Skip to main content
Дар асри 21, технологияҳои рақамӣ (Digital Technology) ва зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence) ба воситаи муҳими таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (ХБРЯ) табдил ёфтаанд. Технологияҳои мазкур бо қобилияти таҳлилии зуд, пешгӯии хатарҳо ва автоматикунонии равандҳо ба ҳифзи амнияти миллӣ, саломатии аҳолӣ ва муҳити зист мусоидат мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои фаъол дар татбиқи сиёсати инноватсионӣ аст, истифодаи технологияҳои мазкур дар соҳаи амнияти ХБРЯ аҳамияти хоса дорад. Дар ин ҷода, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва қабули қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94 аз 25 июли 2025 нақши муҳимро мебозад.


Технологияҳои рақамӣ, аз қабили сенсорҳои интеллектуалӣ, таҳлили маълумоти калон ва блокчейн, дар идора ва пешгирии хатарҳои ХБРЯ нақши хос дорад. Сенсорҳои интеллектуалии муосир имкон медиҳанд, ки сатҳи радиатсияро дар вақти воқеӣ назорат карда ва аз паҳншавии радионуклидҳо дар боду ҳаво маълумоти пешакӣ ва дақиқ диҳанд, ҳамзамон ба саломатии инсон ва ҳифзи экологии кишвар сари вақт мусоидат намояд.

Системаи таҳлилии маълумот бошад, дар муддати кӯтоҳ маълумотҳои калонро ҷамъоварӣ ва таҳлил карда, ба қабули қарорҳои фаврӣ мусоидат мекунад. Таҳлили маълумотҳо метавонад, ки пешгуи аз паҳншавии бемориҳои сироятиро таъмин намоянд ва аз таҳдиди биологӣ нигоҳ доранд.

Раванди блокчейн барои сабт ва нигоҳдории бехатарӣ маълумот дар соҳаи амнияти ХБРЯ истифода мешавад. Технологияи мазкур шаффофият ва пешгирии дастрасии ғайриқонунии маълумотро таъмин менамояд. Масалан, блокчейн метавонад барои пайгирии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар занҷираи таъмини маълумот ва таърихи пайдоиши онҳо истифода гардад ва дар пешгирии ғайриқонунии истифодаи маводҳои хатарноки ядроӣ ва радиоактивӣ мусоидат намояд.

Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ бо қобилияти худкорсозӣ, пешгӯии хатарҳо ва таҳлили мураккаб дар таъмини амнияти ХБРЯ саҳми беназир дорад. Технологияи мазкур на танҳо самаранокиро баланд мебардорад, балки хатарҳоро бо дақиқии баланди маълумотҳо муайян мекунад.

Зеҳни сунъӣ дар муҳофизат аз ҳамлаҳои киберӣ низ нақши муҳим дорад. Масалан, системаи ба монанди Darktrace, таҳдидҳои кибериро дар вақти воқеӣ ошкор карда, онҳоро пеш аз расонидани зарари ҷиддӣ манъ мекунад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» пешниҳод намуд, ки 25 июли соли 2025 бо иттифоқи оро қабул гардид. Қатъномаи мазкур аҳамияти зеҳни сунъиро дар таъмини рушди устувор, аз ҷумла дар соҳаи амнияти ХБРЯ, таъкид мекунад. Ташаббуси мазкур на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар истифодаи технологияҳои нав муаррифӣ менамояд. Инчунин, қатъномаи мазкур барои густариш додани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА, IAEA) ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, барои татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи ядроӣ ва радиатсионӣ мусоидат менамояд.

Барои истифодаи пурсамари технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос нақши муҳимро мебозад.

Истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар амнияти ХБРЯ айни замон ба якчанд мушкилиҳо рӯ ба рӯ аст ва муҳимтарини онҳо чунинанд:

- шумораи мутахассисони таҷрибадори соҳаи амнияти киберӣ ва зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон маҳдуд аст.

- ҷорӣ кардани технологияҳои нав ба сармоягузории зиёд ниёз дорад.

- системаҳои рақамӣ ба ҳамлаҳои киберӣ осебпазиранд.

Бо вуҷуди ин, дурнамои рушд умедбахш аст. Сиёсати давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030, ки ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон шудаанд, ба татбиқи технологияҳои нав мусоидат хоҳад кард ва ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла қатъномаи таърихии СММ, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат қабул гардид, аҳамияти ин технологияҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид менамояд.

Манучеҳр ШОКИРОВ – Мудири шуъбаи амнияти киберӣ, кафолатҳо, омодагӣ ва вокуниш ба садамаҳои ХБРЯ-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Олимҷон АЗИЗОВ – Мудири шуъбаи менеҷмент, Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Адабиёт:

1. Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.president.tj/
2. Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ. www.mfa.tj/
3. Сомонаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. www.amit.tj/
4. Сомонаи расмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ. www.cbrn.tj/
5. “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти илмӣ: Абзорҳо ва равишҳои нав”. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, 2024. www.tajmedun.tj
6. “Нақши муҳим ва муассири технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ”. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 2023. www.iutet.tj
7. “Зеҳни сунъӣ ва нақши он дар замони муосир”. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2023. www.mmf.tnu.tj
8. “Қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид”. АМИТ «Ховар», 2025. www.khovar.tj
9. IAEA. “Nuclear Security and Digital Technologies”. www.iaea.org