Одамон аз дустии ёбанд бахт
Душмани орад ба мардум рузи сахт
Ҳали мушкилоти якасра дар минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба муайян намудани сарҳадҳо миёни ин давлатҳо метавонад ояндаи некеро ба мардумони ин минтақа фароҳам орад.
Сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистонро дар сана 12-13 моҳи марти ҳамин сол метавон яке аз сафарҳои таърихӣ донист, зеро дар ин сафар ҳалли мушкилоти марзии миёни ин давлатҳо ба анҷом расид.
Бастани созишномаи марзиро ба ҳарду давлатро Котиби Генералии СММ ҷаноби Гутериш муборакбод намуда бо роҳи осоишта ҳал гаштани ин низоъро аз сатҳи баланди фарҳангдории ин мардумон медонад, инчунин як қатор давлатҳо ба мисли Россия, ИМА, Британия,ҶХХ, ҶИЭ, Покистон ва ҳатто Ҳукумати Толибон ин созишномаро муборакбод гуфтанд.
Халқи тоҷику қирғиз аз давраҳои қадим ҳамзисти таърихӣ, фаҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҳамсоягии хубу накуе дошта, мардумони таҳамулпазире буданд
Мушкилоти асоси баъди тақсимоти марзиву ҳудуди давраи коммунистон оғоз гардида ва дар солҳои 70-уми асри 20 ба авҷи аълои худ расид. Аввалин нофаҳмиҳо миёни мардуми тоҷику қирғиз охири солҳои 80-уми асри 20-ум бо “ҷанги кедманӣ” сар зад, ки аз ҳарду тараф якчанд нафар захмӣ шуд. Ҳамин тариқ хусумати миёни халқҳо руз то руз боло рафта муносибатҳо низ тезу тунд гаштанд. Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон махсусан дар даҳсолаҳои охир ба баҳсҳои марзӣ печида шуда буд, ки ин ҳолат боиси танишҳо ва муноқишаи даврӣ дар минтақаи сарҳадӣ гардиданд.
Ду низоъе, ки солҳҳои 2021 ва 2022 дар сарҳади ин давлатҳо ба вуқуъ пайваст боиси куштор ва вайрониҳои зиёде аз ҳарду тараф гашт
Баъди соҳибистиқлол гаштани ин давлатҳо аз 14 январи соли 1993 муносибатҳои дипломатро барқарор намуда фаъолиятҳои сафоратҳои худро дар шаҳрҳои Душанбе ва Бишкек оғоз намуданд. То ба имруз миёни ин давлатҳо зиёда аз 100 шартнома ва созишномаҳои дутарафа ба имзо расидаааст.
Яке аз муҳимияти ин сафари расмии Пешвои муазами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ба, имзо расонидани Созишномаи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон буд. Ин ҳуҷҷат натиҷаи раванди тулониии гуфтушунидҳо , дар масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, ки ба таъмини эътимод ва субот дар минтақа мусоидат менамояд, дар ин қатор имзои ин Созишнома сабабҳои эҳтимолии низоъҳоро дар минтақа аз миён бурда, барои рушду инкишофи муносибатҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шароит фароҳам месозад. Дигар ин, ки дар ин сафар 16 санади дуҷониба ба имзо расонода шуд, ки соҳаҳои гуногуни ҳамкориҳоро дар бар мегиранд.Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҳаҷми муомилоти молиро ба 500млн доллари ИМА расонанд. Бо ин иқдом ҳамкориҳоро дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва энергетика рушд диҳанд. Бо амали гаштани ин иқдомҳо тарафҳо қарор доданд, ки Шӯрои байниҳукумати таҳти роҳбарии нахуствазирони ду кишвар таъсис дода шавад. Қарор оид ба барқарорсозии парвозҳои ҳавои миёни Душанбе ва Бишкек, ки баъди чор соли қатъ гаштанашош аз 16 марти соли равон амалӣ гардид.Кӯшодани гузаргоҳҳои марзии “Қайрағоч” ва “Қизил-Бел” дар рафту омади шаҳрвандон ва таҳкими додугирифти онҳо мусоидат намуда равбити дустии ин ду халқро мустакам менамояд. Дигар ин ҳакориҳои энергетикӣ буда ба анҷом расонидани лоиҳаи CASA-1000 .имкони наверо барои рушд додани иқтисодиёт ва ҳамкориҳои митақавӣ ба манфиати ҳаду давлат фаҳмида мешавад
Бояд зикр намуд Тоҷикистон дар заминаи сиёсати оқилонаву дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла бо Ҷумҳурии Қирғизистон муносибатҳои дустонаро барқарор намуда мушкилоти якасраи марзиро ҳал намуд.
Дар маҷмуъ ин сафари Пешвои миллат ба кишвари Қирғизистон ба таҳкими муносибатҳо таъсири амиқ гузошта гардиши молу маҳсулотро авҷ дода ва муносибатҳои фарҳангиву иҷтимоии ин ду давлатро фаъол намуда дустиву рафоқатро миёни ин ду халқ қавӣ месозад.
Бедилзода Ҳ.-мудири шуъбаи масоли сиёсии муносибатҳо байналмилалии ИФСҲ.АМИТ
Имрӯз, 30 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Ҷашни Сада: таърих, моҳият ва рамзҳои миллии он” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии худ аз арзиши баланди миллӣ ва фарҳангии ҷашни бостонии Сада ёдовар шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимону кормандонро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ба яке аз ҷашнҳои дустдоштаи миллӣ табдил ёфтааст.
Пешвои миллат дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки "-ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор мераванд, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур карда, ташаккул ёфтаанд”.Аз ин хотир, эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Сада, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар қатори дигар ҷашну суннатҳои неки ниёгон Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн ҳазорон сол қидмат дорад ва аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ (ҳатто қадимитар аз Наврӯз) ба шумор меравад. Сада рамзе аз куҳан будани фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки дар худ маърифат ва шинохти табиату ҷомеаро аз ҷониби ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон инъикос кардааст.
Гуфта шуд, ки Сада далели бумӣ, кишоварзу шаҳрнишин ва тамаддунофар будани тоҷикон аст. Ин ҷашн гувоҳи он аст, ки гузаштагони мо кишоварзу муқимӣ буда, дар соҳили дарёҳо ва водиҳои хушманзар ба сар мебурданд. Кишоварзон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, воситаҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои лозима меандешиданд.
Бояд гуфт, ки Сада ҳам монанди ҷашнҳои дигари суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони қадими пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст.
Дар идомаи конференсия як зумра аз олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, вобаста ба таърих, моҳият ва рамзҳои миллии ҷашни Сада андешаҳои худро баён карданд. Ҳамчунин, мактабачагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон доир ба ин ҷашни бостонӣ аз ашъори шоирон порчаҳо қироат намуданд.
29.01.2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.
Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд.
Дар маркази рамз акси “Маҷмааи Истиқлол”, ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст.
Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад.
Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад.
Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд.
Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд.
https://president.tj/event/news/54712
Имрӯз, 28 январи соли 2026, соати 04:32 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза дар масофаи 488 км шарқу шимоли шаҳри Душанбе ва 39 км шимолу ғарби ноҳияи Мурғоб қарор дошт. Қувваи заминларза дар марказ 3–4 баллро ташкил дода, дар Мурғоб 3 балл ва дар Душанбе заминларза эҳсос нашуд.
Имрӯз, 27 январ, дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мари Фаверо, доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса барои олимону муҳаққиқони самти илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла забон ва таърих маърузаи илмӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, олимон ва муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саломиён Муҳаммаддовуд ифтитоҳ намуда, ҳозиронро хайрамақдам гуфт ва ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илмҳои гуманитарӣ таъкид кард.
Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл дар суханронии хеш бори дигар аз аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса таъкид намуда, ба дастовардҳои олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар рушди илмҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар маъруза Мари Фаверо ба масоили таърихии Хорди тиллоӣ, таъсири он ба забон ва фарҳангҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин нақши забон ҳамчун воситаи муошират байни халқҳо диққати махсус дод. Ҳозирон имкони иштирок дар муҳокимаи фаъол ва додани саволҳоро пайдо намуданд. Мари Фаверо ҳамзамон доираи васеи корҳои илмии худ, аз ҷумла нашри мақолаҳо ва китобҳо дар мавзӯъҳои таърих ва забонро ба иштирокдорон муаррифӣ кард ва ба аҳамияти омӯзиши таърих ва фарҳангҳои минтақавӣ таъкид намуд.
Чорабинӣ бо суханрониҳои таҳлиливу мубодилаи афкор ва тавсифи аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ байни олимони Тоҷикистон ва Франсия анҷом ёфт. Ин маъруза як қадами муҳим дар густариши робитаҳои илмӣ ва рушди дониши академӣ дар самти гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, 27 январ, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баргузор гардид. Дар мулоқот инчунин хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои густариши робитаҳо байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Фаронса, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷрибаи илмӣ ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки илмро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти забон ва таърих, гузаронидани омӯзишҳо ва таҳқиқоти илмӣ миёни донишҷӯён ва муҳаққиқон дар мавзеъҳои таърихӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ ба аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм таъкид намуда, иброз дошт, ки Академия омода аст дар доираи лоиҳаҳои муштарак, баргузории ҳамоишҳои илмӣ, конфронс, симпозиюмҳо, табодули олимону муҳаққиқон ва анҷоми таҳқиқоти муштарак бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Фаронса ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба сатҳи ҳамкориҳои илмии дуҷониба баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Фаронса ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус дар самти забон, таърих ва таҳқиқоти марбут ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Дар идомаи мулоқот хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса, ба омӯзиш ва мавзеъҳои таърихии чандинҳазорсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак миёни олимон ва муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар ин мавзеъҳои таърихӣ изҳор намуд.
Дар анҷом ҷонибҳо чунин мулоқотҳоро заминаи муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва густариши равобити дуҷониба арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.
Имрӯз, 26 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳсилот ва омӯзиш, ҳамчунин таҷрибаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ табодули афкор намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва дигар мушкилотҳои глобалиро муҳокима намуда, оид ба гузаронидани таҳқиқотҳои муштараки илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар ин самт табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти энергияи сабз, технологияҳои геотермалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин бахш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот ҷонибҳо ба омода намудани мутахассисон дар самтҳои энергияи барқароршаванда ва технологияҳои инноватсионӣ аҳамияти махсус доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон, ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ таъкид намуд. Ҳамзамон, ӯ истифодаи энергияи сабз ва нақши ҳамкориҳои байналмилалиро дар ҳалли мушкилотҳои глобалӣ махсусан муҳим арзёбӣ кард.
Инчунин, ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми ба дастовардҳои академия дар рушди илм ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими экологии Тоҷикистон баҳои баланд дод ва омодагии JICA-ро барои дастгирии лоиҳаҳои нав, таҳқиқотҳои муштарак ва омода намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои энергияи сабз ва технологияҳои геотермалӣ эълон кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди соҳаҳои илмӣ ва энергетикии Тоҷикистон дар оянда таъкид намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МОЛИЯ ВА БАҲИСОБГИРӢ ДАР МАВЗӮИ «МОЛИЯ ВА ДИГАРГУНСОЗИИ РАҚАМӢ»
Имрӯз, 22 январ дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ҳошияи баргузории семинар китоби тознашри доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова "Ёде аз Ҳинди бузург" рӯнамоӣ гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Ҷумҳурии Ҳиндӯстон дар қатори нахустин кишварҳо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар оғози солҳои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба расмият шинохт ва соли 1994 дар Душанбе Сафоратхонаи худро боз кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Сафоратхонаи худро дар Деҳлӣ фаъол кардааст.
Таъкид гардид, ки тайи 34 сол муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон рӯз аз рӯз рушд меёбад. Такони мусбат ва самаранокро дар истифодаи васеи имкониятҳо ва густариши ҳамкориҳои бунёди иқтисодӣ ва бомуваффақияти Тоҷикистону Ҳиндустон, ки имрӯз сатҳи баланд касб кардаанд, инчунин баланд бардоштани нақши минтақавии ду кишвар, сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва сафарҳои расмии Сарвазир ва Президенти Ҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон мебошанд, эҷод намуданд. Ин сафарҳо тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтару хубтари муносиботи ду кишвари ба ҳам бародарро ошкор карданд. Дар ҷараёни сафарҳо, мулоқоту музокироти чандкаратаи судманд байни ду давлат санадҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, нерӯи об, нақлиёт, роҳсозӣ, нақбканӣ, тиҷорат, фарҳанг ва ғайра ба имзо расиданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки ҳамкориҳои илмии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар солҳои охир ба сатҳи нав баромадаанд. Лоиҳаҳои муштараки илмӣ, табодули донишмандон ва баргузории конфронсҳои илмиву таҳқиқотӣ нишондиҳандаи талошҳои муштараки мо барои рушди илм ва ҳалли мушкилоти муҳими замони муосир мебошанд. Қайд гардид, ки миёни ду кишвар ҳамкориҳо дар самти Машварати стратегии Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон, Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризм, Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкории мудофиавӣ, Гурӯҳи кории муштарак оид ба истифодабарии осоиштаи технологияи кайҳонӣ барои рушд, Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика, Машваратҳои консулӣ амал мекунанд. Аз соли 2019 инҷониб сиғаи ҳамкориҳои минтақавии бисёрҷониба, Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ амал мекунад.
Зикр гардид, ки барои рушди равобиту ҳамкории илми байни Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Ҳиндустон заминаҳо ва имконоти фаровон мавҷуданд. Аз ҷумла, ривоҷи ҳамкории олимони тоҷику Ҳиндӯстон дар риштаҳои забономӯзӣ тавассути барномаи Ай-тек дар самти илмҳои физикаву риёзиёт, зилзиласанҷӣ, кайҳоншиносӣ, заминшиносӣ, тиб, улуми иҷтимоӣ, забону адабиёт, таърих, фарҳанг ва амсоли онҳо зарур аст. Баррасӣ, таҳия ва нашру тарғиби осори ғании фарҳангии ниёгонамон ва муаррифии онҳо ба оламиён вазифаи муштараки донишмандони тоҷику ҳинд мебошад. Бо мақсади омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва адабии аз солҳои пешин дар муассисаҳо ва китобхонаҳои илмии Ҳиндустон мавқуфбуда, чандин маротиба олимон ва донишмандони мо ба Ҷумҳурии Ҳиндӯстон сафарҳои илмӣ намудаанд.
Иброз гардид, ки маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба таърих ва фарҳанги Тоҷикистон бо Ҳиндустон инчунин нигоштаҳои илмии муаллиф дар конфронсҳои байналмилалӣ, натиҷаи сафараш ба кишвари зебоманзари Ҳиндустон, ки дорои табиати мафтункунанда ва биҳиштосо буда, яке аз “Ҳафт аҷоиботи олам” ба ҳисоб меравад, рӯи чоп овардааст. Маҷмӯа ба забони тоҷикӣ ва англисӣ буда, ба доираи васеи хонандагон пешкаш мешавад. Дар китоби худ профессор Санавбарбону Воҳидова саҳми фарзандони бузурги Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлал Неҳру, Сарвапалли Родокришнон, Мавлоно Абдулкалом Озодро қайд намуд, ки онҳо нафақат сиёсатмадорони дурандеш, файласуф, таърихшинос буданд, балки онҳо роҳи душворгузари илмро ба хотири ҳалли дурусти масоили истиқлолият ва демократияи кишвари худ тай кардаанд. Шоистаи зикр аст, ки нумӯъ ва равнақи муносибот дар тамоми заминаву соҳаҳо ҳадафи муштарак ва ягона аст. Ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мо ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ ва дарозмуддати ду кишвар мебошанд.
Дар идома, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Раҷеш Уике, дар баромади худ доир ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар самти илму маориф ва таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва таълимии ду кишвар ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки китоби тозанашри доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова таҳти унвони «Ёде аз Ҳинди бузург» ба бозтоби равобити таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистону Ҳиндустон бахшида шуда, метавонад ҳамчун манбаи муҳим барои таҳқиқоти минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни ду кишвар хизмат намояд.
