Иди Сада яке аз ҷашнҳои куҳан ва пуршукӯҳи мардуми ориёӣ ба шумор рафта, дар фарҳанги халқи тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили Иди Сада дар замони муосир танҳо зинда кардани суннатҳои гузашта набуда, балки василаи таҳкими фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад. Сарвари давлат борҳо зикр намудаанд, ки миллати тоҷик бо доро будан ба таърихи қадима, расму ойин ва арзишҳои фарҳангии ғанӣ, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Ҷашнҳои миллии мо, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дар тӯли асрҳо дар ташаккули ахлоқи ҳамида ва ҷаҳони маънавии созандаи мардум нақши муҳим бозидаанд. Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашнҳо бо ташаббуси Пешвои миллат мақоми расмии давлатӣ гирифта, имрӯз бо шаҳомати хос дар саросари кишвар таҷлил мегарданд.
Дар шароити имрӯза Иди Сада барои ҷавонони Тоҷикистон на танҳо як суннати таърихӣ, балки воситаи муҳими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон мебошад.
Мафҳуми “Сада” аз шумораи сад гирифта шуда, ба панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи боқимонда то фарорасии Наврӯз ишора мекунад. Тавре олими машҳур Абӯрайҳони Берунӣ қайд намудааст, гузаштагони мо шабу рӯзро ҷудогона ҳисоб мекарданд. Иди Сада нишонаи гузариши фасли зимистон ва муждаи наздикшавии баҳор аст. Ин ҷашн рамзи ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ буда, ҳамасола 30 январ мардум бо афрӯхтани оташ, сурудхонӣ, дуо ва баргузории барномаҳои фарҳангиву театрӣ онро истиқбол мегиранд.
Моҳияти Иди Сада бо оташ, нур ва заҳмат пайванди ногусастанӣ дорад. Гулхани афрӯхташуда рамзи поксозӣ, равшанӣ ва оғози марҳилаи нав дар зиндагӣ мебошад. Аз нигоҳи ҷавонон, ин гулхан нишонаи умед ба фардои дурахшон, рӯҳбаландӣ ва ҳамдилии ҷомеа аст. Ин анъана ҷавононро ба ҳам меорад ва ҳисси дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиро таҳким мебахшад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илм ва техника, ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи муҳим ва масъулияти ҷиддии насли ҷавон ба ҳисоб меравад. Иди Сада ба ҷавонон имконият медиҳад, ки бо таърих ва фарҳанги худ амиқтар ошно шаванд, аз таҷрибаи ниёгон сабақ гиранд ва онро бо ҳаёти муосир ҳамоҳанг созанд. Иштироки фаъол дар чорабиниҳои фарҳангӣ, баргузории маҳфилҳои маърифатӣ ва тарғиби ҷашн тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар эҳёи суннатҳои миллӣ нақши муассир дорад.
Аз ҷиҳати иҷтимоӣ, Иди Сада мардумро ба меҳнатдӯстӣ ва созандагӣ ҳидоят мекунад. Ин ҷашн ёдрас месозад, ки неъматҳои зиндагӣ бо заҳмат, сабр ва кӯшиш ба даст меоянд. Барои ҷавонон ин арзишҳо аҳамияти хоса дошта, заминаи пешрафти шахсӣ ва рушди ҷомеа маҳсуб меёбанд. Арзишҳои Сада насли ҷавонро ба худтакмилдиҳӣ, ватандӯстӣ ва хизмат ба Ватан раҳнамун месозанд.
Иди Сада ҳамчунин дорои паёми муҳими экологӣ мебошад. Эҳтиром ба оташ ҳамчун манбаи гармӣ ва рӯшноӣ, муносибати оқилона ба табиат ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ аз ғояҳои асосии ин ҷашн ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон метавонанд бо ташаббусҳои экологӣ, аз ҷумла тозагардонии муҳити зист, ниҳолшинонӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ, мазмуни ҷашнро боз ҳам ғанӣ гардонанд.
Ҳамин тавр, Иди Сада барои ҷавонон на танҳо як ҷашни таърихӣ, балки рамзи худогоҳӣ, ваҳдати миллӣ ва умед ба ояндаи дурахшон мебошад. Нигоҳдорӣ ва рушди ин мероси бостонӣ вазифаи ҳар як ҷавони худшинос аст, то арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии миллат ба наслҳои оянда ба таври шоиста интиқол ёбанд ва ҳамеша поянда бимонанд.
Ходими илмии филиали Агентии амнияти ХБРЯ дар вилояти Суғд, Исматдинов М.М
Имрӯз, 16 март бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот ва дастхобонӣ миёни кормандони академия ва ниҳодҳои тобеи он баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа таҳкими дӯстӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ҳамкорӣ миёни кормандон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши зеҳнӣ мебошад.
Дар мусобиқа иштирокчиён маҳорату дониши худро дар бозии шоҳмот нишон дода, барои ба даст овардани ҷойҳои намоён рақобати ҷолиб анҷом доданд.
Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳанбунёди суннатии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шаш ҳазор сола дорад. Тибқи ривоятҳо дар баргузории ин ҷашни куҳан аз қадим мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили гуштингирӣ, бандкашӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, футболбозӣ, шашкабозӣ, шоҳмотбозӣ миёни дӯстдорони ин намуди бозиҳо баргузор карда мешудааст ва мо давомдиҳандаи насли гузаштагонамон ин оинҳои онҳоро давом дода истодаем.
Имрӯз, 13 март дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Асосҳои институтсионалии ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ» баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз мафҳумҳои калидии илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар шароити рушди иҷтимоиву фарҳангии имрӯза аҳаммияти боз ҳам бештар касб кардааст. Дар адабиёти илмиву назариявӣ мафҳуми «ҳувияти иҷтимоӣ» маъмулан ҳамчун эҳсоси мансубияти фарди инсон ба гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ (аз қабили миллат, табақа, дин, маҳал, касб ва ғайра) таъриф мешавад.
Таъкид гардид, ки тавассути ҳувият шахс худро бо дигарон ҳамтақдир ва ҳамватан эҳсос намуда, аз дастовардҳо ва сарнавишти миллату ҷомеаи худ ифтихорманд мегардад. Ҳувият ба инсон илҳом мебахшад, ки бо ҷомеаи хеш робитаи маънавӣ дошта, барои ҳифзи арзишҳои умумиҷамъиятӣ масъул бошад. Барои халқи мо, ки тоза истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида истодааст, масъалаи ташаккули ҳувияти устувори миллӣ ва иҷтимоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Бинобар ин, мавзуие, ки имрӯз мавриди баҳси мо қарор гирифтааст, на танҳо аз дидгоҳи назария муҳим мебошад, балки барои татбиқи амалии сиёсати иҷтимоиву фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа низ аҳаммияти бевосита дорад.
Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳувияти миллӣ, ваҳдати ҷамъиятӣ ва худшиносии мардум ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат қарор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолият эҳёи ҳувияти миллии тоҷикон ва таҳкими худшиносиву ваҳдати миллиро аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати худ қарор доданд. Дар даврони пурталотуми ибтидои истиқлол маҳз талошҳои пайгиронаи ин абармарди давлат буд, ки давлати тоҷикон тавонист оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, якпорчагии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барқарор созад.
Қайд гардид, ки дар даврони истиқлол рамзҳо ва муқаддасоти давлатии мо – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ – мавқеи хосса касб карданд. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ҳувияти давлати соҳибистиқлоламон имрӯз дар маркази пойтахт бо баландии рекордӣ парафшон аст, ки ин манбаи эҳсоси ифтихори ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳамчунин, дар гӯшаву канори кишвар ба ифтихори абармардони таърихи миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, пайкара ва маҷмааҳои бузургдошти онҳо бунёд гардидорҳои созанда ва рамзҳои муҳими давлатдории навини мо барои зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва таҷассум намудани рӯҳи ҳувияти миллӣ хизмат мекунанд.
Зикр гардид, ки ҳувияти миллӣ пеш аз ҳама бар пояи забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои муштараки халқ шакл мегирад. Дар ин ҷода низ хизмати Пешвои миллат беназир аст. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар, рукнҳои асосии фарҳанги миллии мо дар даврони истиқлол дубора эҳё ва инкишоф дода шуданд. Забони давлатӣ – забони тоҷикӣ – ҳамчун муҳимтарин унсури ҳувияти миллӣ таҳти ҳифзу пуштибонии доимии давлат қарор гирифта, барои рушди минбаъдаи он қонуни вижа, барномаҳо ва тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар идома доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ дар мавзуи «Масъалаҳои фалсафии ташаккули ҳувияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, паҳлуҳои назариявии масъалаи ҳувияти миллӣ ва нақши онро дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик шарҳ дод.
Ҳамчунин, доктори илмҳои сотсиология, профессор Волкова Олга Александровна, сарходими илмии Институти демографияи иҷтимоии Маркази федералии илмии таҳқиқоти сотсиологии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, ба таври маҷозӣ дар мавзуи «Асосҳои назариявии таҳқиқи ҳувияти иҷтимоии аҳолии синни калонсол дар шароити тағйироти ноустувори геополитикӣ» суханронӣ намуда, ба масъалаҳои таҳқиқи ҳувияти иҷтимоии насли калонсол дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Дар идомаи конференсия номзади илмҳои фалсафа Абилзода Гуландом Сардор дар мавзуи «Нақши оила дар тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», доктори илмҳои фалсафа Каҳҳоров Ғаюр Ғафурович дар мавзуи «Ташаккули ҳувияти миллии аҳолии Тоҷикистон дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ», инчунин номзади илмҳои сотсиология ва иқтисод, дотсент Ананченкова Полина Игоревна дар мавзуи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули ҳувияти иҷтимоӣ: дидгоҳи геронтологӣ ва масъалаи эйджизм» маърузаҳои худро пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Мирзода Фирӯз Сафаралӣ, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ дар мавзуи «Ҳувияти ҳуқуқӣ дар ҷомеаи муосир: таҳлили сотсиологӣ» баромад намуда, ҷанбаҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти ҳуқуқиро дар ҷомеаи муосир мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар рафти муҳокимаҳо иштирокчиён таъкид намуданд, ки таҳқиқ ва омӯзиши масъалаҳои ҳувияти иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти махсус дошта, нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ, оила, маориф, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар ташаккули шуури ҷамъиятӣ ва худшиносии миллӣ хеле муҳим мебошад.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ПИРЯХҲО, ИҚЛИМ ВА ЗАХИРАҲОИ ОБӢ: МУШКИЛОТИ ОБӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Имрӯз, 12 март дар ҳошияи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини амнияти экологиии инсоният дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси миллии илмӣ-амалӣ зери унвони «Пиряхҳо, иқлим ва захираҳои обӣ: мушкилоти муосир ва ҳамкориҳои байналмилалӣ», бахшида ба “21 март — Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони масоили обу иқлим, намояндагони як қатор созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ВАО иштирок доштанд.
Конфронс бо суханони ифтитоҳии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Франциска Фёгтли – муовини директори Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, Виктор Лутиенко – Роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, Кишвар Абдулалишоев – Директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ оғоз гардид. Дар суханрониҳо таъкид карда шуд, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ, мониторинги захираҳои обӣ ва пиряхҳо, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим мусоидат намуда, Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишвари пешсаф дар дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.
Дар ҷараёни конфронс дар доираи ҷаласаҳои пленарӣ ва техникӣ як қатор мавзӯъҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба «Ташаббуси миллии ҳифзи пиряхҳо ва криосфера: Харитаи роҳ барои татбиқ», «Ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон: маълумоти илмӣ ва хатарҳои асосӣ», «Лоиҳаҳои минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалии таҳқиқоти криосфера», «Аҳамияти таҳқиқоти илмӣ ва мониторинг дар низоми “Пиряхҳо – захираҳои обӣ – қабули қарорҳо”» ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо муҳокима гардиданд.
Ҳадафи асосии конфронс ҳамоҳангсозии кӯшишҳои илмӣ, институтсионалӣ ва байналмилалӣ барои омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Ҳамзамон дар доираи он афзалиятҳои татбиқи ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи криосфера муайян гардида, натиҷаҳои конфронс барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва таҳияи тавсияҳо дар самти ҳифзи пиряҳо ва омӯзиши криосфера ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Имрӯз, 11 март президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб — муассисаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази илмии Хатлон боздид ба амал овард.
Зимни боздид масъулини муассиса оид ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, нигоҳдорӣ ва парвариши навъҳои гуногуни рустаниҳо, инчунин корҳои ободониву сабзкорӣ дар ҳудуди боғ маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои рушди минбаъдаи фаъолияти илмӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва беҳтар намудани шароити тадқиқотӣ дар боғи ботаникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки боғи ботаникӣ ҳамчун пойгоҳи муҳими илмӣ дар омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии сарватҳои набототии кишвар нақши муҳим дошта, тақвияти корҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳо дар ин самт зарур мебошад.
Бояд гуфт, ки Боғи ботаникии Кӯлоб ҳамчун муассисаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 1985 таъсис ёфтааст. Дар ин боғ олимон ба омӯзиш, нигоҳдорӣ ва парвариши навъҳои гуногуни рустаниҳо машғул буда, барои ҳифзи табиат ва рушди корҳои илмӣ тадқиқотӣ саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон, зимни боздид роҳбарияти Академия ва дигар олимону кормандон дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд. Дар доираи ин маърака дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуда, ин иқдом ҳамчун қадаме дар роҳи ободонии боғ ва ҳифзи муҳити зист арзёбӣ гардид.
ЭКСПЕДИТСИЯИ МУШТАРАК БАРОИ БАҲИСОБГИРИИ САРШУМОРИ БУЗИ МОРХӮР ДАР МИНТАҚАҲОИ ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН
Шурӯъ аз 24 феврали соли равон кормандони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский ва Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбеков-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор ширкатҳои шикорӣ экспедитсияи муштаракро ҷиҳати баҳисобгирии саршумори бузи морхӯр (пармашох) оғоз намудаанд.
Бояд гуфт, ки ин тадқиқот дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара, Шамсидин Шоҳин ва Дарвоз идома дошта, ҳадафи он муайян намудани вазъи паҳншавӣ ва шумораи ин намуди нодири ҳайвонот мебошад.
Қобили зикр аст, ки бузи морхӯр (пармашох) намуди осебпазир ба шумор рафта, ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN Red List), Замимаи II-и Конвенсияи CITES ва инчунин ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст.
Ин ҳайвони нодир асосан дар баландиҳои 700 то 2700 метр аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Минтақаҳои паҳншавии он шохаҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз (мавзеъҳои Яхчипун ва Яхчисор), қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ (кӯҳҳои Кушониён, Сариғор, Хирманҷо, Кишт) ва инчунин қаторкӯҳи Вахш (кӯҳҳои Сарсарак)-ро дар бар мегирад.
Тибқи маълумоти пешакии Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, субҳи 8 марти соли 2026 соати тахминан 03:51 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди кишвар бо қувваи тақрибан 4,4 бал заминларза ба амал омад.
Бино ба маълумот, маркази заминларза дар масофаи тақрибан 27 километр дуртар аз шаҳри Душанбе, дар минтақаи кӯҳии қаторкӯҳи Ҳисор ва наздики водии Варзоб ҷойгир будааст. Ларзишҳои зеризаминӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар эҳсос шудаанд. Заминларза ҳамчунин дар қисматҳои алоҳидаи Ӯзбекистон низ эҳсос гардидааст.
Мутахассисони хадамоти геофизикӣ таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон дар минтақаи фаъоли сейсмикӣ қарор дорад ва дар ҳудуди кишвар заминларзаҳои қувваашон гуногун мунтазам ба қайд гирифта мешаванд.
Тибқи маълумоти аввалия, талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст. Айни замон ниҳодҳои дахлдор вазъиятро зери назорат доранд.
Имрӯз, 6 март дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона таҳти унвони “Муҷассамаи гӯёи зиндагӣ” баргузор гардид Қабл аз оғози барномаи идона аз номи роҳбарияти Академия ба зиёда аз дусад нафар бонувон, ки дар соҳаҳои гуногуни илмӣ ва маъмурӣ фаъолият менамоянд, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадрдонӣ гулҳои баҳории идона тақдим гардид. Ин иқдоми рамзӣ нишонаи арҷгузорӣ ба нақши занон дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҷомеа маҳсуб мегардад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, олиҳаи ҳусн, ҳаёти бардавом, асоси ҳастии мо фарзандон, ишқи бепоён, баҳори бехазон, давлати ҷовидон аст. Модар ин баъди офаридгор офаранда аст, шахсе, ки дар зиндагӣ аз нахустин лаҳзаҳои ба дунё омадани инсон ӯро парасторӣ мекунад, ин модар аст ва ҳамин аст, ки аз лаҳзаҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шахсияти модар ва умуман баланд бардоштани мақому манзалати зан модар дар ҷомеа ва барои соҳибмаълумот намудани онҳо тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст.
Таҷлили «Рӯзи Модар», ки ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифта мешавад, рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан -Модар мебошад, зеро ки Зан-Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.
Таъкид гардид, ки Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон ва ҳимматбаландтарин шахси башарият мебошад. Маҳз меҳри бепоён, навозиши гарму самимӣ ва дуоҳои неки ӯст, ки моро ба оламу одам ошно месозад, роҳи зиндагиро равшан мекунад ва ба қалбамон нуру умед мебахшад. Модар бо сабру таҳаммул, бо меҳру вафо ва бо садоқати беназир фарзанди худро ба камол мерасонад ва барои саодати ӯ тамоми ҳастии худро нисор месозад.
Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишманди маъруф Кароматулло Олимов дар суханронии худ доир ба мақому манзалати зан-модар дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик ибрози назар намуда, таъкид кард, ки дар тамаддуни бостонӣ ва анъанаҳои маънавии тоҷикон ҳамеша ба зан-модар эҳтироми хосса зоҳир мегардид. Ба гуфтаи ӯ, модар на танҳо сарчашмаи ҳаёт, балки тарбиятгари аввалини инсон, нигаҳбони арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ ва поягузори маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дар чорабинӣ устодони шинохта — Аскар Ҳаким, Ҳасани Султон ва Қурбонова Ширин, ҳамзамон магистрантону докторантон бо суханрониҳо ва қироати шеърҳои пурмуҳтаво доир ба бузургӣ, мақом ва азамати зан-модар баромад намуданд. Дар шеърҳои қироатгардида модар ҳамчун рамзи муҳаббати бекарон, сарчашмаи меҳру шафқат ва поягузори маънавии зиндагӣ васф гардида, эҳсоси гарму самимии иштирокдоронро ба вуҷуд овард.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ бо иҷрои сурудҳои дилнишин ҳунарнамоӣ намуда, фазои идонаро боз ҳам рангину хотирмон гардониданд.
Мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ Наврӯзи имсола рӯзи 20-уми марти соли 2026, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар таърихи мо номи ин ҳодисаро “таҳвили сол” меномиданд.
Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд.
Дар акси поён, ки тавассути барномаи Stellarium сохта шудааст, мавқеи Офтоб ба ҳолати лаҳзаи фарорасии Наврӯз нишон дода шудааст ва дида мешавад, ки Офтоб дар нуқтаи эътидол ва нуқтаи буриши хати истивои осмон ва доират-у-лбуруҷ қарор дорад.
Бӯризода Анвар Маҳмад, Ризои Баҳромзод
Институти астрофизикаи АМИТ
