасанов хеле ва хеле назаррас аст. Ин ҳунарманди номӣ имрӯз муаллифи садҳо таронаҳои тоза буда, дар байни мардуми Тоҷикистон обрӯву нуфузи баланд дорад. Файзалӣ Ҳасанов тамоми марҳилаҳои эҷодиро тай намуда, имрӯз дар қуллаи волои фарҳанги муосир қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки раёсати Академияи миллии илмҳо соле қабл тасмим гирифта буд, ки дар партави амалисозии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва ҷавобан ба ғамхориҳои беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи бештар падидаҳои асили фарҳанги замони истиқлолро тарғиб намояд ва зимни ҳамин иқдом аз ҷониби кормандони шуъбаи санъатшиносии Раёсат китоби мукаммали “Таронасози Ватан”, ки иборат аз очерки муфассали тарҷимаҳолӣ ва нотаҳои зиёда аз 80 адад оҳангҳои эҷоднамудаи Файзалӣ Ҳасанов буда, аз ҷониби Вазорати Фарҳанги Тоҷикистон рӯйи чоп омадааст.
Дар идомаи маҳфил муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, директори МД ТВ “Сафина” ва дигарон суханронӣ намуда, аз ҳунари волои ин ситораи тобноки олами мусиқӣ ёдовар гардиданд.
Дар фарҷоми маҳфил бо суруду таронаҳои марғуб ва ватандӯстонаи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан анҷом ёфт.
Имрӯз, 22 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи баргузории конфронси сатҳи баланди ҳифзи пиряхҳо ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон таҳти унвони “Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо ҳамоиш баргузор гардид.
Қабл аз оғози ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз намоишгоҳи расмҳои мактабачагон, ки дар онҳо пиряхҳои Тоҷикистон тасвир ёфтаанд боздид намуданд.
Дар идома зимни суханронии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид доштанд, ки чорабинин имрӯза, аз ҷумлаи талошҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи амалии ибтикороти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳали масъалаҳои об, махсусан ҳифзи пиряхҳо маҳсуб мегардад.
Таъкид гардид, ки бо ибтикорти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намудааст, ки татбиқи он барои расидан ба ҳадафҳои глобалии соҳаи обу иқлим заминаи сазовор гузошта истодаанд.
Гуфта шуд, ки зери таъсири тағйирёбии иқлим таназулёбии криосфера дар саросари олам торафт суръат мегирад. Тибқи натиҷаи таҳқиқотҳои илмии олимон оид ба тағйирёбии иқлим ва криосфера дар соли 2019 ва моделсозии раванди таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо нишон медиҳанд, ки то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд.
Бояд гуфт, ки далели ин арзёбиҳо метавонад гузориши Созмони ҷаҳонии обуҳавошниосӣ бошад, ки тибқи он соли 2024 гармтарин сол дар тамоми давраи мушоҳидаҳо арзёбӣ гардидааст. Ташаббуси эълоннамудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»- ро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар ҷаласаи нахустини Эътилофи обу иқлим муаррифӣ намуда буданд, ки он ба хулосаҳои илмӣ асос ёфтааст.
Дар идома ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин тасвир» дар мавзуи «Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо» аз ҷониби мактабачагон муайян гардида, бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.