Сарвари хирадпешаи кишварамон дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз кардаанд. Маҳз бо ҳамин корнамоиҳо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу Ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз намунаи ибрат дар саросари кишварҳои мутамаддин гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ метавон истиқлолияту ободии меҳан ва амну осоиштагии мардумро аз ҳама хавфу хатар эмин нигоҳ дошт. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд.
Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.Дар ҳақиқат ҳам, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.
Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо дар роҳи эъмори он бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем, далели равшану возеҳи тантанаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон ба шумор меравад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати чузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ в фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, моро вазифадор месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он бештар кӯшиш намоем.
Бояд зикр намуд, ки худшиносии миллӣ дар фазои ваҳдат аз ду мафҳум бармеояд – худшиносӣ ва шуури миллӣ. Яке аз файласуфони Юнони қадим Суқрот, ки ба масъалаи инсон пардохта буд, вазифаи аввалини ӯро чунин баён намудааст: “Худро бишнос”. Дар ҳақиқат фарде, ки худашро нашинохтааст, инсони комил шуда наметавонад ва ӯро дигарон ҳам намешиносанд, қадру қиммат ҳам надорад. Миллат ҳам бояд худашро шиносад. Лозим ба ёдоварист, ки Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сухани барномавии Сарвари тозаинтихобшудаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “...ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард” оғози корнамоиҳо ва қаҳрамониҳои Сарвари давлатамон дар роҳи пурпечутоби расидан ба сулҳу Ваҳдат ва берун овардани Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат буд. Дар он вақт масъулияти бузурге, ки бар души давлати соҳибистиқлол ва Сарвари боғайрати он Эмомалӣ Раҳмон афтод, гурезаҳоро ба Ватан баргардонидан, риштаҳои гусастаи иқтисодиро бо ҳам пайвастан, сарҳад ва амнияти давлатро устувор намудан, бо созмонҳои байналмилалӣ робита бастан, эътибори давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ пойдор гардонидан ва ғайра, ки ҳар яке аз дигаре заруртар менамуд. Бе сабаб нест, ки ҳанӯз Афлотун дар чордаҳсолаи пеш аз милод густариши равнақбахши давлатро дар мавҷудияти сарварии аҳли хирад мутаалиқ дониста буд. Аз ин
нигоҳ дар мавриди кунунии бисёр ҳасоси замон, ки ҳамагони мо, пеш аз ҳама роҳбари ҷомеаамон дар рӯ ба рӯи давлатсозӣ қарор дорем, чунин мулоқот шакке нест, ки манфиати фаровонеро дар густариши ҷомеаи кишвар ба бор меорад.
Камолова Дилбар -ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
9 октябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия баргузор шуд.
Дар макони чорабинӣ - Кохи ҳамоишҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро як-як гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ҳам омаданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш маросими аксбардории хотиравӣ доир шуд.
Сипас, дар толори бошукуҳи Саразм Ҳамоиши дуюми Осиёи Марказӣ - Русия таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз кард.
Нахуст, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорон - меҳмонони воломақомро самимона ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиш ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судманди бисёрҷониба дар қолаби Осиёи Марказӣ - Русия мусоидат менамояд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рӯзномаи нишаст масоили муҳимми ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад.
Густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мусоидат ба афзоиши сармоягузорӣ, рушди ҳамкории гуманитарӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок номида шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки қарорҳои аз рӯйи натиҷаҳои муҳокима қабулшаванда ба таҳкими руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои иштирокдори қолаби Осиёи Марказӣ - Русия замина мегузорад.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки иштироки фаъоли сарони давлатҳо ва ниҳодҳои дахлдори онҳо ҳадафмандии ҷонибҳоро ба рушди муколама ва таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва Федератсияи Русия нишон медиҳад.
Дар идома ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин ба саъю кӯшишҳои муштарак баҳри таъмини субот ва амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар идомаи ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои иштирокдор сухан ронда, доир ба мавзуъҳои мубрами матраҳ изҳори андеша карданд.
Дар фарҷом кори Ҳамоиши Осиёи Марказӣ - Русияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст карда, ба иштирокдорони он барои кори созандаву судманд изҳори сипос намуданд.
Аз рӯйи натиҷаи кори ҳамоиш Эъломияи ҷамъбастии Ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия ва Нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027 қабул гардид.
ИДОМАИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБАИ БУЗУРГ: САҲМИ ТАЪРИХИИ МАРДУМОНИ РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОҲОИ ШАРИКӢ ДАР СОҲАҲОИ ИЛМ ВА МАОРИФ
Нимаи дуюми рӯз дар толори Маркази мероси хатии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «80-солагии Ғалабаи Бузург: саҳми таърихии мардумони Русия ва Тоҷикистон ва дурнамоҳои шарикӣ дар соҳаҳои илм ва маориф» бо иштироки олимон, муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия идома ёфт.
Дар конфронс олимону муҳаққиқони равияи ҷаъмиятшиносӣ аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Россия доир ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ва саҳми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар ҷанг маъруза намуданд. Зимни чорабинӣ масъулини КИИ “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ аксияи ҳизбӣ доир намуданд.
Конфронс. 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБАИ БУЗУРГ: САҲМИ ТАЪРИХИИ МАРДУМОНИ РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОҲОИ ШАРИКӢ ДАР СОҲАҲОИ ИЛМ ВА МАОРИФ
Имрӯз, 8 октябр дар ҳошияи баргузории Саммити роҳбарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «80-солагии Ғалабаи Бузург: саҳми таърихии мардумони Русия ва Тоҷикистон ва дурнамоҳои шарикӣ дар соҳаҳои илм ва маориф» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур олимон, муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида зикр дошт, ки иқдоми баргузории ин конфронси сатҳи баланд тасоддуфӣ набуда балкӣ бомақсад роҳандозӣ гардидааст. Зеро имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон раисикунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад. Дар ҳошияи ин, соли 2025 дар фазои кишварҳои узви ИДМ Соли сулҳ ва ваҳдат дар мубориза бо фашизм эълон гардидааст, ки ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида мешавад.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори аввал 27 августи соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» қабул гардид, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар давраи раисии худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод шуда буд.
Қатъномаи мазкур, ки дар соли ҷашнии ҳаштодумин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ҳадаф дорад, ки ҳамкориҳоро байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла бо сохторҳои гуногуни он ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор тақвият бахшида, амиқтар намояд.
Таъкид гардид, ки дар ҳамин рӯзҳо дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе, баргузории Саммити роҳбарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Саммити “Осиёи Марказӣ – Русия”, инчунин сафари давлатӣ ва расмии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Гуфта шуд, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон — ҷанги умумӣ, Ғалабаи умумӣ ва хотираи муштараки ҳамаи мардумони Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз ҷумла халқи Тоҷикистон мебошад. Имсол, 9 май дар Тоҷикистон дар фазои ботантана 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро таҷлил намуданд — ғалабае, ки бо қаҳрамониҳо ва талафоти бузурги мардумони мо ба даст омадааст. Ин санаи таърихӣ ба як рамзи муҳим ва самти асосӣ дар сиёсати ташаккули хотираи таърихӣ барои насли имрӯза дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ табдил ёфтааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки хотираи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Тоҷикистон на танҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мақоми баланд дорад, балки ҳангоми ташкили таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таърих, таърихнигорӣ ва дигар илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ низ мавриди арҷгузорӣ қарор мегирад.
Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ғалабаро як санаи муҳими таърихӣ мешуморанд — рӯзе барои арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои халқҳои мо дар мубориза бар зидди фашизм. Ин сана, ҳамзамон, ҳамчун хотиррасон ба тамоми башарият дар бораи он ҷанги даҳшатовар хизмат мекунад, ки ҳамчун саҳифаи сиёҳ дар таърих ва фоҷиаи бузург барои бисёр халқҳои ҷаҳон, бахусус барои мардуми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба ҳисоб меравад.
Маҳз ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба сарнавишти шумораи ками иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, кормандони ақибгоҳ ва аъзои хонаводаи онҳо ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Инчунин, бо эҳтиром ба хотираи фарзандони шаҳидшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, Сарвари давлатамон дар қатори роҳбарони беш аз бист кишвари хориҷӣ дар паради ҳарбӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки 9 майи соли 2025 дар Майдони Сурхи шаҳри Москва баргузор гардид, иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки рӯзи Ғалаба на танҳо фурсатест барои арҷгузорӣ ба корномаи фарзонагони гузашта, балки ёдовариест аз аҳамияти нигоҳдории хотираи таърихӣ, хусусан дар миёни насли наврас. Дар шароити муосир, вақте ки ҳақиқати таърихӣ зери хатари таҳрифи мақсаднок қарор дорад, ҳифзи хотираи Ғалабаи Бузург ба вазифаи муштараки ҳамаи халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ табдил меёбад — бахусус барои намояндагони доираҳои илмӣ ва зиёиёни эҷодкор.
Дар идомаи конфронс ноиби президенти Академияи илмҳои Русия академик Руденко Виктор Николаевич ва дигар олимону муҳаққиқони тарафайн маъруза намуда, саҳми шаҳравандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравиро дар Ғалабаи бузурги Ҷанги дуюми ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
БОЗДИДИ ОЛИМОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ РУСИЯ АЗ НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ АМИТ
Имрӯз, 8 октябр қабл аз баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «80-солагии Ғалабаи Бузург: саҳми таърихии мардумони Русия ва Тоҷикистон ва дурнамоҳои шарикӣ дар соҳаҳои илм ва маориф» олимону муҳаққиқони Академияи илмҳои Русия аз намоиши дастовардҳои олимону пажуҳишгарони муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, зимнан ба дастовардҳои олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Зимни боздид меҳмононро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимон ҳамроҳӣ намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки муассисаҳои илмии таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ саҳми назаррас гузошта, дар самтҳои гуногун дастовардҳои арзишмандро ба даст овардаанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки натиҷаи ҳамаи ин дастовардҳо маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои олимону пажуҳишгарон тамоми шароиту имкониятҳои мавҷударо фароҳам овардаанд.
Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри пешбаранда ва муаррифкунандаи илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои пешрафт ва шароити модиву техникии олимон корҳои муҳимро ба анҷом расонидаанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсия тибқи стандартҳои байналмилалӣ Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳо тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз санаҳои 10-15.09.2025 Комиссияи экспертии Муассисаи давлатии “Марказимиллӣ оид ба аккредитатсия” дар Институт қарор доштанд. Муассисаи мазкур дар ҷумҳурӣ ягона мақомоти ваколатдор мебошад, ки озмошгоҳҳои самтҳои гуногуни кишварро тибқи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ аз аккредитатсияи миллӣ мегузаронад.
Боиси хушнудӣ аст, ки озмоишгоҳи бехатарии биологии Институти ботаника, физиология вагенетикаи растании Академияи миллии илмҳо ба муваффақият тибқи стандарти байналмилалии ГОСТ ИСО/МЭК 17025-2019 аз аккредитатсияи миллӣ гузашта, соҳиби аттестатсияи аккредитатсия шуд.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ ДАР МАВЗУИ «МЕҲРГОН ҶАШНИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ ВА САОДАТ АСТ»
Имрӯз, 7-уми октябр дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиш таҳти унвони «Меҳргон ҷашни ваҳдату ягонагӣ ва саодат аст» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Ғайбулло Авзалов, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик - Қобилҷон Хушвахтзода, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор - Баҳромҷон Аҳмадзода ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлат Сафар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаро муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур - Шариф Бобозода ифтитоҳ кард ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёнажод буда, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши он ба шоҳаншоҳҳои давраи асотирӣ ва пешдодӣ дар робита бо пайдошавӣ ва рушду нумуи кишоварзӣ ва барқароркунии тақвими кишоварзӣ нисбат дода мешавад.
Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Ғайбулло Авзалов зимни суханронии хеш дар бораи ҷашни Меҳргон дар замони истиқлол тамаркуз карда, вобаста ба эҳёи дубораи ин ҷашни умумимиллӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои шоистаи ин абармарди таърихсозро ёдоварӣ кард. Мавсуф қайд кард, ки Меҳргон пеш аз ҳама ҷашни замину табиат ва кишоварзон буда, онро ниёгони мо дар баробари Наврӯз ҷашни ҳосил номидаанд. Албатта, дар замони шуравӣ ин гуна ҷашнҳо набуд ва маҳз дар замони истиқлол бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон ҳамчун дувумин ҷашни миллӣ дар фасли заррини тирамоҳ дар саросари кишварамон таҷлил мегардад.
Дар идомаи ҳамоиш Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик - Қобилҷон Хушвахтзода дар бораи таърихи Меҳргон, моҳияти он, вижагиҳои ин ойини гузашта, ки онро шоҳ Фаридун асос гузоштааст, гузориши пурмуҳтаво кард. Ӯ таъкид дошт, ки Меҳргон ҷашни куҳан, дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббат буда, гоҳе маънои офтобро низ дорад. Онро гузаштагонамон дар рӯзи 16-уми меҳр таҷлил мекарданд, ки баробар ба 7-8-уми октябр аст. Ҳамчунин, зикр гардид, ки ин ҷашн бо талошҳои содиқонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинда шуд ва он, бешубҳа, ба баланд шудани худшиносиву худогоҳии миллат такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор - Баҳромҷон Аҳмадзода ба сухан баромада, аз ҷумла қайд кард, ки аҳаммияти ин ҷашн ба кишоварзон, кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил, ки бо ҷашни Меҳрргон иртиботи мустақим доранд, бисёр муфид мебошад. Меҳргон дар баробари ҷашни кишоварзон, инчунин ҷашни маданияти баланди заминдорӣ ва ҳунари кишоварзӣ аст.
Дар суханронии худ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлат Сафар оид ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба расму ойини ниёгон, бузургдошти ҷашнҳои таърихсоз изҳори андеша намуда, диққати иштирокчиёнро ба дӯст доштани Ватан, садоқат ба Пешвои миллат, таҳкиму тақвият бахшидани ваҳдату ҳамбастагии миллӣ ҷалб намуд.
Дар хотима аз ҷониби Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба Китобхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷилдҳои китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» туҳфа карда шуд.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” даври 3 Озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” ба анҷом расонид.
Дар ин Озмун магистранти Иниститути иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷавони донишманду соҳибхирад Ҷасурбек Султонов иштирок карда, дар ҷамъбастии Озмуни мазкур сазовори мақоми “ҶОИ ИФТИХОРӢ”-ро касб намуд.
Чӣ тавре, ки дар Сипоснома-и сарфарозгардидаи мавсуф зирк гардидааст: Барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ миёни ҷомеа ва сазовор шудан ба ҷойи ифтихорӣ дар даври 3 озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, сарфароз гардонида мешавад.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” даври 3 Озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” ба анҷом расонид.
Дар ин Озмун корманди Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бонуи зираку ҳушёр Садаф Ҷангибекова иштирок карда, дар ҷамъбастии Озмуни мазкур Садаф Ҷангибекова сазовори мақоми “Даҳгонаи беҳтарин”-ро касб намуд.
Чӣ тавре, ки дар Ифтихорнома-и сарфарозгардидаи мавсуф зирк гардидааст: Барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ миёни ҷомеа ва сазовор шудан ба ҷойи ифтихорӣ дар даври 3 озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, сарфароз гардонида мешавад.
