Skip to main content

Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои ҳар як ҷомеаи мутамаддин ва соҳибистиқлол ба шумор меравад. Барои ҳар миллату давлат, ки роҳи пешрафту тараққиётро пеш мегирад, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, якдиливу якпорчагӣ асоси суботу амният ва пояи сулҳи устувор мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997), маҳз бо иродаи нек ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми кишвар, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдоди таърихӣ, ки 27 июни соли 1997 ба вуқуъ пайваст, рӯзи ваҳдати миллӣ эълон шуд ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Ваҳдат маънои муттаҳид шудани тамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста аз ақида, мазҳаб, миллат ё ҷойгоҳи иҷтимоиро дорад. Ваҳдат рамзи ҳамзистӣ, оромӣ, меҳру муҳаббат ва ҳамкорӣ миёни афроди миллат аст. Маҳз дар фазои ваҳдат ва сулҳ метавон рушди соҳаҳои маориф, илм, иқтисод, фарҳанг ва сиёсатро таъмин намуд.

То замоне ки ҷомеа муттаҳид нест, амнияти дохилӣ зери хатар мемонад. Тафриқа, нобаробарӣ, хушунат ва носозгорӣ сабаби ҷудоии дили мардум мегардад ва муҳити сулҳу суботро нобуд мекунад. Вале агар мардум дар фазои якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил зиндагӣ кунанд, ҳеҷ нерӯи бадхоҳ наметавонад асоси сулҳу оромиро халалдор созад.

Санаи 8 декабри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифтан қадами аввалини худро гузошт, ки ин муроҷиатномаи ӯ ба халқи тоҷик буд. Дар муроҷиатномаи мазкур аз ҷумла омадааст: «Падару модарон, хоҳарону додарон! Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихиро аз сар гузаронда истодааст. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллату давлати мо шуда истодаанд. Мо, ки ворисони Рӯдакию Сино, Сомонӣ, Ҳофизу Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ҳастем, бо ақлу заковати хеш бояд бо сабру таҳаммул бошем ва нагузорем, ки фарзанд ё бародари мо даст ба ҷиноят занад».

Дар ҳақиқат таърих гувоҳ ҳаст, ки Сарвари давлат ҷони худро дар хатар гузошта, барои баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афгонистон сафар намуда, ҳамватанонамонро бовар мекунонид, ки ба ватан баргарданд. Дар ҳамон давра касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро тасавур намекард.

Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлати тоҷикон музокироти сулҳи тоҷикон шурӯъ шуд. Ҷаноби Олӣ зимни вохӯриҳояш бо мухолифон такрор ба такрор мегуфт, ки агар мо ба сари мақсад наоем, миллат нест мешавад, Тоҷикистон ба порчаҳо тақсим мешавад ва наслҳои оянда мову шуморо намебахшанд.

Дар ниҳояти кор гуфтушунидҳо бо мухолифон дар Афғонистон, Эрон, Русия, Покистон натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Маҳз сиёсати оқилона, дурнадешӣ, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллат боис шуд, ки моҷароҷуӣ ва нофаҳмоиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуд. Имрӯзҳо иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши СММ ва бисёр давлатҳои олам гадидааст.

Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва рушди бемайлони он таъмин карда мешавад.

Ваҳдати миллӣ гавҳари пурқиматест, ки бояд онро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кард. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ расад ва барои таҳкими ваҳдат ва рушди ватан саҳм гузорад. Танҳо дар партави ваҳдат аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонад ба як давлати муваффақ ва пешрафта табдил ёбад.

Раҳматова Лола – докторант (PhD)- и шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ