Skip to main content
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва ҷавононро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Бояд гуфт, ки саҳми мутахассисони ҷавон дар пешрафти илм ва иқтисодиёт нисбат ба миллату давлат дар солҳои охир назарас мебошад. Дар ҳақиқат имрӯз шоҳиди он гардида истодаем, ки ҳамасола шумораи мутахассисони ҷавону лаёқатманд ва роҳбарикунанда дар кишвар меафзояд ва ибораи “Ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст” ба воқеият табдил меёбад.

Омода намудани олимони ҷавону лаёқатманд яке аз самтҳои асосии фаъолияти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Хурсандибахш аст, ки тавассути талошу кӯшишҳои роҳбарияти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон дар солҳои охир шароиту имкониятҳо барои фаъолияти пурсамари илмии олимону муҳаққиқон, махсусан олимони ҷавон хеле беҳтар гардад ва илова бар ин зинаи магистратура, аспирантура ва докторантураи (PhD) хуб ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати маорифпаваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамасола як қатор чорабиниҳои судман барои дастгрии олимони ҷавон ва рушди зеҳнии ҷомеа дар ҳамаи соҳаҳои гуногуни илм андешида мешавад. Далели ин ҳама гуфтаҳо иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат баҳри ҳавасманд гардонидани наврасону ҷавонон ва умуман мардуми кишвар ба китобхонию сухангӯӣ ва рӯ овардани ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ роҳандози мегардад; аз ҷумла ташкил ва баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва дигар озмӯнҳои ташкилгардида мебошад. Гузашта аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба аҳли зиё ва кормандони соҳаи илму маориф вохуриҳо анҷом дода, бурду бохт, дастовардҳо ва роҳҳои рушди бештари соҳаи илму маорифро ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.

Инчунин бо дасгирии бевоситаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи биноҳои наву замонавиро сол то сол зиёд намуда, бо мақсади таъмини шароити зарурӣ ва таҷҳизотҳои наву муосир бо мақсади анҷоми корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба олимони ҷавон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Тавре шиҳид ҳастем, маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ 29 октябри соли 2024, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химияавӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат бо бинои навбунёди Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва шароити фароҳамовардаи кор дар инҷо аз наздик шинос шуда, таъкид доштанд, ки ин ниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва ҳамоҳангсози амнияти химиявӣ ва биологӣ дар ҷомеа нақши муҳим дорад. Озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси талаботи байналмилалӣ омода шудааст.

Алҳол Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар якҷояги бо Институти химия ба номи В.И. Никитинаи АМИТ шӯрои диссертатсионӣ бо риояи талаботҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 6D.КОА-042, 02.00.00 – химия ва 05.17.00 – технологияи химиявӣ (имлҳои техникӣ) фаъолият дорад, ки барои омода намудани кадрҳои ҷавону лаёқатманд саҳми арзанда мегузорад.

Қобили зикр аст, ки иштироки олимони ҷавони Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар озмунҳои ихтироъкор ва навоварони беҳтарин, конфронсҳои дохили ва байналмилалии сатҳи баланд назарас мебошад. Ҳамзамон, мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ дар маҷаллаҳои илмии ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур бо забонҳои гуногун, номгӯи китобҳои илмӣ ва монография ба табъ мерасанд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии барномаи таълими Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар самти омода намудани мутахассисони ҷавону лаёқатманд ва амали намудани ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, маҳсуб меёбад.

Дар партави ғамхорӣ ва дастигириҳои ҳамешагӣ мо ҷавононро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, Истиқоли давлатӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри рушди илми ватанӣ ва баланд бардоштани мақоми он дар арсаи байналмилалӣ талош варзем.

Дар охир ҳаминро таъкид менамоям, ки ман ҳамучун як олими ҷавон, ки соли 2024, пас аз хатми зинаи докторатураи PhD фаъолиятро дар Озмоишгоҳи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ оғоз намуда, пеша аз ҳама ба Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Академияи миллии илмҳо ва директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, баҳри шароити фароҳамоварда барои мо ҷавонон миннатдории худро баён медорам. Инчунин ба устодони ин Марказ, ки барои ҷавонон дар самти омӯзиш ва таҳқиқ, махсусан дар соҳаи химия машғул мебошанд, арзи сипос мегӯям.

Сатторов Субҳоналӣ, - мудири озмоишгоҳи муайянкунии маводҳои таъиноташ дуҳадафаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи табиат як кишвари зебоманзару кӯҳсор буда, 93 дарсади қаламрави онро кӯҳҳои баланд ташкил медиҳанд, ки дорои захираҳои обии кишварро пиряхҳо, дарёҳо, кулҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ фаро гирифтааст. Сурати миёнасолонаи маҷрои дарёҳо дар кишвар ба 64 км3, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму ба 62,9 км3 ва ҳавзаи Сирдарё ба 1,1 км3 дар як сол баробар мебошад.

Таъкид бояд кард, ки оби дарёҳои кишвари мо 55,4 фоизи ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамоянд ва онро бояд ба ҳадафҳои стратегии давлат истифода намуд. Ин имконоти бузурги энергетики ҳаст, ки метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Аз ҳамин хотир, сиёсати ҳукумати кишвар оиди барқарорсозии корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» ин сиёсате мебошад, ки баҳри манфиатҳои халқ, давлат ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ равона шудааст.

Таърих гувоҳ аст, ки чунин як лоиҳои бузурги энергетикӣ, НБО «Роғун» дар Ҷумҳурии Ҷоҷикистон аз солҳои 1970 оғоз ёфта бо сабабҳои гуногун, сохтмони он идома наёфт. НБО «Роғун» лоиҳаест, ки на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар тамоми минтақа аҳамияти муҳим дорад. Оғози нерӯгоҳ ба рушди энергетикӣ ва саноатии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя такони қавӣ мебахшад, ки дар навбати худ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ, густариши гардиши молҳои байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ, таъмини мавҷудияти миқдори зарурии об барои обёрӣ дар солҳои хушксолӣ ва ғайра мусоидат хоҳад кард.

Дар заминаи ин, баҳри расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ аз соли 2009 корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар бузургтарин иншооти тақдирсози миллат НБО «Роғун» оғоз гардид. Воқеан ҳам, НБО-и «Роғун» иншооти бузурги энергетикӣ буда, барои имрӯзу ояндаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимми стратегӣ дорад. Роҳе, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин иншооти аср пеша намуданд барои баъзеҳо афсонаи нотамом менамуд. Хушбахтона, бо талошҳои бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ин афсона ба ҳақиқат пайваст ва имрӯз ин кохи нуру зафар ба миллат хидмат мекунад.

Барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба қудрат омадан, дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба рушди соҳаи энергетика, бахусус энергетикаи аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Имрӯз мардуми тоҷик ба бунёди иншооти бузурги аср ба мисли нерӯгоҳи барқи Роғун машғул аст. Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ расидааст. Ҳар як нидои Сарвари давлат ба дили ҳар як ватандор ҷо шуд ва дастгири ободонии НБО «Роғун» гашт. Мавриди зикр аст, ки НБО «Роғун» нуҳумин силсиланеругоҳ дар дарёи Вахш ба ҳисоб рафта, тавоноиаш аз иқтидори истеҳсолии НБО «Норак» яку ним маротиба зиёд мебошад. Беҳтариву бартарии он аз дигар неругоҳҳо дар он аст, ки толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо дар зери замини он бунёд карда мешаванд. Хусусияти дигари НБО «Роғун» эҷоди муҳити солиму созанда бо истифодаи самаранок аз захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо аз ифлосшавӣ ё ба ибораи дигар “энергияи сабз” мебошад. Тибқи маълумоти овардаи сармуҳандиси НБО-и Роғун сарбанди нерӯгоҳ бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди аз санг дар ҷаҳон буда, обанбори он ҳаҷми умумии 13,3 км3ва ҳаҷми муфиди 10,3 км³ ташкил медиҳад. Он ҳамчун як маҷмааи бузурги гидроэнергетикии гуногунҳадаф, аз ҷумла барои тавлиди нерӯи барқ, танзими об, коҳиш додани хатари обхезӣ ва коҳиш додани хушксолӣ ба нақша гирифташудааст.

Дар ҳақиқат Роғун майдони заҳматҳои самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватан, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафҳуми бузург хоҳад гашт.

доктор (PhD) Якубов У.Ш., котиби илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Чанде қабл дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо дастгирии Фонди ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Форуми V-уми олимони кишварҳои ИДМ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он муовини сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён, раиси Кумитаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи назди Ҳукумати ҶТ Фарҳод Раҳимӣ, мушовири раёсати Фонди ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ИДМ Камол Раҳимов, мушовири Академияи илмҳои Озарбойҷон Моҳсун Нагисоғлу, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, саркотиби илмии Президиуми Академияи илмҳои Русия Михаил Дубин, академики АМИТ Маҳмадшо Илолов ва дигарон суханронӣ намуданд.

Дилрабо Мансурӣ зимни суханрониаш иброз дошт, ки чунин ҳамоишҳо боиси муттаҳидшавии олимони кишварҳои гуногун гашта, хусусан дар замони муосир ба роҳ мондани ҳамкориҳо муҳим мебошад. Дар кишварҳои ИДМ заминаи мусоиди ҳамкорӣ дар самти илм ба миён омада, махсусан ба дастгирии олимони ҷавон ва ҷалби онҳо ба лоиҳаҳои илмии муштарак таваҷҷуҳи хос дода мешавад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки воқеан ҳам ин рӯйдоди муҳим, ки муассисаҳои илмии пешрафтаи давлатҳои моро муттаҳид мекунад, имкон медиҳад мубодилаи дониш, муҳокимаи масъалаҳои асосӣ ва ҳалли муштараки рушди минбаъдаи илмҳои бунёдӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил густариш дода шавад. Ҳамзамон, дар доираи форум ҷаласаи XII Шўрои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Пас аз ҳамоиши планерӣ форум кори худро дар бахшҳои “Асосҳои рушди илмҳои бунёдӣ: ҳолат ва дурнамои рушд”, “Масъалаҳои актуалии илмҳои техникии муосир: анъанаҳо ва навовариҳо” ва “Самтҳои асосии илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ: технология ва алгоритмҳо” идома дод. Мухбири мо бо чанде аз иштирокчиёни форуми мазкур ҳамсуҳбат шуд.

Сатершинов Бахытжан Менлибекович, ходими асосии илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва диншиносии Кумитаи илми Вазорати илм ва маълумоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор:

- Мо ҳайати олимон аз Қазоқистон аз он шодем, ки дар форуми мазкур иштирок намудем.Воқен, ҳамкории олимони кишварҳои ҳамҷавор хеле муҳим мебошад. Ҷумҳурии Қазоқистон низ пас аз ба даст овардани истиқлолият дар самти илм ислоҳот ҷорӣ намуд ва созишномаи Болониро имзо намуд. Аз ин хотир ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар заминаи мусоид мувофиқи мақсад мебошад. Ҳоло асри рушди технология ва кибернетика мебошад ва ин омил тарафҳои гуногун дорад. Пешрафти тамоми илмҳо аз илмҳои бунёдӣ сарчашма мегирад, зеро илмҳои бунёдӣ қодиранд вазъи дунёро тағйир диҳанд.

Подоплёкин Андрей Олегович, муовини директор, ходими пешбари илмии озмоишгоҳи масъалаҳои рушди минтақаҳои федералии Маркази тадқиқотии омӯзиши Арктикаи Федератсияи Россия:

- Новобаста аз он, ки Осиёи Марказӣ ва минтақаи арктикии Россия аз ҳам дар масофаи дур ҷойгиранд, аммо муштаракот ва сабабҳо барои ҳамкорӣ зиёд аст. Пеш аз ҳама ин шароитҳои иқлимӣ, баландкӯҳҳо ва биёбонҳои ҳамсони ин минтақаҳо мебошад. Тағйирёбии тавозуни об, обшавии пиряхҳо, сардиҳо аз зумраи он масъалаҳое мебошад, ки бояд мавриди омӯзиши олимон қарор гирад. Ҳоло мо дар Тоҷикистон танҳо як шарики ҳамкор дорем, ки он Институти биологии Помир ба номи Юсуфбеков дар шаҳри Хоруғ мебошад. Айни замон олимони озмоишгоҳи мо дар якҷоягӣ бо олимони қирғиз ҷараёни обшавии пиряхҳоро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Мушоҳида намудам, ки дар Тоҷикистон ба рушди моҳипарварӣ таваҷҷуҳи хос дода истодаанд, ки ин хурсандиовар аст. Зеро сафедаи аз ҳама дастрастарин ба инсон маҳз дар таркиби моҳӣ мавҷуд аст ва минтақаи мо низ дар ин самт кор мебарад. Барои пазироии самимӣ ва дар чунин сатҳи баланд баргузор намудани форум ба ҳамтоёни тоҷикистониям изҳори ташаккур менамоям.

Ҳусниддин Олимов, доктори илмҳои физика-математика, профессор, директори Институти физикӣ -техникии Академияи илмҳои Ӯзбекистон:

- Форуми байналмилалии илмии Душанбе заминаи мусоиде фароҳам овард, ки олимон ва муҳаққиқони ҷавон бо ҳам омада, аз муосиртарин дастовардҳо огоҳ шаванд ва табодули таҷриба намоянд. Яке аз натиҷаҳои асосии ин форум ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва бастани созишномаҳо буд, ки барои ҳамкориҳои минбаъда асос мегузорад. Аз ин хотир умед мебандем, ки дар ояндаи наздик ҳамкориҳои худро бо руҳияи нав таҳким бахшем.Институти мо бо Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ шартномаи ҳамкорӣ баст. Ҳадафи асосии он баргузории тадқиқоти илмию амалии муштарак дар самти сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда, физикаи назариявӣ, физикаи ядрои атомӣ ва ғайра мебошад. Мо умедворем, ки ба ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ ноил мегардем.

Ризои Баҳромзод, номзади илмҳои физика-математика, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ:

- Форум имконияти беназире фароҳам овард, ки дар баробари олимони шинохтаи кишварҳои ИДМ олимони ҷавон низ маърӯзаҳои худро пешниҳод намоянд. Баромади ман дар доираи бахши “Унсурҳои асосии рушди илмҳои бунёдӣ: ҳолат ва дурнамои рушд” сурат гирифт. Иштирокчиён бо олимони варзида мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои мубрами илмҳои бунёдиро муҳокима намуданд. Бори дигар таъкид гашт, ки ҳалли масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили омӯзиши кайҳон, тағйирёбии иқлим ва ҷараёнҳои геологиро набояд ба дӯши як кишвар вогузор кард ва ин ташаббусҳо иқдоми муштаракро мехоҳад. Барои мисол, тағйирёбии иқлим ба кулли кишварҳои сайёра рабт дорад. Маҳз тавассути ҳамкориҳои муштарак коркарди стратегияи муассири мутобиқшавӣ ба ин раванд имконпазир мегардад. Дар ин росто кӯшишҳои якҷоя дар самти астрономия, ки якчанд омилҳо аз он вобастагӣ дорад, хеле зарур мебошад. Ҳамин тариқ, иштирок дар чунин ҳамоишҳо барои олимони ИДМ имконият медиҳад, ки тадқиқотҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ анҷом диҳанд ва саҳми шоистае барои илм гузоранд.

Насрулло ТӮЙЧИЗОДА “Илм ва ҳаёт”

Бознашр аз нашрияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” 18 декабри соли 2024 №52

Таърихи тамаддуни башарият аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамон халқе аз ҷаҳолату нестӣ раҳо меёбад, ки наслҳои он соҳиби мафкура ва ҷаҳонбинии солим бошад. Мафкура ва ҷаҳонбинии солим ба рушди маънавиёти ҷомеа вобастагии амиқ дорад. Таҷрибаи ҳаёти инсоният собит намудааст, ки дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ унсури асосии тамаддун ҷаҳонбинӣ ба шумор мерафт ва меравад. Ҷаҳонбинӣ аз илму дониш маншаъ гирифта, дар ташаккули шахс ва рушди он нақши меҳварӣ дорад.

Аҳамияти илму донишро ҳанӯз аз аҳди бостон мутафаккирони мухталиф, махсусан донишмандони тоҷик иброз намудаанд. Тоҷикон чун дигар халқҳои тамаддунофар ба илму дониш аз ибтидо арҷ гузошта, дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ тавассути фарзандони фарзона дар рушду инкишофи илми ҷаҳонӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Чеҳраҳои барҷаста ва мондагори тоҷик, ба мисли Ҷобир ибни Ҳаён, Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Насриддини Тусӣ, Умари Хаём ва садҳо шахсияти дигар дар рушди илми ҷаҳонӣ бо кору пайкори хеш саҳми муносиб гузошта, миллати моро чун халқи тамаддунофар муаррифӣ намудаанд. Маҳз илму дониш миллати тоҷикро дар дарозои таърих дар рӯ ба рӯи тамоми падидаҳои номатлуб, махсусан сиёсатҳои аҷнабиён ҳамчун сипар ҳифз намуд. Хиради азалӣ ва осори илмии Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ то академик Бобоҷон Ғафуров ба миллати тоҷик умри ҷовидона бахшид. Маҳз чунин мафкура ва зеҳни пешқадам миллати моро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ниёкони мо ба илм ҳамчун шамъе, ки ба ҳаёт рӯшноӣ мебахшад, муносибат намуда, дар рушди он нақши муассир гузоштанд.

Маҳз фазилату дониши чеҳраҳои барҷастаи тоҷик, ба монанди Абӯҳанифа Имоми Аъзам, Имом Тирмизӣ, Имом Бухорӣ ва Муҳаммад Ғазоливу даҳҳо дигарон буд, ки илму дин созиш карда, беҳтарин осори илмӣ рӯи чоп омад. Аҷдоди мо ба ҳама падидаҳои ҷомеа аз лиҳози маърифатӣ назар мекард, ки он аз илму дониш сарчашма мегирифт. Арҷгузорӣ ба илму дониш яке аз анъанаҳои неки мардуми тоҷик ба шумор рафта, таърихи бесобиқа дорад.

Имрӯз дар шароити истиқлоли давлатӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, махсусан бархӯрди манфиатҳо зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ гардидани тамоми ҳадафҳои муҳимму стратегӣ бештар ба соҳаи илм диққат диҳем. Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҳамчун самти афзалиятноки ҷомеа ба соҳаи илм диққати махсус дода мешавад. Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ ҷиҳати таҳким бахшидан ва марҳила ба марҳила фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ чораҳои зиёду судманд дар амал татбиқ гардида, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои илмӣ тезонида шуд.

Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёре аз муассисаҳои илмӣ аз нав таъмир шуда, пояи моддию техникии онҳо барқарор гардид. Ҳамчунин бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимони ҷавон тадбирҳои судманд андешида шуданд. Шароит фароҳам гардид, ки ба таҳқиқи илмӣ машғул шаванд ва масъалаҳои ҳаётан муҳимро мавриди пажуҳиш қарор диҳанд.

Тавре ки Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруҳои ақлонӣ, махсусан ба рушди илму маориф, тарбияи насли нави соҳиби донишу маърифати баланд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ҳалли масоили муҳимми ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ хулосаҳои илмӣ, донишу малака ва дархосту пешниҳодоти онҳоро мавриди истифода қарор медиҳад».

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз мушкилот дар ин давра бо мақсади рушди босуботи илм ва ба роҳ мондани технологияҳои муосир бо истифода аз неруи илмии ҷумҳурӣ аз дастовардҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ барои дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ кардани дастовардҳои олимони тоҷик корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд. Бешубҳа, дар айни замон ҳамон давлате истиқлоли комили хешро таъмин карда метавонад, ки ба илм ҳамчун механизми рушди тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ва омилҳои муҳиму рушдбахшандаи иқтисодиёт таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Мушоҳидаҳои имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ исботи он аст, ки ҷиҳати соҳиб гардидан ба мақоми сазовор дар сатҳи байналмилалӣ давлатҳои мутамаддин бештар ба соҳаи илм афзалият мебахшанд.

Имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷомеа дар заминаи илму дониш ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур аст, ки фаъолияташро бо назардошти талаботи замони муосир амалӣ намуда, тамоми имконотро баҳри тарбияи насли бофарҳангу ватандӯст, ворисони арзандаи сарзамини аҷдодӣ, ҳамчунин омода намудани кадрҳои болаёқат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир равона созад.

Бояд гуфт, ки барои руҳбаланд гардидани олимон ва дастгирии ин самти афзалиятноки ҷомеа ба мушкилоти сиёсӣ нигоҳ накарда, соли 1996 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимони мамлакат мулоқот намуданд. Маҳз ҳамин мулоқот бо доираҳои илмии ҷумҳурӣ боиси боз ҳам мукаммал гардидани фаъолияти олимон шуд. Дар ин вохӯрӣ Президенти мамлакат тариқи суҳбати ошкоро ба донишмандону фозилони ҷумҳурӣ масъалаҳои мавҷудаи мушкилоти соҳаи илм ва муассисаҳои илмию таҳиқотиро дар давраи гузариш ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, нақши тақдирсози илм ва неруи зеҳниву ақлонии ҷумҳуриро дар инкишофи босуботи иқтисоду фарҳанг ва ташаккули тафаккури созандаву ватандӯстонаи шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти Академияи миллии илмҳо ҳамчун муассисаи пешбарандаи соҳа ва тамоми олимон аз рӯзҳои нахуст вазифа гузоштанд, ки илм ба шароити нав мутобиқ карда шавад. Яъне тибқи талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва моддию маънавии ҷумҳурӣ ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки асри ХХI – асри рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав, зуҳури уфуқҳои нави илм ва таҳаввулоти ҷиддии илмию техникӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯриҳо бо аҳли зиёи ҷумҳурӣ даъват менамоянд, ки олимону кормандони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳқиқотӣ дар самти пажуҳиш, тарбияи кадрҳои илмӣ тадбирҳои самаранок андешида, барои баланд бардоштани сатҳу сифат ва фаъолияти пурсамари илмӣ аз тамоми имконот истифода намоянд.

Як нуктаи муҳимро бояд таъкид созем, ки дар айни замон илм ба рукни муҳимми иҷтимоӣ, манбаи арзишманд, неруи истеҳсолкунанда ва сарвати қиматтарини зиндагии инсон табдил ёфтааст. Тамоми равандҳои ҷаҳони муосир имрӯз талаб менамоянд, ки ҳар шахс дар ҷомеа ҳатман бояд соҳиби донишу маърифат бошад. Тамоми иқдому ибтикороти Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Пешвои муззами миллат талаби замони муосир мебошад. Дар ибтидои асри нав миллати куҳанбунёди тоҷик ба иқтисоду истеҳсолоти замонавию ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлатдории миллӣ, татбиқи комёбиҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ва илму технологияи нав, насли дорои тафаккури созанда ва донишу ҷаҳонбинии нав, ки барои инкишофу пешрафти ояндаи босуботи мамлакат хидмат намояд, эҳтиёҷ дорад. Ин эҳтиёҷи миллатро ҳамон қишри зиёии ҷомеа қонеъ менамояд, ки маҳорати хешро дар омода намудани кадрҳои ҷавон самаранок истифода барад. Дар робита ба ин зарур аст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо тамоми ҳайати кормандони илмӣ талош намояд, то рисолати касбӣ самаранок иҷро шавад.

Маълум аст, ки рақобатпазирии миллату давлатҳо дар шароити муосир аз рӯи имконоти онҳо, ки дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, донишҳои навро тавлиду амалӣ месозад, муайян мегардад. Махсусан, дар раванди бархӯрди тамаддунҳо, ки маҳсули ҷаҳонишавӣ мебошад, илму дониш ба соҳаи муҳимме табдил ёфтааст, ки барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки меҳнати фикрӣ омили аз ҳама муҳимми рушди устувор ва амнияти ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳамон ҷомеа ва ҳамон миллату давлате минбаъд рақобатпазир шуда метавонад, ки самаранокӣ ва сифати маҳсули меҳнати фикриаш бартарӣ дорад. Маҳз меҳнати фикрӣ раванди рушди босуботи ҷомеаро мушаххасу муайян месозад. Меҳнати фикрӣ умри миллатро ҷовидон гардонида, ба он тавоноӣ мебахшад. Ба истилоҳи дигар, нишони тавоноии миллату давлат дар мафкураи солиму ояндасози ҷомеаи он ниҳон аст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ неруи зеҳнӣ нақши ҳалкунанда дорад. Имрӯз неруи зеҳнии ҷомеа ба ченаки муҳим ва муайянкунандаи рушди ҷомеа мубаддал гардида, заиф шудани он ба амният ва истиқлоли давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади уствор намудани неруи зеҳнӣ дар заминаи меҳнати фикрӣ шумораи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, марказҳои илмии макотиби олӣ зиёд шуда, барои аҳли зиё шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин дар ин радиф бо мақсади тайёр намудани ашхоси дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ, аз қабили номзад ва доктори илм, профессору академикҳо тадбирҳои зиёд амалӣ мешаванд. Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2015)» қабул карда шуд.

Дар робита ба неруи зеҳнӣ бояд як нуктаро иброз намуд, ки дар айни замон на танҳо дар мамлакати мо, балки дар пажуҳишгоҳҳои илмии ҷаҳон нарасидани олимону мутахассисон ба назар мерасад. Дар ҳама давру замон неруи зеҳнӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб менамуд. Чи хеле, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур додаанд, «баҳри ҷалби «зеҳнҳо» миёни мамлакатҳо рақобати ҷиддӣ вуҷуд дорад».

Имрӯз ба хотири устувор намудани неруи зеҳнии ҷумҳурӣ, махсусан аз ҳисоби ҷавонон омода намудани олимон чораҳои бисёр муҳимму саривақтӣ дар амал татбиқ гардида истодаанд. Махсусан, таъсиси стипендияҳои президентиву ҷоизаҳо, баланд бардоштани стипендия ва таъсиси хобгоҳҳои махсус барои унвонҷӯён боиси ҷалби ҷавонон ба самти илм гардид. Дар ин радиф ташкили шуроҳои диссертатсионӣ дар назди Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои олии таълимӣ ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоидро баҳри ҷалби бештари ҷавонон ба соҳаи илм ва аз ҳисоби онҳо омода намудани олимон фароҳам овард.

Дарвоқеъ, илм чи дар гузашта ва чи имрӯз нақши калидӣ дошта, ба инкишофи миллату давлат муосидат менамояд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ рушди илмҳои бунёдӣ афзалият дошта, самарнок пеш бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ рисолати аввалиндараҷаи олимони соҳа маҳсуб меёбад. Ҷиҳати беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва истифодаи амалии онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат Президенти ҷумҳурӣ дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод намуда буданд, ки дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шавад, то донишмандони техникаю технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмию пажуҳишӣ ҷалб карда шаванд.

Ҳамин тавр, тамоми ташаббус ва талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони онанд, ки илми қарни ХХI дар ҳалли масъалаҳои рушди устувори иқтисоди ҷаҳон, кашфи кайҳон, ҳалли мушкилоти глобалӣ, ба монанди камбизоатӣ, хароб гардидани муҳити зист, амният дар соҳаи озуқаворӣ ва таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва дар маҷмуъ рушди инсоният нақши муҳимму муассир дорад. Бо назардошти ин нуктаҳо имрӯз зарур аст, ки олимони мамлакат дар роҳи амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлат нақши муассири хешро бо иҷрои рисолати шарафмандона гузоранд. Ҳамчунин маърифати насли наврас ва ҷавони ҷумҳуриро дар заминаи илму дониш баланд бардоштан зарур аст. Ба ин восита бояд дар таъмини босуботи зиндагии шоистаи мардум ва амнияту истиқлоли давлатӣ саҳм гузорем.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор

Ба унвони «Сарвари халқ» шеъре аз Ниҳонӣ интишор шуд, ки тафсири онро зарур медонем. Акнун мисраҳои аввали шеъри мазкурро меорем:

Як гӯшаи ҷаннат, ки шукуфо ба ҷаҳон аст,

Тоҷикмакон аст,

Дилбанд ба халқаш ба сухан ҳасту ба ҷон аст,

Ин Сарвари он аст.

Яъне, мавзеъ ва табиати Ватан «Тоҷикмакон» аст ва саҳеҳтар агар гӯем, ин ҷо тоҷикон иқомат мекунанд ва сарвару тобеъ дар ин кишвар чунон бо ҳам иртибот доранд, ки чунин ҳамоҳангиро бартараф сохтан нашояд.

Раҳбар ба ғами халқу Ватан хилқату ҷудаш,

Пок аст вуҷудаш,

Парчам ба кафаш, хостгари амни замон аст,

Доим нигарон аст.

Роҳбар ғамгин аз вазъи халк, аст, чун медонад, ки беҳбудии вазъи халқҳо аз рушду ободгардии Меҳани онҳост ва Сарвари кишвари тоҷикон, ки самимист, парчам дар дасти ӯ парфишон шуда, суботи сиёсӣ низ аз таҷриба ва лаёқати сиё­сатмадории ӯст.

Он кист ғами халқ варо ҳаст шабу рӯз,

Он Раҳбари дилсӯз,

Он Сарвари халқ аст, ки х,ам худ зи миён аст,

Тавъам ба ҳамон аст.

Ба қавли шоир, касе бештар аз раҳбар ғами халқро намехӯрад, чунки Раҳбари кишвари мо аз миёни халқ буду бо халқ тавъам мебошад ва ба ибораи шоир, ҳеҷ қудрат ин гуна печидагиро ҷудо карда наметавонад.

Эҳсоси дили миллату Меҳан ба вуҷудаш,

Ҳам буду набудаш,

Паҳлӯш ҳама халқ, ҳама пиру ҷавон аст,

Ӯ бо ҳамагон аст.

Шоир дар тасвири Сарвари халқ эҳсос мекунад, ки миллатдӯст аст ва буду набуди ӯ халқаш маҳсуб мешавад. Бинобар ин, ки атрофаш ҳама халқ асту пиру ҷавон, номбурда бо ҳамагон тамос дошта, аз ҳоли халқи хеш доимо бохабар мебошад.

Умре нигарад нек зи роҳу равиши адл,

Ҳаргиз набувад саҳл,

Дар фикр ба роҳи ҳалли душвор равон аст,

Гарчанд гарон аст.

Сарвари давлат зимни идораи он ҳаргиз ғайри адл иқдом накарда ва саҳлангорӣ дар ин бобат аз кирдору рафтори ӯ берун аст, чунки зулмпешагӣ кори афроди раёсатталаб мебошад ва Сарвари тоҷикон аз ин ҷурм орист. Агарчи бархе мушкилот гаронӣ дошта, ҷиҳати ҳалли он таҳаммул мебояд, аммо Сарвар дар ин бобат накарда вуҷуди хешро ҷиҳати рафъи мушкил бахшидааст.

Дар арзиши миллӣ, ки бувад, ҳаст муқаддас,

Қадраш ту бидон, пас,

Сарвар шарафу парчаму ҳам гимну нишон аст,

Дар қалб ниҳон аст.

Дар мавриди бо забони ноби тоҷикӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ кардани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз эҳтироми Роҳбари давлат нисбат ба забон гувоҳӣ медиҳад. Манзури шоир аз байти охир он аст, ки ба чеҳрааш гуфтораш мезебад ва маънии гуфторро мукаммал месозад.

Бин сурату ҳам сирату ҳам назру имояш,

Хуш аст симояш,

Қам нутқи равонаш хати услуби забон аст,

Сармашқи аён аст.

Дар ҷаҳони муосир муқаддастарин аркон арзишҳои миллӣ ҳастанд. Бинобар ин, моро лозим аст, ки қадри муқаддасоти миллиро дарк намуда, ҷиҳати ҳифзи онҳо талош варзем ва аз зумраи инчунин муқаддасот худи Сарвари давлат низ маҳсуб мешавад. Пас халқро зарурати аввал ҳифз ва ҳамоҳангии худ бо Сарвар аст, чунки сарнавишти як миллат дар ихтиёри ӯст ва агар мо дар муҳити хонавода ранҷ бубарем, Сарвар дар андешаи 10 миллион нафар тоҷик ғамгусор аст.

Ширин Қурбонова, доктори илмҳои таърих, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ

Дар шароитҳои муосири ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ҳадафҳои идоракунии молияи давлатӣ ва моликияти давлатӣ ба миён омадааст. Ҳадафи асосии ислоҳот баландбардории самаранокии истифодабарии сарватҳои давлатӣ, таъмини аҳли ҷомеъа бо молу хизматрасониҳои босифат, ноилгардии шаффофияти фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ ва корхонаҳои бахши давлатии иқтисодиёт мебошад. Идоракунӣ дар тамоми доираи фаъолияти инсонӣ вуҷуд дорад ва барои беҳбудии кор равона карда мешаванд, аз он ҷумла фаъолияти молиявиро низ дар бар мегирад.

Идоракунӣ - ин маҷмӯи усул ва омилҳои мақсадноки ба объект равонакардашуда баои ба даст овардани натиҷаҳои муайян дилхоҳ мебошад.

Ҳамчун фаъолияти мақсадноку бошууронаи одамон, идоракунӣ барои аз худ кардани қонуниятҳои объективии тараққиёти ҷамъиятӣ асоснок карда шудааст. Соҳаи асосии фаъолияти идоракунӣ – идоракунии ҷамъия, иқтисодиёт ва аз он ҷумла идоракунии молиявӣ ба шумор меравад, ки он дорои объект ва субъект мебошад.

Объекти идоракунӣ гуфта, муносибатҳои молиявии гуногуншаклро дар иқтисодиёт меноманд.

Субъекти идоракунӣ бошад, сохторҳои иҷрои вазифаҳои гуногуни молияро меноманд, ки барои роҳбарӣ ҷорӣ карда шудаанд.

Дар идоракунии молиявӣ якчанд элементҳои амалкунанда ҷудо карда мешаванд: банақшагирӣ, идоракунии амалиётӣ (ҷорӣ), назоратӣ ва ғайраҳо.

Дар рафти банақшагирӣ, ҳар як субъекти хоҷагидорӣ ҳолати молиявии худро ба нақша дароварда, баҳо медиҳад ва роҳҳои зиёд намудани захираҳои молиявӣ, самтҳои оқилона истифода бурдани онро муайян менамоянд.

Идоракунии амалиётӣ (ҷорӣ) ин маҷмӯи чорабиниҳоест, ки он пеш аз ҳама ба даст ории самараи мусбӣ бо хароҷоти камтарин бо ёрии азнавтақсимкунии захираҳои молиявӣ равона карда шудааст.

Назорат яке аз элементҳои идоракунӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷараёни банақшагирӣ ва ҳам дар ҷараёни идоракунии амалиётҳо ҷои муайянро ишғол менамояд. Мақсади асосии назорат ин дуруст истифода бурдани захираҳои молиявӣ аз рӯи нақшаи тартибдодашуда ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии он мебошад. Мувофиқи гурӯҳбандии муносибатҳои молиявӣ 3 гурӯҳи объектҳои идоракунии молиявиро фарқ кардан лозим аст: молияи муассисаҳою, муносибатҳои суғуртавӣ ва молияи давлатӣ.

Субъектҳои идоракунӣ ин гурӯҳи муносибатҳои молиявӣ аз шӯъбаҳои молиявии корхонаҳо, шӯъбаҳои суғуртавӣ ва шӯъбаҳои молиявию инспексияҳои андоз иборат мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон молияи давлатиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои зерин идора менамоянд:

· Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· Бонки миллии Тоҷикистон;

· Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ;

Идоракунии молиявиро пеш аз ҳама да Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти болоии қонунбарор ба амал мебарорад, ки ин Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мақомоти мӯҳимтарини ба вуҷудорандаи идоракунии молия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он дар ҳукуматҳои маҳаллӣмебошад. Ғайр аз ин, бо мақсади идоракунии молия Вазорати даромадҳо ва пардохтҳо, полису андоз, Кумитаи назорати давлатии молиявӣ амал мекунанд.

Идоракунии молиявиро мақомоти ӯҳдадор дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мемонанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкилии идоракунии молияи давлатӣ, тартиб додани системаи буҷети гурӯҳбандии он, ташаккул, тақсим ва истифодаи фондҳои марказонидашудаи маблағҳои пулиро муайян намуда, муносибатҳои молиявию байни буҷетиро танзим менамоянд.

Идора ҳамчун илм, ҷузҳои таркибии махсусгаштаи идора ва сатҳҳои гуногуни онро, ки ҳар яке аз онҳо дорои хусусиятҳои хос мебошанд, ифода менамояд.

Дар сатҳи якум, молия ва идораи молиявӣ ҳамчун ҷузъи таркибии зербинои ҷамъият, фаъолияти роҳбарии молиявии давлат ва ташкилотҳои онро ифода мекунад.

Дар сатҳи дуюм, идораи молиявӣ ҳамчун сохтори дохилии ташкилотҳои молиявӣ, (аз звенаи ибтидоии хоҷагии халқ сар карда, то марказ) сурат мегирад.

Сатҳи сеюм, ин роҳбарии шахси дониши иқтисодию молиявӣдоштаро нисбат ба коллективе, ки дар тобеияти он кор мекунад, дар бар мегирад.

Идоракунии молиявӣ дар асоси ҳамбастагии кули мафҳумҳои иқтисодӣ; тақозою арза, мунтазамию муттаносибӣ, фоидаю даромаднокӣ, арзиши аслӣ, воситаҳои асосӣ ва гардон, қарз, фоиз, суғурта, рақобат, таваккалу баҳодиҳӣ, таҳлилу тафтиш, омори молияю тарҳрезӣ, дурбинию аудит нисбат ба фондҳои пули таъиноти хосдошта, ки дар мавриди тақсим ва аз нав тақсими маҳсулоти холиси миллӣ ва даромади миллӣ ба вуҷуд меояд, ташкил меёбад.

Идоракунии молиявӣ ҷиҳатҳои ба худ хосеро дорост, ки он тибқи характери фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ муайян карда мешавад. Охиран, фаъолияти хещро дар асоси ҳисобу китоби ғайри нақдӣ ва қисми ночизи онро ба тариқи нақд ба амал мебароранд. Онҳо новобаста аз шакли ҳисоббаробаркунӣ, ҳамчун ташкилоти соҳибихтиёр дар асоси қонуниятҳои бозор фаъолият мекунанд.

Ташкилотҳои молиявӣ мустақим ё худ ғайри мустақим, дар тақсим ва аз нав тақсимкардани маҳсулоти холиси миллӣ ва даромади миллӣ иштирок карда, аз рӯи қонун ва қарорҳои мавҷудаи идора ва банизомдарории муносибатҳои молиявию иқтисодии байни субъектҳои моликият ва давлат амал менамоянд. Муносибатҳои мавҷуда бояд ба давлат ва субъектҳои хоҷагии халқимконияти муътадили фаъолиятро таъмин намоянд. Аз тарафи дигар, ин муносибатҳо имконияти ташкили соҳибкорӣ ва маблағгузории соҳибкорон ва кафолати молиявию амнияти иқтисодии онро таъмин намоянд.

Тайёр ва аз нав тайёр кардани мутахассисон дар ташкилотҳои молиявӣ аз звенаи ибтидоии хоҷагии халқ сар карда, то сатҳи олии идораи давлатро бар бар мегирад.

Таҳлил ва хулосабарорӣ нисбат ба бозори иқтисодӣ ва ҷузъиётҳои таркибии бозори молиявӣ низ аз ҷумлаи он тамоюлҳо дониста мешавад.

Идоракунӣвожаи англисии «management» гирифта шуда, маънои роҳбарӣ, идора ва худмудириятро ифода мекунад.

Одатан 2 навъи идора: маъмурӣ ва иқтисодӣ аз ҳам фарқ карда мешавад.

Ҳамин тавр, меъёрҳои аз тарафи давлат пешниҳодшаванда меъёрҳои баҳамваслкунандаи макроиқтисоду микроиқтисод гардида, воситаи татбиқу таъминкунандаи идораи молиявӣмегарданд. Давлат вобаста ба модели иқтисоди бозории интихобнамуда ва ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтааш ба захираҳои молиявӣ эҳтиёҷ пайдо мекунад, ки он бо ёрии андозу пардохтҳо таъмин карда мешавад.

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

1. Астахов В.П. «Бухгалтерский учет внешнеэкономической деятельности» - Росто на Дону, 2006г, 448с.

2. Бабаева З.Д. «Бухгалтерский учет» - Москва, 2008г,384с.

3.Вахрушина М.А.«Бухгалтерский управленческий учет» - Москва,2008г, 570с.

4. Гулов. Т «Баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ» Ҷилди 1 Душанбе «Ҳоҷи Ҳасан»-2010с.

5. Низомов С.Ф., Хушвахтзода Қ.Х., Мирзоалиев А.А., Раҳимов С.Х., Содиқов С.И., Бобоев Ш.Н., Бадалов Ш.Қ. Назорати дохилӣ (васоити таълимӣ), Душанбе, 2021с.

6.Шарифов З.Р., Ҷураев О ва Расулов Н. «Ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудит дар корхонаҳо» Душанбе, «Маориф» 2000.

7. Шарифов З.Р., Исмонов Ф.Б. «Дастур оид ба бурдани ҳисобгирии бухгалтерӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон». Душанбе 2007.

Равшанзода Рузибойи Норбой – мудири шуъбаи банақшагирии молиявии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар ҳама давру замон Истиқлолу озодӣ барои инсоният волотарин арзиш ва муҳимтарин неъмат ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор ва сарафрозӣ аст, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон аз ҷумлаи хушбахтарин миллатҳое мебошад, ки истиқлолу озодӣ ва давлати соҳибихтиёри худро дорад.

Албатта, ин дастоварди таърихӣ ва нодири миллат ҳар як фарди тоҷикро водор менамояд, ки бо эҳсоси баланди масъулият дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи кишвар дар роҳи ҳифз ва таҳкими истиқлоли Тоҷикистон талош намояд. Зеро шароит ва марҳалаи аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ барои миллати мо чун дигар халқу миллатҳо осон сипарӣ нагардид.

Хушбахтона, ба бахти миллати соҳибфарҳанги тоҷик аз байни мардуми мо фарзандони фарзонае бо афкори равшан ва миллӣ ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, ҳизберо ташкил намуданд, ки миллатро ба сулҳ ва давлатро ба субот расониданд ва дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ саҳми хеле бузург гузоштанд.

Агар ба таърихи ташаккул ва рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз нигоҳи имрўз назар афканем, ба хубӣ равшан мегардад, ки ин ниҳод воқеан ҳам дар таърихи муосири миллат ва давлати мо падидаи нотакрори сиёсӣ буда, дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди тамоми соҳаҳои фаъолияти давлати тоҷикон саҳми хеле назаррас дорад.

Вобаста ба ин қобили зикр аст, ки илми сиёсӣ собит намудааст, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ бо фарогирии афкори муайян ва арзишҳои хос ташаккул ёфта, дар ҷомеа пайравони худро пайдо менамоянд ва дар татбиқи ҳадафҳо ва таъмини рушди давлат нақши худро мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди бадастории истиқлоли сиёсӣ бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати дунявию ҳуқуқӣ ҳамчун ҳадафи калидӣ қарор гирифт, имкон фароҳам омад, ки дар асоси плюрализми сиёсӣ дар ҷомеа ҳизбҳои гуногун ташаккул ёфта, дар татбиқи талабот ва ҳимояи манфиатҳои аҳли ҷомеа саҳми худро гузоранд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни онҳо аз ҷумлаи чунин ҳизбҳои оммавие мебошад, ки дар системаи сиёсии ҷомеа аз аввали ташаккули худ нақши намоён гузошта истодааст. Бо баёни чанд нуктаи муҳим метавон нақши ин ҳизбро ҳамчун падидаи нави сиёсӣ дар таъмини субот дар Тоҷикистон ва пешрафти он равшан намуд.

Ҳангоме, ки дар бораи падидаи сиёсӣ сухан меравад, бояд таъкид намуд, ки дар фалсафаи сиёсат ва хусусан, дар илми феноменология ё падидашиносӣ ин мафҳум ба ду маънии асосӣ мавриди истифода қарор дорад. Аввалан, падида ё феномен ба маънии зуҳурот, ҳодиса ё воқеаи нодир ва беназир. Сониян, падида ҳамчун зуҳуроти эҳсосшаванда, мушоҳидашаванда, ки дарку идроки ҳиссии он имконпазир аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун падида маънию муҳтавои ин мафҳумро дар ҳар ду ҷанбааш фаро мегирад, зеро ин ниҳод дар ҳақиқат ҳам дар таърихи муосири мо як падидаи беназир, бе мислу монанд аст ва аз ҷониби дигар, фаъолияти ҳизб, натиҷаҳои татбиқи ҳадафҳои барномавии он дар воқеияти иҷтимоии кишварамон эҳсос мешаванд ва ҳар як фарди равшандил муаффақияту комёбиҳои онро бо чашми сару бо чашми дил мушоҳида мекунад.

Яке аз муваффақиятҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки онро чун падидаи сиёсӣ муаррифӣ мекунад, ба андешаи мо ин аст, ки дар меҳвари оиннома ва барномаи худ ормонҳои миллат ва ҳадафҳои Конститутсионии давлатро гузоштааст. Чунонки медонем, соли 1993, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳамоно дар ҳоли авҷ буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани вазъ ва ҳифзи афкори шаҳрвандон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тахрибкор, ифротӣ ва таъмини рушди устувори давлат идеяи ташкили ҳизби навро пешниҳод намуданд. Бо ин мақсад 12 июни соли 1993 Кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардида, 10 декабри соли 1994 Оиннома ва Барномаи ҳизб қабул гардид. Ва ин ниҳод таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва рушди устувори онро ҳадафи асосии фаъолияти худ қарор дод, ки ҳамаи ин бо Конститусияи ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидаанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон инчунин бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, аз рўзҳои аввали фаъолияти худ тамоми донишу маҳоратро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар намуд. Ҳамзамон ҳадафҳои ҳизби мо ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат равона гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бонуфузтарин ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ аст ва аз рӯйи эътибору иқтидори маъмурӣ, идеологӣ, аъзо ва таркиби иҷтимоии аъзоёнаш бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст. Ҳизб ҳам иқтидори зиёди маъмурӣ дорад ва ҳам эътибораш миёни омма бузург аст, ин ниҳод падидаи сиёсиест, ки зодаи ормонҳои халқ ва ифодагари ҳадафҳои бунёдии давлатдории миллӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар ташаккул ва рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби бонуфуз ва соҳибэътибор ва падидаи нотакрори сиёсӣ нақши се омил калидӣ аст:

Аввалан, Роҳбари ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки худ як шахсияти бузурги сиёсӣ дар таърихи муосири халқи тоҷик ва падидаи нотакроранд. Аз ин рў мардуми мо дар симои ҳизб роҳбари оқилу доно ва дар симои роҳбари он ҳизби тавоноро мебинад.

Дуюм, нерӯи зеҳнии ҳизб хеле бузург аст. Дар сафҳои он дар баробари қишрҳои дигари иҷтимоӣ, олимону зиёиёни ҷумҳурӣ қисмати муҳимро ташкил медиҳанд. Сифатнокии таркиби ҳизб бошад, самаранокии фаъолияти ин падидаи сиёсиро таъмин мекунад.

Сеюм, барномаҳои ҳизби мо ҷузъи барномаҳои имрӯзаи рушди васеи ҳамаи соҳаҳои фаъолияти давлат мебошанд. Ин хусусият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба як неруи давлатсозу давлатдор табдил додааст, ки худ низ як падидаи беназир маҳсуб мешавад.

Ва ниҳоят, доштани дастгоҳи пурқуввати ташвиқоту тарғибот, яъне нашрияҳо, сомонаҳои иҷтимоӣ ва аъзои фаъолу ҳушманд ба ҳизб боз ҳам неруи дигари тозаву таъсиргузор мебахшанд.

Ҳамин тавр, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи бонуфузи сиёсӣ бо барномаи фарогире ба майдони сиёсат ворид гаштааст, ки он рушду таҳаввули тамоми самтҳо ва бахшҳои ҳаёти кишварро дар бар мегирад. Аммо, муҳимтар аз ин, худи таҳияи чунин барнома нишон медиҳад, ки раванди сиёсии Тоҷикистон ба марҳалаи навини рушди худ ворид шуда, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсии давлат аз сатҳи «маҳфилҳои сиёсӣ» ва «ҷамъиятҳои соҳавӣ» гузашта, ба сатҳи созмонҳои баркамоли ҷамъиятию сиёсӣ расидаанд. Маҳз доштани ҷасорат ва масъулиятпазирии миллӣ, мавқеи давлатмеҳвару ваҳдатофар ва барномаҳои фарогири воқеънигаронаю амалгароёна яке аз нишонаҳои равшани фарорасии ин марҳалаи рушди сиёсии ҷомеа мебошад. Ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мисоли равшани мавҷуд будани чунин падидаи сиёсӣ дар воқеияти иҷтимоии кишвари мо аст.

Дар ниҳоят ин нуктаро таъкид кардан зарур аст, ки имрӯз фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳз дар доираи мавқеи миллӣ сурат мегирад. Агар ба баҳси таносуби мавқеи сиёсии ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ назар кунем, бояд тазаккур дод, ки ҳизби мо мавқеи мушаххаси сиёсӣ ва барномаи мушаххаси ҳизбии худро дорад ва мафҳуми ҳизби сиёсӣ буданаш низ дар ҳамин ифода мешавад. Дар айни замон, мафҳуми «мавқеи миллӣ», мафҳуме болотар аз мавқеи сиёсӣ буда, он сатҳи баландтари мавзуъҳо ва дарки масъалаҳоеро ифода мекунад, ки моҳияти усулӣ дошта, сарнавишти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои бунёдии ҷомеа, ҳифзи суботу амнияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои аслии ҷомеа ва будану набудани давлати миллӣ ба онҳо вобаста аст. Яъне, «мавқеи миллӣ» ин пеш аз ҳама вусъат ва он сатҳи тафаккур аст, ки метавонад манфиати давлати миллиро фаро гирад.

Қобили зикр аст, ки мавқеи сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мавқеи миллии он бо ҳам дар тазод нестанд, балки якдигарро комил мекунанд. Яъне, ҳизби мо дар масъалаҳои гуногуни ҷомеа мавқеъгириҳо ва барномаи хоссаи худро дошта, дар масъалаҳои усулие, ки ба ҳифзи давлату давлатдорӣ, ҳифзу суботу амнияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои усулии эътиқодию фарҳангии миллат, манфиатҳои миллию давлатӣ ва рушди миллӣ дахл дорад, дар мавқеи миллӣ қарор дошта, аз мавқеи миллӣ баромад менамояд.

Дар баробари ҳамаи ин боиси ифтихор аст, ки дар тамоми даврони фаъолияти худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро дар ҳамаи соҳаҳо амалӣ мегардонад.

Бояд қайд намуд, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027, ки бо номи “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” пешниҳод гардидааст, тамоми ҳадафҳои пешрафти давлат ва масъалаҳои ҳалталаби он фаро гирифта шуда, Раиси муаззами ҳизб дар он чунин ҳадаф гузоштаанд: “Мо дар ҳафт соли оянда мақсад гузоштем, ки рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин намоем, дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд кунем ва истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар ва ба содирот нигаронидашударо ба роҳ монда, тамоми иқтидорҳои мавҷударо дар ин самт сафарбар созем.

Ҳамзамон бо ин, вазъи соҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва бахшҳои дигарро беҳбуд бахшида, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам оварем.”

Ҳамин тавр, агар ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 30 соли сипаришуда назар намоем, маълум мегардад, ки ин ҳизби бонуфуз таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи сиёсӣ дар таърихи муосири халқи мо барои расидани миллат ба саодат ва татбиқи ҳадафҳои олии давлат нақши муассири худро гузошта истодааст.

Бо итминони комил метавон қайд намуд, ки татбиқи ҳадафҳои оинномавии ҳизб барои расидан ба ормонҳои миллӣ мусоидат намуда, пояҳои давлатдории миллиро минбаъд низ мустаҳкам хоҳад кард.

Зиёӣ Хуршед Махшулзода - доктори илмҳои фалсафа, профессор

123(Дар ҳошияи Анҷумани XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)

Пайдоиши прототипҳои ҳизбҳои сиёсии муосир ба давраи бостонии таърихи башар рост меояд. Он ҳангом барои дастгирии як сиёсатмадори муайян ва пешбарӣ кардани номзадии онҳо ба эшелонҳои ҳокимият гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ба таври стихиявӣ таъсис ёфта, ҳамоҳангсозии минбаъдаи амалҳо ба вуҷуд меомадаанд. Аммо ба вучуд омадани аввалин ҳизбҳои сиёсӣ ба маънои классикиашон ба садаи XIX тааллуқ дорад. Раванди таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ тӯлонӣ ва душвор буда, марҳилаи ибтидоии муборизаи ҷонибдорони самтҳои гуногуни давлатдории навбунёдро инъикос мекард. Ба вучуд омадани аҳзоб дар қитъаи Аврупо бо ташаккули буржуазия алоқаманд аст. Дар кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрико пайдоиши аҳзоби сиёсӣ бинобар ба миён омадани ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ сурат пазируфта, гурӯҳҳои ҷамъиятӣ дар ин кишварҳо дар заминаи манофеи миллӣ ташкил мешудаанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи ормонҳои миллӣ дар шароити басе мушкилзо ба вуҷуд омада, яке аз ҳадафҳои он хомӯш сохтани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ҳизби мазкур таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳизби мардумиро дар он давраи нобаҳангом таъсис дода, ба вазифаи Раиси ҳизб интихоб гардиданд, дар муддати кӯтоҳ ба ин ҳадафи пешгузошта шарафёб гардиданд. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни суханронии пурмуҳтаво дар анҷумани XV ҲХДТ авзои ҳамонвақтаро таъкид сохта, илова намуданд, ки ҳизби мо масъулияти дифоъ аз озодиҳои шаҳрвандон монанди озодии сухан, виҷдон, эътиқод, матбуот ва ғайраро дорост: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт. Ҳизби мо ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд».

Лозим ба ёдоварист, ки ҳизби мардумӣ барои халқ таъсис ёфта, бобати ҳимояи тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии мардумӣ фаъолият менамояд. Бинобар ин, дар назди аъзои он вазифаи ҷалби одамон ва таблиғи давлатдорию давлатсозии мардумӣ бо вижагиҳои ҳуқуқбунёду дунявӣ истодааст. Ҳар фарде, ки аз қишрҳои гуногун бо ҳизби мардумӣ мепайвандад, ба хубӣ дарк хоҳад кард, ки омили рушду тараққӣ кардани дилхоҳ давлат дар шароити ҷаҳонишавӣ тақвият додани ҷаҳонбинии дунявӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, ҳизби мардумӣ ҳадафи асосии хешро дар таҳия ва татбиқи давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ дида, бо марому пайвастагӣ ҷиҳати роҳандозӣ шудани он амалан ҷаҳду кӯшишҳои собитқадамонаро аз ҳар узви хеш талаб менамояд. Аз ҳамин хотир аст, ки Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтани роҳу нақбҳо ва мактабу бохчаҳо ва дигар муассисаҳои такмили инсон беш аз пеш таваҷҷуҳ намуда, мустақилиятро аз авомили рушду тараққӣ донистаанд: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро ҳамчун ҳадафи асосӣ пеш гирифт.

Амалӣ шудани ин ҳадафи барномавии ҳизбро мо дар иқдомоти ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат, дар мисоли сохтмони мактабу шифохонаҳо, роҳу нерӯгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва дар амри дастгирии пайвастаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ – ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат мебинем».

Иҷрои вазифаҳои асосии худ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки ба фаъолияти тамоми системаи сиёсӣ самараноктар таъсир расонанд ва онҳоро ба субъектҳои асосии ҳаёти ҷомеа табдил диҳанд. Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ на танҳо дар давлатҳои демократӣ амалӣ карда мешавад, аммо чун қоида, дар дигар низомҳои сиёсӣ вазифаҳои тамоман дигар амалӣ карда мешаванд. Дар шароити муосир ҳизбҳои сиёсӣ дар давлатҳои демократӣ як навъ механизми муштараки ҳамкорӣ, «миёнарав»-ии байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ, назорат аз болои он аз ҷониби аввалӣ мебошанд. Дар баробари ин ташаккули низоми ҳизбӣ дар асоси муборизаи софдилонаи рақобати ҳуқуқӣ барои қудрати сиёсӣ бо рушди институти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва манфиатҳои устувори гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ пайваста алоқаманд аст.

Намояндагони манфиатҳои аҳолӣ бо роҳи муттаҳид кардани манфиатҳои интихобкунандагон, бо шаклҳои гуногуни фаъолият пардохта, нақши худро зимни интихоботи сиёсӣ ба андозаи каму беш мегузоранд. Дар чунин шароит таваҷҷуҳ ба сифати фаъолияти сиёсӣ бештар гардида, раванди бо ҳар роҳу васила афзудани сафи ҳизбиён чандон истиқбол намегардад. Бинобар ин, Сарвари давлат ба ин масъала диққат дода, зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки ҳангоми қабули шаҳрвандон ба сафи ҳизб бояд ба сатҳи маърифатнокии довталабон аҳаммият дода шавад: «Дар робита ба масъалаи қабули аъзои нав ба сафи ҳизб ба масъулини ҳизбӣ бори дигар таъкид месозам, ки набояд танҳо аз пайи шумора рафт, баръакс бештар ба сифатҳои шахсии аъзои ҳизб эътибор дода, пеш аз ҳама, хоҳишмандон ва шахсонеро ба сафҳои ҳизб ҷалб бояд кард, ки маърифату маънавиёти баланд дошта бошанд ва ғояҳои созандаи ҳизбро содиқона ҷонибдорӣ намоянд».

Яке аз таъкидҳои саривақтии Пешвои миллат истифода аз лаёқату қобилиятҳои занон мебошад. Дар ҷомеаҳои муосир зан аз фаъолтарин шаҳрванд дониста шуда, дар рушду тараққии ҷомеа нақши босазо мегузорад. Дар сурати ба кору фаъолият ҷалб нашудани занон ҷомеа дар ҳоли нохудогоҳӣ қарор гирифта, наслҳое ба воя мерасанд, ки дар таассуб ғарқаанд. Бинобар ин, Раиси ҲХДТ ин навбат низ таъкид намуданд, ки ба фаъолияти ҳизбӣ занон низ ҷалб карда шаванд: «Дар марҳалаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ истифодаи самараноки нерӯи созандаи занон яке аз омилҳои муҳимми таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва болоравии сатҳи худшиносиву худогоҳии мардум мебошад. Гузашта аз ин, таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳалли масоили занон ва ташаккули чеҳраи сиёсии онҳо яке аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизби мост. Тадбирҳои ҳизб дар ин бобат бояд ба ташаккули ҷаҳонбинии муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳимояи манфиатҳои занон, воридшавии онҳо ба раванди муносибатҳои нави ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои созандаи занон равона карда шавад».

Ҳизбҳои сиёсии муосир дар хидмати худ ба манфиатҳои ҷамъиятӣ як қатор вазифаҳоро иҷро мекунанд, ки тавассути онҳо нақши он дар ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои синфҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, табақаҳои иҷтимоӣ зимни иҷрои вазифаҳои мушаххас ошкор карда мешавад. Вазифаи рӯйимизии дилхоҳ ҳизб дар давлати демократи пеш аз ҳама, муайян кардани ҳадафи рушд мебошад. Ҳизбҳо барои таҳкими фаъолияти сиёсии шаҳрвандон ва фароҳам овардани замина барои фаъолияти дарозмуддати сиёсӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳоле ки субъекти муҳимми сиёсат боқӣ мемонанд, дар кишварҳои демократии пешрафта таҳаввули муайянеро аз cap гузарондаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ормони «Ваҳдати миллӣ» ва таҳкими сулҳу суботи иҷтимоӣ яке аз вазифаҳои рӯзмарраи инсонҳо гардидааст ва ҳизбию ғайриҳизбӣ барои тақвияти ин масъала талош меварзанд. Раиси ҲХДТ ин мавзуро чунин баррасӣ намуданд: «Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, ба шарофати ин раванди нек сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мегардад. Воқеан, истиқлолият ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа, аз ҷумла аъзои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҳар як узви ҳизби мо ба қадри он расанд ва ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва таҳким бахшанд».

Раванди ҷаҳонишавӣ ва авзои кунунии ҷаҳони муосир моро водор мекунад бобати таъмини сулҳу суботи кишварамон андеша кунем. Махсусан, фаъолгардии ҳаракатҳои мухталифи экстремистӣ ва ифротгароии динӣ кишвари моро низ асар карда, минбаъд моро водор хоҳад кард, ки ҷиҳати ҳифзу якпорҷагии мамлакатамон чораҷӯйӣ намоем. Сарвари давлат дар анҷумани навбатии ҲХДТ иктифо намуда, таъкид сохтанд, ки айни ҳол бо ниқоби ислом қариб ҳамаи рухдодҳои ваҳшиёна роҳандозӣ мешаванд ва моро зарур аст, ки қурбони ифротгароӣ нашавем: «Имрӯз мо шоҳиди густариши бесобиқаи фаъолияти ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва ифротгароии динӣ мебошем. Яке аз онҳо давлати ба ном исломии Шому Ироқ мебошад, ки ҳомиёну сарпарастони маънавии он ҷавонони зиёдеро қариб аз 80 кишвари гуногуни олам ба доми ғаразноки худ дароварда, ба ҷангҳои бисёр даҳшатноку ҷоҳилона бар зидди худи мардуми мусулмон сафарбар карда истодаанд. Мутаассифона, чунин аъмоли ваҳшатнок бо истифода аз номи ислом сурат мегирад, ки боиси бадномии дини мубини ислом ва мардуми мусулмон мегардад. Табиист, ки як қисми чунин ҷавонон минбаъд ба кишварҳои худ бармегарданд ва барои нооромиҳои иҷтимоӣ замина мегузоранд. Аз чунин ҳолат Тоҷикистони мо низ истисно нест».

Барои аҳзобе, ки дар замони муосир нисбат ба соири ҳизбҳо дар дохили як кишвар бартарӣ дошта, ҷиҳати пайвастани ҷомеаи шаҳрвандӣ бо қудрати сиёсӣ нақши муҳимро адо менамояд, вазифаҳо ва фаъолияти сиёсӣ ба ду бахши мувофиқ тақсим мешаванд: дохилӣ ва хориҷӣ. Қисмати дувуми ин вазифаҳо имкон фароҳам меоранд, ки ҳизб бо унсурҳои ифротгароёна дар муқовимат қарор гирифта, бобати ҳифзи якпорчагию сулҳу суботи дохилӣ иқдом намояд. Чунки сулҳу суботу оромии дохилии дилхоҳ давлат айни замон аз сатҳи баррасиҳои хориҷӣ вобаста буда, фаъолияти сиёсиро хориҷ аз ҳизбҳо таманно менамояд. Аз ин хотир, мубориза бо терроризму экстремизм низ барои ҲХДТ дар замони муосир яке аз ҳадафҳои асосӣ бояд баррасӣ шавад. Раиси ҳизби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон аз он таъкид намуда, бо қатъият илова намуданд, ки мубориза бо терроризму экстремизм чун ифротгароии динӣ вазифаи ҳар шаҳрванд новобаста аз мансубияти ҳизбӣ маҳсуб мешавад.

Ширин Қурбонова, доктори илмҳои таърих, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ

Барои миллати тоҷик НБО-и "Роғун" имрӯз яке майдони набарди ҳар як фарзанди баномуси миллат буда, ба хотири расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон дар ин набард саҳмгузор будан, вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди бонангу соҳибиродаи миллат мебошад. Неругоҳи барқи обии Роғун иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии неруи барқ буд. Дар давраҳои қаблӣ ин мушкилот аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя ҳалли худро меёфт.

Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат дар баробари баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ин расидан ба истиқлолияти томи энергетикӣ мебошад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самти стратегии давлат корҳои бузургеро ба анҷом расонида, ин раванд то кунун идома дорад. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ як қатор нерӯгоҳҳои оби барқӣ аз қабили Сангтуда-1, Сангтуда-2, нерӯгоҳҳои Бадахшон, Тоҷикистон дар ВМКБ, нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар водии Рашт ва дигар минтақаҳои кишвар - ин маҷмӯи тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегии давлат ба ҳисоб мераванд.

Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» маҳз бо талошу заҳматҳо, шуҷоат ва истодагарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик бунёд шуда истодааст. Дар бунёди ин иншооти бузурги стратегӣ бисёр монеаҳо мавҷуд буданд, ки ҳалли он аз қатъият, далерӣ, шуҷоат ва истодагарии Пешвои миллат вобастагӣ дошт. Баъди ошно гардидан аз нақшаҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор намудани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар дарёи Вахш, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боздошт карда шуда буд, баҳсу мунозираҳо дар атрофи ин масъала тезу тунд гардиданд. Пешвои миллат барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик синаи худро сипар намуда, барои ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим кӯшиш ба харҷ дод. Ниҳоят баъди се соли талошу мубориза Пешвои миллати тоҷик тавонист ба ҷаҳониён исбот созад, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллати тоҷик зарур ва ҳатмӣ мебошад. Бинобар ин санҷиши ҷиддӣ, ки бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ шуда буд, тӯли се сол санҷиш гузаронида, хулоса пешниҳод кард, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар мебошад. Ба сифати маҷмӯи далелҳои асосӣ, ки ба фоидаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз тарафи Пешвои миллат иброз шудаанд, ин зарурият ва саривақтӣ будани лоиҳаи мазкур мебошад.

Тавре, ки маълум аст давлати Тоҷикистон гарчанде дорои захираҳои хеле бузурги гидроэнергетикӣ бошад ҳам, айни ҳол соҳиби захираҳои ками энергетикӣ буда, ҳамагӣ 6 фоизи захираҳои мавҷуда истифода карда мешаванд. Он иншоотҳои энергетикие, ки аз даврони шуравӣ мерос мондааст ба пуррагӣ талаботи давлати рӯ ба тараққӣ ниҳодаро қонеъ гардонида наметавонад. Бинобар ин давлати Тоҷикистон барои мустаҳкам ва ғанӣ гардонидани амнияти энергетикӣ вариантҳои зиёд, аз ҷумла лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҳамчун далели имконпазир мешуморад, вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намуданд «…ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад».Бояд қайд намуд, ки барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ ҳанӯз аз солҳои нахустини истиқлолият аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ муайян карда шуда буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои худ дар ин роҳи душвору заҳматписанд вале пуршараф давра ба давра ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардида истодааст, ки инро мардуми шарафманди тоҷик ва тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ эътироф менамоянд. Аз ин лиҳоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҳа мчун ҳадафи афзалият ва муҳим дониста рафти корҳои иҷрошударо зери назорати қатъӣ гирифт.

Дар мӯҳлати кӯтоҳ ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳ, бо маром тибқи лоиҳа иҷро намудани корҳои созандагӣ, таъмин намудан бо ҳама гуна маводҳои сохтмонӣ, мутахассисон, кормандон ва инчунин омода намудани шароити муфид дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таҳлил ва назорати ҷиддиро талаб менамояд. Зеро барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани амнияти энергетикии мамлакат барои рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик аҳамияти хеле бузург дорад. Хушбахтона, муҷиби сарбаландии аҳли кишвар аст, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд.

Илҳом Қурбоншоев н.и.фалсафа Мудири шуъбаи масалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Тоҷикистон мамлакати кӯҳӣ мебошад. Дар кӯҳҳои баланд шумораи зиёди пиряхҳо ба қайд гирифта шудааст, ки дарёҳои кӯҳӣ аз онҳо ибтидо мегиранд. Массаи оби аз кӯҳ бо суръат ба поён ҷоришаванда дорои энергияи кинетикӣ мешавад. Дар неругоҳҳои обӣ энергияи механикии об тавассути генераторҳои индуксионии электромеханикӣ ба энергияи электрӣ табдил дода мешавад. Тибқи ҳисобу китоб захираи солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон зиёда аз 500 млрд кВт соатро ташкил медиҳад. Бо назардошти захираҳои калон ба гидроэнергетикаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад [1]. Неругоҳҳои барқи обӣ (ГЭС-ҳо) нисбат ба неругоҳҳои аловӣ (ТЭС-ҳо) афзалият доранд. Зеро НБО-ҳо ба атмосфера гази СО2 хориҷ намекунанд. Муҳити зистро ифлос намекунанд. Манбаи барқароршавандаи энергия мебошанд. Дар ҳамон як дарёи кӯҳӣ паси ҳам якчанд неругоҳи электрӣ сохтан мумкин. Энергияи электрӣ нисбати дигар навъҳои энергия афзалияти калон доранд ва бинобар он дар ҳамаи соҳаҳо (истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ) фаровон истифода мешавад [2].

Силсиланеругоҳҳо дар дарёи Варзоб. Аввалин неругоҳи электрии обӣ дар Тоҷикистон дар дарёи Варзоб сохта шудааст. Агрегати (чархаи) якуми ГЭС-и Варзоб-1 соли 1936 ва агрегати дуюмаш соли 1937 ба кор дароварда шудааст. Иқтидори умумии онҳо солҳои қаблӣ ба 7440 кВт буд. Соли 2012 агрегат ва дастгоҳҳои ёрирасони Варзоб-1 пурра иваз карда шудааст. Дар натиҷа, тавоногии неругоҳ ба 9500 кВт расидааст. Аз ибтидои кор то соли 2013 неругоҳи Варзоб-1 ба миқдори 281 миллион кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол намудааст [1].

Соли 1949 неругоҳи Варзоб-2 ба кор оғоз намудааст. Ин неругоҳ аз ду агрегат иборат буда тавоногии умумиаш ба 14 400 кВт баробар мебошад. Аз рӯзи ба истифода додан то 1 январи соли 2013 дар неругоҳи Варзоб-2 ба миқдори 3 миллиарду 763 миллион кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол карда шудааст.

Соли 1952 неругоҳи Варзоб-3 ба кор оғоз намудааст. Ин неругоҳ низ аз ду агрегат иборат буда тавоногии умумиаш 3520 кВт мебошад. Дар ин неругоҳ то 1 январи 2013 ба миқдори 628,5 миллион кВт·соат энергия истеҳсол шудааст. Силсиланеругоҳҳои электрии дарёи Варзоб дар низоми (системаи) энергетикии Тоҷикистон аввалин мебошад. Алҳол дар ин силсила неругоҳҳои хурди электрии Ҳазора-1 ва Ҳазора-2, ҳар кадомаш бо иқтидори 250 кВт, кор мекунанд.

Дарёи Сир яке аз калонтарин дарёҳои Осиёи Миёна ба шумор меравад, ки пас аз якҷоя шудани шохобҳояш- Норин ва Қародарё дарёи Сир ном гирифтааст. Бо истифода аз захираҳои гидроэнергеткии дарёи Сир дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 12 нерӯгоҳҳои электрӣ-обӣ бунёд шудаанд.

Неругоҳи “Дӯстии халқҳо” (Қайроқум) дар дарёи Сир дар наздикии ш.Хуҷанд (алҳол ш.Гулистон) солҳои 1956-57 сохта шудааст. Сарбанди неругоҳро гидроэнергетикҳои советӣ соли 1956 сохтаанд. Дарозии обанбори неругоҳ - “Баҳри тоҷик” 65 км, васегиаш аз 8 то 20 км (тағйирёбанда) ва масоҳати сатҳи обанбор 513 км2 мебошад. Ҳаҷми умумии обанбор, тибқи ҳисоби с. 2009, тақрибан 3 млрд.131 млн. м3, ҳаҷми фоиданокаш 2 млрд.390 млн м3 муайян шудааст. Мақсад аз сохтани неругоҳ, аввало танзим ва истифодаи захираи оби дарёи Сир барои киштукор ва дуюм истеҳсоли энергияи электрӣ буд. Сохта ба истифода додани неругоҳи “Дӯстии халқҳо” дар ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ дар Шимоли Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Неругоҳи “Дӯстии халқҳо” аз шаш гидроагрегати тавоногии ҳар кадоме 21 000 кВт иборат мебошад. Иқтидори умумии неругоҳ 126 000 кВт-ро ташкил медиҳад. Соли 1956 ду агрегат ва соли 1957 чор агрегат ба кор андохта шудааст [1]. Об аз баландии 18 м меафтад. Ҳангоми бо тавоногии пурра кор кардани неругоҳ аз гидроагрегатҳо дар як сония 177 м3 об мегузарад.

Тибқи маълумоти Ширкати саҳомию холдингии “Барқи тоҷик” дар неругоҳи “Дӯстии халқҳо” то 1 январи соли 2013 ба миқдори 32,86 миллиард кВт·соат энергия истеҳсол шудааст.

Неругоҳҳои дарёи Вахш. Дигар силсиланеругоҳҳо дар дарёи Вахш сохта шудаанд. Соли 1954 неругоҳи Марказӣ бо иқтидори 18 400 кВт, соли 1959 неругоҳи Шаршара бо иқтидори 29 950 кВт, ва солҳои 1962-63 неругоҳи электрии Сарбанд бо иқтидори 210 000 кВт сохта ба истифода дода шудааст.

Он солҳо неругоҳи Сарбанд дар Осиёи Миёна пуриқтидортарин неругоҳи электрии обӣ ба ҳисоб мерафт. Бояд тазаккур дод, ки солҳои 2010-13 неругоҳи Сарбанд таҷдид карда шудааст. Дар неругоҳи Сарбанд се агрегати иқтидори ҳар кадомаш 45 000 кВт ва се агрегати тавоногии ҳар кадомаш 35 000 кВт насб карда шудааст. Алҳол иқтидори неругоҳи Сарбанд 240 000 кВт -ро ташкил медиҳад.

Ҳоло бо кӯшиши Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи таҷдиди навбатии неругоҳи Сарбанд бо маблағи 1,3 мллиард сомони идома дорад ва он соли 2021 ба анҷом расонида мешавад. Дар натиҷа иқтидори пурраи неругоҳ ба 290 000 кВт расонида мешавад [3].

Аз оғози фаъолият то 1 январи 2013 дар неругоҳи Марказӣ 1 млрд 596 миллион кВт·соат, дар неругоҳи Шаршара 10 млрд 609 миллион кВт·соат, дар неругоҳи Сарбанд 45 млрд 730 миллион кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол шудааст.

Неругоҳи электрии Норак, алҳол, калонтарин неругоҳи амалкунандаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. ГЭС-и Норак аз 9 агрегати иқтидори ҳар кадомаш 300 ҳазор кВт-и иборат мебошад. Яъне иқтидори лоиҳавии неругоҳи Норак ба 2 миллиону 700 ҳазор кВт баробар аст. Сохтмони ГЭС-и Норак соли 1961 оғоз шудааст. Агрегати аввалини ГЭС-и Норакро 14 ноябри соли 1972 котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ба кор андохта буд. Ҳамон сол агрегати дуюм ва соли 1973 агрегати сеюми неругоҳи Норак ба кор андохта шуданд. Соли 1976 агрегати чорум ва соли 1977 агрегатҳои 5 ва 6 ба кор оғоз карданд. Ниҳоят соли 1978 агрегатҳои 7 ва 8 ва соли 1979 агрегати 9-ум ба кор андохта шудааст.

Соли 1988 ҳамаи 9 чархаи Норак таҷдид гардида иқтидори ҳар кадом ба 335 ҳазор кВт ва иқтидори умумии неругоҳ ба 3 миллион кВт (3000 МВт) расонида шудааст. Соли 2019 лоиҳаи навбатии таҷдиди неругоҳи Норак оғоз шудааст [3]. Неругоҳи электрии Норак бо ду хати баландшиддати 500 000 В (волт) ва панҷ хати баландшиддати 220 000 В ба системаи энергетикии Тоҷикистон пайваст мебошад.

Аз рӯзи оғози кор то 1 январи 2013 неругоҳи электрии Норак ба миқдори 383,933 млрд. кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол намудааст.

Неругоҳи электрии обии Бойғозӣ панҷумин неругоҳи электрӣ дар дарёи Вахш мебошад, ки дар он чор агрегати иқтидори ҳар кадомаш 150 ҳазор кВт насб шудааст. Иқтидори умумии неругоҳи Бойғозӣ 600 ҳазор кВт мебошад. Се агрегати он соли 1985 ва агрегати чорум соли 1986 ба кор андохта шудааст. Аз оғози фаъолият то 1 январи соли 2013 неругоҳи мазкур ба миқдори 60,096 миллиард кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол намудааст.

Неругоҳи электрии Сангтӯда-1. Неругоҳи электрии Сангтӯда-1 аз аввалин неругоҳи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон (шашумин неругоҳ дар дарёи Вахш) ба ҳисоб меравад. Неругоҳи мазкур пас аз ба итмом расидани сохтмони неругоҳи Бойғозӣ соли 1986 оғоз шуда буд. Лекин бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони он нотамом монд. Пас аз ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, бо ибтикороти Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ба итмом расонидани сохтмони неругоҳи Сангтӯда-1 бо Ҳукумати Федератсияи Россия баррасӣ шуд. Дар натиҷа байни Ҳукумати ФР ва Тоҷикистон Созишнома оиди сохтмони неругоҳи Сангтуда-1 (соли 2004) ба имзо расид. Тибқи ин Созишнома Ҳукумати ФР ба сохтмони Сангтӯда-1 ба миқдори 250 млн доллари ИМА маблағгузор намуд. Сохта ба истифода додани неругоҳро Ширкати “РАО ЕЭС” ба зимма гирифт. Агрегатҳои якум, дуюм ва сеюм соли 2008 ва агрегати чорум соли 2009 ба кор андохта шуданд. Дар ин неругоҳ 25% саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75% саҳми Федератсияи Руссия мебошад.

Дар неругоҳи Сангтӯда-1 чор агрегати иқтидори ҳар кадомаш 167,5 ҳазор кВт насб шудааст. Иқтидори пурраи лоиҳавии неругоҳ 670 000 кВт-ро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Ширкати Барқи тоҷик неругоҳи Сангтӯда-1 аз оғози кор то 1 январи 2013 ба миқдори 8 млрд. 519 миллион кВт·соат энергия истеҳсол намудааст.

Неругоҳи Сангтӯда-2. Ҳафтумин неругоҳи электрӣ дар дарёи Вахш. Лоиҳаи ин неругоҳ ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шӯрави омода шуда буд, лекин сохтмон оғоз нашуда монд. Соли 2004 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Эрон оиди сохтани неругоҳи Сангтӯда-2 гуфтушунид оғоз шуда, соли 2005 созишнома оиди сохтмон ба имзо расид. Ҷумҳурии исломии Эрон сохтмони неругоҳи мазкурро ба зимма гирифт. 20 феврали соли 2006 оғози расмии сохтмон эълон карда шуд ва рамзи сохтмон ҳамчун рамзи дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Эрон гузошта шуд.

Неругоҳ аз ду гидроагрегати тавоногии ҳар кадомаш 110 000 кВт иборат мебошад. Агрегати якум соли 2011 ва агрегати дуюм соли 2013 ба истифода дода шудааст. Ҳоло неругоҳи Сангтӯда-2 бо иқтидори лоиҳавии 220 000 кВт кор мекунад.

Неругоҳ (ГЭС)и Роғун. Ҳаштумин неругоҳи электрӣ дар дарёи Вахш. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон нарасидани энергияи электрӣ, хусусан дар фасли тирамоҳу зимистон, ҷиддан эҳсос карда мешуд. Аз ин ҳолат иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Чумҳурӣ зарар медид, мардум аз нарасидани электр азоб мекашиданд. Бо назардошти муҳимияти электроэнергетика Ҳукумати Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон эълон намуд. Бо баробари ба кор андохтани неругоҳҳои электрии хурди обӣ, тасмим гирифта шуд, ки сохтмони неругоҳи Роғун идома дода шавад. Зеро тибқи лоиҳа иқтидори неругоҳи Роғун ба 3 миллиону 600 000 кВт баробар буда, дар сурати сохта ба истифода додани он кишвари мо на танҳо ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад, балки фасли тобистон як миқдор энергияи электриро ба кишварҳои ҳамсоя содирот хоҳад кард [5].

Аз таърихи сохтмон. Лоиҳаи техникии неругоҳи Роғунро соли 1974 Госстройи Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ намуда сохтмон соли 1976 оғоз шудааст. Ин лоиҳаро шӯъбаи Осиёи-миёнагии “Гидропроект” воқеъ дар ш.Тошканд таҳия намуда буд. Алҳол, ин лоиҳа, аз тарафи пажӯҳишгоҳи «Гидропроект»-и Федератсияи Руссия амалӣ мешавад [4].

Зимни ҷӯишҳои геологӣ муқаррар карда шудааст, ки дар мавзеи ҷойгиршавии неругоҳи Роғун якчанд мушкилоти геофизикӣ вуҷуд дорад. Аввало, мавзеи интихобшуда аз лиҳози сейсмикӣ фаъол аст ва моҳе як ду заминларзаи ҳисшаванда ҳодисаи маъмулист. Дигар ин, ки ҷинсҳои кӯҳии ин мавзеъ ковок ва бунёди нақбҳо мушкил. Сеюм, дар он мавзее, ки бунёди сарбанд қулай мебошад, зери замин тарқиши калони плитаи тектоникӣ (разлом) ҷойгир ва он бо намаксанг пур мебошад. Бо ба вуҷуд омадани сарбанд об бо фишор ба ин тарқиш ворид шуда намаксангро шустанаш эҳтимол дорад. Барои роҳ надодан ба шусташавии намаксанг мутахасисони советӣ бо қабати семент маҳкам пӯшидани даҳони ин тарқиш ва дигар чораҷӯиҳоро пешбинӣ намудаанд.

Бояд зикр кард, ки ибтикороти Ҳукумати Тоҷикистон оиди оғози корҳои барқароркунӣ ва идомаи сохтмони Неругоҳи электрии Роғун ба муқовимати ҷиддии кишварҳои ҳамсоя дучор шуд. Мухолифони амалишавии лоиҳаи неругоҳи Роғун иддао пеш меоварданд, ки сохта ба истифода додани неругоҳи Роғун таъминоти обро дар кишварҳои поёноб мушкил ва кандашавии сарбанд (бо сабабҳои техникӣ ва табиӣ, аз ҷумла заминларза) ба ҳаёти сокинони ин минтақа хавфи хеле калон пеш меорад. Барои аз байн бурдани ин сару садоҳо Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғунро ба экспертизаи байналхалқӣ пешниҳод намуд. Хушбахтон аз тарафи коршиносони ҷаҳонӣ ба лоиҳа экспертиза(хулосаи муҳаққиқӣ)и мусбат дода шуд. Исбот карда шуд, ки дар сурати риоя шудани нуктаҳои техникии дар лоиҳа пешбинишуда Неругоҳи Роғун ба мисли неругоҳи Норак аз ҳар ҷиҳат бехавф ва ба манфиати тамоми минтақа хизмат хоҳад кард.

Инак, сохтмони неругоҳ аз соли 2016 инҷониб дар заминаи ҳуқуқии байналхалқӣ идома дорад. Дар сурати сохта ба истифода додани неругоҳи Роғун сарбанди он бо баландии 335 м баландтарин сарбанд дар ҷаҳон мешавад. Сарбанди неругоҳ бо истифода аз сангу шағал сол ба сол баланд мешавад.

16 ноябри соли 2018 чархаи аввали неругоҳ бо иқтидори 120 000 кВт ба кор дароварда шуд. Чархаи дигари он низ дорои ҳамин иқтидор буда, 9 сентябри соли 2019 ба кор даромадааст. Ҳар ду чархаи Роғун аз тарафи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷӣ ба кор дароварда шуд. Бояд тазаккур дод, ки ҳар ду чархаҳои ба кор андохташуда муваққатӣ мебошанд ва онҳо тибқи лоиҳа то соли 2021 кор мекунанд ва баъд иваз карда мешавад. Тибқи лоиҳа неругоҳи Роғун аз 6 гидроагрегати тавоноии ҳар яке 600 000 кВт иборат буда, то декабри соли 2029 ҳамаи шаш агрегат ба кор андохта мешавад. Дар сурати пурра ба кор даромадани неругоҳ вай ба ҳисоби миёна соле то 17 млрд кВт соат энергия истеҳсол менамояд ва Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад. Яъне энергияи электрии дар Ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда тамоми талаботи хоҷагии халқи Тоҷикистонро қонеъ менамояд. Ҳамин тавр, захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон заминаи боэътимоди саноатикунонии босуръати кишвари мо мебошад, ки зина ба зина амалӣ мешавад.

Сарбанди неругоҳи электрии Роғун дар дарёи Вахш обанбори ҳаҷмаш тақрибан 13,3 км³ -ро ба вуҷуд меорад, ки ҳаҷми фоиданоки он 10,3 км³ ташкил хоҳад дод. Оби захирашуда бо мақсади ҳосил намудани энергияи электрӣ ва обшор намудани зиёда аз 300 ҳазор гектар заминҳои ташналаб истифода хоҳад шуд. Баландии сатҳи обанбор, тибқи лоиҳа, соли 2032 ба даст оварда мешавад.

Абдуманонова Ф.А - корманди Маркази илмии Хуҷанди АМИТ,

Абдуманонов А.А. доктори илмҳои физика-математика, профессор, мудири лабораторияи физикаи Маркази илмии Хуҷанди АМИТ

АДАБИЁТ

Назаров А. Неругоҳҳои барқӣ обии Тоҷикистон. –Душанбе «ЭР-граф», 2013, - 52 с.

Абдуманонова Ф.А., Абдуманонов А.А. Энергия, гидроэнергетика ва иқтисоди сабз //Маводи конф. илмию амалии ҷумҳуриявии «Муаммоҳои физикаи муосир ва раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон».- Хуҷанд, 29-30 апрели 2020.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ. ш.Душанбе, 26 декабри соли 2019. –Душанбе, «Шарқи озод», 2019, - 48 с.

http://www.news-asia.ru/view/tj/topical/12804.

Тарҳи СASA–1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа мебошад. Суханронии Президенти Тоҷикистон, Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии СASA–1000. ноҳияи Варзоб, 6 июли с.2017// “Ҷумҳурият” аз 7.07.2017.

Дипломатияи об яке аз восита ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои истифодабарии захираҳои обӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ мебошад. Махсусан, масъалаҳои мубрам ва калидие, ки дар самти истифодабарии захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷой доранд, имконият медиҳад, ки бо роҳҳои дипломатияи об ҳалли худро ёбанд. Гузашта аз ин, захираҳои обӣ барои рушди ҷомеаи инсонӣ, саломатӣ, некӯаҳволии халқ ва баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодӣ муҳиманд.

Таърихан дипломатияи об, ин нақши муайянкунандаи омили об дар сиёсати хориҷии кишварҳои соҳилӣ ё гуфтушунидҳои дуҷониба ё бисёрҷониба барои ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо оид ба масъалаҳои об мебошад. Дар замони муосир, бо таъсири афзояндаи раванди ҷаҳонишавӣ, мафҳуми дипломатияи об васеъ гардида, он ба муносибатҳои байни кишварҳои соҳилӣ ба ҷалби кишварҳои сеюм ва созмонҳои байналмилалӣ далолат мекунад. Ҳамин тариқ, бо назардошти тамоми меъёрҳои замони муосир дар масъалаи об, дипломатияи об, ин воситаи татбиқи сиёсати хориҷии як давлат дар масъалаи об, ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои махсус барои ҳалли проблемаҳо, фаъолияти расмии сарони давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ё ниҳодҳои махсус мебошад. Ҳамзамон дипломатияи об, дар татбиқи сиёсати хориҷӣ оид ба масъалаҳои об ва ниҳоят ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон оид ба масъалаҳои об дар муносибат бо дигар давлатҳо мебошад.

Масъалаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми муайян қарор дорад. Муносибат ба захираҳои об тағйир ёфта, об ба арзиши миллӣ ва омили асосии рушди Тоҷикистон табдил ёфтааст. Чунки об манбаи асосии истеҳсоли энергияи сабз мебошад. Ҳамзамон нерўи сабз барои баровардани эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва хоҷагии халқ зарур буда, барои устувории сиёсии давлат муҳим аст. Бо дарназардошти иқтидори ғании об ва аҳамияти рӯзафзуни захираҳои об дар рушди давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунӣ, истифода, истеъмол, ҳифзу нигаҳдории захираҳои об пурзӯр намудааст.

Ҳадафи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар, муносибати оқилона ба захираҳои об, ҳамчун захираҳои асосии табиии ҷумҳурӣ мебошад. Ин аст, ки тадриҷан бо рушди соҳаи иҷтимоию иқтисодии давлат ва ташаккули суботи сиёсӣ дар кишвар сиёсати об дар Тоҷикистон низ рушд мекунад. Дар баробари ин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон об ва нерўи сабз аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки дар авлавият қарор доранд. Ин воқеиятро Пешвои муаззами миллат дар Раванди оби Душанбе бори дигар таъкид намуданд: «Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо муайян гардидааст».[1]

Албатта масъалаи об ва истифодабарии захираҳои об барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ин масъала ба ҷумлаи масъалаҳои муҳими дохилиминтақавӣ табдил гардидааст. Масъалаҳои ҳалношудаи вобаста ба об дар минтақа, пеш аз ҳама хушкшавии баҳри Арал, истифодабарии мақсадноки захираҳои об, танзим гардидани захираҳои об дар байни давлатҳои болооб ва поёноб ва ғ. мебошанд.

Оқибатҳои давомдори хушкшавии баҳри Арал, ки аз масъалаҳои асосии минтақаи Осиёи Марказӣ дар масъалаи об мебошад. Ҳалли ин масъала бидуни фаъолсозии ҳамкориҳои густурдаи байнидавлатҳо бо СММ, кишварҳои манфиатдор ва сохторҳои байналмилалӣ ғайриимкон аст. Тоҷикистон аз замони таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (IFAS) яке аз кишварҳои фаъол нақши муҳим бозидааст. Ёдовар мешавем, ки Бунёди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуда, барои бартараф намудани паёмадҳои буҳрони Арал нақши хосса дорад. Инчунин маблағгузорӣ ба он бо иштирок ва дастгирии фаъолонаи барномаҳои гуногуни СММ, САҲА, ЮНЕСКО, институтҳои бонкии ҷаҳонӣ, инчунин ҳукуматҳои кишварҳои донор амалӣ мегардад.

Албатта, тағйирёбии иқлим, ки онро ҳар як сокини сайёра эҳсос мекунад, офатҳои табиӣ, ифлосшавии системаҳои обии ҷаҳон бо партовҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, обшавии пиряхҳо, паст будани фарҳанги истифодабарии об аз масъалаҳои глобалие мебошанд, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он рӯба рӯаст.

Дар баробари дигар масъалаҳои ҳалношудаи оид ба об дар минтақа, воқеияти дигаре амалӣ гардида истодааст, ки дар оянда шояд ҳамчун аз ҷумлаи «буҳронҳо» дар муносибатҳои байнидавлатии иддае аз кишварҳои минтақа гардад. Шурўъ гардидани сохтмони канали Қуштеппа дар Афғонистон, ки ба он об аз Амударё ҷорӣ мегардад, далели ин гуфтаҳост. Дар асоси нақшаи тарҳрезигардида, дарозии канали мазкур 285 километр, бараш 100 метр ва чуқурии он қариб 8,5 метр хоҳад шуд. Дар назар аст, ки лоиҳа соли 2028 ба анҷом мерасад.[2]

Бояд қайд кард, ки захираҳои обии як кишвар ҳамчун сарвати миллии он ба шумор меравад. Аммо истифодаи самаранок бо дарназардошти меъёрҳои муосири пешбинишуда барои кишварҳои болооб зарур аст. Дар ҳоле, ки аз обҳои Амударё барои обёрӣ ҷумҳуриёрии Узбекистон ва Туркманистон истифода мебаранд ва дар натиҷаи ба истифода додани канали Қуштеппа ба иқтисодиёти кишоварзии ин ду кишвар таъсири манфӣ хоҳад расид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироа намудани ташаббусҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об хоҳони он аст, ки дар ҳалли масъалаҳои об нақши худро гузорад. Пешбурди дипломатияи об дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ бо пешниҳод намудани ташаббусҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба монанди - «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, 2013» далели ин гуфтаҳост. Ҳадаф аз пешниҳоди ин ташаббусҳо ҳалли масъалаҳо вобаста ба об дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои таъмини ҳаёти созандаи инсоният дар дастрасӣ ба об мебошад. Тоҷикистон дипломатияи кушоду шаффофи минтақавии обро бо эҳтироми зиёд нисбат ба давлатҳои минтақа пеш мебарад. Ин аст, ки чунин муносибат ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва эътимодбахши кишварҳои минтақа дар истифодаи захираҳои минтақавӣ мусоидат менамояд.

Боиси таъкид аст, ки масъалаҳои вобаста ба об аз ҷумлаи масъалаҳои калидии ҳамкориҳои байни кишварҳои ҷаҳон буда, аз нигоҳи таърихӣ боиси сарзадани низоъҳо низ гардидаанд. Чуноне муҳаққиқон таъкид месозанд: «Аз соли 1948 инҷониб 295 созишномаи байналмилалӣ вобаста ба об ба имзо расидааст, ки дар натиҷа камтар аз 40 ҳодисаи муноқишаи шадид дар масъалаи об дар 71 соли охир ба вуҷуд омадааст. Аммо танҳо 1/3 обҳои рӯизаминии фаромарзӣ (дарёҳо ва кӯлҳо) ва камтар аз 1% обҳои фаромарзӣ механизмҳои ҳамкорӣ доранд».[3]

Дар шароити афзоиши аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши норасоии об, ифлосшавии об, ки боиси афзоиши рақобат барои об байни кишварҳо мегардад, зарурати тағйир додан ва васеъ гардидани муносибатҳои байнидавлатҳо воқеият пайдо мекунад. Имрўз об на танҳо барои фароҳам овардани масоили иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли нерўи сабз аст, балки он ба муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатӣ низ алоқамандӣ дорад.

Имрўз мушкилоти зиёд дар самти истифодабарии захираҳои обӣ дар минтақа мавҷуд мебошад, аз он ҷумла:

- мутобиқсозии манфиатҳои ирригатсионӣ бо манфиатҳои гидроэнергетикӣ;

- истифодаи технологияи муосири каммасраф дар соҳаи обёрӣ, масалан, гузаштан ба обёрии қатрагӣ;

- татбиқи муштараки лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ барои истеҳсоли нерўи сабз бо истифода аз имкониятҳои молиявии кишварҳои поёноб барои дастгирии кишварҳои болооб;

- алоқамандии масъалаҳои оид ба об ба вазъи демографии кишварҳо, аз он ҷумла зиёд шудани майдонҳои заминҳои обӣ, нарасидани оби нӯшокӣ ва дигар омилҳо бо омили асосӣ – афзоиши аҳолӣ алоқаманд мебошанд;

- ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба об дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба манфиати тамоми ҷонибҳои манфиатдор ва амнияти экологӣ, инчунин табдил додани об ба “ташаббус”-и ҳамкорӣ ва ҳамгироии кишварҳо ва ғ.

Албатта вазъи ҷаҳони муосир бо назардошти мушкилоти муштараки байни кишварҳо дар соҳаи об, махсусан истифодаи захираҳои обҳои фаромарзӣ, норасоии оби тоза ва мушкилоти худи об дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъона ва комплексии байнидавлатиро талаб менамояд. Ин аст, ки бо раванди ташаккули ҳамкориҳои муосири об, зарурат ба пайдоиши як қатор созишномаҳои байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи муносибатҳои об алоқаманд аст.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили пешбурди муваффақонаи дипломатияи об, яке аз ҷумҳуриҳои пешсаф мебошад. Масъалаҳои вобаста ба об аз масъалаҳои меҳварӣ ва калидӣ дар муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои минтақа ва ҷаҳонӣ буд ва боқӣ хоҳад монд. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба иқлим ва об дар барномаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва дар рўзномаи конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баррасӣ ва таҳлил мегарданд, ки он хело ҳам муҳим аст. Баргузории Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки дар таърихи 11-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, айни ҳамин гуфтаҳост. Бо назардошти ин воқеият, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон дар ин конфронс, чунин иброз доштанд: «Конфронси мазкур барои дарки моҳият ва муҳиммияти об дар рушди устувор ва зарурати амалҳои муассиру таъхирнопазир дар ин соҳаи ҳаётан муҳим таҳаввулоти ҷиддиро ба бор овард. Яъне, мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзӯи бағоят муҳим муттаҳид созем.

Вале, хотирнишон бояд кард, ки амалу иқдомҳои имрӯзаи мо барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самт муайянгардида ҳоло ҳам кофӣ нестанд, зеро хавфу таҳдидҳои муосир нисбатан босуръат ва пуртаъсир гардидаанд».[1]

Нусратулло Зокирзода, номзади илмҳои фалсафа

[1] Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” 11.06.2024. Манбаи электронӣ:

http://president.tj. Рўзи муроҷиат: 14.06.2024.

[2] Азиза Капар кизы. Строительство канала в Афганистане угрожает водной безопасности Центральной Азии. Электронный ресурс: https://economist.kg/mnenie/2024/05/08/stroitielstvo-kanala-v-afghanistanie-ughrozhaiet-vodnoi-biezopasnosti-tsientralnoi-azii-ekspierty/. Дата обращение: 05.06.2024.

[3] Что такое водная дипломатия, и почему она актуальна сегодня? Электронный ресурс: https://www.bluepeace-centralasia.ch/ru/about/hydrodiplomacy/. Дата обращение: 20.05.2024.

[4] Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” 11.06.2024. Манбаи электронї: http://president.tj.

Ҷаҳонишавӣ ки яке аз равандҳои муосири ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад дар асоси он ташкилшавии низомҳои нави иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ба амал омадааст, ки аз доираи давлатҳои алоҳида берун баромадаанд. Ин раванд ба инкишофи нобаробарии иқтисодиёти кишварҳо, аз байн рафтан ва сустгардидани мақоми арзишҳои фарҳангӣ, динӣ ва миллӣ мерасонад. Аз ин рӯ, барои давлатҳо, ки дар маҷмуъ гирдоваранда (муттаҳидкунанда)-и арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ мебошанд, зарурият пеш омада ки барои пойдорӣ ва бақои худ саъю талош кунанд, то дар сели ҳалокатбори ин раванди ҷаҳонӣ намонанд.

Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошуравӣ аз он ҷумла, ҷомеаи Тоҷикистон таҳдид мекунад ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар доираҳои асарҳои илмӣ ва мақолаҳои матбуоти даврӣ ба таври гуногун инъикос мегардад. Барои он ки ин мафҳум дар асоси фаҳмиши ҷаҳонбини ба таври гуногун арзёбӣ мегардад. Аз он ҷумла, дар зери ин мафҳум таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ, таассубгароӣ, падидае, ки аз қонуниятҳо ва нормаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Албатта падидаи радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст ва он дар ҷомеаҳое зуҳур мекунад ки ин ҷомеаҳо давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.

Вожаи радикализм аз забони лотинӣ «radix» гирифта шуда ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ идеяҳо ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки барои дигаргун сохтан, сарнагун сохтани (аз беху бун, реша) институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошад. Яъне дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намудан, ҳатто агар лозим шавад бо тариқи зӯрӣ. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илми сиёсӣ ҳанӯз дар асри 18 аввалин бор дар Англия истифода гардид, ки он вобаста ба Ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 буд.

Баъдтар дар ақидаҳои Ҷ. Локк, Ж.Ж. Руссо ва У. Годвин ҳамчун истилоҳ истифода гардид. Мафҳуми радикализмро дар муносибат бо ҷомеашиноси англис Иеремия Бентам (1748- 1832 гг.) – асосгузори фалсафаи утилитаризми англис ва яке аз назарияпардозони либерализми сиёсӣ, истифода мекарданд, ки пайравони ӯро «файласуфони радикал» мегуфтанд.

Дар асри 19 бошад радикализм ҳамчун ҳаракати сиёсӣ, фалсафӣ, динӣ, ислоҳотӣ ва фарҳангӣ рушд намуд. Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асоси идеологии як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо ироа намудани ақидаҳои худ радикализм мақсадҳои худро доро мебошанд, ки он иборат аст аз муносибати номатлуб бо режими сиёсии мавҷудбуда ва роҳҳои баромад аз ин вазъият танҳо бо роҳи барҳам додани сохти мавҷуда.

Ҳамин тариқ, радикализм ҳамчун як қувваи фаъоли ҷамъиятӣ дар баробари вориди майдонҳои сиёсӣ ва динӣ шудан ҳадафҳои худро мегузорад. Радикализм ҳаракатест, ки бо сохти мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст, сайъ мекунад, ки авзоъро дар ҷомеа ноором созад ва чунин фаъолиятҳоро дар равандҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ чунин фаъолиятҳо иҷро менамояд:

- огоҳӣ ва иттилоърасонии ҷомеа нисбати бесарусомониҳо дар ҷомеа;

- тақвият додани бӯҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи норозигии мардум фишор овардан нисбати сохти сиёсии мавҷуда;

- майли норозигӣ ба нормаҳои мавҷуда ва кӯшиши навоварӣ ва дигаргунӣ даровардан.

Хамин тариқ радикализм ҳамчун як падидаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба шумор меравад, ки вазифааш дигаргуниҳои қатъӣ ворид кардан мебошад. Дар ҷомеаҳое, ки вазъашон ором аст, ҳукумат метавонад қувваҳои гуногуни иҷтимоиро ба низом дароварад. Аммо дар ҷомеаҳое, ки ба истилоҳ «давраи гузариш»-ро аз сар мегузаронанд зуҳури радикализм меафзояд.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи нишондодҳои оморӣ дар Тоҷикистон нисфи зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Паҳн гардидани ақидаҳои радикализм дар миёни ҷавонон аз чанд сабаб вобастагии зич дорад. Пеш аз ҳама ҷанги шаҳрвандӣ, ки гузашт аз зумраи сабабҳои асосӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи асосии қувваҳои радикалӣ ин ҷавонон мебошад, ки бо ҳар роҳу восита тавонанд ҷавононро бо ақидаҳои худ мусаллаҳ намоянд, ки ин дар навбати худ сабабҳои хосро доро мебошад, аз он ҷумла:

«Яке аз омилҳои асосии рушди радикализм дар миёни ҷавонон ин суст будаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ мебошад. Ба ғайр аз ин ин масъала (яъне рушди радикализм – Н.З.) аз мавзуъҳои асосӣ ва актуалӣ то ҳол қарор нагирифтааст. Мутахассисон масъалаи мазкурро танҳо дар доираи мизҳои мудаввар ва конфронсҳо баррасӣ мекунанду халос».

Бояд қайд намуд, ки дар сатҳи давлатӣ барои пешгирии ин падидаи номатлуб чораҳо андешида шуда истодаанд. Барои барҳам додан ва манъ намудани рушди радикализм дар миёни ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналхалқӣ як қатор чорабиниҳо гузаронда шудааст. Дар соли 2010 Форуми «Радикализм ва ҷавонон: роҳҳои бартараф намудани таъсири радикализм ба ҷавони Тоҷикистон» шуда гузашт. Ин форум аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва туризми назди Хукумати ҶТ ва ташкилоти International Alert шуда гузашт. Дар ин форум ва чорабиниҳое, ки гузаштаанд, як қатор роҳу усулҳои барҳам додани таъсири радикализм ба ҷавонон пешниҳод гардидааст. Инчунин роҳҳои манъ намудани ҷавонон аз ин падидаи номатлуб баррасӣ гардидаанд. Дар ин консепсия фикру мулоҳизаҳои худи ҷавонон низ пешниҳод гардидааст.

Дар баробари дигар сабабҳо дохил гардидани ақидаҳои радикализм як қатор сабабҳои объективӣ низ дорад. Ҳамаи қувваҳои радикалӣ кӯшиш мекунанд, ки ҳамон «халои маънавӣ ва фарҳангӣ»-ро, ки ҷомеаҳои пасошӯравиро фаро гирифта буд пур намоянд ва дар баробари он ҷавононро баҳри пиёда сохтани манфиатҳои худ истифода баранд. Вале бояд қайд намуд, ки ҷомеаи мо, ки анъанавӣ аст ва омили динӣ нақши калидӣ дорад, равандҳои радикалӣ дар шакли дин ворид мешаванд.

Роҳҳои воридшавии радикализм дар миёни ҷавонон гуногун аст. Ба монанди таҳсил дар хориҷа, бо воситаи сайтҳои интернетӣ, расонаҳои ахбори омма ва ғайра.

Дар ин ҷо метавон таҳсил дар хориҷаро қайд намуд. Ҷавононе, ки дар хориҷа дар нуқтаҳои гуногуни мамлакатҳои исломӣ таҳсил кардаанд, дар баробари омаданашон ба дохили ҷумҳурӣ бо рӯхониёни суннатӣ бархурди сахт намуданд. Албатта, ин бархурди онҳо, ки бо номи «салафӣ» ва «ваҳҳобӣ» як бархурди дохилидинӣ буд, вале таъсир ва инъикоси худро дар ҷомеа гузошт. Онҳо чунин мепиндоштанд, ки ақидаи мусулмонони кишвар, аз он ҷумла пайравони мазҳаби ҳанафӣ, аз асосҳои ислом дур шудаанд ва ба талаботҳои воқеии ислом ҷавобгӯ нестанд.

Дар миёни ҷавонон намояндагони дигари ақидаҳои радикалӣ дошта мавҷуданд, ки сирф ба сиёсат дахл карда арзишҳои исломиро ҳамчун василаи ақидаҳои худ истифода мебаранд:

«Бино ба ақидаи мутахассисон, ҳаракатҳо ва ташкилотҳои зиёдест, ки аз номи ислом баромад мекунанд, вале дар воқеъ онҳо амаликунандаи он барномаҳои геополитики қувваҳои муайяне ҳастанд, ки барои ноором намудани амнияти минтақа равона шудааасн, ки ҳадафҳои муайяни геостратегӣ доранд. Пойгоҳҳои расонаҳои ҷамъиятӣ, махсусан Фейсбук баёнгари он аст, ки намояндаҳои ҳаракатҳои ғайрирасмии динӣ, ин пойгоҳро ҳамчун минбари паҳнкунандаи ақидаҳои худ ҳисоб менамоянд. Такя намудани ин қувваҳо ба арзишҳои исломӣ аз он сабаб аст, ки дин дар ҷомеаи Тоҷикистон роли муҳим мебозад ва муассисаҳои қавии динӣ вуҷуд надоранд, ки мутахассисони варзидаи илоҳиётшинос тайёр намояд».

Маҳз ҳамин надоштани донишҳои динӣ метавонад заминаи хубе ба рушди ақидаҳои номатлуби радикалӣ дар миёни ҷавонон оварда расонад. Инчунин дар пойгоҳи хабарии Фейсбук ва дигар расонаҳои даврӣ мо шоҳиди муколамаҳои пайравони ақидаҳои динӣ ва дунявӣ мегардем. Ин гуфтугузорҳо баъзан муташанниҷ мегарданд, ки ду қувваи ба ҳам зидро ташкил менамоянд. Дар маҷмӯъ ин ҳамон набардҳои ақидативу идеологиро мемонад, ки асосан аз даврони советӣ ба мо мерос мондааст. Бархе ақида доранд, ки дин ва таълими динӣ кори ҳар як фарди алоҳида аст ва онро наметавон ҳатто дар сатҳи давлатӣ ба низом даровард. Дар баробари нодида гирифтан ин раванд, шояд заминае гардад барои пайдоиши ягон қувваҳои радикалӣ дигар.

Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як гурӯҳи муташаккили низомёфта дар миёни ҷавонон вуҷуд надорад, балки ақидаҳое вуҷуд доранд, ки ба арзишҳои миллӣ ва динии ҷомеаи мо таҳдид мекунанд. Дар ҳар ҷомеа рушди ин ва ё он падидаи манфӣ ба сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ва шаҳрвандони он сахт алоқаманд аст. Дар сатҳи паст қарор доштани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ метавонанд ҷавононро ба сафи қувваҳои радикалӣ сафарбар намояд.

Ҳамин тариқ, бино ба ақидаи назарсанҷон ва таҳлилгарон дохил гардидани ақидаҳои радикалистиро дар миёни ҷавонон аз чанд омил медонанд, аз он ҷумла омилҳои демографӣ, маънавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра.

Дар баробари ин омилҳо метавон гуфт, ки аҳолии Тоҷикистонро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд ва ҷои худро дар ҷомеа намеёбанд ва билохир худро дар сафи қувваҳои радикалӣ мебинанд. Инчунин чуноне қайд гардид, ташкилотҳои махсуси радикалии кишварҳое, ки манфиат доранд, метавонанд ақидаҳои худро дар байни ҷавонон ҷоннок намоянд. Дар ин раванд метавонанд, ҷавононе, ки дар мактабҳои махсуси экстремистии хориҷа таҳсил кардаанд саҳмдор бошанд. Дар баробари ин омилҳо метавон омили иқтисодиро бояд ба назар гирифт, ки он як аз омилҳои калидии рушди ақидаҳои радикалӣ дар ҷомеа мебошад. Махсусан, набудани ҷойҳои корӣ дар кишвар сабаби асосии рушди муҳоҷирати меҳнатӣ мегардад. Метавон гуфт, ки муҳоҷират яке аз заминаҳоест барои рушди ақидаҳои радикалӣ.

Барои пешгирӣ намудан аз зуҳур ва хатари радикализм, дар шароити ҳозираи рушди ҷомеаи тоҷикон, низоми таълимӣ (оила, мактаб, мактабҳои олӣ) бояд дар раванди шаклгирии рӯҳияи ҷавонон дар масъалаҳои миллӣ, ватандӯстӣ дошта бошанд, ки он бояд дар сиёсати давлат оиди ҷавонон дарҷ гардад. Яке аз роҳҳои бартараф намудани радикализми динӣ бояд дар дохили ҷумҳурӣ таълими динӣ ва асосҳои диншиносӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда шавад. Имрӯз бояд ҷавонон иттилоъи бештар дошта бошанд доир ба динҳои ислом, яҳудият ва насроният. Баъд аз дониш пайдо кардан онҳо наметавонанд пайравӣ аз ҳаракатҳои номатлуб кунанд.

Сиёсати давлатии ҷавонон ин фаъолити давлатӣ буда, барои фароҳам овардани шароитҳои иқтисодӣ, ҳӯқуқӣ, иҷтимоии ҷавонони мамлакат сафарбар карда шудааст. Ҳамин тариқ, дар асоси барномаҳои давлатӣ бояд ҳисси ватандӯстӣ ва ободкорӣ дар рӯҳияи ҷавонон тарбият карда шавад. Ватандӯстӣ пайвандгари асосии якдилӣ ва муттаҳидии ҷавонон дар ҷомеаи мо ба шумор меравад, ки бар зидди ҳар гунна падидаҳои шовинистии миллатгароӣ, радикалӣ, экстремистӣ нигаронда шудааст.

Ватанпарварӣ, ки яке мафҳумҳои ахлоқӣ ба шумор меравад, дар ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва рафтори фард инъикос меёбад. Ин падида дар фаъолияти шахс зоҳир гардида ба таври дақиқ муҳаббат ба як порчаи азиз Ватанро ифода мекунад, ки рафта–рафта ба як худшиносии умумиватанӣ оварда мерасонад. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки бояд мо заминаҳои хуб дар кишвар муҳаё кунем, ки ҷавонон тавонанд шахсияти худро дарёбанд, арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва диниро дарк намоянд ва тамоми қувваи худро баҳри ободӣ ва рушди Ватан сафарбар намоянд.

Зокирзода Нусратулло - ходими калони илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ-и АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо