Skip to main content

«Омили асосии расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста аст.»

Эмомалӣ Раҳмон

Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиддияти ҷонибҳо ва мансабталабии сиёсатмадорон барои ҳокимият ва ҷанги таҳмилӣ оғоз ёфт. Ҷанг сабаби паст шудани рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гардид, ки боиси бад гардидани вазъи сиёсӣ дар кишвар шуд.

Маҳз дар ҳамин давраи муташанниҷ баҳри ба эътидол даровардани вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор гашт, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Тавре худи Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон пас аз анҷоми Иҷлосия қайд менамоянд, «вакилони халқиро хатари ҷиддӣ – дар вартаи бало қарор доштани миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муттаҳид сохт».

Пас аз баргузории иҷлосияи мазкур Раиси тозаинтихоби ҷумҳурӣ кӯшишҳои худро барои барпо намудани сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ равона намуд. Дар ин давра музокирот ва машваратҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсионии тоҷик доир ба ҳалли зиддиятҳо миёни тоҷикон ва расидан ба ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфта, аз соли 1994 то соли 1997 давом карданд.

Музокироти оштии миллӣ байни тоҷикон бо кӯмаки Созмони Милали Муттаҳид гузаронида шуда, 8 давраро дар бар мегирифт.

Давраи якум – аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия;

Давраи дуюм – аз 18 то 28 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон;

Давраи сеюм – аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Покистон;

Давраи чорум – аз 22 май то 1 июни соли 1995 дар шаҳри Алма – Атои Ҷумҳурии Қазоқистон;

Давраи панҷум – дар се марҳала: марҳалаи аввал аз 30-юми ноябр то 22 декабри соли 1995, марҳалаи дуюм аз 26 январ то 18 феврали соли 1996 ва марҳалаи сеюм аз 8 то 21 июли соли 1996 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркменистон;

Давраи шашум – аз 5 то 19 январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон;

Давраи ҳафтум – 26 феврал то 8 марти соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия;

Давраи ҳаштум – дар ду марҳала: марҳалаи якум аз 9 то 16 апрели соли 1997, марҳалаи дуюм аз 22 то 28 майи соли 1997 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон.

Билохира музокироти ҷамъбастӣ аз 24 то 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия гузаронида шуда, тарафҳо ба музокирот омаданд. Дар натиҷа «Cозишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» бо ризояти тарафҳо қабул гардид.

Тавре худи Сарвари давлат дар муроҷиатнома ба муносибати имзо гардидани Cозишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба халқи Тоҷикистон қайд менамоянд, «Имзои Созишнома ба марҳилаи басо пурихтилофи муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон анҷом бахшида, ба оғози давраи нави таърихӣ бунёд гузошт. Муҳимтарин хулосае, ки аз ин Созишнома бармеояд, ин аст, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва масъалаҳои дигар мо бояд ба ҳама гуна зӯроварӣ хотима бахшем.»

Дар натиҷаи қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва анҷом бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон қадами устуворро дар роҳи сохтмони давлати соҳибистиқлолу дунявӣ гузошт. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҳифзи якпорчагии миллӣ рӯ ниҳод, ки он ба суботу пешравиҳо дар мамлакат мусоидат намуд.

Бигзор сулҳу Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва сарфарозии миллати куҳанбунёдамон ҳамеша побарҷо ва ҷовидона бошад!

Раҷабова Умеда – ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Адабиёти истифодашуда:

1. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ,– Душанбе «Ирфон» - 1995, 518с.

2. URL:https://prezident.tj/event_by_theme/internal_politics/national_unity/805 [Маводи электронӣ]. — (санаи истифодабарӣ : 13.06.2025).

3. Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳалаи созандагӣ. Душанбе «Ирфон», 2011, 372с.

4. Эмомалӣ Раҳмон, Бист қадами созанда..- Душанбе: ЭР-граф, 2014. - 312 саҳ.