«Омили асосии расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста аст.»
Эмомалӣ Раҳмон
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиддияти ҷонибҳо ва мансабталабии сиёсатмадорон барои ҳокимият ва ҷанги таҳмилӣ оғоз ёфт. Ҷанг сабаби паст шудани рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гардид, ки боиси бад гардидани вазъи сиёсӣ дар кишвар шуд.
Маҳз дар ҳамин давраи муташанниҷ баҳри ба эътидол даровардани вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор гашт, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Тавре худи Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон пас аз анҷоми Иҷлосия қайд менамоянд, «вакилони халқиро хатари ҷиддӣ – дар вартаи бало қарор доштани миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муттаҳид сохт».
Пас аз баргузории иҷлосияи мазкур Раиси тозаинтихоби ҷумҳурӣ кӯшишҳои худро барои барпо намудани сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ равона намуд. Дар ин давра музокирот ва машваратҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсионии тоҷик доир ба ҳалли зиддиятҳо миёни тоҷикон ва расидан ба ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфта, аз соли 1994 то соли 1997 давом карданд.
Музокироти оштии миллӣ байни тоҷикон бо кӯмаки Созмони Милали Муттаҳид гузаронида шуда, 8 давраро дар бар мегирифт.
Давраи якум – аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия;
Давраи дуюм – аз 18 то 28 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Давраи сеюм – аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Покистон;
Давраи чорум – аз 22 май то 1 июни соли 1995 дар шаҳри Алма – Атои Ҷумҳурии Қазоқистон;
Давраи панҷум – дар се марҳала: марҳалаи аввал аз 30-юми ноябр то 22 декабри соли 1995, марҳалаи дуюм аз 26 январ то 18 феврали соли 1996 ва марҳалаи сеюм аз 8 то 21 июли соли 1996 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркменистон;
Давраи шашум – аз 5 то 19 январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон;
Давраи ҳафтум – 26 феврал то 8 марти соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия;
Давраи ҳаштум – дар ду марҳала: марҳалаи якум аз 9 то 16 апрели соли 1997, марҳалаи дуюм аз 22 то 28 майи соли 1997 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон.
Билохира музокироти ҷамъбастӣ аз 24 то 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия гузаронида шуда, тарафҳо ба музокирот омаданд. Дар натиҷа «Cозишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» бо ризояти тарафҳо қабул гардид.
Тавре худи Сарвари давлат дар муроҷиатнома ба муносибати имзо гардидани Cозишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба халқи Тоҷикистон қайд менамоянд, «Имзои Созишнома ба марҳилаи басо пурихтилофи муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон анҷом бахшида, ба оғози давраи нави таърихӣ бунёд гузошт. Муҳимтарин хулосае, ки аз ин Созишнома бармеояд, ин аст, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва масъалаҳои дигар мо бояд ба ҳама гуна зӯроварӣ хотима бахшем.»
Дар натиҷаи қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва анҷом бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон қадами устуворро дар роҳи сохтмони давлати соҳибистиқлолу дунявӣ гузошт. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҳифзи якпорчагии миллӣ рӯ ниҳод, ки он ба суботу пешравиҳо дар мамлакат мусоидат намуд.
Бигзор сулҳу Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва сарфарозии миллати куҳанбунёдамон ҳамеша побарҷо ва ҷовидона бошад!
Раҷабова Умеда – ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Адабиёти истифодашуда:
1. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ,– Душанбе «Ирфон» - 1995, 518с.
2. URL:https://prezident.tj/event_by_theme/internal_politics/national_unity/805 [Маводи электронӣ]. — (санаи истифодабарӣ : 13.06.2025).
3. Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳалаи созандагӣ. Душанбе «Ирфон», 2011, 372с.
4. Эмомалӣ Раҳмон, Бист қадами созанда..- Душанбе: ЭР-граф, 2014. - 312 саҳ.
Имрӯз, 7 август дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳи нав бо барномаи муосири компютерӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки барои таҳияи харитаҳои дақиқи радиатсионӣ бо истифода аз маълумоти аксбардории гамма, ченкунии қувваи доз ва координатаҳои GPS таҳия шудааст. Ин харитаҳо имкон медиҳанд, ки назорати муфассали вазъи радиатсионӣ амалӣ гардад, амнияти аҳолӣ ва муҳити зист таъмин шавад ва ба таҳдидҳои эҳтимолии радиатсионӣ сари вақт посух дода шавад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки ифтитоҳи озмоишгоҳ қадами муҳими таҳкими низоми амнияти радиатсионии миллӣ мебошад. Технология ва таҳқиқоти илмии мо барои баланд бардоштани дақиқӣ ва самаранокии мониторинги вазъи радиатсионӣ мусоидат хоҳанд кард.
Таъкид гардид, ки озмоишгоҳ ба як звенои калидӣ дар низоми амнияти ХБРЯ табдил хоҳад ёфт ва ба татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи радиатсионӣ ва амнияти экологӣ мусоидат мекунад. Директори Агентӣ қайд намуд, ки истифодаи усулҳои муосири таҳлили додаҳо ва технологияи геоиттилоотӣ имкон медиҳад, ки сифати пешгӯиҳо беҳтар ва хатарҳо коҳиш дода шаванд. Дар асоси ин лаборатория тањияи Атласи харитаҳои радиатсионии ҳудудҳои Тоҷикистон дар назар аст.
Маросими ифтитоҳ бо намоиши кори барнома ва намунаи харитаҳои радиатсионӣ анҷом ёфт, ки барои таҳлил ва банақшагирии чораҳои амниятӣ истифода хоҳанд шуд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон рушду нумуъ намудааст.
Дар ин замина олимону муҳаққиқон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти омоданамоии муҳаққиқони ҷавон дар риштаҳои гуногуни илм кушиш ба харҷ дода истодаанд.
Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2024-2025 зинаи таҳсилоти магистратураро 175 нафар хатм намуданд, ки аз инҳо 28 нафар гирандаи дипломи аъло ва 144 нафарро дипломи муқаррарӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон ду нафар магистрант бо сабабҳои гуногун дар имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаи магистрӣ иштирок накарданд.
Имрӯз аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба 28 нафар хатмкунандагони зинаи таҳсилоти магистратура дипломҳои аъло супорида шуд.
Имрӯз, 6 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани корҳо дар самти шуроҳои диссертатсионӣ таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласса баргузор гардид. Дар ҷаласа ноибони президент, раисони шуроҳои диссертатсионӣ, котибони илмии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати беҳтарсозии фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, баланд бардоштани дараҷаи илмии кормандони илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 13-Шурои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки бо қарори Комиссияи олии аттетстасионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар ин шуроҳои диссертатсионӣ 28 рисола ҳимоя гардид, ки аз он 5 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 18-диссертатсия барои дарёфти дараҷаи номзади илм ва 5 рисола барои дарёфти дараҷаи доктори PhD мебошад.
Гуфта шуд, ки дар ин шуроҳо аз ҷумлаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- рисолаи докторӣ, 1 рисолаи номзадӣ ва 2-рисолаи доктори PhD дифоъ карда шуд.
Зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар 5-Шурои диссертатсионии дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалкунанда, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия тасдиқ шудаанд, ҳамагӣ 17-рисола, аз ҷумла 2-рисолаи докторӣ ва 15-рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуданд. Дар ин шуроҳо аз ҷумлаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуданд.
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохт
ДУШАНБЕ, 02.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Баёзи шахсиятҳои шинохтаи дунё дар нашриёти «Адиб» бо номи «Пешво, ҳизб, миллат» рӯи чоп омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Китоби мазкур таҳти назари муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода таҳия шуда, бо дастгирии Кумитаи иҷроияи марказии Халқии Демократии Тоҷикистон нашр гардидааст.
Дар маҷмуа бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андеша ва маҳсули эҷоди шахсиятҳои шинохтаи дунё, ки муҳаббати онҳоро ба ҳизби созанда, роҳбари он ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ифода менамояд, гирдоварӣ шудааст.
Маллифи идея, мураттиб ва тарҷумон корманди ҳизб, ҳамраиси Шурои адабии Ассамблеяи халқҳои ҷаҳон шоир Абдуқаҳҳори Қосим буда, тавонистааст дастовардҳои Пешвои маҳбуби миллат, ҳизби созанда, бунёдкор ва мардумии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таблиғ намуда, ҳамовозии олимону шоирони дунёро сазовор гардад.
Бояд таъкид намуд, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон маҷмуа, энсиклопедияҳо ва китобҳои нодиреро дар васфи бузургони миллати тоҷик, табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва урфу одати миллати куҳанбунёди тоҷик вохӯрдан мумкин аст. Ба ин рӯйхат адабиёте ворид мешавад, ки ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ин бори дигар аз он дарак медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва башардӯстона дили мардуми дунёро тасхир намудааст.
Қисми зиёди муаллифон адибон ва донишмандони кишварҳои Русия, Беларус, Канада, Панама, Бразилия, Мексика, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Миср, Лубнон, Лаҳистон, Дания, Булғористон, кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва дигар давлатҳои Шарқ мебошанд. Баёзи мазкур дар баланд бардоштани давлати Тоҷикистон, ифтихори миллӣ, муаррифии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон нақши бориз дорад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲО ДАР ЛОИҲАИ «БЕҲТАР НАМУДАНИ НИЗОМИ ГАРМИДИҲИИ ДЕКАРБОНАТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ЗАХИРАҲОИ ГАРМИДИҲИИ ЗЕРИЗАМИНӢ»
Имрӯз, 01 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко аз ҷараёни корҳо дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ», ки дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Акитаи Япония сохта мешавад, дидан намуданд.
Ҳангоми вохурӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушва ба ҷониб ҷиҳати дастгириву ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки барои рушди ҳамкориҳои илмӣ, техникӣ, инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ боз ҳам кӯшиш ба харҷ додан лозим мебошад.
Дар навбати худ ҷаноби Сафир, хонум Фурута Кейко миннатдории худро ба роҳбарият ва олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳор намуда, ҳозиринро ба ҳамкории илмии дуҷониба даъват намуд. Инчунин саҳми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Япония аъло арзёбӣ гардид.
Директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Қодиров Анвар аз ҷараёни лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» ҳамагонро ошно намуда, қайд карданд, ки ҳоло корҳо дар ин самт идома дорад, як қисмати системаи гармидиҳӣ насб шуда, дар ҳолати санҷиш қарор дорад. Инчунин сохтори тайёр намудани намунаҳои об ва як қисми анализаторҳо ба кор дароварда шудааст, қисмати дигар дар ояндаи наздик насб карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки роҳандозии лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» ниҳоят муҳим буда, ба ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими энергетикӣ, экологӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Таъмини гармидиҳӣ дар шароити иқлими кӯҳӣ ва зимистонҳои сард, махсусан дар манотиқи дурдаст, яке аз масъалаҳои доғ боқӣ мемонад. Ҳоло қисмати зиёди хонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ бо истифода аз ангишт, ҳезум ва гази моеъ гарм карда мешаванд. Ин на танҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунад, балки ба муҳити зист низ зарар мерасонад, чунки боиси тавлиди партовҳои гази карбон (CO₂) ва дигар моддаҳои ифлоскунанда мегардад.
Истифодаи манбаъҳои гармии зеризаминӣ дар шакли насоси гармии зеризаминӣ (GSHP – Ground Source Heat Pump) имконият медиҳад, ки гармидиҳӣ бо хароҷоти камтар ва партовҳои карбонӣ қариб ба сифр расонда шавад. Ин технология бо истифодаи ҳарорати устувори қабатҳои зеризаминӣ кор мекунад ва метавонад дар тамоми фаслҳои сол самаранок бошад.
Ин лоиҳа на танҳо ба коҳиши истеъмоли сӯзишвории муқарарӣ мусоидат мекунад, балки як намунаи хуби гузариш ба технологияҳои тоза ва барқароршаванда мебошад. Аз ҳама муҳим, татбиқи чунин система метавонад мустақилияти энергетикиро дар маҳалҳо тақвият бахшад, хароҷоти аҳолӣ ва муассисаҳоро кам кунад ва муҳити зистро муҳофизат намояд.
Дар шароити Тоҷикистон, ки дорои захираҳои гуногуни геотермалӣ ва иқлими мувофиқ мебошад, чунин лоиҳа метавонад ҳамчун намуна барои минтақаҳои дигар низ хизмат кунад ва ба татбиқи стратегияҳои миллии рушди устувор, истифодаи оқилонаи захираҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат намояд.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ: АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОСИЁИ МИЁНА АВВАЛИН МУАССИСАИ ИЛМИЕ, КИ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСАВИРО ГУЗАШТ
Имрӯз, 01 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия ва наздик ба 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба академия хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.
Зимни нишаст дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мухтасар дар бораи корҳои анҷомёфтаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои муҳими илмию таҳқиқотӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба роҳ монда шуданд.
Ҳамчунин дар ин давра Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалии худро бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишварҳои ҷаҳон густариш дода, чандин созишномаҳои тарафайнро ба имзо расонидаанд. Дар ин давра як зумра олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишвраҳои ҷаҳон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, бо иштироки онҳо симпозиум ва конференсияҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Вобаста ба баргузор намудани семинар ва чорабиниҳои илмию сиёсӣ Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як зумра корҳои муҳимро анҷом додааст. Дар ин давра дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими сиёсӣ бахшида ба ҷашнҳои миллию давлатӣ баргузор гардиданд.
Инчунин дар нимсолаи аввали соли 2025 бо ташаббусҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ 8 озмоишгоҳи нав дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии зерини АМИТ аз ҷумла Институти химияи ба номи В.И. Никитин (3 адад), Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров (1 адад) ва Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков (2 адад), Маркази омӯзиши пиряхҳо (2 адад) мавриди истифода қарор дода шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки 15 феврали соли 2025 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро ба муҳлати се сол гузашта, хулосаи мусбии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)-ро, ки яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад, дарёфт намуд. Қарори мазкур дар ҷаласаи Шурои аккредитатсионӣ, ки 12-феврали соли 2025 баргузор гардид (протоколи №92), бар асоси хулосаи Комиссияи коршиносони беруна қабул шуд. Дар рафти арзёбӣ тамоми самтҳои калидии фаъолияти Академия - аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то фаъолияти илмӣ ва рақамикунонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт нашрияи расмии Академияи илмҳо бо номи “Илм ва инноватсия” таъсис дода шуда, шумораи нахустини он ба нашр расонида шуд.
Имрӯз, 25 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо президенти Академияи илмҳои Муғулистон, академик Самбуугийн Дэмберел мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои муштараки илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии самараноки илмӣ дар кишварҳои Тоҷикистону Муғулистон, таҳия ва лоиҳаҳои нав илмӣ, ташкил ва гузаронидани экспедитсияҳои якҷояи илмӣ дар самти архиалогия, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи истеҳсолот дар соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки дар дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон ба имзо расонида шуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки дар доираи ин ёддошт ҷонибҳои ҳамкориҳои худро дар оянда дар самти илмҳои табиӣ, аз ҷумла физика, кимиё, ҷуғрофия, тағйирёбии иқлим, таназзули муҳити зист, инчунин илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла таърих, археология, этнология, фарҳанг, забоншиносӣ ва дар самти илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла технологияи плантатсионӣ, биотехнологияи ғизо, рушди гуногунии меваҷот густариш хоҳанд дод.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои мубодилаи иттилооти илмию техникӣ ва нашрияҳо, ташкили таҳқиқот ва таҷрибаҳои мутақобила, ташкили конфронсҳои муштарак, семинарҳо ва симпозиумҳо дар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин мубодилаи донишҷӯён, кормандони ҷавони илмӣ ва омӯзгорон барои иштирок дар фаъолиятҳои гуногуни таҳқиқотӣ ва/ё омӯзгорӣ ва такмили ихтисос, дастгирии озмоишгоҳҳои муштарак, пойгоҳҳои илмӣ ва марказҳои илмӣ низ ба мувофиқа омаданд.
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи асосии ёддошт васеъ намудан ва инкишоф додани ҳамкории мутақобили судманди муассисаҳои илмии ҷонибҳо ва мусоидат ба пешрафти илмию техникӣ мебошад.
Дар доираи ин санад ҷонибҳо дар самтҳои мубодилаи иттилооти илмию техникӣ ва нашрияҳо, ташкили таҳқиқот ва таҷрибаҳои мутақобил, ташкили конфронсҳои муштарак, машваратҳо ва симпозиумҳо дар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, мубодилаи донишҷӯён, кормандони ҷавони илмӣ ва омӯзгорон барои иштирок дар фаъолияти гуногуни таҳқиқотӣ, дастгирии озмоишгоҳҳои муштарак, пойгоҳҳои илмӣ ва марказҳои илмӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар асоси ёддошт ҷонибҳо дар ҳамаи соҳаҳои илм, ҳам таҳқиқоти бунёдӣ ва ҳам амалӣ ҳамкорӣ менамоянд. Он соҳаҳои табиатшиносӣ, муҳандисӣ ва илмҳои ҳаётро дар бар гирифта, бо онҳо маҳдуд намешавад.
Ёддошти тафоҳум бо роҳи муттаҳид кардани кӯшишҳои муҳаққиқони ҳарду ҷониб дар мубодилаи дастовардҳои илмӣ татбиқ карда мешавад.
Тарафҳо ҳамкории илмию техникиро дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва нафъи тарафайн мувофиқи қонунгузории худ амалӣ мегардонанд.
Ёддошти тафоҳум ба муҳлати панҷ сол ба имзо расонида шудааст.
