Skip to main content

(бахшида ба 28 – солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ)

Дар марҳалаи муосир иқтисоди рақамӣ як низоми муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки ба эҷод, тақсим ва татбиқи технологияҳои рақамӣ , ҳисоббарорӣ ва маҳсулоти бо онҳо алоқаманд асос ёфтааст. Иқтисоди рақамӣ пойбанди иттилооту маълумот аст ва қариб нест соҳае, ки технологияҳои иттилоотӣ ба он ворид нагаштаву таъсир нагузошта бошанд. Инчунин, иқтисоди рақамӣ ҷараёни ногузиру мусбат аст ва имконоти навро барои рушди иқтисод ба вуҷуд меоварад. Аммо дар ин раванд хавфу хатарҳо барои бозори меҳнат ва корфармоён истисно намебошад. Дар ҷаҳони муосир иқтисоди рақамӣ ба як омили калидии рушд табдил ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи муосири иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар ба роҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст, ки рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва соддагардонию шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

Яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар арсаи таърих ин аз байн бурдани кашмакашу низоъҳои дохилӣ ба хотири имрӯзу ояндаи миллат ва ватан, ҳалли нофаҳмиҳои гуруҳӣ, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва бахшидани гуноҳҳои ҳамдигарӣ, сарҷамъшавӣ дар сари як миз, ба мувофиқа омадан дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ, пешгирии нестшавии миллати тоҷик ва ягона давлати тоҷикон, несту нобудшавии боигариҳои милливу иқтисоди миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдориву миллатсозӣ – Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад, ки соли ҷорӣ аз ин санаи муҳим 28 – солагии онро таҷлил менамоем.

Воқеан, Ваҳдати Миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Ҳадафи имзои ин санади сарнавиштсоз аз муттаҳидсозӣ ва нигоҳдоштанӣ таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик иборат буда, дар татбиқи стратегияи миллӣ заминаи асосӣ гузошт. Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, иқтисодиёти кишвар ба монанди таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунони босуръат дар ташаккули давлатдории миллӣ сарчашма мегирад.

Бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд дастовардҳои назарраси иқтисодиёт мушарраф гардид, ки ин дастовардҳо ба монанди ташаккули “ҳукумати электронӣ”, “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз”, “иқтисоди рақамӣ”, ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ ин гузаштан ба ҳукумати электронӣ буд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 ноябри соли 2003 барои татбиқи амалисозии низоми нави идоракунии корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд, ки барои гузаштан ба низоми муосири “ҳукумати электронӣ” мусоидат намуд. Инчунин, бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди “зеҳни сунъӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (минбаъд ММД) расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои “зеҳни сунъӣ” муҳим арзёбӣ мегардад.

Мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегӣ ва рушди иқтисоди миллии кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд, ки ин ҳадаф барои вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мусоидат намуд. Бо ин мақсад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” низ тасдиқ гардидааст.

Барои татбиқи ин амал, бо ташаббусҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе (IT) –Парки технологии муосири инноватсионӣ бо стартапҳо ва лоиҳаҳои муосири технологӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин технопарк барои рушди озоди иқтисодӣ ба ширкатҳо имкониятҳои беназир фароҳам меорад. Дар он мутахассисони боистеъдоди ин илми муосир метавонанд ба шарофати дастгирии ҳамаҷониба, аз ҷумла баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳуқуқӣ, маркетингӣ ва таълимӣ ғояҳои худро ба лоиҳаҳои муваффақи тиҷорат табдил диҳанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳадафи асосии Парки технологии мазкур мусоидат ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва расонидани дастгирии ҳамаҷониба ба резидентҳое, ки дар соҳаи IT машғуланд, мебошад.

Инчунин, бо технологияҳои замонавӣ тавассути ин Парки технологӣ бо сохторҳои давлатӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, бо бахшҳои хусусӣ ҳамчун шарики боэътимод баромад намуда, ба сармоягузорӣ ва фароҳамовардани фазои мусоиди низоми идоракунӣ бахусус андоз мусоидат мекунад. Шахси масъул ё мутахассиси ин парки технологӣ метавонад тариқи барномаҳои махсус ба бозорҳои байналмилалӣ ошно гардида, аз имкониятҳои ҳамгироӣ ба экосистемаи технологии Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намоянд. Ин омили муосир барои идоракунии корхонаҳо дар соҳаи гуногун ва рушди иқтисоди миллӣ батадриҷ таъсири мусбат мерасонад.

Натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишварамон дар тўли 28 соли баъд аз бадастории Ваҳдати миллӣ Корхонаи воҳидии давлатии “Шаҳри ҳушманд” (Smart citi) – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири амалигардонии рақамикунонии хизматрасонӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва пардохтҳои ғайринақдӣ ба истифода дода шуд.

Дар хулоса бояд зикр намоем, ки ин ҳама дастоварду пешравиҳо ба Ваҳдати миллӣ тавъам буда, низоми рақамикунонӣ иқтисоди миллӣ рушд намуда, буҷаи давлат ғанӣ мегардад. Дар нигоҳдории ин ҳама дастовардҳо моро месазад, ки ҳамеша дар омӯзиши илму технологияҳои замони муосир ҷаҳду талош намуда, дар фазои сулҳу субот барои рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошем. Дар робита ба гуфтаҳои боло 28 – солагии Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми шарафманди кишвари азизамон табрику муборакбод гуфта, боварӣ дорем таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ сазовор гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ноил мегардад.

МУҲАММАДАЛИЗОДА П.М, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ,