Skip to main content

ДУШАНБЕ, 28.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи зиндагии мардум пайваста боло рафта, тадбирҳои густурдаи иҷтимоӣ ҳамчун рамзи ғамхории давлат ба ҳар фарди ҷомеа амалӣ мегарданд. Зиёдшавии маошу нафақа ва стипендияҳо — бозгӯи рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими сиёсати адолатпарваронаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва стипендия дастгирии арзишманди молиявии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони ташкилоти буҷетӣ, аз ҷумла ҳама категорияҳои соҳаи маориф, илм ва нафақа дар арафаи соли нави хониш ва 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки новобаста аз таъсири омилҳои осебпазир, буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ бо шарофати сиёсати оқилонаи иқтисодӣ-молиявии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна зиёда аз 8 фоиз то 8,2 фоиз таъмин гардида истодааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали сарварияшон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро аз афзалияти аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат муайян намуданд ва ба ҳалли масъалаҳои мазкур диққати махсус дода мешавад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, хизматрасонии ғайринақдӣ бо мақсади таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодӣ, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ, инчунин таъмини шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ, пешгирӣ, коҳиш додани сатҳи коррупсия ва омилҳои инсонӣ мебошад. Боиси хушнудӣ аст, ки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон давра ба давра дар ин самт қадамҳои устувор мегузорад.

Аз ин ҷост, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд.

Тадбирҳои андешида имкон доданд, ки даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расад. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 166,1 миллиард сомонӣ, нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ барои ин давра бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳо дар ҳаҷми 49,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 15,4 дарсад ва қисми хароҷот дар ҳаҷми 51,6 миллиард сомонӣ бо афзоиш ба андозаи 7,5 дарсад пешбинӣ гардид. Дар ин давра буҷети давлатӣ хусусияти рушд ва иҷтимоӣ касб намуда, ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона намудани 23,9 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Бо ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ ҳамасола зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия, ҷубронпулӣ, кумакпулиҳо бо мақсади баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ ҳал мегардад.

Барои тақвияти ин фикру мулоҳизаҳо рӯй овардан ба гузаштаи начандон дур, яъне 20 сол пештар ба манфиати кор аст. Аз ҷумла, бояд гуфт, ки аз соли 2001 сар карда, то имрӯз музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба ҳисоби миёна қариб 12 баробар зиёд карда шуданд. Дар солҳои 2001 ва 2002 — 40 фоиз, 2003 — 20 фоиз, 2004 — 25 фоиз, 2005 ба ҳисоби миёна 80 фоиз, 2006 ба ҳисоби миёна 50 фоиз, 2007 ба ҳисоби миёна 60 фоиз, соли 2008 мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 2 маротиба, тандурустӣ 70 фоиз, илм, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ 50 фоиз ва соҳаи маориф 40 фоиз зиёд карда шудааст. Ҳамчунин ин иқдом дар солҳои 2009, 2010 ва 2013 низ амалӣ гардид.

Ҳатто новобаста аз таъсири буҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ, дигар омилҳои берунӣ ва бемории ҳамагири COYID-19 ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ барои амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷуҳи минбаъда идома ёфта, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани ҳадди ақалли музди меҳнат, музди меҳнати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигари аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, нафақа ва стипендияи донишҷӯён ба тасвиб расидааст, ки аз ҷумла:

— тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2016, аз 1 июли соли 2016 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба андозаи 400 сомонӣ муқаррар шуда, маоши вазифавии хизматчиёни давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ба андозаи 15 фоиз, муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, варзиш ба андозаи 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 25 фоиз, андозаи нафақа 20, 30, 60 фоиз ва стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шудааст;

— тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018 аз 1 сентябри соли 2018 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» маоши вазифавии хизматчиёни давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, муссисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 15 фоиз, андозаҳои нафақа ба андозаи 20, 30, 60 фоиз ва стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шудааст;

— тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2020 аз 1 сентябри соли 2020 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» маоши вазифавии хизматчиёни давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 15 фоиз, андозаи нафақа 15, 50 фоиз ва стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шудааст.

Дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шудааст.

Ба ғайр аз ин, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастуру супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зиёд карда шаванд ва ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.

Барои иҷрои масъалаҳои гузошташуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия ба тасвиб расонида шуд.

Мувофиқи ин фармон бо таваҷҷуҳ ба маблағгузории соҳаи маориф ва дастгирии иҷтимоии кормандони ин соҳа, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва муассисаҳои илмӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла аз рӯйи мансабҳои сартабиб, табиб, кормандони миёна ва кормандони хурди тиббии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯйи Дастурамал оид ба тартиби таъйин ва пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Маоши кормандоне, ки дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, 20 фоиз зиёд мегардад, яъне маоши вазифавии кормандони тиббӣ, маъмурӣ ва хоҷагии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, дигар муассисаҳои низоми иҷтимоӣ, аз ҷумла осоишгоҳҳо, литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва дигар муассисаҳои соҳа ба ҳамин андоза зиёд карда мешавад.

Инчунин музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳои давлатӣ, матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва дигар муассисаҳои соҳаи фарҳанг 20 фоиз зиёд карда шуда, тибқи тартиби муайяншуда пардохт мегардад.

Бо мақсади ҷалби мутахассисони болаёқат ба хизмати давлатӣ андозаи маоши заминавӣ барои мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Дар асоси ин фармон маоши вазифавии кормандони дигар муассисаву ташкилот низ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд мегардад.

Ҳамзамон бо ин аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва заминавӣ мавриди индексатсия қарор мегирад.

Аз ҷумла, нафақаҳои суғуртавӣ аз 470,57 сомонӣ ба 517,63 сомонӣ, нафақаҳои меҳнатӣ аз 586 сомонӣ ба 644,65 сомонӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ аз 330,60 сомонӣ ба 366,66 сомонӣ, нафақаҳои заминавӣ аз 325 сомонӣ ба 357,50 сомонӣ баробар карда мешаванд.

Тибқи ин фармон аз 1 сентябри соли равон ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад. Яъне музди меҳнати моҳонаи кормандон дар ҳамаи муассисаю ташкилот ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон набояд аз 1000 сомонӣ кам бошад.

Инчунин стипендияҳои амалкунанда, аз ҷумла стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбию илмӣ ва стипендияи давлатӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва стипендия пурра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 (буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа), аз ҷумла аз ҳисоби маблағӣ барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети давлатӣ, сарфаи гурӯҳбандии буҷетӣ иқтисодӣ, азнавтақсимкунии дигар хароҷот, захираҳои молиявиӣ дохилии буҷетӣ ва маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ таъмин мегардад.

Дар баробари ин, ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатии меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигар ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа)-ро мутобиқи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007 тасдиқ карда шудааст, таъмин мегардад ва барои амалӣ намудани он тамоми имконияти муътадили молиявӣ ҷой дорад.

Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, мутахассисони вазорату кумитаҳо, идораҳои соҳавӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати мақомоти худ барои иҷрои сифатнок, самаранок ва саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» чораҳои заруриро амалӣ намоем.

Аъламхон НАИМӢ, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон