Skip to main content
22 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ як қатор мулоқотҳои муҳим бо сарони давлатҳо ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ анҷом доданд. Ин вохӯриҳо бори дигар нишон доданд, ки Тоҷикистон дар низоми муосири байналмилалӣ мавқеи фаъолона дошта, сиёсати хориҷии худро бар асоси ҳамкорӣ, сулҳ ва рушди устувор пеш мебарад.

Дар мулоқот бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш масъалаҳои муҳими байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки авҷ гирифтани мухолифатҳои геосиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ, даргириҳои мусаллаҳона, терроризм ва ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва ноамнии озуқаворӣ идомаи босамари ҳамкории муассирро тақозо менамояд. Ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид масъалаҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, ташаббуси “Созмони Милали Муттаҳид-2.0” ва ислоҳоти фарогири низоми байналмилалӣ дар доираи барномаи “Созмони Милали Муттаҳид-80” низ баррасӣ гардиданд. Дар ин замина аҳамияти ташаббусҳои СММ, аз ҷумла “Низоми огоҳии бармаҳал барои ҳама”, ва иқдомҳои Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ махсус таъкид шуд. Бо дарназардошти он ки то соли 2030 ҳамагӣ 35 фоизи Ҳадафҳои Рушди Устувор татбиқ хоҳад шуд, зарурати истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун абзори муҳими дастёбӣ ба ин ҳадафҳо матраҳ гардид. Омодагӣ ба баргузории конфронсҳои байналмилалии оби СММ дар солҳои 2026 ва 2028, ки дувумӣ дар Душанбе баргузор мешавад, ҳамчун иқдоми стратегии густариши ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Дар баробари ин, зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои бартарафсозии таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва низоъҳои мусаллаҳона тавассути роҳҳои сиёсию дипломатӣ таъкид гардид, ки аҳамияти амалӣ ва ҷаҳонии дипломатияи пешгирикунандаи Тоҷикистонро боз ҳам рӯшан месозад.

Дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо сарони як қатор давлатҳо, аз ҷумла Ветнам ва Португалия низ вохӯрӣ ва суҳбат намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Ветнамро, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ пайванд менамоянд. Муҳимияти таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ махсус зикр шуд. Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, хусусан навсозии технологии соҳаи саноати сабук ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Португалия ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар доираи дуҷониба ва Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳ карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат қайд намуданд, ки “Мо раванди рушди робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Португалияро дар доираи Иттиҳоди Аврупо мусбат арзёбӣ намуда, хоҳони тавсеаи онҳо дар қолаби дуҷониба низ ҳастем”. Аз ҷумла истифодаи захираҳои табиӣ ва инсонии Тоҷикистон дар якчоягӣ бо таҷрибаи технологӣ ва сармоягузории Португалия ҳамчун омили калидии рушди шарикии иқтисодӣ арзёбӣ шуд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои энергияи сабз, маъданҳои нодир, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, саёҳӣ ва табадули устодону донишҷӯён ҳамчун самтҳои умедбахш муайян гардид.

Бояд қайд намуд, ки вохуриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои таҳкими робитаҳои дуҷониба, балки барои тақвияти нақши Тоҷикистон дар низоми байналмилалӣ аҳамияти калон доранд.

Бо пешниҳоди ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва таҳкид ба арзишҳои сулҳу ҳамкорӣ Тоҷикистон худро ҳамчун як кишвари ташаббускор ва масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна, мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ,