«Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ - ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо кардаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсоз тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Наврӯз - рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рӯзи меҳрубониву хушбахтӣ, рӯзи бедоршавии табиат, поёни сардиҳо ва оғози фаровонӣ мебошад».
Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки арзиши муҳимми фарҳангии умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Қадами муҳим дар роҳи шинохти ин ҷашни бостонӣ аз 20 феврали соли 2009 сарчашма мегирад. Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ЮНЕСКО Наврӯзро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид намуд, ки ин барои муаррифии Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи устувор фароҳам овард. Баъдан, 23 феврали соли 2010 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи 64/253 санаи 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Ин ташаббус бо пешниҳоди Тоҷикистон амалӣ гардид, ки дар натиҷа Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагии фарҳангҳо эътироф гардид.
Дар ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз саҳми сиёсӣ ва фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Бо ташаббусҳои пайгиронаи Тоҷикистон, Наврӯз ҳамчун ҷузъи муҳимми мероси тамаддунии халқҳои минтақа дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардида, ин ҷашни бостонӣ мавқеи устувори байналмилалӣ пайдо намуда ба рамзи ҳамбастагии фарҳангҳо табдил ёфтааст.
Саҳми Тоҷикистонро дар муаррифӣ ва ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз метавонем дар чанд самти муҳим арзёбӣ намоем, ки дар маҷмуъ сиёсати фарҳангии давлатро дар арсаи байналмилалӣ ба таври амиқ инъикос менамояд.
1. Дипломатияи фарҳангӣ - ҳамчун яке аз воситаҳои муҳимми сиёсати хориҷии давлат барои муаррифии арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ хизмат мекунад. Дар ин замина Тоҷикистон Наврӯзро ҳамчун ҷузъи муҳимми мероси тамаддунии халқҳои минтақа дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои эътирофи он дар доираи созмонҳои ҷаҳонӣ мусоидат кардааст. Дар натиҷаи чунин талошҳо Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ЮНЕСКО Наврӯзро соли 2009 ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид намуд. Ин иқдом аҳаммияти таърихӣ ва фарҳангии Наврӯзро ҳамчун арзиши умумимиллии халқҳои гуногун дар сатҳи байналмилалӣ тасдиқ намудааст.
2. Тақвияти мақоми байналмилалии Наврӯз - самти дигари муҳимми сиёсати фарҳангии Тоҷикистон баланд бардоштани мақоми Наврӯз дар сатҳи муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Бо ташаббуси кишварҳои дорои анъанаҳои наврӯзӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 бо қабули қатъномаи махсус рӯзи 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф намуд. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни миллӣ, балки ҳамчун ҷашни байналмилалии фарҳангӣ ва рамзи ҳамзистии тамаддунҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил гардад.
3. Рушди таҳқиқоти илмӣ ва муаррифии мероси фарҳангӣ - самти сеюм ба рушди таҳқиқоти илмӣ вобаста ба таърих, фалсафа ва арзишҳои иҷтимоии Наврӯз алоқаманд мебошад. Бо дастгириҳои роҳбарияти олии давлат дар солҳои охир конфронсҳои байналмилалӣ, ҳамоишҳои илмӣ ва симпозиумҳои фарҳангӣ баргузор гардидаанд, ки дар онҳо олимон ва муҳаққиқон аз кишварҳои гуногун иштирок намуда, масъалаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Наврӯзро мавриди омӯзиш қарор доданд. Ин тадқиқотҳо ба таҳкими асосҳои илмии омӯзиши Наврӯз ва муаррифии он ҳамчун падидаи муҳимми тамаддунӣ дар илми муосир мусоидат менамоянд.
Таҳлили ин раванд нишон медиҳад, ки сиёсати фарҳангии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият барои муаррифии Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Дар натиҷа, Наврӯз имрӯз ба яке аз рамзҳои муҳимми ҳамбастагии фарҳангҳо, муколамаи тамаддунҳо ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ табдил ёфтааст. Наврӯз инчунин бо табиат ва муҳити зист робитаи ногусастанӣ дорад. Барои кишвари кӯҳсор ин ҷашн на танҳо арзиши фарҳангӣ, балки аҳаммияти муҳимми табиӣ ва экологӣ низ дорад. Маҳз дар фасли баҳор раванди обшавии барфу пиряхҳо оғоз ёфта, сарчашмаҳои асосии дарёҳо мегарданд.
Тибқи маълумоти илмию оморӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 14 ҳазор пирях мавҷуд мебошад, ки масоҳати умумии онҳо тақрибан 11 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии захираи ях дар онҳо тақрибан 845 километри мукааб арзёбӣ мегардад. Ин пиряхҳо манбаи асосии ташаккули оби дарёҳо ба ҳисоб рафта, барои таъмини захираҳои обии минтақа аҳаммияти калидӣ доранд. Дар қаламрави кишвар зиёда аз 900 дарё ҷорӣ мешавад, ки дарозии умумии онҳо беш аз 28 ҳазор километр мерасад. Ҳаҷми миёнаи солонаи оби дарёҳо тақрибан 64 километри мукааб аст. Илова бар ин, дар Тоҷикистон зиёда аз 1300 кӯл мавҷуд аст, ки қисми муҳимми низоми гидрологии кишварро ташкил медиҳанд. Инчунин, Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Тибқи арзёбиҳои мутахассисон, иқтидори умумии гидроэнергетикии кишвар зиёда аз 527 миллиард киловатт-соат дар як сол мебошад, ки айни замон тибқи маълумотҳо 4-5 фоизи ин имкониятҳо истифода мешаванд.
Дар омӯзиш ва таҳқиқи ин захираҳо саҳми олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бахусус Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология хеле муҳим мебошад. Ходимони илмии Институт тағйирёбии пиряхҳо, захираҳои обӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои рушди устувори энергетикаро пайваста таҳқиқ менамоянд. Фасли баҳор, ки бо фарорасии Наврӯз оғоз мегардад, барои олимону муҳақиқон давраи муҳимми корҳои саҳроӣ ва мушоҳидаҳои илмӣ мебошад. Дар ин давра, раванди обшавии барфу пиряхҳо фаъол гардида, имконият фароҳам меояд, ки ҷараёни оби дарёҳо, ҳолати захираҳои обӣ ва тағйироти экологӣ дақиқтар таҳлил карда шаванд.
Дар фарҳанги ниёгони мо об ҳамеша ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва покӣ мақоми махсус доштааст. Истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи пиряхҳо ва рушди энергетикаи сабз яке аз шартҳои асосии рушди устувори кишварҳо ба ҳисоб меравад. Наврӯз на танҳо ҷашни эҳёи табиат ва оғози баҳор, балки рамзи эҳтироми инсон ба муҳити зист ва манбаъҳои ҳаёт мебошад. Наврӯзи байналмилалӣ имрӯз ба яке аз арзишҳои муҳимми фарҳангии ҷаҳон табдил ёфта, барои таҳкими сулҳ, ҳамкории байналмилалӣ ва ҳифзи табиат мусоидат менамояд.
Таҳлили масъала нишон медиҳад, ки Наврӯз ҳамчун яке аз қадимтарин ҷашнҳои фарҳангии тоҷикон ба ҳисоб рафта, имрӯз ба падидаи муҳимми байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷаҳонишавии ин ҷашн на танҳо ба густариши арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ мусоидат мекунад, балки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои муҳимми экологӣ ва ҳифзи муҳити зист низ ҷалб менамояд. Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат ва оғози давраи нави ҳаёт инсонро ба эҳтиром ва ҳифзи захираҳои табиӣ, махсусан об, даъват менамояд.
Пиряхҳо, дарёҳо ва кӯлҳои сершумори кишвар манбаи асосии ташаккули захираҳои обии минтақа буда, барои рушди иқтисодӣ, таъмини амнияти экологӣ ва энергетикӣ нақши калидӣ мебозанд. Дар шароити тағйирёбии иқлим омӯзиш ва ҳифзи ин захираҳо ба яке аз самтҳои муҳимми тадқиқоти илмӣ табдил ёфтааст. Пайванди арзишҳои фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ бо масъалаҳои об ва муҳити зист нишон медиҳад, ки ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ яке аз шартҳои асосии рушди устувори ҷомеа мебошад. Дар ин раванд нақши муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар таҳқиқ ва пешниҳоди роҳҳои илмии ҳифзи захираҳои обӣ ва муҳити зист бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.
Фирдавс Алиев, муовини директори Институти
масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ




