Skip to main content

Имрӯз, 23 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Механизмҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти аҳолӣ ва рушди сармояи иҷтимоӣ» баргузор гардид. Конференсия аз ҷониби Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, бо ташаббуси шуъбаҳои сотсиология ва фалсафаи иҷтимоӣ роҳандозӣ шуд ва дар он намояндагони зиёда аз 20 муассисаи илмӣ ва таълимии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Беларус ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Мавзуи марказии конференсия – «Механизмҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти аҳолӣ ва рушди сармояи иҷтимоӣ» – ба таҳқиқи равандҳои мураккаби тағйироти иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир бахшида шуда буд. Ҳадафи асосии конференсия дарёфти роҳҳои таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи сармояи инсонӣ ва иҷтимоӣ дар асоси таҳлили таҳаввулоти замони истиқлол мебошад.

Бо сухани ифтитоҳӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. баромад намуда, аҳаммият ва замонавӣ будани мавзуи конференсияро дар заминаи воқеияти иҷтимоии ҷомеаи муосири Тоҷикистон таъкид намуданд. Дар ҷараёни конференсия маърузаҳои муҳимми олимони шинохтаи ватанӣ ва хориҷӣ (аз Россия ва Ӯзбекистон) шунида шуданд.

Пас аз маърузаҳо муҳокимаи фаъол сурат гирифт, ки дар он масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳувияти миллӣ, нақши ВАО, фарҳанг, маориф ва муҳоҷират дар шаклгирии сармояи иҷтимоӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ муҳокима шуданд.

Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён пешниҳод карданд, ки ҳамкориҳои илмии байниинститусионалӣ тақвият дода шуда, таҳқиқотҳои муштараки байниминтақавӣ дар мавзуҳои ҳувият, сармояи иҷтимоӣ ва устувории ҷомеа гузаронида шаванд.

Кори конференсия баъд аз танаффус дар бахшҳои соҳавӣ идома ёфт, ки дар онҳо зиёда аз 70 маърузаи илмӣ дар мавзуъҳои гуногун – аз таҳаввулоти ҳувияти миллӣ ва касбӣ то рушди маориф ва таҳкими арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – ироа ва муҳокима гардиданд.