СИЁСАТИ ОҚИЛОНА ВА ДУРАНДЕШОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАҲРИ ОБОДИИ ДАВЛАТ ВА ШУКУФОИИ МИЛЛАТИ ТОҶИКИСТОН
(Дар ҳошияи сафари кории роҳбари давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар)
3-ноябри соли ҷорӣ чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кории хешро ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар оғоз намуданд. Ҳадаф аз сафари сарвари давлат ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ мебошад. 4-ноябри соли равон роҳбари давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бошукӯҳ ва фахри баланд суханронӣ намуданд.
Роҳбари бофазлу хиради кишвари мо нуқтаи назар ба некуаҳволии кишвар намуданд, ки он пойдевори назаррас ва муҳими қавӣ нигоҳ доштани сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад. Ҳамзамон, сарвари давлат қайд намуданд, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 давоми саъю кӯшиши хеш баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум ва таъмини устувории иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қабул ва татбиқи барнома ва стратегияҳо, ки ба сармояи инсонӣ нигаронида шудаанд, маҳз ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷӯҳи зиёд равона мегардад. Бо таъкиди сарвари давлат дар суханронии хеш, айни замон дар мамлакат 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шудааст.
Соҳаи маориф асоси саводу маърифатнокӣ ва соҳибмаълумотии насли ҷавон мебошад, ва рушду равнақи соҳаи мазкур омили пешрафту шукуфоии ҳар як давлат мебошад.
Роҳбари давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чуноне ки қайд намуданд: «Мусаллам аст, ки рушди иҷтимоӣ бо пешрафти соҳаи тандурустӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад».
Саломатии миллат ва пешравии соҳаи тандурустӣ кафили фаъолияти аҳолӣ дар ҳаргуна соҳаҳои давлат мебошад. Бинобар он дар сиёсати ғамхоронаи сарвари давлат соҳаи тандурустӣ ҳамасола бо маблағҳои назаррас аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешавад, ва ба баланд бардоштани сифат ва дастраснокии хизматрасониҳои тиббӣ аз кормандони соҳаи тандурустӣ диққати ҷиддӣ талаб карда мешавад.
Инчунин, андешаҳои роҳбари давлат дар самти гузариш ба иқтисоди «сабз», таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди энергияи «сабз», истифодаи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун, ки баҳри рушди иҷтимоӣ нигаронида шудааст, иброз гардид.
Тараққӣёти соҳаи иҷтимоӣ, албатта бо ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ алоқаманд аст. Нақши он дар сиёсати сарвари дурандеши кишвар мақоми хосро ишғол менамояд. Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо дигар кишварҳо ҳадафи рушди иқтисодиёти мамлакат буда, боиси таҳкими сиёсати хориҷии мамлакат миёни давлатҳои тараққиёфта мебошад.
Аз солҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии сарвари ғамхор ва оқилу дурандеш Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обруву нуфузи баланд гардидааст. Заҳмату кӯшишҳои чандинсолаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии Ватан, тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини сулҳу осоиш, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии аҳолӣ, аз иродаи қавӣ, шуҷоат, меҳри падарона ва ғамхории сарвари дурандеши кишвар дарак медиҳад.
Ҳоло дар арафаи ҷашни қабули Конститутсия қарор дорем, ки он санади сарнавиштсоз ва нишони иқболи баланди мардуми шарифи Тоҷикистон гардид, ҳамдиёрони гиромиро самимона табрик менамоям ва ободӣ ва шукофоии ҳамешагии кишвари азизу номдорамонро таманно дорам.
Аюбӣ Фируза – номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими пешбари илмии
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
НИШАСТИ МАТБУОТӢ: АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОСИЁИ МИЁНА АВВАЛИН МУАССИСАИ ИЛМИЕ, КИ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСАВИРО ГУЗАШТ
Имрӯз, 01 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия ва наздик ба 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба академия хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.
Зимни нишаст дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мухтасар дар бораи корҳои анҷомёфтаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои муҳими илмию таҳқиқотӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба роҳ монда шуданд.
Ҳамчунин дар ин давра Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалии худро бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишварҳои ҷаҳон густариш дода, чандин созишномаҳои тарафайнро ба имзо расонидаанд. Дар ин давра як зумра олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишвраҳои ҷаҳон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, бо иштироки онҳо симпозиум ва конференсияҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Вобаста ба баргузор намудани семинар ва чорабиниҳои илмию сиёсӣ Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як зумра корҳои муҳимро анҷом додааст. Дар ин давра дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими сиёсӣ бахшида ба ҷашнҳои миллию давлатӣ баргузор гардиданд.
Инчунин дар нимсолаи аввали соли 2025 бо ташаббусҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ 8 озмоишгоҳи нав дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии зерини АМИТ аз ҷумла Институти химияи ба номи В.И. Никитин (3 адад), Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров (1 адад) ва Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков (2 адад), Маркази омӯзиши пиряхҳо (2 адад) мавриди истифода қарор дода шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки 15 феврали соли 2025 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро ба муҳлати се сол гузашта, хулосаи мусбии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)-ро, ки яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад, дарёфт намуд. Қарори мазкур дар ҷаласаи Шурои аккредитатсионӣ, ки 12-феврали соли 2025 баргузор гардид (протоколи №92), бар асоси хулосаи Комиссияи коршиносони беруна қабул шуд. Дар рафти арзёбӣ тамоми самтҳои калидии фаъолияти Академия - аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то фаъолияти илмӣ ва рақамикунонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт нашрияи расмии Академияи илмҳо бо номи “Илм ва инноватсия” таъсис дода шуда, шумораи нахустини он ба нашр расонида шуд.
Имрӯз, 25 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо президенти Академияи илмҳои Муғулистон, академик Самбуугийн Дэмберел мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои муштараки илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии самараноки илмӣ дар кишварҳои Тоҷикистону Муғулистон, таҳия ва лоиҳаҳои нав илмӣ, ташкил ва гузаронидани экспедитсияҳои якҷояи илмӣ дар самти архиалогия, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи истеҳсолот дар соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки дар дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон ба имзо расонида шуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки дар доираи ин ёддошт ҷонибҳои ҳамкориҳои худро дар оянда дар самти илмҳои табиӣ, аз ҷумла физика, кимиё, ҷуғрофия, тағйирёбии иқлим, таназзули муҳити зист, инчунин илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла таърих, археология, этнология, фарҳанг, забоншиносӣ ва дар самти илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла технологияи плантатсионӣ, биотехнологияи ғизо, рушди гуногунии меваҷот густариш хоҳанд дод.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои мубодилаи иттилооти илмию техникӣ ва нашрияҳо, ташкили таҳқиқот ва таҷрибаҳои мутақобила, ташкили конфронсҳои муштарак, семинарҳо ва симпозиумҳо дар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин мубодилаи донишҷӯён, кормандони ҷавони илмӣ ва омӯзгорон барои иштирок дар фаъолиятҳои гуногуни таҳқиқотӣ ва/ё омӯзгорӣ ва такмили ихтисос, дастгирии озмоишгоҳҳои муштарак, пойгоҳҳои илмӣ ва марказҳои илмӣ низ ба мувофиқа омаданд.
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи асосии ёддошт васеъ намудан ва инкишоф додани ҳамкории мутақобили судманди муассисаҳои илмии ҷонибҳо ва мусоидат ба пешрафти илмию техникӣ мебошад.
Дар доираи ин санад ҷонибҳо дар самтҳои мубодилаи иттилооти илмию техникӣ ва нашрияҳо, ташкили таҳқиқот ва таҷрибаҳои мутақобил, ташкили конфронсҳои муштарак, машваратҳо ва симпозиумҳо дар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, мубодилаи донишҷӯён, кормандони ҷавони илмӣ ва омӯзгорон барои иштирок дар фаъолияти гуногуни таҳқиқотӣ, дастгирии озмоишгоҳҳои муштарак, пойгоҳҳои илмӣ ва марказҳои илмӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар асоси ёддошт ҷонибҳо дар ҳамаи соҳаҳои илм, ҳам таҳқиқоти бунёдӣ ва ҳам амалӣ ҳамкорӣ менамоянд. Он соҳаҳои табиатшиносӣ, муҳандисӣ ва илмҳои ҳаётро дар бар гирифта, бо онҳо маҳдуд намешавад.
Ёддошти тафоҳум бо роҳи муттаҳид кардани кӯшишҳои муҳаққиқони ҳарду ҷониб дар мубодилаи дастовардҳои илмӣ татбиқ карда мешавад.
Тарафҳо ҳамкории илмию техникиро дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва нафъи тарафайн мувофиқи қонунгузории худ амалӣ мегардонанд.
Ёддошти тафоҳум ба муҳлати панҷ сол ба имзо расонида шудааст.
Аз 23 то 27 июли соли 2025 дар шаҳри Чжэнчжоуи музофоти Хэнани Чин нишасти расонаҳо ва марказҳои таҳлилии СҲШ баргузор гардид, ки ин чорабинии байнамилалии сатхи баланд таҳти сарпарастии Дафтари иттилоотии Шӯрои Давлатии ҶХХ, аз ҷониби хабаргузории Синхуа, Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин ва ҳукумати музофоти Хэнан якҷоя ташкил карда шуд.
Дар ин ҳамоиш беш аз 400 намоянда аз наздик ба 200 расонаи хабарӣ, марказҳои таҳлилӣ, ниҳодҳои давлатӣ, сафоратхонаҳо дар Чин, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз кишварҳои узви СҲШ, кишварҳои нозир ва шарикони муколама ширкат карданд, то табодули амиқи афкор дар мавзӯи “Паҳн кардани рӯҳи Шанхай, ояндпӯаи зеборо якҷоя созем”. СҲШ аз замони таъсиси худ ҳамеша ғояҳои «бовари ва нафъи мутақобила, баробарӣ, машварат, эҳтиром ба гуногунии тамаддунҳо ва талош барои рушди муштарак»-ро роҳбарӣ менамояд. Ин ташкилот аллакай намунаи дурахшони бунёди муносибатҳои навъи нави байналмилалӣ ва пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гардид ва ҳамчун пул ва пайванде, ки одамонро ба ҳам мепайвандад ва ба ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад, ВАО ва марказҳои таҳлилӣ дар табодули таҷриба ва расидан ба тавофуқ байни кишварҳои СҲШ нақши муҳим доранд.
Дар кори ин ҳамоиш дар қатори дигар намояндагони ВАО ва марказҳои таҳлилии илмии Тоҷикистон ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммадовуд ва мудири шӯъбаи равобити илмии АМИТ Мирвайсов Маъмурҷон иштирок доштанд.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ дар қисмати пленарии чорабинӣ ноиби президенти НАСТ профессор Саломиён М. яке аз самтҳои асосии фаъолияти СҲШ – ҳамкориҳои башардӯстона ва илмиро, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ, маориф ва башардӯстона байни кишварҳои узв равона шудааст, қайд намуд. Барои Тоҷикистон, ки дорои мероси ғании фарҳангӣ ва манобеъи маънавӣ мебошад, ин ҳамкорӣ имкониятҳои нав мекушояд:
- таҳкими мубодилаи фарҳангӣ ва маърифатӣ;
- иштирок дар лоиҳаҳои тадқиқотӣ;
- рушди забоншиносӣ ва тадқиқотӣ.
Мирвайсов Маъмурҷон дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои узви СҲШ дипломатияи илмиро омили асосии таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳои узв арзёбӣ кард. Дар рафти вохӯрӣ ва чорабиниҳои марбута бо намояндагони ҷомеаи илмии кишварҳои хориҷи наздик ва дур робитаҳои нав роҳандозӣ гардиданд.
Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон ба имзо расонида шуд.
Имрӯз, 21 июл дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи 4- уми комиссияи Тоҷикистон ва Хитой оид ба ҳамкории илмӣ ва техникӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва муовини Вазири илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Жиачанг ва олимону муҳақиқони самтҳои гуногуни илмии тарафайн баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза на танҳо идомаи ҳамкориҳои судманди мо, балки як қадами муҳим дар самти таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи илм, технология ва инноватсия мебошад.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин кишварҳое буд, ки беш аз 30 сол пеш Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва дар моҳи марти соли 1992 миёни кишварҳо расман равобити дипломатӣ барқарор шуд. Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ беш аз 200 созишномаи байнисоҳавӣ ба имзо расид, ки ҷанбаҳои гуногунҷанбаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла дар соҳаи илму техникаро дар бар мегиранд.
Гуфта шуд, ки Ёддошти тафоҳум байни Вазорати илм ва технологияи Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки 31 августи соли 2017 ба имзо расида буд, инчунин протоколҳои ҷаласаҳои комиссияи байниидоравӣ, ки заминаи формати шарикии устувор ва системавиро гузоштанд, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ аҳамияти хоса доштанд.
Зикр шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбари ҳамоҳангсози соҳаи илм сиёсати давлатиро дар соҳаи илм ва техника тибқи стратегия ва барномаҳои дарозмуддат амалӣ менамояд. То имрӯз дар кишвар зиёда аз 20 самти афзалиятноки илмӣ, аз ҷумла: идоракунии устувори табиат ва ҳифзи муҳити зист, биотехнология ва фармасевтика, амнияти энергетикӣ ва захираҳои об, табдили рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва технологияҳои геоинформатсионӣ, нигахдории тандурустӣ ва тадқиқоти биотиббӣ муайян карда шудааст.
Дар идома муовини Вазири илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Жиачанг аз ҳамкориҳои илмии вусъатбахши муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Хитой изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ дар оянда андешаҳои худро иброз дошт. Зикр дошт, ки мо бояд ҳамкориҳои худро дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, дар самти илмҳои дақиқ ва риёзӣ иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ намоем, то дар ин самт ба дастовардҳои арзишманд ноил гардем.
Инчнунин, дар ҷаласа президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Салимзода Амонулло Файзулло, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур, сардори Раёсати байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қурбонов Қобилҷон, узви вобастаи АМИТ Саидов Абдусатор ва аз ҷониби Чин як зумра аз олимон доир ба самтҳои афзалиятноки соҳаи илми тарафайн фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Дар анҷоми ҷаласа байни Вазорати илм ва технологияи Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар шакли сифатан нав ба имзо расонида шуд.
Имрӯз, 21 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт он дастуру супоришҳое, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб вогузоштанд ба саҳми олимон расониданд.
Таъкид гардид, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур доданд, ки фаъолиятро дар самти густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон тақвият бахшанд.
Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки шахсони масъул манфиатҳои миллию давлатиро мунтазам ҳимоя намуда, кор бо мардумро тавре ба роҳ монанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар худро дар раванди давлатдорӣ масъул ҳисобад, моҳият ва ҳадафи хатарҳоеро, ки ба давлатдории мо ва истиқлолу озодии он таҳдид мекунанд, амиқ дарк намояд ва вазифаи худро дар татбиқи ҳадафҳои давлат ва ҳукумати кишвар мустақилона муайяну мушаххас карда тавонад.
Гуфта шуд, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми маҷлис бори дигар иброз доштанд, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ки бо мардуми ватандӯсти он бо қадамҳои устувор ва дилу нияти нек ба суи пешрафту шукуфоӣ ҳаракат менамоянд, ҳамаи роҳбарону масъулини ҳизбро лозим аст, ки тамоми қувва ва маҳорату истеъдоди аъзоёнашро барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир сафарбар намояд.
Дар анҷоми машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз олимони кишвар даъват ба амал оварданд, ки ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда барои амалисозии онҳо тамоми кушишҳоро ба харҷ диҳанд.
18 июл дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи Хатлон дар тамаддуни умумибашарӣ” баргузор гардид. Чорабинӣ ба муносибати шомил гардидани 11 ёдгории таърихию фарҳангии минтақаи “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО баргузор шуда, дар он доираи васеи олимону муҳаққиқон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор М. Саломиён оғоз ёфт. Сипас, як қатор маърӯзаҳои илмии сатҳи баланд дар мавзӯъҳои марбут ба таъриху фарҳанги Хатлон ва номинаи “Хуттали Қадим” ироа гардиданд. Аз ҷумла, академик Ю. Яқубов роҷеъ ба нақши ёдгориҳои пешниҳодшуда дар таърихи халқи тоҷик, доктори илми таърих А. Раҷабов оид ба Хуттал ва хуталиён дар сарчашмаҳои хаттӣ, номзади илми таърих А.Қ. Шарифзода перомуни пажӯҳишҳои хориҷӣ дар бораи Ҳулбук, доктори илмҳои таърих Бобоев Х.Б. приромуни нуҷум дар таъриху фарҳаги Хатлон ва Т.Г. Филимонова доир ба раванди омодасозии номинаи “Хуттали Қадим” ва дигарон суханронӣ ва андешаронӣ намуданд намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ мавзӯъҳои аҳамияти таърихию фарҳангии маҷмааҳои археологии Хатлон, ҷараёни номгузорӣ ва мураккабиҳои таҳияи номинаи “Хуттали Қадим”, зарурати ҳифз ва истифодаи устувори ёдгориҳо дар шароити муосир, нақши илмҳои дақиқ (нуҷум, математика ва муҳандисӣ) дар рушди Хуттали асримиёнагӣ, саҳми ниҳодҳои илмӣ ва мутахассисони тоҷик дар муаррифии мероси миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдгориҳои "Хуттали Қадим" рӯзи 12 июли соли 2025 дар иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж баргузор гардид, расман ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд. Ин номина панҷумин мавзеъ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дорои мақоми мероси умумибашарӣ гардид.
Ба таркиби номина 11 ёдгории таърихию меъморӣ дохил мешаванд, ки дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинг ҷойгиранд. Инҳо иборатанд аз: Қалъаи Ҳулбук (н. Восеъ), Шаҳристони Ҳулбук (н. Восеъ), Шаҳраки Манзаратепа (н. Восеъ), Дайри буддоии Аҷинатеппа (н. Вахш), Қалъаи Золи Зард (н. Данғара), Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (н. Данғара), Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа) (н. Ҷ. Балхӣ), Шаҳристони Золи Зар (н. Фархор), Корвонсаройи Тоҳир (н. Фархор), Шаҳртеппа (н. Фархор), Дайри буддоии Хишттеппа (н. Ховалинг)
Дар миёни онҳо, маҷмааи Қалъаи Ҳулбук ҳамчун маркази сиёсию маъмурии давлати Хуттали Қадим ва намунаи олии санъати меъмории асримиёнагӣ, мақоми хосаеро ишғол менамояд. Тибқи арзёбиҳои мутахассисони ЮНЕСКО, ёдгориҳои мазкур таҷассумгари фарҳанги гуногунҷанба ва дастовардҳои тамаддунии Хуттал мебошанд, ки дар масири Роҳи бузурги Абрешим нақши муҳими иртиботдиҳанда ва истеҳсолиро иҷро кардаанд.
Бояд хотирнишон намуд, ки таҳияи номинаи “Хуттали Қадим” аз соли 2023 оғоз гардида, бо талошҳои муштараки Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Вазорати фарҳанг, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии вилояти Хатлон ва дигар ниҳодҳои марбута амалӣ гардидааст. Ин раванди номгузорӣ бо дастгирии лоиҳаи байналмилалии “Central Asian Archaeological Landscapes” (CAAL) таҳия ва мураттаб шудааст.
Чорабинии мазкур қадами муҳим дар таҳкими худшиносии миллӣ, густариши робитаҳои илмии дохиливу хориҷӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.