Skip to main content

Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаи таҳсилоти миёна ва ё олии касбии кишвар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор мегардад. ки он ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи бузургдошти илму маърифату дониш истиқбол гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ба остонаи боргоҳҳои илму маърифат қадам мегузоранд ва дар дарси нахустин оид ба моҳияти илму дониш ва аҳамияти сулҳу субот маълумот гирифта, ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу субот даъват мешаванд. Дар арафаи соли нави таҳсил бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯи талабот бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Имрӯз, 30 август Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд. Дарси Сулҳ, ки ҳусни оғози соли нави таҳсил аст, дар таълимгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд ва ҳамбаста бо ифтихору ҳувияти миллӣ баргузор шуд. Дар ин дарс ба шогирдон дар хусуси моҳияту аҳамияти сулҳ, марҳалаҳои расидани халқи тоҷик ба сулҳи комил, фидокориҳои Пешвои миллат баҳри тантанаи сулҳ ва масъулияти ҳамагонӣ дар посдории сулҳу ваҳдат ба таври муассир нақл карда мешавад.

Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои навбатии Сарвари мамалакат андешаронӣ намуда, қайд менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи дониш, Дарси сулҳ пайваста аз дастоварду пешравиҳо, натиҷаҳои ислоҳоту навсозӣ, татбиқи консепсияву барномаҳои давлатӣ, сатҳи донишу малакаи донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, мушкилоти дар низоми иҷтимоии аҳолӣ мавҷуда ва нисбат ба бурду бохти соҳаи илму маориф ҳамчун самти ояндасози давлат ва ҳалли масъалаҳои соҳа ёдовар шуда, насли ҷавонро ба илмомӯзӣ ва омӯзгоронро ба тарбияи дурусти насли ҷавону наврас ҳидоят намуданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аҳамияти бо Дарси сулҳ оғоз намудани соли таҳсил андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад.

Пешвои маорифпарвари миллат иброз доштанд, донишҷӯён ба омӯзгорону ва хонандагони бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудаанд, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд. Ба таъкиди Сарвари давлат ҳар коре, ки Ҳукумати кишвар ба анҷом мерасонад, фақат ба хотири имрӯзу фардои босаодати насли оянда мебошад. Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» гузаронида мешавад. Барои баргузории озмуни мазкур Пешвои миллат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон Сарвари давлат дастур доданд, ки ин озмун дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд. Инчунин, дастур дода шуд, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии хеш иброз доштанд, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бо маром идома дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст. Дар ин давра, илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 202 ба 8 миллиарду 431 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,8 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид.

Дар баробари ин, қайд карда шуд, ки имрӯз аз кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар фаъолияти боз ҳам бештару масъулона ва дигаргуниҳои куллиро талаб менамояд. Дар иртибот ба ин, қайд намуданд, ки ҳалли ин масъала на танҳо ба маблағгузории соҳа, балки ба сатҳи масъулиятшиносӣ, савияи донишу касбияти баланд, нангу номус, ҳисси миллӣ, иродаву виҷдон ва эҳсоси ватандӯстии роҳбарону кормандони соҳаи илму маориф, олимону омӯзгорон, аҳли зиё, падару модарон ва фаъолони ҷомеа иртиботи мустақим дорад.

Барои табъу нашр ва китобҳои дарсӣ ба олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар устодон супориш доданд, ки аз нав китобҳоро таҳлил намоянд. Пас аз тайёр намудани китобҳои дарсӣ олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муваззаф бар он ҳастанд, ки ин китобҳоро таҳлил намоянд. Имруз боиси ифтихор ва шарафмандии тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки аз тарафи маҷмааи байналмиллалии Созмони миллали муттаҳид то кунун 6 пешниҳоди пешвои тамоми тоҷикони рӯйи дунё қабул гардидааст.

Дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки бо ғамхорию тадбирҷӯӣ ва роҳнамоию дастгирии ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф марҳала ба марҳала пеш меравад, мақоми омӯзгор меафзояд, музди кори кормандони соҳа зиёд мешавад ва ба онҳо имтиёзҳои бештар муқаррар мегардад, ислоҳоти соҳаи маориф боз ҳам вусъат меёбад. Ҷавобан ба ғамхории ҳамешагӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли маорифи кишвар имсол низ соли нави таҳсилро бо омодагии комил, азму иродаи қавӣ ва бо шукргузорӣ аз Истиқлолу Ваҳдати миллӣ истиқбол гирифтанд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳову дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонон ва олимону омӯзгорон бояд ба тарбияи насли наврас муваззаф шуда, сидқан дар пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем ва дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир ба бозори ҷаҳониро фароҳам орем. Чи хеле ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон гаштаву баргашта таъкид бар он мекунанд, ки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст, ояндаи миллат маҳз аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Ин ҳама ки Пешвои миллат дар паёмҳояшон ишора ба ҷавонон мекунанд ин бесабаб нест, ба он хотир ки ҷавонон ҳисси ватандӯстиашон, меҳру муҳабат нисбати Ватан зиёд шавад ва барои пешрафти ватани азизи худ ҳамаҷиҳата дар тамони намуди соҳаҳо саъю кушиш. Талош ва ҳаракат карда саҳмгузор бошанд.

Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,

Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам.

Агарчи кулбаам одист, вале дил маскани шодист,

Фараҳ хезад маро аз ғам, ватан дорам, ватан дорам.

Хасисон низ мебахшанд баҳри ҳифзи меҳан ҷон,

Ватан касро кунад ҳотам, ватан дорам, ватан дорам...

Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,

Садоям бишнавад олам, ватан дорам, ватан дорам.

Муҳаммад Ғоиб, Шоири Халқии Тоҷикистон.

Номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”, Котиби илмии Институти кимиёи

ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои тоҷикистон Худойбердизода Саидмири Убайдулло