Skip to main content

(БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ)

Гузаштан ба низоми рақамӣ, рушди иқтисодиёт, таъмини самаранокии зеҳни сунъӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ яке авлавиятҳои сиёсати пешгирифтаи давлат дар самти ҳукумати элеткронӣ ва иқтисодиёти рақамӣ ба ҳисоб меравад. Маврид ба зикр аст, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала ҳамаҷониба таҳлилу барассӣ гардид. Муҳиммияти ин масъала дар он зоҳир мегардад, ки дар замони пешрафти илму техника ва рушди технологияҳои иттилоотӣ гузариш ба низоми рақамии иқтисодиёт, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Рушди устувор татбиқи саривақтӣ мебошад.

2123Тавре дар Паём зикр гардид: “Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем”.

Аз таҷрибаи кишварҳои бо ин низом рушдкарда бар меояд, ки имрӯз таваҷҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ дар сиёсати кишварҳои тараққикарда дар мадди аввал буда, қариб 90 дарсади хизматрасониҳои молиявию иқтисодиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар самти хизматрасониҳои молиявӣ дар корхонаҳои буҷетӣ. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд метавонад такони ҷиддиро дар самти расидан ба рушди иқтисоди миллӣ ва ҳамзамон кам кардани омилҳони инсонӣ замина гузорад. Асоси тадбиқи ин низом пеш за ҳама таъмини яксони интернет дар ҳама минтақаҳои кишвар ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин дар Паём таъкид гардид: зарур аст, ки ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Дар ҷаҳони зуд рушдёбандаи муҳити инноватсионию итттилоотӣ, пеш аз ҳама имкониятҳои нав бо донишҳои нав, истифодаи мақсадноку босамари технологияи рақамӣ заминаи асосии рушди соҳаҳои истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасониро таъмин намуда, муҳимтарин омили рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва инноватсионии мамлакат дониста мешавад. Меҳвари асосии рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва технологии иқтисодиёти давлатҳоро зеҳни сунъӣ ташкил медиҳад. Вобаста ба ҳамин ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб доир ба рушди соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар ба ҷанбаҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодии истифодаи зеҳни сунъӣ диққати махсус зоҳир гардида, ба баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат, коҳиш додани хароҷоти истеҳсолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти рақобатпазирии ширкатҳои ватанӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Вобаста ба ин дар Паём ба як қатор вазорату идораҳои ин самт аз ҷумла: вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, молия супориш дода шуд, ки талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои соҳаи инноватсия, технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати амалишавии онҳо нақша чорабиниҳоро таҳия намоянд. Асоси рушди инноватсия ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ҳамзамон гузаштан ба низоми рақамии иқтисодиётро рушди неруи зеҳнии инсонӣ ташкил дода, дар ин замина ба баланд бардоштани донишҳои техникии аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва такмил додани донишҳои онҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Мусаллам аст, ки дар шароити гузариш ба низоми рақамӣ яке аз воситаҳои асосии фаъолияти ин низом, истифодаи интернет ва шабакаҳои комуникатсионӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин асно низ дар Паёми ироашудаи Пешвои миллат таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ ибрози андеша карда шуд. Ҳамзамон, дар ин ҳошия ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Хулоса, ташаккули иқтисоди рақамӣ, рушди ҳамарӯзаи зеҳни сунъӣ, марҳилаи нави рушдёбандаи низоми иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, гузариш ба технологиягароӣи саноату иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон моро водор месозад, ки то дар ин фазо, бо идея ва назарҳои ҳанӯз ҳам кашфношуда ворид гардем. Бо ин васила мо метавонем, ҳам фарҳанги инноватсионии хешро баланд созем ва ҳам ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ ноил гардем.

Асомуддини Р.К. н.и.и. Сармутахассиси Раёсати МАД-и АМИТ