Ҷаҳони имруза бе соҳаи энергетика тасвир кардан ин ғари имкон аст. Точикистон, ки аз ҷиҳати обҳо бой аст метавонад ба ин соҳа кумаки худро расонад. Таърихи энергетикаи ҷумҳурӣ аз нерӯгоҳи барқии обӣ НБО Варзоб-1 сар мешавад, ки соли 1931 сохтмони он оғоз ёфта соли 1937 бо иқтидори 7,1 ҳаз. кВт ба кор шурӯъ намуд.
Ҳозир дар дарёи Вахш силсила нерӯгоҳҳои зерин сохта шудаанд: Шаршара(29,9ҳаз.кВт), Сарбанд(240 ҳаз. кВт), Марказӣ (15,1ҳаз.кВт), Норак (3млн. кВт), Бойғозӣ (600ҳаз.кВт),Сангтӯда-1 (670ҳаз.кВт), Сангтӯда -2 (220ҳаз.кВт) ва дар қисмати болооби дарё бошад нерӯгоҳи барқии обии Роғун (3,6 млн. кВт). Тавонии системаи энергетикии Тоҷикистон наздики 8000 МВт-ро (ҳиссаи нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ 95%) ташкил медиҳад. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ буда, ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергнтикӣ- 527 млрд кВт*с-ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи электрикӣ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқӣ қариб 17 млрд.кВт/соатро ташкил медиҳад.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти миллиамон бо талошу заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сохтмони ин иншооти бузурги аср идома дода шуд. Ҳамин тавр 16-уми ноябри соли 2018 агрегати 1-уми НБО Роғун ба кор дароварда шуд.Ва баъдтар 10-уми сентябри соли 2019 агрегатҳои 2-юм ва 3-юм низ ба кор дароварда шуданд.
Яке аз ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини сатҳи шоистаи зиндагии мардум, субот ва амният, рушди иқтисоди миллӣ ва намояндагии шоистаи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ буд. Барои амалӣ кардан, ва ба даст овардани ин ниятҳои нақшаҳои нек, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар ҳадафҳои стратегӣ барои мардум ва давлати Тоҷикистон муайян карда шуданд. Дар тӯли солҳои истиқлолият, бо татбиқи мунтазами ин ҳадафҳои стратегӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид шуд.
Истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодӣ мебошад. Дар тӯли солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси низоми ягона ва ба кор андохтани иқтидорҳои бузурги энергетикӣ ноил гардид. Ба шарофати талошҳои беандозаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ҳар як хонаи тоҷик пур аз нур ва шодӣ аст. Дар ҳоле ки дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ҳамагӣ 25 нерӯгоҳи хурду калон бо иқтидори 4404,35 МВт мавҷуд буд, имрӯз шумораи чунин манбаъҳои энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба зиёда аз 306 адад бо иқтидори умумии 6120,59 МВт расидааст. Бо ба кор андохтани ГЭС-ҳо хурду калон иқтидорҳои нав дар ин бахш, Тоҷикистон на танҳо ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ноил мегардад, балки ба содиркунандаи энергияи дастраси пурра низ табдил меёбад. Барои тақвияти истиқлолияти энергетикӣ, ки дар мади аввал меистад, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар сол аз сол афзоиш меёбад.
А.Д. Бахдавлатов - мудири лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИИ ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Имрӯз, 9 апрел бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Каримзода Мирзоқосим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва дигар кормандону собиқадорони ҳизб иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ меҳмонон аз хони наврӯзии Кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дидан намуда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва расму ойинҳои аҷдодии тоҷикон шинос гардиданд.
Дар ин чорабинии идона масъулини Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ бо оростани хони наврӯзӣ фаъолона иштирок намуда, суннату анъанаҳои миллиро ба таври шоиста муаррифӣ карданд. Хони оросташуда бо таомҳои миллӣ, шириниҳо ва рамзҳои хоси Наврӯз зебу зинат дода шуда, таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Имрӯз, 8 апрел ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бостонӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди наслҳо аҳамияти бузурги фарҳангиву маънавӣ дошта, дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар шароити муосир илм ва фарҳанг ҳамчун ду рукни асосии рушди ҷомеа ба ҳам зич алоқаманд буда, баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат менамояд.
Инчунин, иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои илмии институт дидан намуда, бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муҳаққиқон аз наздик шинос гардиданд. Чорабинӣ дар фазои идона ва руҳбаландкунанда баргузор гардида, ба ҳозирин ҳисси ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва арзишҳои аҷдодиро бештар намуд.
Имрӯз, 8 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Донишгоҳи Оксфорд баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарият, ноиби президент ва сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ ва аз ҳайати Донишгоҳи Оксфорд мутахассисони соҳаи забон ва адабиёти форсӣ, аз ҷумла профессор Эдмунд Ҳерзинг, доктор Фарнияз Закер ва хонум Ани Бет-Мовсес иштирок намуданд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани созишнома миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оксфорд, густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷриба миёни олимон, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва иҷрои лоиҳаҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ, таҳқиқи мероси фарҳангӣ ва рушди равобити академӣ метавонанд ба манфиати ҳар ду ҷониб хизмат намоянд.
Дар мулоқот ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби магистрантон ва докторантон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки ҷалби ҷавонони болаёқат ба барномаҳои магистратура ва докторантура, ташкили табодули донишҷӯён ва муҳаққиқон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак метавонад ба рушди минбаъдаи илму маориф ва тақвияти иқтидори зеҳнии ҷомеа мусоидат намояд.
Инчунин, ҷонибҳо барои дар оянда баргузор намудани конфронсҳо ва семинарҳои муштараки илмӣ ба мувофиқа расида, таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо метавонанд барои табодули дониш, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот ва густариши ҳамкориҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Қайд гардид, ки баргузории мунтазами чунин ҳамоишҳо ба таҳкими робитаҳои академӣ ва рушди муҳити илмии ҳар ду ҷониб мусоидат хоҳад кард.
Имрӯз, 6 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (солҳои 2025-2030), “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” (солҳои 2025-2034), эълон гардидани соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид намуд, ки баргузории «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар шароити муосир аҳамияти муҳимро касб менамояд. Гуфта шуд, ки илми академӣ ҳамчун заминаи боэътимоди рушди устувори давлат ва ҷомеа баромад намуда, дар татбиқи самараноки стратегияҳои миллӣ, пешбурди иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи равандҳои инноватсионӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар нақши калидӣ дорад.
Таъкид гардид, ки дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи илму маориф шароити мусоид фароҳам оварда шуда, имрӯз олимони тоҷик метавонанд дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар ин замина, густариши таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ҳамкориҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.
Қайд гардид, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир, густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи дастовардҳои илми муосир яке аз омилҳои асосии таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, ҷалби неруи зеҳнии ҷавонон ба илм, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар муддати ду ҳафта идома ёфта, дар доираи он баргузории конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои гирд, намоишҳои дастовардҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ин чорабиниҳо олимон, магистрантон ва докторантон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти хешро муаррифӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки ин раванд барои рушди тафаккури илмӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ миёни насли гуногуни муҳаққиқон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идома олимону муҳаққиқон дар баромадҳои хеш оид ба натиҷаҳои илмии бадастовардаашон дар самтҳои гуногуни таҳқиқот, аз ҷумла фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, технологияҳои муосир, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Таҷлили тантанавии ҷашни Наврӯз дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ
Бо фарорасии баҳори нозанин ва эҳёи табиат, санаи 4-уми апрели соли 2026 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми кормандонро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба кормандон ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар фаъолияташон муваффақиятҳои некро таманно намуд.
Бояд гуфт, ки устодон ва кормандони Институт дар ҷашни наврӯзӣ фаъолона иштирок намуданд ва дар он фазои идонаву рӯҳияи баланди миллӣ ҳукмфармо гардид.
Барномаи фарҳангӣ аз намоиши анъанаҳои миллӣ, сурудҳои дилнишин ва рақсу бозӣ иборат буд. Ҳамзамон, дастархони наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ороста гардида, меҳмонон аз он баҳравар шуданд.
Роҳбарияти Институт ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба ҳамаи онҳо саломатӣ, саодатмандӣ ва дастовардҳои навро таманно намуд.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А. ҶӮРАЕВИ АМИТ
Санаи 2-уми апрели соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Чорабиниро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ва пурғановатарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ буда, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пирӯзии некиву рӯшноӣ бар бадиву торикӣ мебошад. Мавсуф зикр намуданд, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардумон пазируфта шудааст.
Сипас, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода Алишер Орзу суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Наврӯз ҷашни покизагӣ, дӯстӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ буда, мардумро ба ваҳдат, созандагӣ ва ободкорӣ ҳидоят менамояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кормандони соҳаи илм низ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа дар рушди кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас доранд.
Дар ин айём табиат эҳё гардида, замин қабои сабз ба бар мекунад ва инсон бо рӯҳияи нав ба зиндагӣ қадам мегузорад. Наврӯз бо суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла оростани хони «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», пухтани суманак, баргузории бозиҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, шукӯҳи хоса дорад.
Ҳамзамон, саҳни Институт бо шиору овезаҳои наврӯзӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ ва оростани дастархони наврӯзӣ, аз ҷумла «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», зебу зинат дода шуда, ба маърази тамошобинон гузошта шуд.Дар чорабинии идона олимону кормандон ва меҳмонон фаъолона иштирок намуда, барномаи фарҳангӣ фазои идонаро боз ҳам рангин намуд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ як қатор кормандони фаъол ва меҳмонони гиромӣ барои саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории чорабинии наврӯзӣ, иштироки фаъолона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Институт сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон ба ҳамаи иштирокчиён барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ баён гардид.
Имрӯз, 2 апрел дар толори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба фаъолияти илмии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Файзиев Абдулҳақ Раҷабович семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Саҳми Файзиев Абдулҳақ дар рушди илми геологияи тоҷик» баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии иброз дошт, ки имрӯзҳо давлату ҳукумати кишвар ба омӯзишу ошкор намудани канданиҳои фоиданоки сарзаминамон диққати махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи геологияро яке аз самтҳои афзалиятноки пешбурди иқтисоди кишвар медонанд. Зеро дар стратегияву барномаҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаҳо возеҳ дарҷ гардидаанд. Аз ҷумла, Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 аз ҷониби Ҳукумат қабул гардидааст ва иҷрои ҳар як банди ин барнома имрӯз аз шумо – геологони тоҷик вобастагии комил дорад.
Таъкид гардид, ки саҳми Файзиев Абдулҳақ Раҷабович ҳамчун як фарди ватандӯст дар кашфи конҳо ва сарватҳои табиӣ хеле бузург аст. Мавсуф тайи солҳои тӯлонии фаъолияти пурсамари худ чандин конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла конҳои флюорити Тунихарв, Азрек ва Саркори Шарифро кашф намудаанд. Дар асарҳои илмии худ олими забардасти тоҷик А.Р. Файзиев бори нахуст нишон доданд, ки на танҳо Тоҷикистони Марказӣ, балки Помир ҳам минтақаи муҳими маъдани флюорит мебошад. Устод А.Р. Файзиев нахустин шуда дар Тоҷикистон намуди нави падидаҳои маъданиро, хосса металлҳо ва элементҳои нодир – карбонатитҳоро тавсиф карданд, ки дар онҳо захираҳои бузурги ин намуди унсурҳо мавҷуд аст.
Зикр гардид, ки асарҳои сершумори чопшудаи Файзиев Абдулҳақ Раҷабович ба соҳаи минералогия, термобарогеокимиё ва шароити пайдоиши конҳои оҳан, тилло, нуқра, сурб, руҳ, оникси мармарӣ, аметист, барит ва ғайра бахшида шудаанд. Профессор Файзиев А.Р. нахустин шуда дар массивҳои ишқории Дункелдик (Помири Шарқӣ) ва Дараи Пиёз (Тоҷикистони Марказӣ) карбонатитҳоро кашф ва муфассал омӯхтаанд. Дар кони Дункелдик захираҳои азими флюориту элементҳои нодир ва дар мавзеи Дараи Пиёз пайдоишоти нави карбонатиро бори нахуст устод А.Р. Файзиев бо ҳамроҳии шогирдонашон ошкор кардаанд. Ба карбонатитҳо хелҳои гуногуни унсурҳо, аз қабили элементҳои нодир ва радиоактивӣ, ниобий, тантал, сиркон ва металлҳои ранга хосанд.
Гуфта шуд, ки ин олими соҳаи геология дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ низ саҳми беандоза бузург гузоштаанд. То лаҳзаҳои вопасини ҳаёти худ профессор Файзиев А.Р. ба арсаи илму истеҳсолот 22 номзади илм ва 2 доктори илмҳои геология ва минералогияро тарбия намуданд.
Қайд шуд, ки профессор Файзиев Абдулҳақ дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошта, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекарданд. Ӯ узви Ассотсиатсияи кристаллографҳои Аврупо, раиси бахши тоҷикистонии Иттиҳодияи термобарогеокимиёшиносонии Осиё, Уқёнуси Ором ва кишварҳои ИДМ, узви зеркомиссияи Осиёи Марказии Комиссияи иктишофии минералогӣ ва харитакашии кишварҳои ИДМ, узви Комиссияи давлатии ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, узви комиссияи методии Ҷамъияти умумирусиягии минералогӣ ва Шурои петрографии Осиёи Миёна буданд.
Дар идома директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сафарализода Носир, намояндаи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш, ҳамчунин дигар олимону муҳаққиқони соҳаи геология баромад намуда, дар бораи аҳамияти фаъолияти илмии Файзиев Абдулҳақ Раҷабович, саҳми ӯ дар таҳқиқи конҳо ва рушди соҳаи геология дар Тоҷикистон суханронӣ карданд. Ҳамзамон иштирокдорони семинар таъкид намуданд, ки дастовардҳои профессор Файзиев на танҳо барои илми геология, балки барои рушди иқтисоди миллӣ ва омӯзиши сарватҳои табиӣ хеле муҳим мебошанд.
