Skip to main content

"Коррупсия яке аз хатарҳои ҷиддитарин барои рушди устувори ҷомеа ва давлат ба ҳисоб рафта, ба обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад."

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Коррупсия ва ё фасод вожаест, ки солҳои ахир барои аксари мо ошност ва бо мафҳумҳои норозигӣ ва эҳсоси беадолатӣ тавъам мебошад. Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank) мафҳуми коррупсияро ба таври кӯтоҳ ҳамчун "суиистифода аз вазифаҳои давлатӣ барои фоидаи шахсӣ" тавсиф намудааст. Агар ба таври оддӣ шарҳ диҳем маънои коррупсия (фасод) ин сӯистифода аз мансаби давлатӣ ё ваколатҳои хидматӣ бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ мебошад. Ин амали зишт метавонад дар шаклҳои порагирӣ, тақаллуб, хешутаборигарӣ, шиносбозӣ, истифодаи ғайриқонунии маблағҳои буҷавӣ ва амсоли он зуҳур намояд. Оқибати ин аъмоли зишт новобаста аз шаклҳои бурузи он ҳамеша зарари бузург ба манфиатҳои ҷомеа мебошад.

Коршиносон ба ин ақидаанд, ки коррупсия яке аз хатарноктарин падидаҳои иҷтимоӣ буда ба сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Вай на танҳо ба амният ва иқтисоди кишварҳо таҳдид мекунад, балки арзишҳо ва ахлоқи ҷомеаро низ зери хатар қарор додааст. Дар шароити афзоиши коррупсия арзишҳои миллӣ ва ахлоқии ҷомеа таҳти фишори шадид қарор гирифта эҳтимолияти таназзули иҷтимоӣ меафзояд. Бе муболиға таъсири коррупсия ба ахлоқи ҷомеа паҳлӯи аз ҳама хатарноки ин падидаи зишт мебошад, чунки иваз шудани арзишҳои суннатӣ ба арзишҳои бегона ва аз байн рафтани меъёрҳои ҳамидаи ахлоқи инсонӣ натиҷаи бевоситаи афзоишу густариши коррупсия мебошад.

Ташкилоти бонуфузи байналмиллалии Transparency International, ки солҳои тулонӣ ба мубориза бо коррупсия ва пешбурди шаффофият машғул аст дар гузориши соли 2024 оид ба ин раванд иброз доштааст: «Дар кишварҳое, ки коррупсия паҳн шудааст, на танҳо институтҳои сиёсӣ заиф мешаванд, балки сатҳи ахлоқ ва масъулияти шаҳрвандӣ низ коҳиш меёбад». Ин ниҳоди бонуфуз баъди омӯзиши вазъияти коррупсионӣ дар даҳҳо кишварҳои пешрафтаву кишварҳои ҷаҳони саввум ба натиҷаи мазкур омадааст, ки мавриди баҳс нест. Ин маънои онро дорад,ки хатари коррупсия ба рушду устувории арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии ҷомеаи имрӯза як масъалаи ниҳоят ҷиддӣ буда, таҳлилу таҳқиқи ҳаматарафаву фарогирро тақозо менамояд. Мо дар ин ҷо кушиш менамоем, ки ба таври хеле мухтасар танҳо хатарҳои арзишиву ахлоқии ин падидаро барои ҷомеа мавриди пажӯҳиш қарор дода, роҳҳои коҳиш ва бартарафсозии ин офатро то андозае рушан намоем.

Арзишҳо ва ахлоқи ҷамъиятӣ як қисми муҳимми фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ буда, ҳифз ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда вазифаи ҳар яки мову шумост. Маҷмӯи меъёрҳо, эътиқодҳо ва принсипҳои муштараке, ки аксари аъзои ҷомеа онҳоро муҳим ва зарурӣ медонанд, арзишҳои ҷамъиятӣ маҳсуб мешаванд. Таҳдиди коррупсия ба арзишҳои муҳимми ахлоқӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои устувории ҷомеа зарур мебошанд, возеҳу равшан мебошад. Осебпазирии арзишҳо, ки дар натиҷаи авҷ гирифтани коррупсия тамоюли бебозгашт касб менамояд, боиси нигаронии ҷомеаи башар гардидааст.

Қайд кардан ҷойиз аст, ки дар ҷомеае, ки дар он ҷо арзишҳои инсонӣ, аз қабили инсоф, адолати иҷтимоӣ, ҳамдардӣ, кӯмак ба ниёзмандон ва ғамхорӣ нисбат ба муҳити зист ҷой дорад, барои зиндагӣ беҳтару хубтар мебошад. Арзишҳо ва ахлоқи ҷамъиятӣ шоҳсутуни асосии ҷомеаи солим ва мутараққӣ буда тағйирпазиранд. Ҳар як узви ҷомеа муваззаф аст, ки онҳоро муроот ва эҳтиром намояд. Эҳтиром ва риояи бечунучарои онҳо ба сулҳу субот, пешрафт ва некӯаҳволии умум мусоидат мекунад. Арзишҳои муштарак аъзои ҷомеаро дар атрофи як ҳадаф ва эътиқод муттаҳид намуда, ҳисси ягонагӣ ва ҳамбастагиро тақвият бахшида, ба муттаҳидсозии ҷомеа мусоидат менамояд.

Адолат ва баробарӣ аз арзишҳои асосӣ ва муҳимми ҷомеа мебошад, ки ба он коррупсия дар навбати аввал таҳдид менамояд. Адолат, яъне адолати иҷтимоӣ муносибати одилона бо ҳама сарфи назар аз мансаб ва мавқеи иҷтимоӣ мебошад. Яқинан дар ҷомеаи мубтало ба коррупсия одамон ба ҷойи адолат ва баробарӣ аз мансабу вазифа барои манфиатҳои шахсӣ ва ё гурӯҳӣ истифода мебаранд. Ин раванди ноодилона баробарии ҳамаи шаҳрвандонро ба дастрасии воқеии онҳо ба ҳуқуқ ва имкониятҳо ба хатари воқеӣ мувоҷеҳ месозад. Дар натиҷа коррупсия низоми ҳуқуқии кишварро хароб намуда, манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ бар манфиатҳои умумимиллӣ ғолиб меояд.

Ростқавлӣ ва боварӣ (эътимод) дар ҷомеа ҳамчун асоси муносибатҳои иҷтимоӣ ва боварии байни одамон, ташкилотҳову гурӯҳҳо ва институтҳои давлат маҳсуб меёбанд. Вақте, ки коррупсия авҷ мегирад, эътимоду боварӣ дар байни гурӯҳҳои ҷомеа коҳиш меёбад. Дар натиҷа, вақте ки амалҳои ғайриқонунӣ беҷазо мемонанд, одамони қудратманду мансабдор ҳеҷ гоҳ қонуниятро риоя намекунанд, афроди фасодкор (коррупсионер) ба мартабаҳои баланд мерасанд дар ҷомеа эҳсоси беадолатӣ ва ноумедӣ афзоиш ёфта, боиси аз байн рафтани боварӣ ва эътимод ба принсипҳои ахлоқӣ мегардад.

Ахлоқи ҷамъиятӣ аз арзишҳои ҷамъиятӣ сарчашма гирифта дар ҳаёти рӯзмарра мавриди истифода қарор мегирад. Ахлоқи ҷамъиятӣ меъёрҳои рафторро дар муносибат бо оила, дӯстон, ҳамсоягон, ҳамкорон ва дигар аъзои ҷомеа муайян мекунад. Ҳамзамон рафтори шаҳрвандонро дар муносибат бо рукнҳои давлатӣ ва институтҳои ҷамъиятӣ танзим менамояд. Арзишҳо ва ахлоқи ҷамъиятӣ барои устуворӣ, пешрафт ва некӯаҳволии ҷомеа аҳамияти ниҳоят бузург доранд. Ахлоқи ҷамъиятӣ меъёрҳо ва қоидаҳои рафторро муқаррар мекунад, ки ба пешгирии низоъҳо, таъмини тартибот ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон мусоидат мекунад.

Коррупсия ба арзишҳо ва ахлоқи ҷомеа таъсири манфӣ расонида, арзишҳои анъанавии ростқавлӣ, адолат, масъулият ва хидмат ба ҷомеаро беқадр мегардонад. Коррупсия маънои истифодаи мансаб ва мақом барои ба даст овардани ғайриқонунии фоидаи шахсиро дорад. Ҳангоме, ки афрод ё гурӯҳҳои қаллоб сари вазифа меоянд ва мансабро барои манфиатҳои худ истифода мебаранд, онҳо на танҳо ҳуқуқи ҷомеаро вайрон мекунанд, балки арзишҳои асосии инсониро низ зери хатар қарор медиҳанд.

Он сабаби пайдоиши фарҳанги фурсатталабӣ, нобовариву беэътимодӣ ба қонун ва тарҷеҳ додани манфиатҳои шахсӣ бар манфиатҳои ҷамъиятӣ мегардад. Президенти кишвар, пешвои миллат муҳтаррам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2018 ба ин масъала диққати махсус дода иброз доштанд, ки: “ Ба роҳ мондани муборизаҳои қатъӣ ба амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад”.

Метавон гуфт, ки коррупсия сабабгори пайдоиши одатҳои зишту фосид дар ҷомеа мебошад ва дар натиҷа ахлоқ ва арзишҳои асосӣ беарзишу беқадр мегарданд. Ин раванди хатарнок ба коҳиш ёфтани эътимоду боварӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд. Дар ҷомеаи мубтало ба коррупсия, эътимоду боварӣ ба давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ва дигар сохторҳои калидӣ коҳиш меёбад. Коррупсия дастрасии аҳолии камбизоатро ба захираҳо ва имкониятҳо маҳдуд мекунад. Афроди камбизоат аксар вақт қобилияти пора доданро надоранд ва аз хизматрасониҳои асосӣ маҳрум мешаванд. Дар навбати худ ин метавонад боиси афзоиши ташаннуҷи иҷтимоӣ ва эҳсоси беадолатӣ дар ҷомеа гардад. Ҳамзамон коррупсия муҳити мусоидро барои фаъолияти ҷинояткорона фароҳам меорад. Мансабдорони фасодкор (коррупсионер) метавонанд бо гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор шарик шаванд ё ба онҳо барои иҷрои фаъолияти ғайриқонунӣ кӯмак расонанд.

Коррупсия як хатари ҷиддӣ барои арзишҳо ва ахлоқи ҷомеа аст, ки бояд ҳамагон барои пешгирӣ ва муқобила бо он кӯшиш кунанд. Чунин падида метавонад боиси заъфи ҳувияти миллӣ, ихтилофи иҷтимоӣ ва коҳиши иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ гардад. Сьюзан Роуз-Аккерман (Susan Rose-Ackerman) — профессори ифтихории ҳуқуқ ва сиёсатшиносии донишгоҳи Йел (ИМА), ки падидаи коррупсия – зухурот ва шаклҳои онро дар бисёр мамлакатҳо таҳқиқ намудааст ва идома медиҳад хатари онро чунин баён намудааст: “Коррупсия арзишҳои ахлоқии ҷомеаро коста намуда, меъёрҳои нави иҷтимоии бардурӯғро ташаккул медиҳад, ки дар онҳо манфиати шахсӣ бар манфиати умумӣ авлавият меёбад».

Бидуни шакку тардид коррупсия бо таъсири манфии худ ба арзишҳо ва ахлоқи ҷомеа метавонад таҳдиди ҷиддӣ ба рушди устувори иҷтимоӣ ва сиёсӣ бошад. Барои муборизаи самаранок бо коррупсия на танҳо чораҳои ҳуқуқӣ, балки тағйири фарҳанги умумии ҷомеа низ зарур мебошад. Мақсади ниҳоӣ бояд ташаккули ҷомеае бошад, ки дар он ростқавлӣ, масъулият ва эҳтиром ба қонун арзишҳои асосӣ маҳсуб гарданд.

Тавре, ки мебинем коррупсия як зуҳуроти хатарнок ва фарогир аст, ки ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Оқибатҳои иқтисодии он дар коҳиши сармоягузорӣ, сустшавии рушди иқтисодӣ ва нобаробарии иқтисодӣ зоҳир мешаванд. Дар соҳаи сиёсӣ ва идоракунӣ, коррупсия боиси заъфи ниҳодҳои давлатӣ, коҳиши эътимоду боварӣ ба ҳукумат, ноустувории сиёсӣ ва поймолшавии волоияти қонун мегардад. Оқибатҳои иҷтимоии он дар паст шудани сифати хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ ва таназзули арзишҳои ахлоқӣ зоҳир мегардад.

Аз ин рӯ Ҳукумати кишвар вазифадор аст, ки дар ин раванд тавассути таҳия ва пешниҳоди қонунгузории муассир, таъмини шаффофият ва тақвияти ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ нақши калидӣ бозад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма низ дар назорати фаъолияти давлатӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои коррупсионӣ нақши муҳим дошта бошад. Танҳо тавассути саъю кӯшишҳои муштарак мо метавонем ҷомеаи солим, адолатпарвар ва шукуфон бунёд намоем, ки дар он ҷо барои коррупсия ҷой набошад. Ин як бемории музмине аст, ки агар табобат нашавад, метавонад ба марги ҷомеа оварда расонад. Мо набояд ба ин заҳри хомӯш иҷозат диҳем, ки ояндаи моро бидуздад. Бинобар ин муборизаи муштарак ва беамон бо коррупсия - ин кафолати рушди устувор, адолат ва шукуфоии ҷомеаи мост.

Судуров С.А., ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ– и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ