ПАРЧАМИ КОВИЁН - БАЁНГАРИ ҲУНАРМАНДӢ, ИХТИРООТ ВА ШУҶОАТИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИК
«Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҷомеаи имрӯза парчам ҳамчун рамзи давлатӣ қабул шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз субъектҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби ин рамзи муқаддаси миллӣ мебошад.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ниёгони тоҷик аз қадимулаём соҳиби давлату парчам буданд. Масалан, "Шоҳнома"-и безаволи А. Фирдавсӣ ривоят мекунад, ки аввалин парчами ниёгони тоҷиконаз ҷониби Коваи оҳангар аз пораи чарм омода гардида буд. Кова ҳунарманде буд, ки ки аз оҳан ашёҳои гуногун месохт ва ҳангоми бо оташ гудохтани хокаи оҳан ӯ пешдомани чарминро ба бар мекард. Коваи оҳангар барои озод намудани халқ аз зулму ситами Заҳҳок ба муқобилаш бархост ва аз пешдомани чармини худ парчам сохт. Парчами сохтаи Кова як пораи чарме буд, ки аз он на об ба зудӣ мегузашту на оташ. Ин рамзи шикастнопазириро ифода менамуд. Парчами Кова мардумро ба мубориза даъват намуда, дар зери он муттаҳид кард. Баъдтар ин пораи чарм ба худ номи «Дирафши Ковиён»-ро гирифт. Аз он давра «Дирафши Ковиён» ҳамчун нишонаи муборизаю шуҷоати миллати куҳанбунёди тоҷик шинохта шудааст.
Ҳаким Фирдавсӣ доир ба ихтирои дирафш ё ливои нахустини мардуми ҳунарманд, озодихоҳ ва муборизи зулму ситамро дар достони «Кова ва Заҳҳок»-и Шоҳнома чунин ба қалам додааст:
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.
Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,
Ки «Эй номдорони яздонпараст!
Касе к-ӯ ҳавои Фаридун кунад,
Сар аз банди Заҳҳок берун кунад.
Бо мурури замон бар ин пораи чармине, ки рамзи муборизаю озодихоҳӣва шикастнопазириро дар худ ифода мекард, аз ҷониби шоҳаншоҳони аҷдодони тоҷикон бо лаълу ёқут ва дигар сангҳои гаронарзиши ҳамонзамон оро дода шуда, ҳамчун ливои муттаҳидкунанда ва нишонае аз қудратмандӣ дар сохтори давлатдории онҳо ворид шуд.
Аз ин ҷо бармеояд, ки аҷдодони тоҷик аз ибтидои таърихи инсоният парчамдор ва парчамбардор буданд. Яъне ниёгони тоҷикон аз қадим то ба имрӯз муборизон ва озодихоҳони марзу буми хеш буданд.
Парчами Кова дар замони соҳибистиқлолии миллати тоҷик аз ҷониби Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида ҳамчун Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз муҳимтарин арзишҳои меросии ниёгонамон дар умури давлатдории имрӯза истифода бурда мешавад.
Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маконинигоҳдошти нусхаи асли Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи он пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ шахси хирадманду таърихогоҳ буда, дар бунёди давлати навини тоҷикон ба унсурҳои давлатдории ниёгони халқи тоҷик такя менамояд ва барои аз нав зинда намудану ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани арзишҳои таърихию фарҳангӣ талош мекунад. Дар робита бо ин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Дар давраи Истиқлолият рамзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав қабул шуданд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва аз ҳамон давра дар кишвар ҳамчун ҷашн дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Аз рӯзи қабул шудани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мешавад.
Ҳамин тавр, ҷашн гирифтани рӯзи Парчами миллӣ насли имрӯзаро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, созандагӣ, арҷгузорӣ ба мероси гузаштаи таърихӣ, сулҳу ваҳдат ва озодӣ раҳнамоӣ менамояд.
Сафоева Бибиаслия - корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 1045- СОЛАГИИ ДОНИШМАНДИ БУЗУРГИ ТОҶИК АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР АМИТ
Имрӯз, 4 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба муносибати 1045- солагии донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ Ибни Сино Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори симпозиум ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ва дигар олимону пажуҳишгарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори симпозиум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ифтихор аз он дорад, ки дар партави сиёсати илму олимпарваронаи Асосгузори сулҳу вадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пажуҳишгарону донишмандони зиёдро аз кишварҳои гуногуни олам дар Тоҷикистони биҳиштосо, дар сарзамини миллате, ки чунин як нобиғаи нотакрорро ба мисли Абуалӣ ибни Сино ба дунё оварда, ба воя расонидааст ва осори безаволи ӯро дар хизмати кулли инсоният гузоштааст, истиқбол намуда, дар якҷоягӣ Симпозиуми байналмилалиро дар мавзуи “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ” баргузор менамояд.
Таъкид гардид, ки Ибни Сино аз зумраи он мутафаккиронест, ки доир ба ҳаёт ва осораш муҳақиқони зиёде дар гузашта ва имрӯз сухан гуфтаанд. Аз ин рӯ, мехостем, ки танҳо бо зикри чанде аз комёбиҳои ин Пири ҳакимони Машриқзамин дар рушди илмҳои давронаш, хусусан дар илмҳои табиию риёзӣ, мақоми баланди ӯро дар илми ҷаҳонӣ муаррифӣ созем.
Мусалам аст, ки аз кулли осори Ибни Сино ёздаҳ асар ба соҳаи табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ бахшида шудаанд. Муҳимтарин асари Ибни Сино “Қонуни тиб”, ки иборат аз 5 ҷилд аст, аз серхонандатарин асарҳои ӯ дар гузашта ва даврони муосир ба ҳисоб рафта ба аксари забонҳои Аврупо тарҷума шудааст. Дар “Қонуни тиб” Ибни Сино назарияи умумии тиб, анатомия, физиология, ҷарроҳӣ, ташхис, тарзи табобат, маводи доруворӣ ва пешгирии бемориҳои гуногунро шарҳу тафсир дода, бемориҳои зуд паҳншаванда ва музмин, яъне хроникиро баррасӣ кардааст.
Гуфта шуд, ки саҳми Ибни Сино дар рушду такомули илми ботаника низ хеле бузург аст. Ба ин соҳаи илм ӯ “Китоби набот”-ро бахшида, дар “Қонуни тиб” низ бахшҳои зиёдеро дар ин самт таълиф кардааст. Дар “Китоби набот” бештар аз 500 номгӯйи растаниҳои шифобахшро меоварад, ки дар тибби қаблӣ ва муосираш мавриди истифода қарор дошта як иддаи онҳоро барои таҳқиқ дар оянда пешгӯи кардааст.
Зикр гардид, ки дар рушду нумуи соҳаи кимиё бошад, Ибни Сино хусусияти моддаҳои ғайриорганикиро, аз қабили оҳан, минералҳо ва пайвастагиҳои кимиёвӣ шарҳу тафсир дода, бо танқиди баъзе назарияҳову таълимот оид ба табдили металҳои беқиммат ба тилло фикру мулоҳизаҳои ҷолибе пешниҳод кардааст. Таснифоти моддаҳои кимиёвӣ, ки Ибни Сино пешниҳод намудааст, аз таснифоти Ҷобир ибни Ҳайён ва Муҳаммад Закариёи Розӣ бо соддагиву нодирӣ фарқ мекунад.
Қайд гардид, ки Ибни Сино дорои ақли фавқулода ва фарогир, дониши густурда дар бисёр бахшҳои илми асримиёнагӣ буд. Бузургтарин дастоварди мутафаккир дар он аст, ки ӯ бар хилофи алкимёгарон ё алхимикҳои замони худ, аввалин шуда усули дурусти гузаронидани реаксияҳои кимиёвӣ ва таҳқиқотро бо истифода аз доруҳои гуногуни кимиёвӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон нишон дод.
Бояд гуфт, ки шайхурраис Ибни Сино дар таърихи адабиёти мо ба унвони бунёдгузори жанри рубоии фалсафӣ низ шинохта шудааст. Воқеан, дар чаҳорчўби рубоӣ баён намудани андешаҳои амиқи фалсафӣ зеҳни хос ва истеъдоди фавқулодаро тақозо дорад. Тавони андешаи нозуку фарогир, маҳорати хеле волои суханварӣ ва садоқат ба фарҳанги миллию забони модарӣ ба Ибни Сино имкон додаанд, ки нахустин шуда, андешаҳои фарогири фалсафию равоншиносӣ ва мантиқиро ба таври хеле муҷаз тавассути рубоӣ баён намояд.
Дар идома ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ дар суханронии хеш иброз дошт, ки Абуалӣ ибни Сино, ки дар кишварҳои ғарбӣ бо номи Авитсенна машҳур аст, на танҳо ҳамчун файласуфи ақлгаро, балки ба ҳайси табиби ҳозиқ, мутафаккири донандаи тамоми илмҳои иҷтимоию табиатшиносии давронаш, олими энсиклопедист ва ҳамчун нобиғаи кулли инсонияти мутамаддин ба ҳар яке аз илмҳои ба он машғулгардидааш навгониҳои зиёд ворид сохта, равиши рушду такомули ин илмҳоро барои чандин садсолаҳои минбаъда муайян намудааст.
Таъкид гардид, ки маҳз ҳамин хизматҳои беназири ӯро барои инсоният ба эътибор гирифта, дар назди бинои ЮНЕСКО дар қатори Абурайҳони Берунӣ, Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Умари Хайём ҳайкали Ибни Синоро гузоштаанд. Илова бар ин, ЮНЕСКО ибтидо аз соли 2003 дар ду сол як маротиба ба олимон мукофоти ба номи Ибни Синоро дар соҳаи этикаи илм месупорад. Созмонҳои ҷаҳонии асторономӣ дар рӯйи Моҳ кратереро бо номи Ибни Сино гузоштаанд. Солҳои 2008-2015 каталоги Ибни Сино вуҷуд дошт, ки дар он бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ номгӯйи донишгоҳу мактабҳои олиии тиббии кулли кишварҳои оламро ворид месохтанд ва ҳоло он бо номи “Феҳристи ҷаҳонии мактабҳои тиббӣ” низ ёд мешавад. Ин каталог, чунонки таъсисдиҳандагони он иброз доштаанд, бо сабаби “синтези донишҳои Шарқ ва Ғарб, таъсири бузург ба рушди тиб ва тандурустӣ” аз ҷониби Ибни Сино ба чунин ном сазовор дониста шудааст.
Гуфта шуд, ки Ибни Сино соли 980 дар хонадони Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино, ки аз тоҷикони Балх буда, дар даврони Оли Сомон, дар замони ҳукмронии Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ дар чоряки охири қарни даҳум ба Осиёи Миёна, ба пойтахти давлати Сомониён ҳиҷрат намуда буд, чашм ба олами ҳастӣ кушодаааст. Модараш низ аз тоҷикзанони гирду атрофи Бухоро, аз деҳаи Афшана буд. Ибни Сино аз хурдсолӣ ба омӯзиши илмҳои динӣ, сарфу наҳви забонҳои тоҷикию арабӣ, сабкшиносӣ ва шеър шуруъ карда, онҳоро то даҳсолагӣ ба пуррагӣ аз бар намуд. Баъд аз ин риёзиёт, мантиқ ва фиқҳро омӯхта, ба тадриси илмҳои фалсафӣ ва табиӣ, махсусан тиб оғоз кард.
Дар идома сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ва дигар олимону пажуҳишгарон суханронӣ намуда, саҳми Ибни Синоро дар ташаккули тамаддуни ҷаҳон, рушду тақвияти илми тиб, фалсафа ва мантиқ беназиру нодир арзёбӣ карданд.
Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ байни Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
БОЗДИДИ ИШТИРОКЧИЁНИ СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 1045-СОЛАГИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ АМИТ
Имрӯз, 4 ноябр қабл аз оғози кори Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045-солагии донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино, иштирокчиёни симпозиум аз дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва меҳмонони хоса аз намоиши дастовардҳои илмии олимону пажуҳишгарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар рафти боздид меҳмонон бо навтарин таҳқиқоти илмӣ, дастовардҳои инноватсионӣ, рӯйдодҳои илмӣ, тарҷума ва таҳқиқоти суннатӣ ва муосири олимони тоҷик шинос гардиданд. Ба меҳмонон равандҳои таҳқиқотӣ дар бахшҳои тиб, фармакология, илмҳои табиатшиносӣ, фалсафа, кимиё, тибби мардумӣ ва соҳаҳои дигари марбут ба мактаби илмии Ибни Сино муаррифӣ карда шуд.
Ҷузъи муҳимми ин намоиш пешниҳоди намунаҳо аз осори нодири Ибни Сино буд, ки дар онҳо мероси илмии ӯ дар самтҳои тиб, фалсафа, мантиқ, астрономия ва риёзӣ инъикос ёфтааст. Олимон дастнависҳои нодир, нусхаҳои китобҳои таърихӣ ва таҳқиқоти арзишмандро оид ба «Қонуни тиб», «Донишнома», «Ишорат ва танбеҳот» ва дигар асарҳои маъруфи Ҳаким муаррифӣ карданд. Иштирокчиён аз шарҳу тавзеҳоти мутахассисон дар бораи арзиши илмии донишҳои ибнисиношиносӣ ва нақши он дар ташаккули илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ баҳраманд шуданд.
Меҳмонон ба фаъолияти олимони тоҷик дар самти ҷамъоварӣ, таҳқиқ, таҳия ва нашри илмии осори Ибни Сино баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо барои ҳифз ва таблиғи мероси гаронбаҳои илмӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ миёни марказҳои илмии кишварҳои гуногун мусоидат менамояд.
Имрӯз, 4 ноябр дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045-солагии донишманди барҷастаи тоҷик ва нобиғаи ҷаҳони илм Абуалӣ Ибни Сино маросими гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи ӯ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар, инчунин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ иштирок намуданд.
Маросим бо ҳадафи гиромидошти мақому манзалат ва саҳми таърихии Абуалӣ Ибни Сино дар рушди илм, хусусан илми тиб, фалсафа ва дафтаршиносии ҷаҳонӣ доир гардид. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки мероси илмии Ибни Сино ҳамчун яке аз манобеи муҳими дониш ва тафаккури инсоният то имрӯз аз аҳамияти вижа бархӯрдор мебошад.
Зикр гардид, ки осори ин мутафаккири нодир то имрӯз ба сифати такягоҳи муҳими илмӣ дар марказҳои бузурги илми ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дорад.
Имрӯз, 3 ноябр, дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону муҳаққиқон ганҷинаи мероси адабии Институт, баъди солҳо муҷаҳҳаз гардидан бо таҷҳизоти наву муосир, мавриди истифода қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки “Ганҷинаи мероси адабӣ” 16 октябри соли 1971 бо ташаббуси устодон Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммад Осимӣ ва Хуршеда Отахонова таъсис ёфта буд. Дар Ганҷинаи мазкур 52 фонд аз адибону донишмандони барҷастаи муосири тоҷик гирд оварда шудааст. Аҳаммияти Ганҷина аз он иборат аст, ки дар он мероси адабию илмии шахсиятиҳои маъруфи тоҷик, ба монанди устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, П. Сулаймонӣ, Улуғзода, Ҳ. Юсуфӣ, С. Ҷавҳаризода ва дигарон дар шакли дастнавис ва мусаввадаҳои худи адибон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.
Таъкид гардид, ки таҷҳизоти нави гуногунҷабҳа имконият фароҳам меорад, ки сарчашмаҳои нодири адабӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихии милливу мероси фарҳангӣ бо стандарти байналмилалӣ нигоҳдорӣ ва муҳофизат карда шаванд. Ин иқдом барои таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши асарҳои классикони адабиёти тоҷик шароити беҳтар фароҳам меорад ва барои донишҷӯён ва муҳаққиқон манбаи дастрасии осон ва босифат ба мероси адабӣ хоҳад шуд.
Дар маросим таъкид гардид, ки эҳё ва таҷдиди ганҷинаҳои меросии адабӣ на танҳо барои рушди илм ва омӯзиш, балки барои нигоҳдории мероси фарҳангии миллӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад.
ИФТИТОҲИ ҲУҶРАИ КОРИИ АВВАЛИН ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ФАНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Имрӯз, 3 ноябр, дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ифтитоҳи ҳуҷраи кории аввалин Президенти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби бузурги илму фарҳанг, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва аҳли адабу фарҳанг иштирок намуданд. Таваҷҷуҳ ба шахсияти устод Айнӣ ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва хидмат ба илму маърифат зикр гардида, қайд карда шуд, ки фаъолияти илмӣ-адабии ӯ заминагузори давраи навин дар адабиёт ва худогоҳии миллии тоҷикон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки устод Садриддин Айнӣ ба унвони нахустин академик фаъолияти кории худро соли 1951 дар ҳамин ҳуҷра оғоз кардааст. Ба ин муносибат ҳуҷраи кории устод бозсозӣ шуда, лавҳи ёдгорӣ ва мизу курсии кории ӯ бо намунаи осор ва аксҳои хотиравӣ барқарор гардид.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи ҳуҷраи кории ӯ ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои бузурги устод ва арҷгузорӣ ба таърихи ташаккули илм дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки ин иқдом барои ташаккули муҳити таърихӣ-фарҳангӣ дар Академия, боло бурдани эҳсоси худшиносии миллӣ дар миёни насли ҷавон ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси устод Айнӣ аҳамияти вижа дорад.
Дар ҷараёни маросим инчунин таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба мутафаккирони миллӣ ва эҳёи мероси адабӣ баҳри бозсозӣ ва муаррифии чунин гӯшаҳои таърихӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки ҳуҷраи корӣ ҳамчун маркази омӯзишӣ ва илмӣ таҳқиқотӣ барои магистрантон, муҳаққиқон ва меҳмонон фаъолият намояд ва маводи таърихӣ, нусхаҳои дастнавис, аксҳо ва ёдгориҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти устод Айнӣ мунтазам ғанӣ гардонда шаванд.
Имрӯз, 3 ноябр дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва мероси адабии тоҷику форс машварати корӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш зикр доштанд, ки ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ, нигоҳдорӣ ва омӯзиши мероси ғании адабии тоҷику форс яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академия ба ҳисоб меравад. Таъкид шуд, ки бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир барои рушди илм, таҳқиқи таъриху адабиёти классикӣ ва муосир, таҳияи нашрияҳои илмӣ ва омӯзиши забони давлативу забонҳои бостон имкониятҳои фаровон муҳайё гардидаанд.
Инчунин, қайд гардид, ки олимону муҳаққиқон вазифадоранд дар баробари омӯзиши илмии мероси адабӣ, дар ҷомеа ҳисси миллӣ, худшиносиву ифтихор аз фарҳанги ниёгонро тақвият бахшанд ва бо корҳои илмӣ-амалӣ саҳми худро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузоранд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои марбут ба омодасозии нашрияҳои илмӣ, баргузории ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ, таҳияи пажӯҳишҳои вобаста ба забон ва адабиёт, инчунин роҳандозии барномаҳои тарғиботии оммафаҳм баррасӣ шуданд.
2 ҶОЙИ ЯКУМ: ҒОЛИБИЯТИ ЯК НАФАР МАГИСТРАНТ ВА ЯК НАФАР ДОКТОРАНТИ PhD - И АМИТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
![]()
2 ҶОЙИ ЯКУМ: ҒОЛИБИЯТИ ЯК НАФАР МАГИСТРАНТ ВА ЯК НАФАР ДОКТОРАНТИ PhD - И АМИТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
Имрӯз, 1 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур як нафар магистрант ва як нафар докторанти PhD - и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардиданд.
ҒОЛИБОН:
Ҳусайнов Шоҳрух - докторанти курси якуми Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз номинатсияи математика ғолиби ҷойи аввал гардид.
Муродова Макнуна - магистри курси дуввуми Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз номинатсияи Физика - астрономия сазовори ҷойи якум гардид.
ТАҚДИМИ ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» АЗ ҶОНИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ
Имрӯз, 1 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, инчунин ба ғолибони озмун ҷоизаҳо супориданд.