Skip to main content
Аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 2,6 ҳазор мутахассисон аз 90 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат доштанд.

Конфронс як қатор форум ва чорабиниҳои иловагиро, ки ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи пиряхҳо бахшида шудаанд, дар бар гирифта, иштирокчиёни он оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии марбут ба обшавии пиряхҳо, ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ, мероси фарҳангӣ ва табиӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва мониторинги пиряхҳо, инчунин роҳҳои ноил шудан ба рушди устувор тавассути мутобиқшавӣ ва коҳиши обшавии онҳоро баррасӣ карданд.

Дар рафти кушодашавии Конфронс, ки 30 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, таъкид карданд, ки конфронси номбурда қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад. Ҳангоми баромад Пешвои миллат қайд карда гузаштанд ки пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзи онҳо заминаро барои расидан ба аксари ҳадафҳои рушди устувор муҳайё сохта, якҷоягӣ бо қабатҳои яхбандӣ дар гардиши уқёнусҳо нақши асосӣ доранд ва танзимгари иқлими муътадили табиӣ дар сайёраи мо мебошанд.

Чӣ хеле ки Пешвои муаззами миллат иброз доштанд обшавии босуръати айни замон ба як буҳрони глобалӣ табдил ёфта, дар тӯли даҳсолаҳои охир бо суръати баланд коҳиш меёбанд, ки дар таърихи инсоният раванди ниҳоят ташвишовар ва бесобиқа аст. Бо дарназардошти ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки барои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои таъхирнопазири қатъӣ андешанд.

Дар ин радиф, Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани раванди обшавии пиряхҳо амалҳои фаврии зеринро пешниҳод намуд:

1. Баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо дар таъмини захираҳои оби ошомиданӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои рушди устувор;

2. Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо ҷалби фаъоли олимону пажӯҳишгарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои фарогири он;

3. Ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ ба мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба низомҳои экологӣ (экосистемаҳо), захираҳои об, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва тағйирёбии глобалии иқлим.

4. Татбиқи иқдомҳои дастҷамъӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ. Бахусус, барои ҳифзи наботот ва ҳайвоноте, ки дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо аз шароити маъмулии зисти худ маҳрум мегарданд, бояд чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

5. Аксарияти чораҳои ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда бо тадбирҳои марбут ба ҳалли мушкилиҳои тағйирёбии иқлим ҳамоҳанг ва наздик мебошанд.

6. Истифодаи самаранок ва ҷалби захираҳои молӣ ва фаннӣ барои татбиқи амалии ташаббусҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва саҳмгузорӣ ба Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.

7. Таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои амал дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ ба хотири наслҳои оянда.

Инчунин, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пешниҳод карда шуд, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия карда шавад.

Чӣ тавре, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар нутқи ҷамъбастиаш қайд намуд: - Конфронси мазкур, ки дар давоми се рӯз - аз 29 то 31 майи соли 2025 - дар шаҳри Душанбе давом дошт, шоҳиди муколамаи созанда, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва донишҳои илмӣ гардида, ҳадафи он ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ, яъне обшавии босуръати пиряхҳо буда, дар нигоҳ доштани тавозуни экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об нақши калидӣ доранд.

Иброз гардид, ки ҳифзи пиряхҳо барои таъмини воситаҳои зиндагӣ, дастрасӣ ба об, коҳиши хатарҳои марбут ба он ва инчунин барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди дарозмуддати минтақаҳои осебпазир зарур мебошад.

Гуфта шуд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиши муҳим ба баргузории муваффақонаи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 саҳми шоиста гузошта, барои қабули тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта нақши муҳим мебозанд.

Қайд гардид, ки дар рафти Конфронс ду ҷаласаи умумӣ, 12 нишасти мавзӯӣ, 2 мизи мудаввари сатҳи баланд, инчунин чорабиниҳои пешазконфронсӣ, аз ҷумла 8 форуми сатҳи баланд ва 17 чорабинии канорӣ баргузор карда шуд.

Ҳамзамон Сарвазири ҷумҳурӣ қайд намуд, ки шумораи иштирокчиёни Конфронс беш аз 2600 нафар аз 90 кишвари ҷаҳон бори дигар аҳаммияти онро дар муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба захираҳои об, таҳкими ҳамкорӣ байни ҷонибҳои манфиатдор, баланд бардоштани нақши пиряхҳо дар рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ ва сафарбарии иродаи сиёсӣ ҷиҳати суръатбахшӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои дахлдори Рӯзномаи 2030 исбот намуд.

Такъид гардид, ки қабул гардидани Эъломияи Душанбе давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибҳои манфиатдорро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи криосфера ва пиряхҳо даъват менамояд.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло доир ба натиҷаҳои муваффақонаи Конфронси сатҳи баланд ибрози назар намуда, онро дар самти тақвияти ҳамкорӣ дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, инчунин дар баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2026 муассир унвон намуд.

Сафаров М.Т. ва Шомаҳмадов А.М. Кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ