Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини рушди устувори кишвар, таҳкими сулҳу субот ҳам дар минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ дорад. Бо дарназардошти ҷолишҳо ва таҳдидҳои муосир Тоҷикистон талош дорад, ки манфиатҳои худро ҷиҳати пешбурди сиёсати хориҷӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки имкон фароҳам меорад, ба ҳадафҳои созанда вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва ҳалли мушкилоти доғи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон иштироки фаъолона дар равандҳои глобалӣ мебошад, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарини умумибашарӣ нигаронида шудааст. Моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии об баргузор гардид, ки он дар пешбурди ташаббусҳои кишвари мо дар соҳаи идоракунии захираҳои об марҳалаи назаррас гардид.
Дар соли 2025 Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро баргузор хоҳад кард, ки дар он масоили тағйири иқлим ва ҳифзи манобеъи об баррасӣ мешавад. Ин чорабиниҳо ӯҳдадориҳои Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои экологии марбут ба тағирёбии иқлим ва хатарҳои офатҳои табиӣ таъкид мекунанд.
Яке аз вазифаҳои асосӣ идомаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби раванди оби Душанбе, ки ба ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо нигаронида шудааст, мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо Тоҷикистон ният дорад, ки ҳамкориҳои байналмилалиро тавассути татбиқи ташаббусҳое, ки ба коҳиш додани таъсири тағйири иқлим мусоидат мекунанд, фаъолона таҳким бахшад. Дар ин замина, як ҷузъи муҳими стратегияи сиёсати хориҷӣ рушди муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси эътимод ва самимият боқӣ мемонад. Ин ба таҳкими фазои сулҳу субот мусоидат намуда, рушду пешрафти муштаракро дар минтақа таъмин менамояд.
Тоҷикистон ҳамчунин густариши равобит бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро яке аз авлавиятҳои муҳими худ медонад. Мамлакати мо дар давоми зиёда аз се даҳсола ба мустаҳкам намудани муносибатҳои гуногунсоҳа бо мамлакатҳои Аврупо, ИМА, Осиё, Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳо тайёр будани худро намоиш дод. Сиёсати дарҳои кӯшода барои ҳамкориҳои судманд ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар форматҳои бисёрҷониба шароит фароҳам меорад.
Ба рушди “иқтисоди сабз”, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, ҳифзи муҳити зист, инчунин ҷалби сармоя ва таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Ин соҳаҳо ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ табдил меёбанд. Илова бар ин, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат боқӣ мемонад.
Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳо идома медиҳад. Ин муносибатхо ба иштироки фаъолонаи мамлакати мо дар процессхои чахонй ва мустахкам шудани роли он дар арсаи байналхалкй мусоидат мекунанд.
Ҳамин тариқ, сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ноил шудан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди устувор, таҳкими суботи минтақавӣ ва пешбурди манфиатҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои созанда ва ояндадор бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шарикони байналмилалӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Бедилзода Ҳ - мудири шӯъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ҳама комёбиҳову пешравиҳо ва муваффақиятҳоро дар бахши сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамояд, ки имсол дар таърихи 28 декабри соли 2024, ин маъракаи муҳимми сиёсӣ баргузор карда шуд ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда муайян карда шуд.
Самтҳои муҳимми хоҷагии халқи кишвар дар паёми навбарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Пешвои миллат бештар ба арзишҳои миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дар роҳи эъмори давлатдорӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ гуфта гузаштанд.
Масъалаҳои калидӣ, ки дар меҳвари паёми навбарӣ таваҷҷуҳро зиёдтар ҷалб менамуд, ин пеш аз ҳама ташаббусҳои ҷаҳонии мамлакат, аз ҷумла эълон гардидани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо, ҳифзу қироати “Шоҳнома”-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ, диди тоза ва пажуҳишҳои саривақтӣ дар шинохти “Наврӯз”, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб, аз ҷумла одамрабоӣ, терроризм, мубориза бар зидди коррупсия, инчунин ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ҳурмату эҳтиром миёни ҷавонон ва калонсолон, эҳтиром ба зан – модар, этикаи касбӣ, маърифати молиявии шаҳрвандон ва варзишу ҷавонон ва дигар масъалаҳои муҳим буданд.
Дар ҳар давру замон ҷавонон нерӯи созандаи халқҳову миллатҳо ва давлатҳо будаанд ва аз ҷониби сарварони сиёсии оқилу донишманд ва роҳнамову мушфиқу ғамхор дастгирӣ ёфтаву ба қуллаҳои баланди илму дониш ва маърифат мерасиданд, ки ин ҳама ғамхориҳову кӯмакҳову имтиёзҳо нисбати ҷавонон ва наврасон дар тӯли 33 соли давлатдории Президенти маҳбуби кишварЭмомалӣ Раҳмон мушоҳида мешаванд.
Таҳсили беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат дар донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон нишондиҳандаи сатҳи баланди таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ ба намояндагони халқ иброз доштанд, ки имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Агар аз паём то паём нишондодҳои омориро назар афканем, мебинем, ки ҳатман навигарие, ибтикоре, дастгирие, пешравие аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ба мушоҳида мерасад ва ҳатман қадам ба қадам ҷавонон ба сӯйи ояндаи дурахшон мениҳанд ва ҳамеша дар тарафи тобон ҳастанд.
Яке аз дигар ташаббусҳои созандаироҳбарияти олии кишвар нисбати ҷавонону наврасон ин таъсиси озмунҳо мебошад, ки Пешвои миллат оиди ин масъала дар паёми навбатӣ андешаҳои худро ироа намуданд ва аҳамияти ин озмунҳоро шарҳ доданд. Аз ҷумла озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат», ки то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавононро дар бар гирифта, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд, ки ин низ ҷиҳати ҳавасманд намудани ҷавонону наврасон як нишондоди назаррас мебошад.
Чи гунае, ки Сарвари кишвар ҳамеша таъкид медоранд, “Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст”, ин шиори доимамалкунанда роҳбарони вазоратҳову идораҳоро пайваста ҳушдор месозад, ки барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо омода бошанд.
Дар паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин самт иброз намуданд, ки барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кадрҳои баландихтисос ва кордону корсоз дар кадом самте набошад, корро сифатан хубу аъло месозанд ва ҳусни амалро зиёда мегардонанд.
Сарвари давлат бо андешаҳои созанда, маслиҳатҳои омӯзанда ва ҳисси баланди масъулият қалби ҷавононро ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намуда, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат бедор месозанд. Аз нигоҳи некбинонаи Роҳбари кишвар ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол буда, таъкид менамоянд, ки “..маҳз ҷавонон масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”.
Дар гузориши худ Президенти кишвар таъкид намуданд, ки “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд,иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”. Дар муқоиса ба солҳои қаблӣ ҳақиқатан ҳисси ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон баландтар мегардад ва шуҷоату матонат, далериву ҷасурӣ, завқи баланди корбарӣ ва кордонии онҳо бештар мушоҳида мешавад.
Баҳри ҳавасманд гардонидан ва бовар кунонинади ҷавонон ва инчунин бовар доштани Пешвои миллат аз нерӯи бузурги ҷавонон бо дили пур ва умеди комил дар паёи навбатӣ қайд намуданд, ки “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем”.
Мувофиқи таҳлилҳо ва нишондиҳандаҳои назаррас имрӯз 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад ва ин аз кишвари ҷавон ва ҷавонпарвар будани Тоҷикистон дарак медиҳад. Пешвои муаззами миллат ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ҷавононро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбият намуда, ҳамчун мутахассиси варзида ҷиҳати таҳсили онҳо дар дохили кишвар ва хориҷӣ кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд ва аз ин сабаб аз ҷавонон боварии комил доранд, ки мо ҷавонон бояд ҳамеша барои ҳифзи марзу буми кишвар омода бошем ва бо завқи баланд ва ниятҳои неки бегазанд барои эҳтироми волидайн ва тарбияти фарзанд камари ҳиммат бубандем ва ҳамчун ҷавони саодатманди кишвар зираку ҳушманд ва муҳофизи асили ин сарзамини аҷдодиамон бошем.
Президенти кишвар бар замми мушкилоти дигари ҷойдошта дар ҳар паём ба намояндагони халқ ҷойгоҳи ҷавононро бо як ҳисси баланди худшиносӣ ва хештаншиносӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд ва дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода буда ва зираку ҳушёр бошанд.
Ҷавононро мебояд, ки барои эътимод ва боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишмандаи хешро гузоранд ва барои ҳамешагӣ пайравони асили Пешвои миллат бошанд.
Зиёзода Субҳиддин Насриддин, - номзади илмҳои филология, раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳақиқат зан модар бузургтарин неъмат, барои ҳар як фарзанд аст. Бешак, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиї наќл намояд. Аз ин ҷост, ки шеваи рафтору ахлоқи модар дар сифати идроки фарзанд таъсири бевосита мегузорад.
Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун шахсони масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад. Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд.
Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ў ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».
Зан модари тоҷик имрӯз дар баробари тарбиятгари насли наврас буданаш боз дар баробари мардон дар тамоми сохторҳои давлатӣ барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон заҳмат мекашад. Дар солҳои охир ширкати занон дар умури идорӣ ва соҳаҳои дигар равнақи тоза ёфта, имрӯз қувваи асосии соҳаи маориф бонувон мебошанд, ки мо зикри ин нуқтаро дар Паёми Пешвои миллат дучор меоем: «Дар соҳаи маориф 73 фоиз бонувону занон фаъолият мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз 37 фоизи занони донишманд ва бомаърифати тоҷик, пурмаҳсул заҳмат мекашанд». Бояд қайд намуд, дар ягон таълимоти исломӣ зикр нагардидааст, ки занон нисбат ба мардон ҳуқуқи пастро соҳибанд ва ҳақ надоранд, ки ҳамқадами ҷомеа бошанд. Баръакс ягон дини дигар мисли ислом барои занҳо ҳуқуқи бештарро қоил нест. Бо дарназардошти мақом ва ҷойгоҳи зан дар дини мубини ислом ва аз нигоҳи дорои мавқеи вежа будани зан – модар дар давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, маҳз дар ин хусус дар Паём чунин таъкид карданд: «Бовар дорам, ки модарону занони муҳтарам ва бонувону хоҳарони азизи мо минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқамон, таҳкими оила, ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд.
Ҳамин тавр, зан – модар дар таълиму тарбияи фарзандон нақши калидӣ дошта, ӯ ягона шахсест, ки тамоми ҳастияшро барои пешрафти фарзанд, ташаккули шахсияти ӯ заҳмат мекашад. Зан – модар аввалин мураббии тамоми инсоният аст».
Ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бори дигар собит намуд, ки дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа дар сиёсати Пешвои муаззами миллат мавқеи хоса дорад.
Бори дигар мо бонувону занони саодатманди Тоҷикистони азиз аз нуктаҳои дар Паёми мазкур дарҷгардида рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо азми устувор, иродаи ќавӣ ва нерўи тољикона дар баробари мардон баҳри рушду инкишофи тамоми соҳаҳои кишвар камари ҳиммат мебандем.Зикри ҳарфҳои уммедбахшанда собитгари он аст, ки рушди кишвар ва умури давлатдориро бидуни нерўи зеҳниву иродаи қавии занон тасаввур кардан ғайримкон аст.
Паёми мазкур бори дигар ифодагари он буд, ки занону бонувони Тоҷикистонро илму дониш ва маърифати комил бояд зевар бошад ва дар меҳвари фаъолияташон қарор бигирад.Танҳо бо эҳсоси баланди масъулият метавон бо такя ба нерўи занон умеди рўзгори беҳтареро кард.
Дар Паёми мазкур зикр карда шуд, ки “..тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намудааст”.
Нуктаи мазкурро мо занону бонувон комилан тасдиқ менамоем, зеро маҳз соҳибистиқлолӣ сабаб гардид, ки зан дар ҷомеаи Тоҷикистон мақоми хоса касб намояд, ҷойгоҳи зан дар раванди сиёсии кишвар марҳила ба марҳила рушд ва густариш ёбад, занон бо кордонию маҳорати баланд ва маърифати сиёсӣ саҳми беандозаи худро барои ободию гулгулшукуфии кишвар гузоранд.
Самараи соҳибистиқлолии кишвар аст, ки занону бонувон имрӯз на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, балки соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат, ба монанди нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, кӯҳкорӣ, бонкдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сафҳои Артиши миллӣ софдилонаю содиқона хизмат намоянд. Бо дарки ин масъала Пешвои миллат зикр намуданд, ки “Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд”.
Ҳамзамон иброз гардид, ки имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Пешвои миллат бо боварии комил иброз доштанд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуда буданд, ки “..дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст”. Аз ин гуна суханҳои волое, ки Пешвои миллат бобати мақому манзалати занону бонувон иброз намудаанд, метавон ҳазорон намуна пайдо кард.
Пас, моро мебояд, ки бо дарки амиқи ин суханҳо, махсусан муҳтавои Паёмҳои Пешвои муаззами миллат баҳри рушди ҳамаҷонибаи кишвар саҳм гузошта, мақому манзалати Тоҷикистон ва зани тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардорем.
НУРАФШОН БОЗОРОВА - ДОКТОРАНТ PhD-И БАХШИ 3-ЮМИ ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АМИТ
Зан- модар ин сарчашмаи ҳаёт аст. Дар Тоҷикистон, мақому манзалати занон дар давраи соҳибистиқлолӣ хеле боло рафтааст. Онҳо на танҳо дар корҳои хона, балки дар рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, илм, тиб, фарҳанг ва соҳибкорӣ нақши муҳим доранд.
Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Президент қайд намуданд, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Имрӯз занону духтарон қисми муҳими соҳаҳои гуногуни касбиро дар кишвар ташкил медиҳанд, аз ҷумла:
25% хизматчиёни давлатӣ;
73% кормандони соҳаи маориф;
71% кормандони соҳаи тиб;
47% кормандони соҳаи фарҳанг;
37% олимон;
30% соҳибкорон.
Дар баробари ин қайд намуданд, ки имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.
Хотиррасон бояд, кард ки 9 марти соли равон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, маънавиёту маърифатии мардуми мамлакат ба таври шоиста ва зарурӣ матраҳ гардид. Президент дар ин масъала бо маврид таъкид намудаанд: “Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем.
Имруз ҳам дар баромади худ, ишора карданд, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд.
Хулосаи сухан ин аст, ки занону духтарон пешбарандаи оила дар ҷомеа мебошанд. Зан-модар аввалин устодест, ки инсонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, барои занону модарон зарур аст, ки фарзанди худро дар руҳияи ватандустӣ, худшиносии миллӣ, пос доштани расму ойин, забону фарҳанг, либоси миллӣ тарбия кунанд. То ки насли ояндасоз бофарҳанг, боаҳлоқ ва боарзиш ба камол расад ва дар пешрафту шукуфоии ҷомеа саҳми арзанда гузорад.
Дороншоева Н.Ш. - н.и.с., мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
(Фарҳанги МИЛЛӢ - муҳимтарин ишора дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28.12.2024).
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2024 баргузор карда шуд. Дар паёми навбатӣ масъалагузорию арзёбии самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар солҳои гузашта баррасӣ гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда ироа карда шуд.
Дар таҳлили зер мо масъалаи фарҳангро баён мекунем, зеро чун ҳамеша фарҳанг дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бори дигар
Тавре зикр гардид, тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.
Бо вуҷуди корҳои амалигардида, ҳоло дар кишвар 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи таъмирталаби соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад, ки ин масъала ҳалли фавриро тақозо менамояд.
Масъалаи мактабҳои мусиқӣ дар шаҳру ноҳияҳо солҳои охир яке аз мавзӯъҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин робита Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соли 2024 гуруҳи корӣ ташкил намуда, барои муайян намудан ва бартараф кардани мушкилиҳо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳайатро сафарбар намуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то имрӯз баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳатто мактаби мусиқӣ надоранд, ё инки мактабҳои мусиқӣ ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯ нестанд. Инчунин ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасад, ки бархе объектҳо ё биноҳои мактабҳои мусиқӣ аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳо ғайримақсаднок ва дар дигар шаклҳо истифода бурда мешаванд.
Пешвои миллат ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки то ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд.
Президенти кишвар ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ишора карда, таъкид намуд, ки муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати онҳо қарор дошта бошанд.
Албатта, бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва рушди муассисаҳои фарҳангӣ ба рушди маънавиёти ҷомеа, ҷаҳонбинии солим ва пешгирӣ аз хурофоту ҷаҳолат мусоидат менамояд.
Мувофиқи нишондоди Паёми ироагардида, имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи соҳаи фарҳанг идома дорад.
Сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар пойтахти мамлакат босуръат идома дошта, Пешвои миллат иброз кард, ки дар назар аст, иншоотҳои мазкур дар рӯзҳои ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ, ки ба соли 2027 рост меояд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Бунёди биноҳои мазкур дар қалби пойтахт ва тибқи нақшаи сатҳи байналмилалӣ тарҳрезӣ гардида, бори дигар далели он аст, ки фарҳанг аз авлавиятҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳаи фарҳанг низ инкишофи бемайлон ёфтааст. Гуфта мешавад, агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024-ум ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил додааст.
Ҳамзамон, Президенти кишвар ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанг дастур додаанд, ки ҷиҳати баргузории ҷашнвораи 2550 - солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар қароргоҳи ЮНЕСКО чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Таҷлил ва баргузор намудани чорабиниҳо дар сатҳи байналмилалӣ, хоссатан дар қароргоҳи ЮНЕСКО, ки бонуфузтарин созмони ҷаҳонии фарҳангӣ ба ҳисоб меравад, нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар менамояд.
Ҷолибтарин ва муҳимтарин нуқтаи зикргардида дар бахши фарҳанг зимни ироаи Паёми Президенти кишвар ба андешаи банда ҳамчун муҳаққиқи ҷавон ин ишора ба рушди "ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ" буд. Зикр карда шуд, ки мо бояд фарҳанги миллиро рушд диҳем. Агар рушд надиҳем дигар фарҳангҳо ҷои онро мегиранд.
Ин нуқта хеле муҳим мебошад, зеро бори аввал ҷанбаҳои миллигароӣ ва афзалиятҳо ба миллияти фарҳангӣ дар сатҳи олӣ ироа мегардад. Мутахассисону фарҳангшиносони мумтози кишвар бар ин андешаанд, ки на ҳама вақт фарҳанги имрӯзаи кишварҳои ҳудуди Хуросони Бузурги таърихӣ бо вуҷуди форс-тоҷик буданашон ба манфиатҳои миллии мо созгор ҳастанд. Мо имрӯз ҷанбаҳои миллии фарҳангро, ки ба хусусиятҳои этникӣ, миллӣ ва давлатӣ мувофиқ ҳастанд интихоб кунему рушд диҳем.
Мо дар шароити ниҳоят мураккаби бархӯрди фарҳангҳо қарор гирифтаем, аз ин рӯ таваҷҷӯҳ ба арзишҳои фарҳангии хос миллӣ ва рушду инкишофи онҳо зарур ва саривақтӣ мебошад. Инчунин, агар дар чунин шароит мо сари ин мавзуъ корбарӣ ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ накунем, дар фурсати наздик он аз ҷониби дигарон ғасб ва аз худ карда мешавад. Вақте дигар давлатҳо унсурҳои фарҳангии моро аз они худ муаррифӣ карда, ба Феҳрасти мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид месозанд ба камаш дар 50-100 соли оянда дигар соҳиби карда гирифтани он амрест муҳол ва ношуданӣ. Зеро, тавре маълум аст имрӯз ЮНЕСКО дар асоси конвенсияҳое амал мекунад, ки ҳанӯз солҳои 1954, 1972 таҳия ва қабул гардидаанд ва аҳамияти худро гум накардаанд.
Ин масъала ҷои ҳайронӣ низ надорад, мо шоҳид ҳастем, ки санъати дутор соли 2021 аз ҷониби Ҷумҳурии Туркменистон ҳамчун унсури фарҳангии туркменҳо ба рӯйхати ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Аммо, дар асл номи худи ин унсури фарҳангӣ аз ду решаи калимаҳои сирф тоҷикии "ду" ва "тор" иборат буда, он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватан дорад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, афзалият мешуморам то кор дар самти унсурҳои фарҳангии миллии хоси миллати тоҷик бештару зиёдтар ҷоннок карда шавад, тамоми сохторҳои марбута ва масъули соҳа ташаббус нишон диҳанд ва идораҳо бояд мақсаднок истифода шаванд.
Номгӯи унсурҳои фарҳангии мо хеле зиёд аст. Мувофиқи Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳия шудааст, шумораи онҳо зиёда аз 500 ададро ташкил медиҳад.
То имрӯз (ба ҳолати моҳи декабри соли 2024) дар руйхати репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарии ЮНЕСКО (Representative list) 10 (даҳ) унсури фарҳангии ғайримоддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид аст, ки аз ин танҳо ду ададаш (Чакан ва фалак ) унсури сирф миллии тоҷикӣ ҳастанд.
Унсурҳои фарҳангии "Наврӯз", "Шашмақом", "Атласу адрас", "Латифаҳои Хоҷа Насриддин", "Кашидадӯзӣ ва абрешимбофӣ", "Куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ", "Меҳргон" намунаҳое мебошанд, ки муштарак бо дигар кишварҳо ба ЮНЕСКО дохил карда шудаанд ва инашро ҳам бояд бигуем, ҳақиқати талх аст, ки муаллифи асосии номинатсияҳои он дигар кишварҳо (аз қабили Узбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Эрон...) ҳастанд. (Нигаред ба сомонаи расмии Созмони ЮНЕСКО: www.unesco.org)
Ҷойгоҳи унсурҳои фарҳангии миллӣ дар сохтан, рушд ва такмили давлати миллӣ бисёр муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Дар зимн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур додаанд, ки ҷиҳати рафъи пурраи камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва рушди фарҳанги миллӣ чораандешӣ намоянд.
Бо эҳтиром, Мирзошариф Абдусаломов - муҳаққиқ, Докторант PhD -и соли сеюми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. 28.12.2024.
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 28 декабри соли 2024)
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, баррасии вазъи илм ва масъалаҳои он мақоми аввалиндараҷа доштанд. Ин вобаста ба он аст, ки Пешвои муаззами миллат маҳз илм, ҷаҳонбинии илмӣ ва мактабу маорифро сабабгори рушди ҳар гуна ҷомеа медонанд ва аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ илму маорифро ба ҳайси самти афзалиятнок дар сиёсати хирадмандонаашон қарор додаанд. Аз ин рӯ, пайваста ба илм рӯ оварданро воситаи асосии раҳоии ҳар як шахси алоҳида ва ҷомеа дар кул аз хурофот медонанд, ки танҳо ба ҷаҳолат мебарад ва бадбахтӣ меоварад.
Дар пайи ҳалли чунин мушкилоти ҷомеа олимони ҷумҳуриро зарур аст, ки беш аз пеш ба рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа машғул гарданд ва тавассути таҳқиқоти илмии бунёдию татбиқӣ, оммависозии дастовардҳои илми муосир ҷиҳати расидан ба рушди устувори давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошанд. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030», ки бо супориши Пешвои миллат дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бояд ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардад, дар қатори рушди сармояи инсонӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта, бояд ба масъалаи роҳҳои ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмии сокинони кишвар низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Ҳамчун намуна метавон қайд намуд, ки дар лоиҳаи Барномаи мазкур ҷиҳати рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа бояд пешбинӣ карда шавад, ки дар таълими фанни фалсафа дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ислоҳот ворид карда шавад. Ин фан дар муасссаҳои таълимии зикршуда ҳоло, асосан, ҳамчун таърихи фалсафа таълим дода мешавад, ки ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ мусоидат намекунад. Дар барномаи фанни фалсафа бояд таълими онтология, гносеология, ки пурра ба ҷаҳонбинии илмӣ такя мекунанд, манзари илмии олам, нигоҳи илмӣ ва миллӣ ба масъалаҳои ҷомеа, аз қабили худшиносии фардӣ ва гурӯҳӣ ва амсоли он пешбинӣ гардад. Таърихи фалсафа бошад, ки асосан то охирҳои асри 19 ҷараёнҳои идеалистиро фаро мегирад, бояд дар курсҳои болоӣ таълим дода шавад.
Аз масъалаҳои дигаре, ки Пешвои миллат дар Паёмашон оид ба илм ва масъалаҳои он зикр карданд, чунин самтҳоро зикр кардан мумкин аст:
- рушди илмҳои информатсионӣ ва дар асоси ин таъмин сохтани рақамикунонии иқтисодиёт ва тамоми соҳаҳои дигари дахлдори ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар. Умед дорем, ки дар ин кор дастури Пешвои миллат ҷиҳати дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ нақши сазовор мегузорад;
- тақвияти омадасозии кадрҳои илмӣ. Вобаста ба ин ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастур дода шуд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» таҷдиди назар карда шуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардад. Дар иҷрои ин дастур зарур аст, ки камбудию норасоиҳое, ки дар ин самт зимни татбиқи барномаҳои ҳамсони қаблӣ вуҷуд доштанд, ҳатман ислоҳ карда шуда, барномаи таҷдидшуда дар заминаи омори объективию воқеъбинона оид ба иқтидори илмию молиявии муассисаҳои дахлдори илмию таҳсилоти олии касбӣ дар ҳоли ҳозир ва барои даҳ соли оянда таҳия карда шавад;
- тақвият бахшидани корҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбиявӣ ва ҷорикунии технологияҳои рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар иҷрои он бояд дар қатори мақомоти дигар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ саҳмгузор бошад. Умед дорем, ки олимони Академия тавассути таълифи китобҳои дарсии насли нав ва дастуру воситаҳои таълимии муосир дар иҷрои ин кор саҳм гирифта, ҷиҳати тарбияи кадрҳои соҳиби дараҷаҳои илмӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан барои муассисаҳои дар минтақаҳои ҷумҳурӣ воқеъбуда, кӯмак мерасонанд;
- идомаи иҷрои нақшаҳое, ки баъд аз мулоқотҳои Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои он то ин дам барои амалисозии нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда тадбирҳои зиёде андешида, аксари мушкилоти ҷойдоштаро ҳаллу фасл намудаанд. Минбаъд низ ҳар як олим ва корманди Академия дар ин кор саҳми бештаре мегузорад.
Умед дорем, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои ислоҳи камбудию мушкилоти зикршуда ва дигар вазифаҳои дар назди илми тоҷик гузошташуда дар муҳлатҳои муқараршуда ва бо сифати зарурӣ иҷро карда мешаванд. Ин ҷавоби сазовори олимони ҷумҳурӣ барои ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба ходимони илмӣ ва ба соҳаи илму маориф дар маҷмуъ хоҳад буд, хусусан аз он, ки дар Паём дастур дода шуд, ки маоши вазифавии кормандони ин соҳаҳо боз ҳам зиёд карда шавад.
Дар маҷмуъ, иҷрои дастурҳо оид ба рушди илм ва соҳаи маориф, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 28 декабри соли 2024 омадаанд, як омиле мешавад, ки он дар муборизаи илм ва ҷаҳонбинии илмӣ бо хурофоту ҷаҳолат пирӯзии аввалиро таъмин хоҳад кард. Барои ин, қабл аз ҳама зарур аст, ки боварию эътимоди зерини Пешвои муаззами миллат аз ҷавонони кишвар тавассути тарбияи дурусти онҳо аз ҷониби омӯзгорону донишмандони ҷумҳурӣ амалӣ карда шавад: «Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд».
Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид ба масъалаҳои таълиму тарбия ҳамчун асоси ҳуқуқӣ ва маънавии рушди ҷомеа, яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Асосҳои ҳуқуқӣ ва маънавии таълиму тарбия дар Паём ба андешаи мо чунин унсурҳоро дар бар мегиранд:
Асосҳои ҳуқуқӣ ва методологӣ:
- таъкид ба муҳимияти қонунгузории миллӣ дар соҳаи илму маориф, ки рушди таълиму тарбияро таъмин мекунад;
- риоя ва татбиқи баробарии ҳуқуқ ба таҳсил ва илм барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа;
- ҳавасмандгардонии омӯзгорон, олимон ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии онҳо;
- таъмини дастрасӣ ба навовариҳои илму техника ва технологияҳои муосир;
- бозбинии сохторҳои муассисаҳои соҳаи илму маориф, пеш аз ҳама ба сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани функсияҳои назоратии маориф ва аттестатсионикунонии кормандони илмӣ (ба андешаи мо дар сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташкилотҳои мавҷуда, таъсис додани сохторҳои алоҳидаи агентии назорат дар соҳаи илм ва маориф ва комиссияи олии аттестатсионӣ);
- таҳия ва дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани барномаҳои ягонаи литсентсиякунонидашудаи «Антиплагиат» ва пешбинӣ намудани гузаронидани онҳо танҳо аз ҷониби муассисаҳое, ки дар назди онҳо шуроҳои диссертатсионӣ таъсис дода шудаанд ва дар ҳолати истисноӣ аз ҷониби агентии назорат дар соҳаи илм ва маориф;
- таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрии ҳукуқӣ дар соҳаи илм, аз ҷумла ба андешаи мо: «Дар бораи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267 тасдиқ шудаанд ва бе асосҳои зарурӣ тез-тез иваз намудани муқарраротҳои онҳо, ки ба пешрафти таҳқиқотҳои илмӣ монеа мшаванд;
- таҷдиди назар намудани “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 - 2030”.
Асосҳои маънавӣ:
- тарғиби арзишҳои миллӣ, ватанпарастӣ ва фарҳангӣ дар равандҳои таълиму тарбия;
- мустаҳкам намудани рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ миёни ҷавонон;
- ахлоқи ҳамида, ҳисси масъулият ва тарбияи насли дорои маънавиёти баланд;
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ҳамеша ба рушди соҳаи маориф, илм ва маънавиёти ҷомеа ҳамчун кафили устуворӣ ва ояндаи миллат аҳаммияти махсус медиҳанд.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, рушди илм ва маориф ҳамчун яке аз самтҳои стратегии давлат таъкид гардидааст. Мазмуни асосии суханрониҳои марбут ба ин соҳа ба беҳтар намудани низоми таълим, рушди таҳқиқотҳои илмӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос равона шудааст.
Нуктаҳои асосӣ дар соҳаи илму маориф дар Паём чунинанд:
- роҳбари давлат ҷавонони кишварро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, изҳор доштанд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд;
- рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;
- дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ;
- муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ;
- зарурати ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ, андешадани чораҳои қатъӣ ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон;
- эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат мебошад;
- рӯй наоварадани тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф, миллатро дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда меоварад.
Вобаста ба ин нуктаҳо ба омилҳои зерин бояд таваҷӯҳ зоҳир намуд:
Муҳимияти илм ва маориф дар рушди ҷомеа: - илм ва маориф ҳамчун асоси пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар арзёбӣ мегардад; - таъкид ба зарурати омодасозии насли наве, ки дорои дониши замонавӣ ва қобилияти ҳалли мушкилоти муосир бошад; - омӯзиши забонҳои хориҷӣ; - омода намудани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хории кишвар.
Инфраструктура ва сифати таълим:
- афзоиши сармоягузорӣ ба соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои таълимӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои омӯзгорон ва олимон;
- таъмин намудани мактабҳо бо технологияи муосир, интернет ва маводи таълимии мувофиқ.
Рушди илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ: - таваҷҷуҳи бештар ба илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ ва инноватсионӣ;- њавасмандгардонии олимон барои гузаронидани таҳқиқотҳои дорои аҳаммияти миллӣ ва байналмилалӣ.
Баланд бардоштани сифати кадрҳо:
- ба роҳ мондани барномаҳои махсус барои омӯзгорон ва муҳаққиқон, аз ҷумла курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар;
- ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти олӣ ва илмҳои таҳқиқотӣ тавассути барномаҳои грантӣ.
Арзишҳои миллӣ ва маънавият дар таълим:
- мувофиқ намудани мазмуни таълим ба арзишҳои миллии тоҷикона, фарҳанг ва анъанаҳои мардум; - парвариши ҷавонон бо рӯҳияи ватанпарастӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ.
Дар маҷмӯъ, Паём ба аҳаммияти илм ва маориф ҳамчун воситаи асосии ташаккули ҷомеаи пешрафта ва рақобатпазир таъкид мекунад. Президенти кишвар рушди ин соҳаҳоро на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти умумии ҷомеа медонанд.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шудааст. Президент муҳиммияти ин равандро ҳамчун асоси ташаккули шахсияти комил ва рушди устувори ҷомеа таъкид намуда, роҳҳои зеринро пешниҳод мекунанд, аз ҷумла:
1. Беҳтар намудани шароити моддӣ-техникӣ. - таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷумла компютерҳо, интернет ва дигар василаҳои технологияи иттилоотӣ; - сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар минтақаҳои дурдаст барои фарогирии пурраи кӯдакон ба таҳсил; - мукаммалсозии китобхонаҳо бо адабиёти таълимӣ ва илмии муосир.
2. Баланд бардоштани мақоми омӯзгорон. - таъмини омӯзгорон бо шароити хуби корӣ ва баланд бардоштани музди меҳнат; - ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, то ки онҳо бо методикаҳои замонавии таълим шинос шаванд; - ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии омӯзгорони фаъол бо мукофотҳо ва унвонҳои ифтихорӣ.
3. Муҳтавои таълим ва тарбия. - таҷдиди назар дар барномаҳои таълимӣ бо мақсади ворид намудани фанҳои нав ва мазмунҳои илмиву амалӣ; - таъкид ба тарғиби арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ дар мундариҷаи дарсҳо; - ҷорӣ кардани дарсҳои ахлоқ ва фарҳанг дар баробари илмҳои табиӣ ва техникӣ.
4. Ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ. - истифодаи усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла таълими интерактивӣ, онлайн-платформаҳое барои дарсҳо ва системаҳои рақамӣ; - ташкили барномаҳои таълимии рақобатпазир барои ҳамгироӣ бо низомҳои байналмилалии маориф.
5. Пешбурди таҳсилоти фарогир. - фароҳам овардани шароити баробар барои таҳсилоти ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯдакони имконияти маҳдуддошта; - таваҷҷуҳи махсус ба фарогирии духтарон дар минтақаҳои дурдаст бо таълим.
6. Нақши тарбия дар рушди шахсият. - ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтироми қонун ва фарҳанг дар байни ҷавонон; - таъкид ба нақши оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ дар раванди тарбияи ахлоқӣ ва маънавии наврасон; - ҷорӣ кардани чорабиниҳои тарбиявӣ, ки ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва инсонгароиро тақвият медиҳанд.
7. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ. - густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии маориф барои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафта; -фароҳам овардани имкониятҳо барои таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои хориҷӣ.
Дар маҷмӯъ, Президент таъкид мекунанд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия бояд якҷоя бо оила, ҷомеа ва давлат амал карда шавад. Ҳадафи асосӣ омода намудани насли нав бо дониш, маърифат ва ахлоқи баланд барои ҳалли мушкилоти ҷомеаи муосир мебошад.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн, доктори илмҳои ҳукуқшиносӣ, дотсент Мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2024)
Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мегардад.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, таҳлиле мебошад, ки тамоми бурду бохт, муваффақияту музаффарият ва мушкилиҳоро дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар 33 соли соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон дар бар мегирад. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, зери сиёсати хирадмандонаву некбинона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба дастгирии сиёсати давлатии ҷавон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои ин қишри ояндасози мамлакат як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуд.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём қайд намуданд дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.
Воқеан, ҳам ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.
Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.
Инчунин қайд гардид, ки мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.
Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Бовар дорем, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Ҷавонон пайрави асили Пешвои муаззами миллат, давомдиҳандаи кору пайкори неки насли калонсони кишвар ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони биҳиштосоянд. Паёми Пешвои муаззами миллат, роҳнамо ва нақшаи корӣ барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии давлат ва саодати рӯзгори халқ, шукуфоиву пешрафти Тоҷикистони азиз, созандагиву бунёдкорӣ, пайки саодати фардо ва дар маҷмуъ роҳнамо барои ҳар яки мо сокинони шарафманди Тоҷикистони азиз аст.
Пас аз шунидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии кишвар маълумам гардид, ки ҳеҷ соҳае аз зери нигоҳи Сарвари кишварамон дур намондааст ва дастуру супоришҳое, ки дар ин Паём дода шуд барои рушду равнақ ёфтани кишвари мо махсусан дар соли 2025 ва дурнамои он барои солҳои сол мусоидат мекунанд.
Аз ин рӯ мо ҷавонон ва кулли сокинони кишварро мебояд, ки доир ба иҷрои дастур ва супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвоии муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида камари ҳиммат бандем ва заррае ҳам бошад саҳми худро дар шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон гузорем.
ЮСУФЗОДА Шодоб Хӯҷамқул - Раиси Шурои олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи М. Баҳоваддинови АМИТ
Паёми нави Пешвои миллат, ки рӯзи 28-уми дкабри соли 2024 ироа шуд, саршори нуктаҳои муҳим, андешаҳои тоза, тарҳҳои стратегӣ, оянданигарии ҳакимона ва пандҳои ибратомӯз ва ҳидояткунанда буд. Пешвои миллат камбуду комёбиҳои солонаро дар бахшҳои сиёсат, иҷтисод, иҷтимоъ ва фарҳангу маорифи кишвар бо диққат таҳлилу арзёбӣ намуда, барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ дастуру супоришҳои муфид ироа намуданд. Аз таҳлилу фактҳое, ки дар паёми имсола оид ба бахшҳои гуногуни кишвардорӣ баён гардид, бармеояд, ки фаъолияти як соли гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистон қаноатбахшу умедворкунанда аст. Хабари афзоиши нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакат аз 39 миллиард сомонӣ дар соли 2019 ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024 баёнгари беҳтар шудани шароити зиндагии мардумро дорад. Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дастовардро оғози кор дониста, ба “Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки дар шароити болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ Барномаи амнияти озуқавории мамлакатро барои панҷ соли оянда қабул ва амалӣ намоянд”. Ин як пешниҳоди бисёр муҳим ва зарурӣ аст, зеро беҳтар шудани шароити иҷтимоии аҳолӣ роҳро барои тақвияти системаи фарҳанг ва маориф мекушояд, зеро беҳбудии вазъи маъишӣ ва иҷтимоии муаллимон заминаро барои тарбия ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос фароҳам хоҳад кард. Иҷтимои инсонҳо низ монанди организми як инсон аст, ки дар сурати пайдо шудани иллат дар як узви бадан фаъолияти дигар узвҳо низ фалаҷ мегардад. Саъдии Шерозӣ беҳуда нафармудааст, ки:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Дар ин Паём Пешвои муаззам бар зарурати тарбияи кадрҳои баландихтисос таъкиди вижа намуда, диққати аҳли маорифро ба ин масъала ҷалб намуданд. Қобили зикр аст, ки сарнавишту сарбаландии миллатҳоро дар ҷаҳони муосир аз рӯи тасаллут ва дастрасиашон ба технологияҳои электронӣ ва истифода аз ҳуши маснуъӣ муайян мекунанд. Ҳар миллате, ки дар ин арса рушд накунад дар оянда ва дар тасмимгириҳои низоми байналмилалӣ ҳеч ҷойгоҳе нахоҳад дошт. Бино бар зарурати ҳамин мавзуъ ва вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои миллат ба дурустӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад. Ба назар мерасад, ки Ҳукумат барои амалӣ намудани ин тарҳ чораҳои зарурӣ ва иловагӣ низ аз пеш андешидааст. Бино бар ин дар Паём матраҳ гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои номбурда дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Ин донишгоҳ дар оянда ба пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисон дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ табдил хоҳад шуд.
Пешвои муаззами миллат дар идома эълон кард, ки Тоҷикистон ба марҳалаи нави тараққиёт ворид гардида, нақшаҳои бузурги созандагӣ дар ҳоли иҷро ҳастанд. Барои дастёбӣ ба ҳадафҳои калони стратегӣ ва саноатикунонии мамлакат ҳамзамон бояд мақсадҳои дигаре низ аз қабили ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташаккули иқтисоди сабз, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва пардохтҳои ғайринақдию элктронӣ, тақвияти эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкдории кишвар, ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва истифода аз фанновариҳои зеҳни мансуъӣ амалӣ гардад. Тамоми ин ҳадафҳо аз тарафи вазорату ниҳодҳои дахлдор дар қолаби нақшаҳои панҷсола барномарезӣ хоҳад шуд. Ин тавсияҳо нишондиҳандаи огоҳӣ ва тадбиру хиради созандаи Пешвои миллат аст, ки барои амалӣ гаштани ҳадафҳои бузург шароит ва заминаҳои иҷроиши онҳоро низ дурандешона дар назар мегирад. Ин суннати дерина дар сифати подшоҳони пешдодӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба хубӣ зикр шудааст, ки бо кумаки ақлу дониш розҳои пӯшидаи ҷаҳонро ошкор намудаанд. Дар “Шоҳнома” Фирдавсӣ аз номи шоҳ Таҳмурас чунин мегӯяд:
Ҳар он чиз к-андар ҷаҳон судманд,
Кунам ошкоро, гушоям зи банд.
Шаке нест, ки дар тӯли асрҳо розҳои пӯшидаи ҳастӣ танҳо бо кумаки ақлу хиради инсон кушода шудаанд:
Нигаҳдори тан бошу они хирад,
Ки ҷонро ба дониш хирад парварад.
Дар Паёми имсола Пешвои миллат барои намуна аз кишвари кӯчаке ном бурд, ки бо такя бар илму дониш ва равнақи илму маориф дар ҷаҳон ҷойгоҳи баланде касб намуда, аз манфиатҳои миллии хеш моҳирона ҳимоят мекунад.
Мусаллам аст, ки анҷоми чунин корҳо ва нақшаҳои бузург ба ҷаҳонбинии васеи илмӣ, ахлоқи ҳамида ва маҳорати касбӣ ниёзманд аст, вагарна бе вуҷуди онҳо амалӣ кардани нақшаҳои калон ғайримумкин аст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат масъалаи мактабу маорифро дар садри барномаҳои давлатӣ қарор дод ва бар зарурати ташаккулу такомули ин соҳа таъкид карду афзуд: “То вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҷиноятҳою корҳои пешгӯинашаванда хоҳанд буд”. Дар ҳақиқат афроде, ки аз авзои замона огоҳии камтаре дошта бошанд, зудтар таҳти таъсири идеологияҳои бегона қарор мегиранд. Эроншоҳи Абулхайр дар ин замина байти зебое дорад, ки мегӯяд:
Накӯ гуфт дастури бо фарру зеб,
Ки нодон сабуктар пазирад фиреб!
Дар фарҷом изҳори умед мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон соҳибистиқлол бо эҳсоси масъулият тамоми бахшҳои Паёми имсоларо бо диққат мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри иҷрои он камари ҳиммат бубанданд, зеро амалӣ шудани нуктаҳои он заминаро барои рӯзгори босаодати ҳар яки мо фароҳам хоҳад кард.
Зиҳӣ, Пешвои муаззами миллат ва поянда бод Тоҷикистони азиз!
Туро зебад шукӯҳи пешвоӣ!
Барои халқ мактаб мекушоӣ,
Ки аз мактаб барояд рӯшноӣ,
Муҳаббат, ишқ, дарси ошноӣ,
Ҳамин аст роҳу расми порсоӣ,
Туро зебад шукӯҳи пешвоӣ!
Зи мактаб халқи олам сарфароз аст,
Зи мактаб дидаву пешона боз аст,
Ба мактаб одамиятро ниёз аст,
Ки дар мактаб ҳазорон рамзу роз аст,
Барад аз дил ғубори бевафоӣ.
Касе мактаб кушояд раҳнамо аст,
Касе мактаб кушояд порсо аст,
Касе мактаб кушояд бовафо аст,
Касе мактаб кушояд бо Худо аст,
Ба мактабхона шоҳ ояд гадоӣ.
Аз он рӯзе, ки дунё мустанад шуд,
Аён дар чашми олам неку бад шуд,
Хиромон моҳ дар бурҷи Асад шуд,
Ҷаҳон обод аз нури хирад шуд,
Хирадмандист рамзи ориёӣ.
Аё фарзанди ман, боз о, ба мактаб,
Чу симурғе ба парвоз о, ба мактаб,
Зи Вахшу Ванҷу Дарвоз о, ба мактаб,
Зи Марву Балху Шероз о, ба мактаб,
Зи мактаб ақл гирад рӯшноӣ.
“Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем”,
Ки мо нури хирадро посбонем,
Зи Айнӣ соҳиби ному нишонем,
Фурӯзон шуд зи мактаб порсоӣ.
Беҳрӯзи Забеҳулло, - мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои оини давлатдорӣ мебошад. 28 декабри 2024, дар Паёми навбатии худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар супориш доданд ва таъкид карданд, ки ғамхорӣ ва дастгирии ҷавонони кишвар дар мадди аввали фаъолияти онҳо қарор гирад, ҳамчунин ба ҷой кор таъмин кардани ҷавонон низ тадбирҳои муҳим низ андешида шавад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки мо ҷавонони мамлакат мудаввом таҳти таваҷҷуҳи роҳбари давлати худ қарор дорем. Ин ғамхории Пешвои миллат ба мо ҷавонон руҳияи баланд дода, моро ба шоҳроҳи шинохти таърихи гузаштаи худ ва ҳифзи оину фарҳанги миллӣ равона месозад. Мо ҳама вақт дар масири пешгирифтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам хоҳем монд ва дар Мактаби бузурги Пешвои миллатамон тарбия ёфта, бо масъулияти баланд ба халқу Ватани азизамон содиқона хизмат хоҳем кард. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ таъкид карданд, ки дар мамлакат 61 фоизи кормандони умумиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Боиси сарфарозист, ки дар донишгоҳҳои давлтаҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷавонони боистеъдоди тоҷик ба таҳсил машғуланд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Вазорати маориф ва дигар муассисаҳои олии кишвар супориш доданд, ки барои ҷавонони мамлакат ҷиҳати пешбурди барномаи нави муосир оид ба омузиши забонҳои хориҷи тадбирҳо андешида шаванд.
Ҳамчунин ру овардани ҷавонону ба китобхонӣ низ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гашт, зеро ки хондани китоб ҷаҳонбинии инсонро васеъ мекунад.
Дар ҳақиқат китоб барои инсон чароғест, ки то нафаси вопасин хомуш намешавад. Донишмандони мо доимо таъкид мекарданд:
Фурӯғи коинот аз офтоб аст,
Фурӯғи одамият аз китоб аст.
Дар суханронии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ бахусус ба мардон таъкид карданд, ки нисбат ба занон ва модарон меҳрубон ва ғамхор бошем.
Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст, таъкид карданд Пешвои миллат.
Пас мо ҷавононро зарур аст, ки барои боз ҳам рушд кардани мамлакати хеш талошҳои ҳамаҷонибаро равона созем, забонҳои хориҷиро аз худ намуда ҳунару истеъдоди худро ба ҷаҳониён нишон диҳем.
Ман ҳамчун як ҷавони даврони истиқлолият Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ карда ба дигар ҷавонони мамлакат гуфтаниям, ки мактаби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо диққат омӯхта ба роҳи саодатмандонаи хеш бирасанд, зеро мактаби Пешвои миллат бузург ва абадист.
Махмедов Муҳаммад - ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.
Паёми Президенти кишвар ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки шомили нуктаҳои муҳимми давлатдорӣ ва таҳкими Истиқлолияту Ваҳдату якпорчагӣ мебошад. Ба мисли паёмҳои солҳои пешин Паёми соли 2025 низ шомили арзишу аҳамиятҳо хос дошта, муҳим арзёбӣ мешавад. Зеро тавассути он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас муайян мегардад. Илова аз он шомили муҳимтарин суханронии иттилоотию ҷамъбастӣ буда, сирату сурат ва самтшиносии Президенти кишвар дар назди халқу намояндагони парлумон чун роҳбари мардумӣ ироа шуда, раванду рўйдоди муҳими давлатию сиёсиро аз диду мадиди гуногун мавриди муҳокимаву машварат қарор медиҳад. Дар ин зимн, бояд ишора карда, ки паёмҳо дорои ду нуктаи муҳим - яке ҳисоботдиҳанда ва дигаре риояи қонуну низоми меъёрҳои демократӣ ва идорӣ мебошанд.
Ҳамин тариқ, бо ироаи он бори дигар шинохти шахсиятҳо, макону маросимҳои муҳиму таърихии кишвар бо назардошти манофеи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакат бештар мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор гирифта, барои ҳифзу муаррифии онҳо машваратҳои муфид дода мешавад. Ҳамин тавр, паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар бо доштани нукоти калидӣ дар партави “Ақлҳоро ақл ёрӣ диҳад, Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад” чун тадриҷан амалӣ мегарданд.
Яке аз нукоти калидии Паёми имсоларо илму маориф ва нақши донишмандони кишвар, аз ҷумла, олимону ходимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар муаррифии тахриху тамаддуну фарҳанг, малакаву маданияту мактабҳои оливу касбии кишвар пайваста талош карда, китобу мақолаҳо эҷод мекунанду хоҳанд кард.
Ҳамин тариқ, таваҷҷуҳ ба олимон ва рушди илму маориф аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо ташаббусҳои бевоситаи Президенти кишвар хеле бештар шуда, пайваста дастгирӣ меёбанд. Имрӯз ҳар сокини Тоҷикистон имкон дорад, ки на фақат дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ илму дониш омӯзад ва соҳиби касбу ихтисос гардида ба ватану миллати худ хидмат намояд. Зимнан дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуда, ки 42 ҳазору 400 нафар ҷавонон дар 42 давлати муттарақии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Ҳукумати мамлакат аз ҷумла Академияи миллии илмҳо доир ба масъалаҳои илму маъориф тадбирҳои муассир андешида, дар омӯзиши фанҳои дақиқ бо истифода аз фанновариҳои муосир саҳми созандатар гузошта, бо равишу моделҳои пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон бештар ҳамкорӣ намуда, табодули таҷриба намояд.
Дар Паёми имсола роҳбари кишвар боз якбори дигар таъкид карда ишора намуд, ки аз қадимулайём тоҷикон мардуми бо маърифату маданият буда, то имрӯз дар байни халқҳои олам бо чунин авсофи хуб боқӣ мондаанд. Чунин хислатҳои хуби инсонӣ, ки саршор аз каромату шаҳомат ва ҷасорату матонат мебошанд, дубора эҳё гардиданд, ки заминаҳои асосиашро эҷоди мактаби Сулҳу Ваҳдат ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки ин миллат тавонист аз худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, ба сӯи қуллаҳои олӣ давлатдориашро идома дода, то ба имрӯз боқӣ монад.
Ҳамин тариқ, миллат дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари дилсӯзу меҳрубон ва мардуми баномусу нанг, аҳолии кишвар дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Ин талошу муборизаҳо сабаби равобити ҳасанаи кишвар бо ҳамаи мамлакатҳои дунё ҳамчун давлати комилҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Дар ҳақиқат, фарҳанги сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон падидаи беназир мебошад, ки дар натиҷаи он санаи 27 июни соли 1997 дар Маскав имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расид ва саҳифаи созандагии навин дар кишвар оғоз гардид.
Бо чунин ташаббусу тадаббур тоҷикон мактаби сулҳофариниро бунёд карданд, ки чун намуна ва мисоли ибратбахш барои дигар мамолики дунё пазируфта шуда, ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии СММ аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст.
Президенти кишвар дар Паёми 2025 ба Ҳукумати мамлакат вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доштаро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид карданд, ки бо дарназардошти ин омилҳо, Тоҷикистонро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳад. Дар ин зимн, 23 сентябр соли 2024 зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.
Баррасиву ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, бо ташаббуси ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар ҷаласаи Маҷмааи сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод гардид, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад.
Дар Паёми соли 2025 Президенти кишвар бори дигар таъкид карданд, ки “Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем”.
Ҳамин тариқ, соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо буда, бо ташаббуси бевоситаи кишвар таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод гардид, ки заминаву мақсади асосии онро ҳифзу муҳити зисти мардуми сайёра ташкил медиҳад.
Дар Паёми соли 2025 равобити дипломатии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ марвиди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин зимн, таъкид гардид, ки Тоҷикистон узви фаъоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, робитаашро бо он аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ дониста, дар заминаи сиёсати «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба пайваста таҳкиму тавсеа мебахшад. Бо ин мақсад, Тоҷикистон бо доштани манобеи фаровони табии ба хусус обу дарёҳо ва неругоҳҳои бузуруги энергетикӣ ҳамкориашро дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат бештар намуда, тақвият хоҳад бахшид.
Бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон чун узви фаъоли СММ дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳон саҳм гузошта, бо ташаббусҳои минтақавиву фароминтақавии худ ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд пайваста густариш дода, робитаҳояшро бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба вусъат бахшида, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ ҷидду талошҳо хоҳад намуд.
Бояд зикр кард, ки дар шароити имрӯз, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод мегузорад. Зеро Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шуда, мутахассисони соҳаи мазкур тайёр карда мешаванд, то ки онҳо дар давоми даҳсола пажӯҳишҳои тахассусиро ба анҷом расонанд. Ҳамин тариқ, бо таъкиду талошҳои пайвастаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон оиди таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, масъалаҳои об ва иқлим, рушди вазишу солимии ҷомеа, истифодаи дурусту саривақтӣ аз технология мову шуморо зарур аст, ки ҳамчун сокину мизбони кишвари ташаббускору созанда ҳамаи барномаву чорабиниҳои банақшагирифтаро олимонаву содиқона дасгириву пайгирӣ намуда, баҳри рушди усутовору самаранокии онҳо саҳми сазовор гузорем.
Дар маҷмуъ, ташаббусҳои созандаи кишвар ва таъриху фарҳангу шоҳкориҳои адабии олимону Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешавад, ки заминаи асосии он барои таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва меҳру муҳаббати халқҳои ҷаҳон дар партави рушди дипломатияи фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Хулоса Тоҷикистон муосир аз таҷрибаи ин марди камоли илму адабу сиёсат ва тавсияҳои самимонаи Президенти кишвар хуб истифода карда, марказу гӯшаҳои омӯзишӣ боз намуда, робитаҳои “геофарҳангӣ ва таърихӣ”-ашро дар соли 2025 хубтару беҳтар ба роҳ монда, тавсеа хоҳад бахшид.
Хулосаи калом, мову шуморо зарур меояд, то аз Паёми Президент ва ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дарку дарси ибрат гирифта, баҳри ободии халқу Ватан ва мардуми сайёра саҳми сазовор гузорем.
Дар нахустин санаву соату моҳу рӯзи соли 2025 бо чунин Паёмҳои муждарасону илҳомбахши Президенти муҳтарами кишварҳо, ки аз фарзонагону ҷасурони миллат ва ҳомии забону фарҳангу илму донишу донишмандон мебошад, ба худ чизе бардошта бошему дар партави сулҳу созандагиву шоисатсолорӣ Ватанро озоду ободу ором нигоҳ дорем.
Мирсаид Раҳмонов, - ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳизби халқӣ ва демократӣ мебошад ва маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Идеологияи ҳизби мазкур ба хотири мардуми азиаткашидаамон созмон дода шудааст. Дар сафҳои он аз рӯзҳои аввал мардуми шарифамон ҷамъ омадаанд.
Ваҳдати миллӣ, ки яке аз рукнҳои идеологии ин ҳизб аст, вобаста ба ин дар атрофи ин ҳизб ҳам коммунистон, ҳам демократҳо, ҳам аъзои Растохезу ҳам диндорон, ҳам фронтҳои халқиву ҳам намояндагони аҳзоби мухолиф гирд омадаанд. Зеро ғояи аслии ҳизб, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии муътадил ба вуҷуд омада буд, ин пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ буд. Ҳизб бо халқ буд ва халқ бо ҳизб аз ин хотир номаш ҳам халқӣ шуд.
Агар аз дидгоҳи имрӯз ба равандҳои он замон нигарем, дарк хоҳем кард, ки дар он рӯзҳои вазнин тарғиб намудани ғояҳои ҳизби нави сиёсӣ кори саҳл набуд. Мардум баъди ҳодисаҳои фоҷиабори ибтидои солҳои 90-ум, вақте ки баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои мардумӣ зери ниқоби муборизаи сиёсӣ даст ба экстремизм заданд ва қариб буд, ки миллатро ба вартаи ҳалокат ва мамлакатро ба порашавӣ оварда расонанд, дигар ба ҳизбҳои тозабунёд бовар надоштанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар чунин шароити таърихӣ по ба арсаи ҳастӣ гузошт. Ин вазифа хеле душвор буд, зеро ҳамаи онҳое, ки ҳизб бунёд кардан ба сиёсатбозӣ машғул буданд. Ин матлабро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал чунин шарҳ додааст:
Аввал, охири солҳои 80-ум ва ибтидои 90-ум ҳизбҳое арзи ҳастӣ намуданд, ки соҳиби ҳокимият шудан мехостанд. Аммо Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистонро шахсоне ташкил доданд, ки аллакай ҳокимият доштанд. Онҳо мехостанд ба давлатдорӣ ва ҳамкории сиёсӣ ҳазорон нафар одамони ҳаммаслаконашонро ҷалб кунанд, ки дар сояи мансабталошиҳо аз назар дур монда буданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун роҳнамои демократия ба вуҷуд омад.
Дуюм, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии манфиати мардуми Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард, на манфиати қишри алоҳидаи ҷомеа гурӯҳи ҷудогонаи одамон, балки тамоми халқро таҳти ҳимояи худ эълон намуд ва ин орзуи тамоми мардум буд. Номи ҳизб низ аз ҳамин усули фаъолият бар меояд.
Сеюм, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба муқобили дини мубини ислом ҷанг накарда, эҳтироми имон ва озодии виҷдонро эътироф намуд, гузашта аз ин ҳизби мазкур ба ҳизбҳои дигар, намояндагони муасисаҳои динӣ дар як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла дар покии ахлоқи ҷомеа ва дар мубориза алайҳи мафкураи ба халқи шарифи тоҷик бегонаи ахлоқию этникӣ ҳамкорӣ намудааст. Маҳз ин ва дигар ғояҳои воқеан миллии халқи мо дар барномаи амали ҳизбамон инъикос ёфт ва бо шарофати онҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар умқи ҷомеа реша давонд.
Аз ин сабаб, бо мушкилиҳои зиёд бошад ҳам ба Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муяссар гардид, ки мақсад ва ҳадафҳои худро ба мардум фаҳмонад ва бо мурури замон боварии халқро ба даст биёрад. Ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як муддати нисбатан кӯтоҳ муяссар гардид, ки дар назди тақдири давлати соҳибихтиёри тоҷикон масъулияти комилро ба уҳда гирифта дар ҳамин мақом аз тарафи аҳли ҷомеа шинохта ва пазируфта шавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосии ҳизб низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷавонтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар буда, метавон онро зодаи даврони истиқлол номид. Ҳадафи ташкили ин ҳизб, ки дар он нерӯҳои ақлонии кишварро ба ҳам оварданд, бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал кардани масоили сиёсӣ буд. Маҳз ин таҷрибаи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонад худ як омили сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар бошад. Дар ҳамон давра зиёиёни кишварамон дарк намуданд, ки Тоҷикистон дигар бо сохти тоталитарӣ ва маҳдуд намудани озодиҳои инсон, матбуот ва баёни сухан наметавонад дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор ёбад. Дар оиннома, барнома ва доктринаи ҳизб фикрҳои нав зиёд буданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ ба одамони касбӣ, босалоҳият ва кордон такя мекунад, ки василаи муҳими ба даст овардани ин мақсад мебошад.
Дар ин давра (солҳои аввали ташаккулёбии ҳизб) ҳизб на онқадар пурқувват буд, зеро заминаи иҷтимоии он ҳанӯз қавӣ набуд. Ин ҳолат то соли 1997 давом кард.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он солҳои ноорому мухолифатомез худро чун ҷонибдори равандҳои демократикунонии ҷомеа, сохтори бисёрҳизбӣ, озодии сухан, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд. Вай ҳамчун нерӯи тозаву бунёдгару созанда ва навовар дар умқи ҷомеа реша давонда, нафарони хирадманд, сиёсатмадорон ва халқи меҳнаткашу ватандӯстро ба ҳам оварда сарҷамъ намуд. Ҳар як аъзои ҳизб аз оғози фаъолияти худ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар содиқона пайравӣ менамуд. Барои ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор кардани рӯзгори осоишта, аз байн бурдани парокандагӣ ва ба даст овардани ваҳдату якпорчагии миллӣ кӯшиш менамуданд. Ҳизби Халқи демократии Тоҷикитон аз рӯзҳои аввали бунёдаш амалҳои террористии нангинро маҳкум намуда, роҳи пешгирифтаи сарвари давлатро, ки ба таъмини сулҳу ваҳдат ва оромии сиёсӣ дар ҷомеа равона шудааст, дастгирӣ мекунад. Ҳизб мавқеи бетарафиро низ дар ягон ҳолат ишғол накардааст, баръакс дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона иштирок намуда, ба воқеаҳои сиёсии баамаломадаи кишвар саривақт баҳои сиёсӣ дода, дар амалӣ шудани дигаргунсозиҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дастгирии худро баён намудааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ояндаи Тоҷикистон чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ мушаххас гардидааст созмон дода шудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифодакунандаи иродаи маҳз он мардуме аст, ки ба ин Контитутсия овоз дода буд ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро дар сулҳу субот, оромӣ, ваҳдати миллӣ, гулгулшукуфӣ, некуаҳволии халқ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули давлати миллӣ медид ва имрӯз ҳам дида истодааст. Сабаби дар атрофи ин ҳизб ҷамъ омадани мардум низ маҳз ҳамин ғояҳои худи халқ аст, ки он ба сиёсати воқеӣ табдил ёфтааст.
Обрӯю нуфузи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳбубияти он дар байни мардум дар умқи ҷомеаи мо реша дорад ва ҷонибдории роҳи сиёсии мо пеш аз ҳама ба он вобастааст. Чӣ тавре ки дар Конститутсия таъкид шудааст давлати мо давлати иҷтимоӣ аст, ин хусусияти хоси давлатии миллии мост, ки он маҳбуби ҳамагон гардидааст. Тамоми руҳияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бунёдкориву созандагӣ, ваҳдати милливу некуаҳволии шаҳрвандон, рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа, амали гаштани озодиҳо ва ҳифзи ҳуқуқи инсон нигаронида шудааст. Маҳз ҳамин ҷиҳати ҳизб маҳбубияташро дар байни қишрҳои васеи ҷомеа таъмин менамояд. Ҳифзи гуногунандешӣ, озодии сухан, интихоботи шаффофу демократӣ, ҳифзи арзишҳо ва анъаноти миллӣ, рушди шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, чун ормонҳои наҷиби ҳизби номбурда зина ба зина амалӣ шуда истодааст, ки он мавқеи ҳизбро дар ҷомеа беш аз пеш мустаҳкам мегардонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр намудааст: “Мушкилоти мардум ин мушкилоти ҳизби мо ва сиёсати мост. Мо ҳизби худро на барои афзудани шумораи бюрократҳо, балки барои эҷоди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, барои марҳила ба марҳила баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ ва амнияти иҷтимоии ӯ созмон додаем”.
Таъмини сиҳатии мардуми шарифи кишвар ҳамеша зери назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат қарор гирифтааст. Ҳамасола дар асоси маблағгузории соҳаи тандурустӣ лоиҳаҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки алббата, ба баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷои холӣ бунёд гардида, таҷрибаи мусбии аҳзоби сиёсии дигарро ба кор бурда, аз амалияи сиёсии ҷаҳонӣ истифода бурдааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташаккулёбӣ тарафдори роҳу равиши пешрафт буд. Ин аст, ки дар байни халқи шарифи кишвар имиҷи баланди сиёсӣ пайдо карда тарафдораш зиёд гардидааст.
Чи тавре ки Раиси муҳтарами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Бист қадами созанда»-и худ иброз доштаанд: “мақсади стратегии ҳизби мазкур сарфи назар аз мансубияти миллӣ, баромади иҷтимоӣ, дину мазҳаб, тамоюлҳо ва одати фарҳангӣ, ҷонибдори муттаҳид намудани ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар атрофи ҳалли масъалаҳои мушаххас ва таърихан ҳалшавандаи умумимиллӣ, пойдор намудани тараққиёти аз ҷиҳати сиёсӣ соҳибихтиёри иқтисодӣ, якпорчагии мамлакат ва давлати ҳуқуқбунёди аз ҷиҳати ахлоқи устувор мебошад, ки он ҷузъи таркибии сохтори ҳозиразамони хоҷагидории умумиҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ буда, тавонад бо ҳамаи мамлакатҳои хориҷии ҳам Шарқу ҳам Ғарб дар фазои мусолимат вуҷуд дошта бошад”.
Асос ва ҷавҳари ин меъёри сиёсиро бояд риояву ҳифз намудани манфиатҳои олии миллӣ ва давлатӣ аз ҷониби ҳар як ҳизби сиёсӣ ва ҳар узви он ташкил диҳад, зеро Ватан, Миллат, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва оромиву осудагии ҷомеа муқаддастарин арзишҳое мебошанд, ки ягон ҳизб, гурӯҳ ё шахсе ҳаққи халалдор кардани онҳоро надорад. Аз ин рӯ, ҳизбҳои сиёсӣ дар баробари озодона ва мустақилона амалӣ намудани мақсаду мароми худ дар фаъолияти ҳаррӯзаашон бояд ба ин арзишҳои муқаддас содиқ бошанд. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳар фарди алоҳида бояд кӯшиш намояд, ки Тоҷикистон кишвари ободу пешрафта, орому босубот ва мояи ифтихори мардуми ин сарзамини бостонӣ бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд ва талош дорад, ки татбиқи онҳоро таъмин намояд.
Ҳадафи ягона аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани нерӯҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 1994 ба қайд гирифта шуд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ва риояи қонунро вазифаи муҳими фаъолияти худ медонад. Риоя накардани қонун ва беэътиноӣ нисбат ба талаботи он боиси фалаҷ гардидани мақомоти давлатӣ, ба миён омадани бенизомӣ ва поймол шудани ҳуқуқи инсон мегардад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба меъёри Конститутсияи кишвар оид ба арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ содиқ буда, барои амалӣ шудани онҳо пайваста мекӯшад. Барои ин бояд сатҳи маърифатию ҳуқуқии ҷомеа баланд бардошта шуда, эҳтиром ба қонун дар ҳар як оила аз кӯдакӣ тарбия карда шавад, зеро маърифати ҳуқуқӣ аз муҳимтарин шартҳои бунёдии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошад.
Масъалаи дигаре, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ менамояд, ин эҳтиром гузоштан нисбат ба ҳамаи гурӯҳҳои миллӣ ва этникии сокини ватанамон мебошад. Ҳизб барои фарҳанги хоси ин гурӯҳҳои миллӣ ва этникӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Дар баробари ин ҳизби мазкур маҳалгароиро ҳамчун падидаи номатлуб маҳкум мекунад. Ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам ҳизбӣ, ҳизб барои дар вазифаҳои масъулиятнок ҷой гирифтани занону духтарон талош мекунад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу субот ва ваҳдати милливу ҳифзи истиқлолияти давлатиро шиори хеш қарор додаву пайваста аз пайи амалӣ кардани орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон аст. Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ҳизби садоқат ва соҳибиродаву пурмасъулият аст. Хислати демократӣ ва иҷтимоӣ дошта, созандаи давлати миллӣ мебошад.
Ғояҳои худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми анъанаҳои милливу арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла арзишҳои беҳтарини тамаддуни башарӣ, кисми ҷудонашавандаи сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Ба муносибатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муттамаддин гузаштан яке аз вазифаҳои масъулиятнокест, ки дар назди Ҳизби Халқии демократии Тоҷикитон қарор дорад.
Ширин Қурбонова, доктори илмҳои таърих, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ