Skip to main content

Бахшида ба рӯзи пойтахт

Душанбе пойтахти Тоҷикистони азиз, макони мардони қавӣ, ҷавонмардони бо ору номуси миллат ва модарону хоҳарони боиффат мебошад, ки барои ободии он онҳо меҳнату заҳмати зиёде кашидаанд.

12Имрӯз Душанбе бо роҳбарии Раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои худро дигаргун намуда, ҳамчун оинаи таърих муаррифгарӣ фарҳангу тамаддуни гузаштаю имрӯзаи мо гардидааст. Ин шаҳри бузург, ки онро ҳамеша шаҳри ҷавон мегӯянд дар таърихи миллати мо мақому мартабаи хосса дорад.

Пойтахти азизи мо шаҳри сулҳу ваҳдат, ҷавонон, маркази илму маориф, шаҳри ҳушманд, шаҳри бехатар, шаҳри сабз ва шаҳрест, ки баракати зиндагии сокинонашро таъмин карда метавонад ва дар муттаҳид кардани мардуми кишвари азизамон нақши калидӣ дорад. Дар бораи таъриху фарҳанги ин шаҳри бостонӣ ривояту достонҳои гуногуни таърихӣ вуҷуд дорад, ки бостоншиносону фарҳангшиносон назарияҳои мухталифе доранд.

Гузашта аз ин, имрӯз дар назди шахрвандони пойтахти азизамон масъулияти бузург ва дарки воқеати таърихии тамаддуни ориёиҳо, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид, барои истиқлоли давлатӣ ва тақвияти давлатдорию шаҳрдорӣ муҳммияти бузурги худшиносии миллӣ дорад.

Айни ҳол, фурсати таърихие пеш омадааст, ки барои таъсиси “Конуни тамаддуни Ориёӣ “ ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ташаббусу пешниҳодҳои дар Паёми навбатӣ ироашударо дастгирӣ ва амалӣ намоем. Зарурати таъсиси чунин марказҳои бунёдӣ барои эҳёи хотираи таърихӣ ва худогоҳии миллӣ хеле саривақтӣ буда, кӯҳанбунёдӣ ва фарҳангсолории мардуми моро боз ҳам тақвият мебахшанд. Шаҳри Душанде дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамеша мизбони ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсию иҷтимоӣ мебошад.

Маълум аст, ки “тамаддуни ориёӣ яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин тамаддунҳои башарят аст, ки решаҳои таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва аслолати забонни худро нигоҳ дошта аз сарзамини Ҳинд то канораҳои Юнон домон гӯстурдааст. Сарнавишти ориёиҳо, ки мо тоҷикон низ яке аз меросдорони аслии он ҳастем” дар арсаи таъриху тамаддуни башарият мақому мазалати хосса дорад. Пойтахти азизи мо шаҳри Душанбе бошад, барандаи идеяҳои созанда ва ватани амалигардонии андешаҳои бунёдкорист.

Ҳамин буд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2006-ро ҳамчун “Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ “ эълон намуда, таваҷҷӯҳи мардумони дунёи илму маърифатро боз ба бузургдошти тамаддуни ориёӣ ҷалб намуд. Яке аз ҳадафҳои асосии ин чорабинӣ аз он иборат буд, ки нисбати тарбияи хештаншиносии насли ҷавонон ва тарғиби саҳми ориёиҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ бахшида шудааст. Амалӣ гардидани чунин андешаҳои бунёдӣ ҳама ба пойтахти кишварамон шаҳри зебои Душанбе пайвастагӣ дорад.

Дар баробари ин, боз китобҳои Президенти кишвар таҳти унвони “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” , “Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз ориён то Сомониён” ва “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ” мебошанд, ки онҳо пешрафти илми бунёдиро дар соҳаи таърихи ориёият ба амал оварда тавонистанд. Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе , айни ҳол, дар ташвиқу тарғиби фарҳангу маданияти мардуми кишварамон нақши бориз дошта ба маркази худшиносию худогоҳии миллӣ табдил ёфтааст.

Агар ба таърихи гузаштаи Душанбе назар афканем бо далелҳои мухталифи таърихӣ дучор мегардем, ки хеле аҷибанд. Масалан, дар яке аз достонҳои «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ байтҳоеро дучор мегардем, ки бештар ба минтақаи имрӯзаи кишвари мо мутааллиқанд. Чунончӣ: Ба паймон, ки ба шаҳри Ҳамоварон,

Сипаҳ буд диҳад сову божи гарон.

Чунин изҳори андешаи шоир аз он иборат аст, ки Ҳамоварон қисми таркибии эронзамини қадима будааст (ба ишораи А. Девонақулов шаҳри Душанбеи имрӯза мебошад). Бояд гуфт, ки “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ имрӯз низ ба ҳунари муосири мардуми тоҷик таъсири амиқ расонидааст. Масалан, устокориҳои наҷорӣ ва кандакориҳои нотакрори Солеҳ Азизовро дар сар то сари Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла дар “Кохи Наврӯз” шаҳри Душанбе ҳамеша ба шоҳкориҳои “Шоҳнома” шабоҳат медиҳанд, ки симои пойтахти азизамонро боз ҳам ҷило мебахшад.

Дарвоқеъ, Душанбе - пойтахти Тоҷикистони азиз , нишонае аз тамаддуни ориёӣ ва хонаи умеди тамоми тоҷикони дунёст, ки ба обу нону хоку ҳавояш шукрона менамоем.

Аз фурсати муносиб истифода намуда мардуми кишварамонро ба муносибати рӯзи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе табрику таҳният мегӯям. Ободу бо тароват ва бағали пур аз сулҳу салоҳ дошта бошӣ пойтахти азиз!

Муҳаммад Абдураҳмон - узви вобастаи АМИТ