Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои ҳар як ҷомеаи мутамаддин ва соҳибистиқлол ба шумор меравад. Барои ҳар миллату давлат, ки роҳи пешрафту тараққиётро пеш мегирад, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, якдиливу якпорчагӣ асоси суботу амният ва пояи сулҳи устувор мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997), маҳз бо иродаи нек ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми кишвар, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдоди таърихӣ, ки 27 июни соли 1997 ба вуқуъ пайваст, рӯзи ваҳдати миллӣ эълон шуд ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Ваҳдат маънои муттаҳид шудани тамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста аз ақида, мазҳаб, миллат ё ҷойгоҳи иҷтимоиро дорад. Ваҳдат рамзи ҳамзистӣ, оромӣ, меҳру муҳаббат ва ҳамкорӣ миёни афроди миллат аст. Маҳз дар фазои ваҳдат ва сулҳ метавон рушди соҳаҳои маориф, илм, иқтисод, фарҳанг ва сиёсатро таъмин намуд.
То замоне ки ҷомеа муттаҳид нест, амнияти дохилӣ зери хатар мемонад. Тафриқа, нобаробарӣ, хушунат ва носозгорӣ сабаби ҷудоии дили мардум мегардад ва муҳити сулҳу суботро нобуд мекунад. Вале агар мардум дар фазои якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил зиндагӣ кунанд, ҳеҷ нерӯи бадхоҳ наметавонад асоси сулҳу оромиро халалдор созад.
Санаи 8 декабри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифтан қадами аввалини худро гузошт, ки ин муроҷиатномаи ӯ ба халқи тоҷик буд. Дар муроҷиатномаи мазкур аз ҷумла омадааст: «Падару модарон, хоҳарону додарон! Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихиро аз сар гузаронда истодааст. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллату давлати мо шуда истодаанд. Мо, ки ворисони Рӯдакию Сино, Сомонӣ, Ҳофизу Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ҳастем, бо ақлу заковати хеш бояд бо сабру таҳаммул бошем ва нагузорем, ки фарзанд ё бародари мо даст ба ҷиноят занад».
Дар ҳақиқат таърих гувоҳ ҳаст, ки Сарвари давлат ҷони худро дар хатар гузошта, барои баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афгонистон сафар намуда, ҳамватанонамонро бовар мекунонид, ки ба ватан баргарданд. Дар ҳамон давра касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро тасавур намекард.
Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлати тоҷикон музокироти сулҳи тоҷикон шурӯъ шуд. Ҷаноби Олӣ зимни вохӯриҳояш бо мухолифон такрор ба такрор мегуфт, ки агар мо ба сари мақсад наоем, миллат нест мешавад, Тоҷикистон ба порчаҳо тақсим мешавад ва наслҳои оянда мову шуморо намебахшанд.
Дар ниҳояти кор гуфтушунидҳо бо мухолифон дар Афғонистон, Эрон, Русия, Покистон натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Маҳз сиёсати оқилона, дурнадешӣ, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллат боис шуд, ки моҷароҷуӣ ва нофаҳмоиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуд. Имрӯзҳо иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши СММ ва бисёр давлатҳои олам гадидааст.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва рушди бемайлони он таъмин карда мешавад.
Ваҳдати миллӣ гавҳари пурқиматест, ки бояд онро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кард. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ расад ва барои таҳкими ваҳдат ва рушди ватан саҳм гузорад. Танҳо дар партави ваҳдат аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонад ба як давлати муваффақ ва пешрафта табдил ёбад.
Раҳматова Лола – докторант (PhD)- и шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Имрӯз, 6 май дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори Марказии илмии Хатлони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии фаъолияти Боғи ботаникии Кӯлоб ба номи Тилло Бобоев Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши муассисаҳои ботаникӣ дар ҳифзи гуногунии биологӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши таъсири омилҳои антропогенӣ ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла гуногунии биологӣ, ба яке аз масъалаҳои калидии илми муосир табдил ёфтааст.
Қайд гардид, ки муассисаҳои ботаникӣ ҳамчун марказҳои муҳими илмӣ-назаравӣ ва таҷрибавӣ дар самти омӯзиш, ҳифз, барқарорсозӣ ва ғанисозии олами наботот нақши арзанда доранд.Таъкид гардид, ки Боғҳои ботаникӣ на танҳо ҳамчун пойгоҳи илмӣ, балки ҳамчун марказҳои маърифатӣ ва таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати экологии ҷомеа хизмат менамоянд. Дар ин замина, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба корҳои илмӣ аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд.
Зикр гардид, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди илмҳои табиатшиносӣ ва густариши фаъолияти муассисаҳои илмӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Дар идома узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдусаттор ва дигар олимону муҳаққиқон дар суханрониҳои хеш ба масъалаҳои муҳими рушди илмҳои ботаникӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки омӯзиши амиқи захираҳои флористӣ, муайянсозии навъҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, инчунин таҳияи механизмҳои муассири ҳифзи онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи муассисаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, иштирокчиён таъкид карданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим зарурати таҳкими корҳои таҳқиқотӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар самти ҳифзи муҳити зист беш аз пеш меафзояд. Дар ин замина, густариши ҳамкориҳои илмӣ бо марказҳои бонуфузи байналмилалӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак ҷиҳати нигоҳдории экосистемаҳо муҳим арзёбӣ гардид.
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Хуттали Қадим дар континуитети таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ташаккули ҳувияти миллии халқи тоҷик» маҷмуаи илмӣ ба табъ расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Маҷмуа аз муқаддима ва 7 қисми асосӣ иборат мебошад. Он таҳқиқи фарогир ва муназзами илмӣ дар омӯзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни Хуттал ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуа масъалаҳои бостоншиносӣ, антропология, давлатдорӣ, равандҳои сиёсию иқтисодӣ, забон ва катибашиносӣ, фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, топонимӣ, санъат ва анъанаҳои мусиқӣ, инчунин сиккашиносӣ ва муомилоти пулӣ инъикос ёфтаанд.
Навгонии асосии маҷмуа аз он иборат аст, ки бори нахуст дар таърихнигории Тоҷикистон Хуттал дар заминаи мафҳуми континуитет ҳамчун раванди давомдори таърихӣ ва тамаддунӣ таҳлил карда шудааст. Ин равиши методологӣ имкон медиҳад, ки равандҳои антропологӣ, институтсионалӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар низоми ягона ва бо мантиқи дохилии худ фаҳмида шаванд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти пешниҳодшуда нишон медиҳанд, ки Хуттали Қадим ҳамчун яке аз ҳавзаҳои муҳимми таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ дар ташаккули равандҳои тамаддунӣ ва ҳувияти миллии халқи тоҷик нақши барҷаста дорад.
ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ШОҲНОМАХОНӢ” ЯК ҶОЙИ АВВАЛ ВА ҶОЙИ ИФТИХОРӢ НАСИБИ КОРМАНДОНИ АМИТ ГАРДИД
Имрӯз, 6 майи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки муовини раиси ноҳия З.Зуҳурзода, роҳбарони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳайати ҳакамон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва ғолибон Маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо як шукӯҳи хос баргузор гардид.
Дар даври ноҳиявии озмуни мазкур Сулаймони Аҳтам - корманди Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ғолиби ҷойи аввал ва корманди Шуъбаи кор бо мактабачагони Академияи хурди илмҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ғолиби ҷойи сеюм гардиданд, ки зимни чорабиниӣ бо диплом ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
Аҳли Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин дастовардҳои бузургро ба ғолибон табрику таҳният хонда, дар даврҳои ниҳоӣ ба давталабон барору комёбиҳо таманно менамоянд.
Имрӯз, 5 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Точикистон ба муносибати 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Точикистон, арбоби бузурги давлатию сиёсӣ устод Мирзо Турсунзода, ки ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" рост меояд, Конференсияи ҷумхуриявии илмию амалии таҳти унвони «Мирзо Турсунзода шоири миллӣ ва шахсияти ҷаҳонӣ» баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки шахсияти барҷастаи Мирзо Турсунзода дар таърихи адабиёти тоҷик ва фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хосса дошта, осори гаронмояи ӯ ҳамчун сарчашмаи маънавӣ дар тарбияи наслҳои гуногун нақши муассир мегузорад.
Қайд гардид, ки мероси адабии устод бо фарогирии арзишҳои олии инсонӣ, аз ҷумла сулҳ, дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, то имрӯз аҳаммияти худро гум накарда, дар шароити муосир низ роҳнамои ҷомеа ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ мебошад. Таъкид гардид, ки фаъолияти густурдаи ҷамъиятӣ ва сиёсии устод Мирзо Турсунзода дар таҳкими равобити байналмилалӣ, муаррифии фарҳанги тоҷик дар арсаи ҷаҳон ва таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми назаррас гузоштааст. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва тарғиби осори ӯ яке аз вазифаҳои муҳими муҳаққиқону донишмандон ба ҳисоб меравад.
Дар идома муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толиб дар суханронии хеш қайд намуд, ки мероси ғании адабӣ ва фаъолияти пурсамари ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода дар ташаккули худшиносии миллӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва таҳкими арзишҳои умумибашарӣ аҳаммияти хосса дорад. Қайд гардид, ки осори устод Турсунзода бо мазмуну муҳтавои баланд, ғояҳои сулҳпарварона ва инсонгароёнааш на танҳо барои мардуми тоҷик, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ арзишманд буда, имрӯз низ ҳамчун омили муҳими таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ хизмат мекунад.
Инчунин, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва дигар олимону муҳаққиқон дар баромадҳои хеш таъкид намуданд, ки осори пурғановат ва фаъолияти пурсамари Мирзо Турсунзода ҳамчун мактаби бузурги адабӣ ва маънавӣ барои наслҳои имрӯзу оянда хизмат менамояд.
Зикр гардид, ки дар эҷодиёти устод масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, арзишҳои волои инсонӣ, сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати халқҳо бо маҳорати баланд инъикос ёфта, аҳаммияти онҳо дар шароити ҷаҳони муосир боз ҳам бештар мегардад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки омӯзиши амиқи мероси адабии Турсунзода ва татбиқи ғояҳои пешқадами ӯ дар ҳаёти ҷомеа метавонад ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ мусоидати назаррас намояд.
Имрӯз, 5 май ба муносибати 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, як гурӯҳ олимону муҳаққиқон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва гиромидошти хотираи ин шахсияти бузурги адабиву сиёсӣ аз хона-музейи устод боздид намуданд.
Зимни боздид олимону муҳаққиқон бо шароити зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии адиб аз наздик шинос шуда, аз осори гаронбаҳо, дастхатҳо, ашёҳои шахсӣ ва ёдгориҳои таърихии марбут ба ҳаёт ва фаъолияти устод дидан намуданд. Таъкид гардид, ки мероси адабии Мирзо Турсунзода ҳамчун ганҷи бебаҳои миллӣ то имрӯз аҳамияти бузурги маънавӣ дошта, дар тарбияи наслҳои наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муассир мебозад.
Таъкид гардид, ки осори мондагори устод на танҳо як падидаи муҳими адабӣ, балки мактаби бузурги худшиносӣ, ватандӯстӣ, сулҳхоҳӣ ва инсондӯстӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Маҳз ҳамин арзишҳо ҷойгоҳи Мирзо Турсунзода-ро дар таърихи фарҳанги миллӣ ҳамчун чеҳраи барҷаста ва беназир устувор гардонидаанд.
Дар идомаи боздид масъалаи нақши мероси адабии устод дар таҳкими худшиносии миллӣ, рушди адабиёти муосири тоҷик ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ ва табодули афкор қарор гирифт. Таъкид шуд, ки таҳқиқ ва таблиғи ҳамаҷонибаи осори устод аз вазифаҳои муҳимми муҳаққиқон ва муассисаҳои илмӣ ба шумор рафта, дар ин самт бояд корҳои илмӣ-омӯзишӣ боз ҳам густариш дода шаванд.
Имрӯз, 5 май ба муносибати 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва арбоби бузурги давлатӣ ва сиёсӣ устод Мирзо Турсунзода, як гурӯҳ олимону муҳаққиқон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати пос доштани хотири неки ин шахсияти барҷаста ба оромгоҳи ӯ сафар намуда, гулчанбар гузоштанд.
Дар ҷараёни ин маросим олимону муҳаққиқон бо эҳсоси амиқи эҳтирому қадршиносӣ аз хизматҳои бузурги устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти тоҷик, таҳкими худшиносии миллӣ ва пешрафти фарҳангу маънавиёти ҷомеа ёдовар шуда, инчунин аз ашъори ӯ шеърҳо қироат намуданд.
Таъкид гардид, ки осори гаронмоя ва фаъолияти пурсамари ин шахсияти барҷаста то имрӯз барои наслҳои гуногун манбаи илҳом ва ибрат боқӣ монда, дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим мебозад. Бояд гуфт, ки мероси адабии ӯ бо фарогирии ғояҳои баландмазмуни инсонпарварӣ, сулҳдӯстӣ ва ваҳдати миллӣ, дар шаклгирии ҷаҳонбинии солими ҷомеа ва таҳкими арзишҳои ахлоқӣ саҳми арзанда мегузорад.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, густариши муносибатҳои фарҳангӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштааст. Мероси ғании адабӣ ва фаъолияти ҷамъиятии ӯ имрӯз низ мавриди омӯзиш ва таҳқиқи олимону муҳаққиқон қарор дошта, аҳамияти худро гум накардааст.
Гуфта шуд, ки ашъори пурмуҳтавои ӯ саршор аз муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба инсон ва садоқат ба арзишҳои умумибашарист, имрӯз низ барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ аҳамияти махсус дорад. Ҳамчунин, фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ ва давлатии ӯ ҳамчун намунаи ибрат барои хизмат ба ҷомеа ва давлат ба ҳисоб рафта, ҷавононро ба саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ҳидоят менамояд.
Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 4 майи соли 2026, соати 10:55 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза дар 427 километр шарқи шаҳри Душанбе ва 74 километр шимолу ғарби ноҳияи Мурғоб, дар минтақаи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгир мебошад.
Шиддати ларзишҳо дар маркази заминларза 4–5 баллро ташкил дода, дар шаҳри Мурғоб то 3 балл эҳсос гардидааст. Дар шаҳри Душанбе заминларза эҳсос нашудааст.
Миқёси магнитудаи заминларза М = 5,0 арзёбӣ мегардад.
Тибқи нақшаи кории шуъбаи бостоншиносӣ, инчунин бо фармони директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар асоси иҷозатномаи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли ҷорӣ, корҳои ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории таърихии Қалъаи Қайнар, воқеъ дар ноҳияи Восеъ, оғоз гардиданд.
Ҳафриёти мазкур таҳти роҳбарии ходими пешбари илмии шуъбаи бостоншиносӣ, номзади илмҳои таърих Т. Г. Филимонова, бо иштироки корманди илмӣ И. Ашурмадов идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки Қалъаи Қайнар дар масофаи 500–700 метр ҷанубу шарқтар аз ҳавзаи Нозкӯл ва дар маркази маҳаллаи Қайнар ҷойгир мебошад. Ба иттилои аҳолии маҳаллӣ, ин ёдгорӣ бо номи «Қалъаи Қайнар» маъруф буда, чашмаи воқеъ дар ҷануби он «Чашмаи Саид» ном дорад. Тибқи ривоятҳои маҳаллӣ, дар солҳои 70-уми асри XX қисми болоии теппа бо истифода аз техникаи замонавӣ ҳамвор карда шуда, дар он ҷо майдони хирман ташкил гардидааст. Айни замон андозаи теппа тақрибан 67×53 метр ва баландии он зиёда аз 8 метрро ташкил медиҳад.
Аввалин тадқиқоти бостоншиносӣ дар ин ёдгорӣ соли 2007 аз ҷониби бостоншиносони маъруф академик Ю. Яъқубов ва н.и.т. Ш. Қурбонов гузаронида шудааст. Дар натиҷаи ин ҳафриёт дар қисми ҷанубу шарқии теппа гумона бо андозаи 20×2 метр ва умқи беш аз 8 метр кофта шуда буд, ки имкон дод қабатҳои мадании ёдгорӣ муайян карда шаванд.
Дар рафти корҳои бостоншиноси соли равон корҳои ҳаффори асосан дар қисми ҷанубу шарқии ёдгорӣ идома доранд. Дар ин минтақа як қитъаи ҳафриётӣ гузошта шуда, дар натиҷа як қатор қабатҳои пайдарпайи таърихӣ ошкор гардиданд. Бозёфтҳои сафолӣ, ки ба давраҳои гуногуни таърихӣ мансубанд, аз рушди тӯлонии фарҳангӣ ва иқтисодии ин мавзеъ шаҳодат медиҳанд. Дар ҷараёни ҳафриёт инчунин нишонаҳои меъморӣ, аз ҷумла оташдон, фарши сангфарш ва девори сохташуда аз похса ошкор гардиданд, ки барои омӯзиши тарзи зиндагӣ ва анъанаҳои сохтмонии сокинони қадим аҳаммияти назаррас доранд.
Таҳлили стратиграфии ёдгорӣ нишон медиҳад, ки қабати болоӣ аз чоҳҳои партови давраи муосир ва осори мансуб ба асрҳои XVII–XIX иборат буда, то умқи тақрибан 4 метр идома меёбад. Қабатҳои поёнтар ба давраи Кушониён (умқи 4,5–5,5 м) мансуб мебошанд. Дар ин сатҳ, дар умқи 5,1 метр, боқимондаҳои девори похсагӣ бо баландии 0,5 метр ошкор гардиданд, ки эҳтимолан ба девори мудофиавии қалъа, бо ғафсии тахминан 4 метр, мансуб мебошанд. Қабатҳои боз ҳам поёнтар ба давраи Юнону Бохтарӣ (умқи 6,5–8 м) тааллуқ дошта, бо маводи хоси кулолӣ ва дастсохти он давра тавсиф мешаванд.
Дар байни бозёфтҳои муҳим зарфҳои кулолии давраи Кушониён, аз ҷумла кӯзаҳо, косаҳо, хумҳо, хурмаҳо бо нақшҳои ҳилолшакл ва қадаҳҳои устувонашакл мавҷуданд. Ҳамчунин, бозёфтҳои ҷудогона, аз қабили дуки сафолӣ, дастасанг ва муҷассамаи хурди аспча ба даст омадаанд, ки дорои арзиши баланди илмӣ мебошанд.
Натиҷаҳои бадастомада имкон медиҳанд, ки сохтори стратиграфӣ, даврабандии таърихӣ ва нақши Қалъаи Қайнар дар низоми мудофиавӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақа бо дақиқият бештар муайян карда шавад. Тадқиқоти минбаъда ба таҳлили амиқи маводи бадастомада ва муқаррар намудани ҷойгоҳи ин ёдгорӣ дар таърихи бостонии минтақа равона гардидааст.