Skip to main content

123Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамеша ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва стратегӣ арзёбӣ мегардад. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз натиҷаҳои рушди кишварро дар давраи муайян ҷамъбаст намуда, дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, афзалиятҳои иҷтимоӣ ва самтҳои асосии рушди устувори ҷомеаро муайян менамояд.

Паёми навбатӣ дар шароите ироа гардид, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нави глобалӣ — тағйирёбии иқлим, ноустувории иҷтимоӣ, хатарҳои тандурустӣ ва пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ рӯ ба рӯ аст. Дар чунин вазъ Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди илм, маориф ва таҳкими амнияти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ки равандњои мазкур асоси давлатдории муосир ва ҷомеаи устувор ба ҳисоб мераванд.

Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии аҳолиро яке аз вазифаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян карданд, ин беҳуда нест - таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки ҷомеаи солим заминаи асосии рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва пешрафти илмӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, сиёсати давлатӣ дар самти тандурустӣ дар Тоҷикистон хусусияти стратегӣ касб намудааст.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар солҳои охир инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Бунёд ва таҷдиди беморхонаҳо, марказҳои ташхисӣ, муассисаҳои тиббии хусусӣ, ворид намудани таҷҳизот ва технологияи нав ба беҳтар шудани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат намуд. Ин раванд на танҳо сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббиро боло бурд, балки имконият фароҳам овард, ки ташхис ва муолиҷаи бемориҳо мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ гарданд.

Яке аз масъалаҳои меҳварии Паём масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тиб мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бе мутахассисони донишманд, масъулиятшинос ва ватандӯст пешрафти соҳаи тандурустӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, сиёсати давлат ба такмили ихтисоси табибон, омўзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва дастгирии табибону олимони ҷавон равона гардидааст.

Дар Паём зарурати тақвияти заминаи илмии тиб, ҳамгироии таҳқиқоти илмӣ бо амалияи клиникӣ ва рушди тибби инноватсионӣ махсус таъкид карда шуд. Ин раванд метавонад ба ташаккули мактаби миллии тиб, баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисони ватанӣ ва кам кардани вобастагӣ аз хизматрасониҳои хориҷӣ мусоидат намояд.

Дар баробари тандурустӣ, Пешвои миллат ба рушди илм ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Илм омили асосии ҳалли масъалаҳои мураккаби иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва тиббӣ мебошад. Тақвияти таҳқиқоти илмӣ, дастгирии олимон, хусусан ҷавонон, ва пайвастани илм бо истеҳсолот аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегардад.

Дар Паём ба масъалаҳои муҳими дигар, аз қабили тағйирёбии иқлим баҳои мусбӣ дода шуд. Махсусан, пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера» табдил дода шавад. Ин иқдом аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалӣ дошта, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар омӯзиши масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои обӣ муаррифӣ мекунад.

Дар Паём Пешвои миллат бо ифтихор зикр намуданд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мавриди эътироф қарор гирифтанд. Қабули қатъномаҳо дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ, ворид гардидани ёдгориҳои Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва эълон гардидани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ далели равшани нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Президенти кишвар, ин дастовардҳоро ифодакунандаи дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳпарварона ва ибтикороти созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

Дар доираи Паём инчунин ба масъалаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Пешниҳод гардид, ки дар шаҳри Душанбе Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шавад. Ин ташаббусҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти бузург доранд.

Яке аз бахшҳои муҳими Паём масъалаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Пешвои миллат супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо ва музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ марҳила ба марҳила зиёд карда шаванд.

Ҳамзамон, барои ҳифзи табақаҳои осебпазири аҳолӣ индексатсияи нафақаҳо на кам аз 15 фоиз пешбинӣ гардид. Ин тадбирҳо ба таҳкими адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд.

Дар робита ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон карда шавад. Ин ташаббус дорои аҳамияти амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ буда, ба таҳкими арзишҳои давлатдории миллӣ ва болоравии масъулияти шаҳрвандӣ равона гардидааст.

Эълон гардидани соли 2026 бо чунин унвон, пеш аз ҳама, идомаи мантиқии сиёсати созандаи давлат мебошад, ки ҳадафи он ободии Ватан, беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба ҳисоб меравад. Корҳои ободониву созандагӣ на танҳо ҷанбаҳои инфрасохторӣ доранд, балки ҳамчун василаи муҳими ташаккули худшиносӣ, эҳсоси ифтихор аз Ватан ва масъулияти наслҳо дар назди таърих хизмат мекунанд.

Хулоса, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 барномаи ҳамаҷониба ва дурнамодор буда, самтҳои асосии рушди соҳаҳои тандурустӣ, илм, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба таври равшан муайян менамояд. Амалисозии дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда метавонад ба ташаккули ҷомеаи солим, рушди илми миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва болоравии нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.

Ин Паём ҳар як шаҳрванди кишварро, бахусус кормандони соҳаҳои тиб ва илмро, ба масъулияти баланд, фаъолияти илмӣ-эҷодӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори Ватан ҳидоят мекунад.

Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи

илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т.

Мутахасссиси бахши маҷаллаҳои тиббии

шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ

Юлдошева З.И.