Донишманди илму фарҳанги тоҷик Муҳаммад Осимӣ аъзо-корреспонденти АФ СССР, ходими хизматнишондодаи илм, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлал Неру, солҳои зиёде Президенти АИ ҶТ, як инсони комилу бомаърифат ва дорои ҳувияти баланди миллӣ буданд. Устод М.Осимӣ ҳамчун як роҳбари сиёсатмадору хирадманд ва вуҷудан олими тавоно дар давоми сарвари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буданашон кори Академия ва институтҳои онро пеш бурда, ҳавасмандии аҳли хирад ба илм афзуда, обрӯи илми тоҷик ва олимони он на танҳо дар Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар кишварҳои хориҷ аз он низ зиёд буд.
Маҳз бо ташаббуси академик Муҳаммад Осимӣ иртибот ва рафту омадҳои илмӣ-фарҳангӣ олимони тоҷик бо кишварҳои хориҷӣ дар сатҳи баланд буд. Аз ин ҷо, донишмандони соҳаҳои мухталифи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шуҳрат доштанд ва қариб дар тамоми конфронсу симпозиумҳои ҷаҳонӣ ширкат меварзиданд. Ҳамчунин худи академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун донишманд ва ходими ҷамъиятӣ на фақат дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар кишварҳои хориҷ низ ба монанди Англия, Франсия, Олмон, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Чин ва мамлакатҳои араб маълуму машҳур буданд. Чунон ки гуфтем Муҳаммад Осимӣ бо унвони Президенти АИ ҶТ адои вазифа менамуданд ва ба бисёр мамлакатҳои Шарқу Ғарб ҳамчун олим, сарвари АИ-и Тоҷикистон ва ходими ҷамъиятӣ сафар намуда, дар конфронсу симпозиумҳо ва конгресҳо бо баромаду суханрониҳо иштирок менамуданд.
Бо дастгирӣ ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ дар тақвими санаҳои таърихӣ ва фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст. Он кас муддати тулонӣ сардори лоиҳаи ЮНЕСКО дар қисмати омӯзиши фарҳангу тамаддуни Осиёи Марказӣ буданд ва дар анҷоми ин лоиҳа саҳми босазое доштанд, ки ифтихори миллати тоҷик мебошад.
Академик Муҳаммад Осимӣ дар таърихи илму фарҳанг ва тамаддуни Тоҷикистон ҳамчун ходими илмӣ, давлатӣ ва раҳнамо нақши арзандаи худро доштанд ва дар айни замон як хислату маърифати ба худ хосе доштанд. Чунки ин шахсият дар пешрафти илму фарҳанг ва ташаккули ҷаҳонбиниву тамаддуни миллати тоҷик хизмати таърихӣ намудаанд. Дар ҳақиқати Муҳаммад Осимӣ ҳаёт ва зиндагии хеш ва саъю талошашро бо илму фарҳанг, тамаддун ва ҳаёти иҷтимоиву сиёсии бештар аз ним аср ба миллати тоҷик бахшида, дар ин муддат хизматҳое зиёде намуданд, ки мо ва таърихи мо ин шахсияти бузургро набояд аз лавҳи хотир ва сафҳаи таърих дур созад.
Фаъолият ва ҳаёту зиндагии Муҳаммад Осимӣ рангобаранг гузаштааст. Он кас мутаваллиди соли 1920 (ш.Хуҷанд) буда, соли 1941 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқандро хатм намудаанд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1946) буда, фаъолияти кориашон дар Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд шурӯъ шуда, ба сифати ассисент, муаллими калон, мудири кафедраи физика, проректори донишгоҳ шуда кор кардаанд.
Баъдан аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ (1952-1955) дар зери роҳбарии академик Б.М.Кедров рисолаи номзадӣ менависанд ва пас аз дифоъ ва хатми академия иртиботи Муҳаммад Осимӣ бо роҳбарашон ва олимони Москва идома меёбад. Махсусан пас аз Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданашон ин иртиботи илмӣ-фарҳангӣ ва ҳамкорӣ қавитар мешавад.
Муҳаммад Осимӣ нахустин ректори Донишкадаи политехникии ш. Душанбе (1956-1962) буданд, ки дар ҳоли ҳозир ин Донишгоҳ номи академик Муҳаммад Осимиро дорад. Баъдан (1962-1965) дар вазифаҳои Вазири маорифи халқ, Раиси Комитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК, ҷонишини Раиси Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон анҷоми вазифа кардаанд.
Муҳаммад Осимӣ соли 1965 академик ва Президенти АФ ҶШС Тоҷикистон таъин шуда, то соли 1988 ин вазифаро адо мекунанд. Дар замони президенти Академияи илмҳо буданашон истеъдоди баланди илмӣ-ташкилотчигӣ нишон дода, фаъолияти илмии худро васеъ гардониданд. Фаъолияти илмии эшон соҳаҳои мухталифи илму фарҳанг, аз ҷумла таърихи фалсафа, материализми диалектикӣ, табиатшиносӣ, таъриху тамаддунро дар бар мегирад ва асарҳои ӯ ба забонҳои форсӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, ҳиндӣ чоп шудаанд. Мавзӯи баҳси осори ӯ бештар масъалаҳои мубрами фалсафаи марксистӣ, материя ва тасвири физикии олам, пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафӣ, мафҳуми материя ва проблемаи воқеияти физикӣ, мавзӯи баҳси материализми диалектикӣ, таҳқиқи проблемаҳои ташаккулу такомули илму фарҳанги Тоҷикистон, роҳҳои амалигардонӣ ва тараққӣ додани илму маориф, масъалаҳои сохтмони маданӣ пайваста бо ҳалли вазифаҳои пешрафти иҷтимоӣ, боло бурдани фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва амсоли инҳоро дар бар мегирад.
Муҳаммад Осимӣ дар тарҷумаи осори классикҳои марксизм ва ленинизм, махсусан «Анти Дюринг»-и Ф.Энгелс, «Дафтарҳои фалсафӣ» ва «Материализм ва эмпириокритисизм»-и В.И.Ленин саҳми арзанда гузоштаанд.
Хизмати Муҳаммад Осимӣ дар ташкил ва ба вуҷуд овардани Энсиклопедияи советии тоҷик дар назди Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки дар ҳашт ҷилд нашр гардид, басо бузург буд. Дар муддати зиёда аз 20 сол, ки Президенти АФ Тоҷикистон буданд, робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ бо Академияи илмҳои СССР, академияҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва кишварҳои хориҷӣ қавитару мустаҳкамтар гардид. Бо ташаббуси Муҳаммад Осимӣ Институти шарқшиносӣ, Шуъбаи генетикаи умумии пахта, Институти математика, Институти биологии Помир таъсис дода шуд, ки дар инкишоф ва ташаккули илм ва кадрҳои илмӣ нақши арзанда бозид.
Хизмати арбоби илму фарҳанги тоҷик Муҳаммад Осимӣ дар таҷлили солгарди аҳли илму адаб ва намояндагони барҷастаи тамаддунамон Абуалӣ ибни Сино (1980), Абдураҳмони Ҷомӣ (1964-1989), Аҳмади Дониш (1975), 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1996) ва ғайраҳо ниҳоят бузург буд.
Дар айни замон Муҳаммад Осимӣ як шахсияти машҳури иҷтимоӣ буданд. Чандин маротиба депутати Шурои Олии Ҷумҳурӣ ва ИҶШС интихоб шуда буданд, ки Ҳукумати ИҶШС ва Тоҷикистон фаъолияти илмӣ, иҷтимоӣ, илмӣ-ташкилотии ӯро ба назар гирифта, бо орденҳои дараҷаи аввали давлатӣ мукофотонида, аз ӯ қадрдонӣ кардаанд.
Саҳми ходими илму адаб ва бо тамоми маънӣ инсони хирадманд академик Муҳаммад Осимӣ дар пешрафти фарҳангу тамаддун ва илму тафаккури маънавӣ-ақлонии тоҷикон беинтиҳост. Наметавон дар чанд саҳифаи мухтасар ҳамаи онро рӯи қоғаз овард, вале қайд намудан зарур аст, ки ӯ дар ҳақиқат як роҳбар, роҳнамои илму фазилати инсонӣ, инсони хубу меҳрубон, оқилу доно ва сиёсатмадор буданд, ки дар симо ва гуфтору муомилаи ӯ як инсони комил ва бошахсияту бофарҳанг ва бо қалби бузургро метавон дид. Дурахши илму заковат дар симои он кас барқ мезад ва ҳаминро мегӯям, ки шояд чунин шахсиятҳо такрорнашаванда бошанд, ёдашон ба хайр, рӯҳашон шод бод!
Тоҷинисо Муродова номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
ходими пешбари илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ