Skip to main content
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон дар асоси Изҳороти истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Дар ин рӯз давраи нави таърихӣ оғоз ёфт. Акнун кишварамон аз таъсири сиёсати беруна озод шуда, роҳ ба сӯи худмуайянкунии миллӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва эҳёи маданӣ боз гардид.

Мафҳуми истиқлолияти давлатӣ аз Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 бармеояд, ки мувофиқи он истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад.

Аз замони бадастории истиқлолияти давлатӣ 34 сол гузашт ва дар Тоҷикистон насли томе ба воя расидааст, ки дар даврони истиќлолият таваллуд шудаанд. Саволи мантиқӣ ба миён меояд: имрӯз ҷавонони кишвар истиқлолиятро чӣ гуна дарк мекунанд?

Истиқлолият барои кишварамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Солҳои аввали соҳибихтиёрӣ бо ноустувории сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) ҳамроҳ буд, ки кишвар солҳои зиёд оқибатҳои онро паси сар кард. Бо шарофати заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи меҳнатпарасти тоҷик дар Тоҷикистон сулҳ барқарор гардида, ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам гардиданд ва раванди рушди устувор бошиддат ҷараён гирифт. Ин дониш заминаи ташаккули шуури ватандӯстӣ дар ҷавонон мебошад.

Насли ҷавони муосири Тоҷикистон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва махсус, донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, соҳибкорони ҷавон, олимони ҷавон ва варзишгарон мебошанд. Онҳо дар ҳаёти ҷамъият фаъолона иштирок карда, мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд ва дар пешрафти соҳаҳои гуногун ҳисса мегузоранд.

Аксари ҷавонон истиқлолиятро бо мафҳумҳои зерин алоқаманд мекунанд: сулҳу субот; озодии интихоб ва имкониятҳои худшиносӣ; рушди фарҳанг ва забони модарӣ; масъулияти ояндаи мамлакат ва ғайра.

Барои ҷавонон истиқлолият на танҳо як воқеияти таърихӣ, балки воқеияти рӯзмарраест, ки онҳо дар он зиндагӣ мекунанд, таҳсил мекунанд, касбу кор меомӯзанд ва оила бунёд мекунанд.

Барномаҳои давлатӣ барои дастгирии ҷавонон дар тарбияи ватандӯстӣ нақши муҳим доранд.

Намунаҳои чунин ташаббусҳо инҳоянд:

• Форумҳо ва конфронсҳои миллии ҷавонон;

• Бурсияҳо ва барномаҳои давлатӣ барои таҳсил дар хориҷа;

• Чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият;

• Ҷалби ҷавонон ба лоиҳаҳои волонтёрӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ.

Бо шарофати ин иқдомот дар ҷавонон мавқеъи фаъоли шаҳрвандӣ, майли ба кишвари худ муфид будан ва дарки аҳамияти истиқлолият ҳамчун арзиши олии миллӣ ташаккул меёбанд.

Насли ҷавон ба оянда некбинона менигарад. Ҷавонони Тоҷикистон сарфи назар аз чолишҳои ҷаҳони муосир – аз ҷаҳонишавӣ то таҳдидҳои экологӣ талош доранд, дастовардҳои кишвари худро ҳифз ва афзун намуда истодаанд. Барои онҳо истиқлолият арзиши бузургест, ки оянда дар асоси он бунёд мешавад Истиқлолият на танҳо иди давлатӣ, балки заҳмату талошҳои ҳаррӯза, саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа, илму фарҳанг, экология ва инноватсия аст. Истиқлолияти Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ мебошад. Барои насли ҷавон ин на танҳо озодӣ, балки масъулият низ мебошад. Ҳамин тариқ, ҷавонони Тоҷикистон истиклолияти давлатии Тоҷикистонро чунин бояд дарк намоянд: “Эҳтиром ба гузаштагон, фаъолияти самаранок дар имрӯз ва майлу хоҳиши ояндаи нек”.

34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба тамоми ҳамдиёронам муборакбод мегӯям.

Абдураҳмонзода Бобоҷон – сардори шуъбаи кадрҳои Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон