Skip to main content

22 декабри соли равон дар Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо сухани ифтитоҳии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа оғоз ёфт. Зикр гардид, ки Паёми солонаи Пешвои миллат ҳамчун санади муҳими сиёсӣ, стратегӣ ва роҳнамои асосии рушди устувори давлат арзёбӣ гардида, дар он самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои солҳои минбаъда муайян карда шудаанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ба масъалаҳои рушди илми тиб, густариши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омодасозии кадрҳо, истифодаи технологияи муосир, истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб, ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои афзалиятноки илмӣ диққати асосӣ равона гардидааст.

Иштирокчиёни мизи мудаввар дар баромадҳои худ доир ба аҳамияти Паём дар рушди илми тиб, ворид намудани дастовардҳои инноватсионӣ ба амалияи тиббӣ, ҳамоҳангсозии илм бо истеҳсолот ва такмили низоми тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб ибрози назар намуданд.

Татбиқи саривақтӣ ва самараноки дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди неруи зеҳнии кишвар ва мутобиқ намудани корҳои афзалиятноки илмӣ ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад намуд.