23 апрел таҳти Раёсати Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласаи васеи корӣ бо иштироки аъзои раёсат, директорони институтҳо, мудирони шуъба ва марказҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур самтҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бандҳои иҷронашудаи Нақшачорабиниҳои «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 июни соли 2021, №263 тасдиқ шудааст, дар соли 2023 аз ҷониби масъулин ба саҳми директорони институтҳо, мудирони шуъба ва марказҳо расонида шуд.
Дар оғоз Президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зикр дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги илмии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина мо олимону зиёиёни кишвар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд дастаҷаъмона ва пурсамар иҷро намоем. Зимнан таъкид шуд, ки мо бояд дар як фурсати кӯтоҳ оид ба иҷроиши бандҳои нақшачорабинии мазкур маълумотномаи муфассал дар доираи факту далелҳои асоснок омода намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоем.
Дар интиҳо роҳбарияти академия дигар масъалаҳои ҷории самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо Тоҷикистонро баррасӣ намуда, дар заминаи он ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
“Сифатан беҳтар ва пурзӯр намудани кори ин институт дар таҳқиқи осори ниёгон ва муаррифии онҳо дар шароити ҳамгироии фарҳангҳо ва бархӯрди манфиатҳо тақозои вақт аст”.
Имрӯз (12.02.2024) вохӯрии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ фаъолияти институт баррасӣ гардида, камбудиву норасоиҳои мавҷуда ҷиҳати бартарафсозӣ мадди назар шуданд. Қайд гардид, ки Институти забон ва адабиёт яке аз ниҳодҳои асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, дар пешрафт ва муаррифии илми тоҷик нақши барҷаста дорад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х. олимону кормандони Институтро барои иштироки фаъолонаи шогирдону унвонҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” раҳнамоӣ намуд.
Зимни суханронӣ омӯзиш ва бардошти олимони ҷавон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” таъкид карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон муҳимтарин маркази омӯзиш ва таҳқиқи забон ва адабиёти тоҷик ва дар маҷмуъ, пажӯҳиши мероси хаттиву шифоҳии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. “Сифатан беҳтар ва пурзӯр намудани кори ин институт дар таҳқиқи осори ниёгон ва муаррифии онҳо дар шароити ҳамгироии фарҳангҳо ва бархӯрди манфиатҳо тақозои вақт аст”-таъкид кард дар фарҷоми вохӯрӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х.
Имрӯз дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конференсия Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Н. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳайати раёсат, олимону кормандони академия иштирок дошта, конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Дар оғози конференсия Президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и академия интихоб гардид. Нахуст пеш аз оғози конференсия Президенти АМИТ профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба академия, барои иштирок ва натиҷагирӣ аз фаъолияти кумитаи мазкур хайру мақдам гуфт. Ҳамзамон таъкид дошт, ки мо бояд дар меъмори давлатдории худ, бо шукургузорӣ аз сиёсати созанда ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат фаъолияти пурсамари худро ба роҳ монда, дар пешрафту ободонии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми басо бузург гузорем. Сипас конференсия дар ду бахш идома намуд, ки бахши аввал шарҳи Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахши дуюм фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар академия дар соли 2023 ва вазифагузорӣ барои соли 2024- ро дар бар гирифт.
Дар бахши аввал директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Раҳимзода Ш.М. доир ба нуқтаҳои гуногуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Паём роҳнамои зиндагии шоистаи сокинон буда, татбиқи самараноки он кафили таъмини пешрафт аст. Дар робита ба ин ҳар як аъзои Ҳизб, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бояд дар тадбиқи нуқтаҳои он саҳми калон дошта бошанд.
Дар идомаи конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ш. аз фаъолияти аъзоёни кумитаи мазкур дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ҳисоботи муфассал ироа намуд. Зимнан таъкид шуд, ки мо бояд баҳри пиёда гардонидани сиёсати созандаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хусусан, тадбиқи бомароми ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ пайваста миёни мардум талош варзида, дар ин замина сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти баланд ва бо дарки амиқи худшиносиву худогоҳӣ амалӣ гардонем.
Дар идома зикр гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз муассисаҳои илмиву таҳқиқотии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи он Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ бо қарори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз 8-уми феврали соли 2016, таҳти №1/1 таъсис ёфта, айни замон 478 аъзо дорад, ки аз он 200 нафараш (40%) занон мебошад. Дар даври ҳисоботӣ 35 нафар кормандони фаъол ба сафи ҲХДТ пазируфта шудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ дар ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур яке аз кумитаҳои фаъол буда, имрӯз 21 ташкилоти ибтидоии ҳизбиро фаро мегирад. Ташкилотҳои ҳизбии кумита дар заминаи институтҳо ва зерсохторҳо таъсис ёфта, ҳамарӯза фаъолияти пурсамар доранд.
Дар воқеъ Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни суханронии хеш фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- ро назаррас арзёбӣ намуда, дар самти ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои судмандро ба саъми ҳозирин расонид. Дар ибтидо ба чанде аз фаъолони ҳизб Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе супорида шуд. Конференсияи имрӯза, ки ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бахшида шуда буд, да интиҳо бо сухани хотимавии раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.
