Таърихи башарият пур аз ҳаводиси гуногуни таърихию иҷтимоӣ буда, варақгардонии таърих, ки китоби зиндагиномаи кулли башарият маҳсуб мешавад, дар умқи худ аз нақши муборизи зан ба ҳайси як узви ҷомеа барои ҳифзу дифои Ватан, бунёдгузорию устуворгардонии пояҳои давлатдорӣ дарак медиҳад. Ин далолати он аст, ки занон дар масири таърих мақому манзалати хосаеро соҳиб буданд ва ҳамеша дар радифи мардон бо дасту бозуи худ, бо ақлу фаросат ва ҷасоратмандӣ ҳимоятгари халқу Ватан буданд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар ҳама давру замон бузург арзёбӣ намуда, занро «тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд» баҳогузорӣ намудаанд. Таъкиди дигари Пешвои миллат ин аст: «Нахуст мактаби инсон - мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем».
Рушди ҷомеа дар ҳама замонҳо ба фаъолмандии занон ва нерую тавони муборизи онҳо вобастагии қавӣ дорад. «Аз дараҷаи саводнокию фарҳангнокии занон ин ё он ҷомеаро баҳо медиҳанд», таъкид мекунанд Пешвои муаззами миллат.
Воқеан, мақоми зан шариф ва барҷаста мебошад. Зан мураббӣ ва оғӯши он мактаби бузурги камолоти насли одамист. Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Аз ин рӯ барҳақ ҳар як оила, қавму миллат ва дар маҷмўъ ҷомеаи инсонї бо зани фарҳангдӯст, боназокат, боиффат, донишманд, худшиносу ватандӯст ва ҳунарманду кадбону ифтихор дорад.
Нуфузу мартабаи зан хоса дар даврони Истиқлолият хеле баланд гашт. Давлату Ҳукумати Тољикистон нисбат ба зан пайваста ғамхориҳо зоҳир менамояд ва барои ҳифзи ҳуқуқи занон як зумра қонунҳо, дастуру супоришҳо ба тавсиб расонидааст.
Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи озодию баробарҳуқуқии зану мард, истифодаи нерӯи зеҳнии онҳо дар бунёди давлати миллӣ аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ мушаххас гардида, ба намояндагони ҳарду ҷинс имконияти озодонаи инкишоф додани қобилияту тавоноиро ба вуҷуд оварда, маҳорату малакаҳояшонро дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат истифода мебарад.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2018», «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» муҳимтарин ҳуҷҷатҳое маҳсуб мешавад, ки ба пешрафти ҳаёти занон ва боз ҳам қавӣ гардонидани нақши занон дар ҷомеа мусоидат менамоянд.
Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзад.
Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Бояд қайд кард, ки рӯз ба рӯз шумораи занон дар мансаб ва вазифаҳоиҳои давлатӣ рӯ ба афзоиш аст. Ин аз баробарии зану мард дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Имрўзњо дар сохторҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, дар вазифаҳои гуногун пурмањсул меҳнат карда истодаанд. Маълумотњо нишон медианд, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг, маориф, соҳаи хизматрасонии ахборотию ҳисоббарорӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил мекунанд.
Ҳоло қариб 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд”.
Занону бонувонро зарур аст, ки аз ин имкониятҳои муҳайёнамудаи давлату ҳукумат дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа, ташаккул ва рушди ниҳоди сарварии занон ва фаъолгардонии ин табақаи ҷомеа дар рушди сиёсати давлатдориро самаранок истифода намоянд, зеро ин нерӯи бузурги иҷтимоӣ, қодир аст ба рушд ва ё пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири назаррас дошта бошад.
Сафарова Бону Қурбоновна - ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Имрӯз, 6 март дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона таҳти унвони “Муҷассамаи гӯёи зиндагӣ” баргузор гардид Қабл аз оғози барномаи идона аз номи роҳбарияти Академия ба зиёда аз дусад нафар бонувон, ки дар соҳаҳои гуногуни илмӣ ва маъмурӣ фаъолият менамоянд, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадрдонӣ гулҳои баҳории идона тақдим гардид. Ин иқдоми рамзӣ нишонаи арҷгузорӣ ба нақши занон дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҷомеа маҳсуб мегардад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, олиҳаи ҳусн, ҳаёти бардавом, асоси ҳастии мо фарзандон, ишқи бепоён, баҳори бехазон, давлати ҷовидон аст. Модар ин баъди офаридгор офаранда аст, шахсе, ки дар зиндагӣ аз нахустин лаҳзаҳои ба дунё омадани инсон ӯро парасторӣ мекунад, ин модар аст ва ҳамин аст, ки аз лаҳзаҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шахсияти модар ва умуман баланд бардоштани мақому манзалати зан модар дар ҷомеа ва барои соҳибмаълумот намудани онҳо тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст.
Таҷлили «Рӯзи Модар», ки ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифта мешавад, рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан -Модар мебошад, зеро ки Зан-Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.
Таъкид гардид, ки Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон ва ҳимматбаландтарин шахси башарият мебошад. Маҳз меҳри бепоён, навозиши гарму самимӣ ва дуоҳои неки ӯст, ки моро ба оламу одам ошно месозад, роҳи зиндагиро равшан мекунад ва ба қалбамон нуру умед мебахшад. Модар бо сабру таҳаммул, бо меҳру вафо ва бо садоқати беназир фарзанди худро ба камол мерасонад ва барои саодати ӯ тамоми ҳастии худро нисор месозад.
Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишманди маъруф Кароматулло Олимов дар суханронии худ доир ба мақому манзалати зан-модар дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик ибрози назар намуда, таъкид кард, ки дар тамаддуни бостонӣ ва анъанаҳои маънавии тоҷикон ҳамеша ба зан-модар эҳтироми хосса зоҳир мегардид. Ба гуфтаи ӯ, модар на танҳо сарчашмаи ҳаёт, балки тарбиятгари аввалини инсон, нигаҳбони арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ ва поягузори маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дар чорабинӣ устодони шинохта — Аскар Ҳаким, Ҳасани Султон ва Қурбонова Ширин, ҳамзамон магистрантону докторантон бо суханрониҳо ва қироати шеърҳои пурмуҳтаво доир ба бузургӣ, мақом ва азамати зан-модар баромад намуданд. Дар шеърҳои қироатгардида модар ҳамчун рамзи муҳаббати бекарон, сарчашмаи меҳру шафқат ва поягузори маънавии зиндагӣ васф гардида, эҳсоси гарму самимии иштирокдоронро ба вуҷуд овард.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ бо иҷрои сурудҳои дилнишин ҳунарнамоӣ намуда, фазои идонаро боз ҳам рангину хотирмон гардониданд.
Мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ Наврӯзи имсола рӯзи 20-уми марти соли 2026, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар таърихи мо номи ин ҳодисаро “таҳвили сол” меномиданд.
Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд.
Дар акси поён, ки тавассути барномаи Stellarium сохта шудааст, мавқеи Офтоб ба ҳолати лаҳзаи фарорасии Наврӯз нишон дода шудааст ва дида мешавад, ки Офтоб дар нуқтаи эътидол ва нуқтаи буриши хати истивои осмон ва доират-у-лбуруҷ қарор дорад.
Бӯризода Анвар Маҳмад, Ризои Баҳромзод
Институти астрофизикаи АМИТ
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Д
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2026 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.
2. Моҳҳои апрел-майи соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки то рӯзи даъват ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.
4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд.
5. Раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ бо дарки масъулият ба роҳ монанд.
6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд.
7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
28 феврали соли 2026
№1143
Имрӯз, 26 феврал дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Саҳми занону бонувон дар рушди илм” бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва дигар занону бонувон иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо дар сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли онҳо дар тамоми соҳаҳо, бахусус илм ва маориф равона гардидааст. Қайд карда шуд, ки дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат, хоса таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди иқтидори зеҳнии занону бонувон заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Зикр гардид, ки имрӯз занони тоҷик дар бахшҳои гуногуни илм – аз фанҳои дақиқу табиатшиносӣ то илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ – саҳми арзанда гузошта, бо таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар пешрафти илми миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ нақши назаррас мебозанд. Таъкид шуд, ки ҷалби бештари духтарон ба таҳсилоти олӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионии бонувон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки имрӯз нақши занон дар пешрафти илм ва технология яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд мавқеи худро дорад. Занони тоҷик бо дониш, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб дар рушди илм, маориф ва инноватсия саҳми назаррас мегузоранд.
Таъкид гардид, ки таърихи тамаддуни тоҷикон собит месозад, ки зан ҳамеша дар ҷомеа мақоми баланд дошт ва дорад. Дар осори мутафаккирони классик, аз ҷумла Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абӯалӣ ибни Сино, ҷойгоҳи дониш ва маърифати занон ба сатҳи воло арзёбӣ гардидааст. Гарчанде дар замонҳои қадим иштироки занон дар фаъолияти расмии илмӣ маҳдуд буд, онҳо ҳамчун омӯзгор, тарбиятгар ва интиқолдиҳандаи фарҳанг саҳми бузург доштанд.
Дар давраи муосир, бахусус дар асри XX, бо рушди низоми маориф имкониятҳои таҳсил барои занон васеъ гардиданд. Ин раванд замина гузошт, ки занон бештар ба фаъолияти касбии илмӣ ворид шаванд.
Қайд гардид, ки конференсияи байналмилалии “Саҳми занон дар рушди илм” аз соли 2013 дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардида, аз соли 2015 маҳз дар моҳи феврал, ба Рузи ҷаҳонии занон ва духтарон дар илм мувофиқ карда шудааст. Шиори Рузи занон ва духтарон дар илмро Созмони милали муттаҳид чунин муайян карда аст: “Ҷаҳон ниёзманди илм, илм ниёзманди иштироки занон аст.”
Дар конфронс Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо маърӯзаи пурмуҳтаво суханронӣ намуда, доир ба нақши занону бонувон дар таҳкими иқтидори илмии кишвар ибрози назар кард.
Зикр гардид, ки имрӯз дар кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи занон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Бонувони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ бо масъулияти баланд фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илм нақши муассир доранд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳавасмандгардонии духтарони лаёқатманд, дастгирии корҳои таҳқиқотии занон ва тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ бо ниҳодҳои хориҷӣ аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти Кумита ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои занони олим имконияти хуби муаррифии дастовардҳо, мубодилаи таҷриба ва баррасии масъалаҳои муҳими илмиро фароҳам меорад. Зикр шуд, ки саҳми занону бонувон дар рушди илми миллӣ сол аз сол афзоиш ёфта, онҳо бо фаъолияти пурсамар дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим доранд.
Дар идомаи конференсия як зумра аз олимону бонувони фаъол бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, доир ба ҷойгоҳ ва нақши занон дар рушди соҳаҳои гуногуни илм сухан гуфтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба пешрафти илмҳои дақиқ, тиб, кишоварзӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва илмҳои гуманитарӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд. Ҳамзамон, дастовардҳои мушаххаси занони муҳаққиқ, татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ дар амалия ва саҳми онҳо дар пешбурди рушди устувори ҷомеа мавриди муҳокима қарор дода шуд.
ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМИТ
Имрӯз, 23 феврал дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва нишони эҳтирому садоқат ба Ватан аз ҷониби курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд.
Таъкид гардид, ки афсарони содиқ ба Ватану миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд. Артиши миллии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба шумор меравад, ҳамқадами соҳибистиқлолӣ ва зодаи Истиқлоли давлатӣ буда, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи холӣ, аз сифр таъсис дода шуд.
Гуфта шуд, ки дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳо ва илҳом аз корномаи беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ афсарону сарбозон тавонистанд, ки мушкилиҳои оғози давлатдории навинро сарбаландона паси сар карда, дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа табдил ёбанд. Воқеан, ҳама гуна пешрафту гулгулшукуфоӣ дар партави сулҳу амният сурат мегирад ва хушбахтона ин саодат барои сарзамини мо таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат бо саъю талоши шабонарӯзӣ ва бедорхобиҳои афсарону сарбозони Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ таъмин гашта истодааст.
Зикр гардид, ки вазъи имрӯзаи сиёсати геополитикии ҷаҳон, хатарҳои воқеии ба минтақа таҳдидкунанда, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, авҷи терроризму экстремизм дар сар то сари ҷаҳон имрӯзҳо зарурияти ба маротиб пурқувват намудани Артиши миллӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаро дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон тақозо менамояд. Сабақи таърихӣ гувоҳ аст, ки маҳз заъфи давлатдорӣ дар ҳамаи давру замонҳо аз надоштани омодагии ҷангӣ ва ба ин восита ба дасти аҷнабиён гузоштани рукни муҳими давлатдорӣ–артиши миллӣ будааст.
Қайд гардид, ки таҷлили ҳамасолаи 23-юми феврал ба ҳайси Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо арҷгузорӣ ба хизмату ҷонфидоии афсарону сарбозон, балки таҷассумгари масъулияти умумимиллӣ дар самти таҳкими амният ва суботи давлат мебошад. Зеро дар шароити муосир, ки бо таҳдидҳои гуногуни геополитикӣ ва равандҳои печидаи ҷаҳонӣ тавсиф меёбад, мавҷудияти артиши касбӣ ва омодабош омили муҳими пойдории давлатдории миллӣ ба шумор меравад.
Дар идома олимону кормандон доир ба 23-юми феврал — Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз таърихи таъсис, марҳилаҳои ташаккул ва нақши муҳими Артиши миллӣ дар ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз қадамҳои муҳимми таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба шумор рафта, имрӯз ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишвар табдил ёфтааст.
Дар фарҷом як зумра аз собиқадорони ҷангу меҳнат ва хизматчиёни фаъоли соҳа барои саҳми арзандаашон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо медали ҷашнии 30-солагии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Имрӯз, 20 феврал дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ – адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба фаъолиту хизматҳои ходими давлатӣ, муаррихи барҷаста, узви фахрии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзоамин Мирсаидзода бахшида шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба кори маҳфил ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки донишманди маъруф Мирзоамин Мирсаидзода, ки зиндагиномаи ӯ рамзи садоқату вафодорӣ ба обу хоки меҳани аҷдодӣ ва ибрати наслҳост, бо кору пайкор ва хидматҳои камназираш ифтихори Ватану ҳамдиёрон мебошад.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Мирзоамин Мирсаидзода ҳамчун эҷодкори сермаҳсул ва заҳматпеша китобҳои “Душанбе дар шоҳроҳи Ваҳдат”, “Дари кушоди худшиносӣ”, “Душанбе-қалби Тоҷикистон” иборат аз чаҳор ҷилд ва китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” рӯи чоп омадаанд, ки ҳар яке аз ин китобҳо ба хонандаи худ таъсири муҳиме дар худшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба сулҳу Ваҳдат ва Истиқлоли давлтӣ хоҳанд дошт.
Қайд гардид, ки дар китоби “Душанбе - қалби Тоҷикистон” бисёр мушикофонаву воқеъбинона ба шукуфоию сарсабзиҳо ва зебоиҳои пойтахти тоҷикон шаҳри Душанбе, ки бо заҳмату талошҳои роҳбарияти пойтахти кишвар амалӣ гаштааст, баҳои ҳаққонӣ додашуда, мақоми шаҳри Душанбе ва нақши он ҳамчун маркази сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат бисёр ба таври барҷаста инъикоси хешро ёфтаанд. Тамоми матолибе, ки дар чаҳор қисми китоби “Душанбе-қалби Тоҷикистон” ҷойгир шудаанд, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расида дар таблиғ ва шиносонидани дастовардҳои пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе барои ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам сайёҳон, нақши боризе хоҳад дошт.
Гуфта шуд, ки Мирзоамин Мирсаидзода дар китоби Душанбе-қалби Тоҷикистон афкору андешаи инсонҳои нек ва шахсиятҳои бузург, рӯҳи ҷовидонаи онҳоро ба тасвир додаанд, ки бо мутолиаи он завқи зебоипарастӣ ва эҳсоси Ватандориро дар замири ҳар хонанда бедор намуда, ӯро гоҳе ба сайри таърих ва гоҳи дигар ба олами ранго-ранги табиати дилпазири Душанбе мебарад.
Дар идомаи маҳфил муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар суханронӣ намуда, ба саҳми арзишманд ва хизматҳои шоистаи Мирзоамин Мирсаидзода дар рушди илм ва фарҳанг таъкид кард. Қайд гардид, ки асарҳои муҳими илмӣ ва адабии Мирзоамин Мирсаидзода на танҳо ҳамчун манбаи дониш ва маърифат, балки ҳамчун абзорҳои тарбиявӣ барои тарбияи насли ҷавон ва таҳкими худшиносии миллӣ хизмат менамоянд.
Инчунин, дар идомаи маҳфил академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршо Пирумшоев, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, муовинони ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур ва доктори илмҳои таърих Қурбонова Ширин маъруза намуда, доир ба саҳми арзишманд ва нақши фарҳангиву таърихии Мирзоамин Мирсаидзода дар рушди илм, тарбияи кадрҳои наврас ва баланд бардоштани худшиносӣ ва эҳтироми миллии шаҳрвандон фикру андешаҳои хешро баён карданд.
Имрӯз, 19 феврал дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахт дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки маъракаи мазкур бо ҳадафи ободу зебо гардонидани муҳити атроф, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва тақвияти фарҳанги сабзкорӣ баргузор гардида, саҳми кормандону олимони муассисаро дар татбиқи сиёсати созанда ва рушди устувори пойтахт боз ҳам таҳким мебахшад.
Зимни маъракаи ниҳолшинонӣ масъулин дар назди бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 16 адад дарахтони навъи магнолия ва дигар дарахтони ҳамешасабз шинониданд, ки ин иқдом ба ободу зебо гардидани муҳити атроф ва беҳтар шудани вазъи экологии пойтахт мусоидат менамояд.
Имрӯз, 19 феврал президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону кормандон аз сохтмони бинои Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ дидан намуданд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи иқдомҳои вобаста ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Академия корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дошта, айни замон сохтмони чандин иншооти илмӣ-таҳқиқотӣ ҷараён дорад.
Гуфта шуд, ки бинои Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ дар масоҳати 384 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат мебошад. Иншоот бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба талаботи замони муосир пешбинӣ шуда, барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар самти энергетикаи гидрогенӣ ва татбиқи технологияҳои навтарин шароити мусоид фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин озмоишгоҳи замонавӣ барои рушди таҳқиқоти илмӣ, татбиқи ихтирооту навовариҳо ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаи энергетика заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани бино дар дохили он 6 озмоишгоҳ бо таҷҳизот ва технологияҳои муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.