Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз ӯҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣмебароянд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҷаҳон давлате нест, ки бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ арзи вуҷуд дошта бошад, чун сулҳу субот ва оромии давлату миллатро Артиши миллӣ таъмин менамояд. Маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи кишвартаъсис дода шуданд. Бояд зикр намуд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рузҳои ид, 23 феврал ҳамчун рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ муайян карда шудааст.
Дар моддаи 43-юми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маврид ҷашни Артиши Миллӣ чунин қайд намуданд:”дар ин лаҳзаҳои идона мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Бинобар ин, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.”
Одатан ба хотири ин рӯзи ҷавонмардиву далерӣ аз ҷониби бонувон ба ҷавонмардони ватан тибқи анъана паёми шодбошиӣ ва муҳаббат нисбат ба Ватан ироа мегардад.
Бояд гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳ яке аз муҳимтарин сохторҳои қудратӣ ба шумор меравад, аз ин лиҳоз ба хотири таҷлили он аз боғча саркарда то муассисаҳои олии касбӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳои давлати чорабиниҳои гуногун баргузор мешавад. Зеро дар муддати 33 соли Истиқлолияти давлатӣ Қувваҳои мусаллаҳи мо, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ сол ба сол тамин карда шуда, доимо ин ниҳод зери таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар қарор дорад.
Пешвои миллат дар мулоқотбо сохторҳои қудратӣ баён карданд, ки мо нисбат ба ягон кишвар ҳадафи ғаразнок надорем ва ҷанг карданиям нестем, вале ҳимояи Ватан, хоҳарон, модарон, тифлон ин қарзи мо мебошад ва ҳамчунин иброз доштанд, ки мо яроқи ҳастаи надорем, вале иттиҳоди мо, кулли мардуми кишвар ин худ бузургтарин қувва мебошад.
Ба гуфтаи Фирдавсии бузург:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Ду сад марди ҷанги беҳаз сад ҳазор.
Ин асолати таърихиро Сарвари далеру фидокор, ватанпарасти ҳақиқӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаду маром ва ормони зиндагиномаи хеш қарор доданд. Бинобар ин, моро лозим аст ба Ватани хеш, ки боарзиштарин ҷузъи ҳаёти мо аст, содиқона, зиракона, бо ахлоқи воло, бо сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва паҳлу бапаҳлуи Пешвои миллат то нафаси вопасин хизмат намоем.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми кормандони сохторҳои қудратиро бо рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният менамоям. Бигзор Тоҷикистони азизамон ҳамеша орому осуда бошад.
Махмедов Муҳаммад, - ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
КОНФРОНСИ II-ЮМИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РУШДИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ, ТАҲЛИЛ, АУДИТ, АНДОЗБАНДӢ, НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ: ТАҲДИДҲОИ МУОСИР ВА САМТҲОИ РУШД»
30-юми январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Муассисаи ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи пленарии Конфронси II-юми илмӣ-амалии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами муҳосибот, аудит, таҳлил, андозбандӣ ва назорати молиявии давлатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ коршиносони пешбар, олимон ва намояндагони соҳибкорӣ аз кишварҳои гуногун иштирок карданд.
Натиҷаҳои асосии конфронс:
Суханрониҳои шодбошӣ:
• Хайрулло Холназар Назарзода, Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор (Ҷумҳурии Тоҷикистон)
• Хушвахтзода Кобилҷон Хушвахт, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор (Ҷумҳурии Тоҷикистон)
• Тулаходжаева Миновара Маҳкамовна, Раиси Ассотсиатсияи миллии муҳосибон ва аудиторҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор (Ҷумҳурии Ӯзбекистон, онлайн)
• Алимбеков Нурлан Оринбосарович, Раиси Шурои директорони Палатаи муҳосибони касбии Ҷумҳурии Қазоқистон (Ҷумҳурии Қазоқистон, онлайн)
Ҷаласаи пленарӣ
Модератор: Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Маҷмӯи гузоришҳо:
• Калемуллоев Мунир Воҳидович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Мавзӯъ: "Матрица BCG и возможности её применения при диагностике банкротства" (Ҷумҳурии Тоҷикистон).
• Вахрушина Мария Арамовна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи таҳлили тиҷоратӣ ва бизнес ва аудит дар Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия. Мавзӯъ: "Интегрированная отчетность и управленческий учет: проблемы взаимосвязи " (Федератсияи Русия, онлайн).
• Давлатзода Дилмурод Ашурбек, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи идоракунӣ ва маркетинг дар Донишгоҳи Русия-Тоҷикистон (Славянӣ). Мавзӯъ: "Организационные положения развития государственного аудита" (Ҷумҳурии Тоҷикистон).
• Мирзоалиев Абдумалик Абдунабиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, САР, директори иҷроии Муассисаи ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавзӯъ: "Реформирование бухгалтерского учета и финансовой отчетности в Таджикистане: критический анализ" (Ҷумҳурии Тоҷикистон).
• Кадиров Абдураҳмон Лакимович, доктори илмҳои физика-математикӣ, профессори кафедраи электроникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Мавзӯъ: "Модели анализа образовательных данных с использованием искусственного интеллекта".
Натиҷаҳо ва тавсияҳо: Дар доираи конфронс масъалаҳои асосии рушд ва таҳдидҳои соҳаҳои муҳосибӣ, аудит ва назорати молиявии давлатӣ баррасӣ гардиданд.
Аз ҷониби иштирокчиён тавсияҳо барои беҳтар кардани фаъолияти ин соҳаҳо, аз ҷумла истифодаи технологияҳои рақамӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди барномаҳои таълимӣ пешниҳод карда шуданд. Конфронс як майдони муҳими табодули донишҳо байни коршиносон, олимон ва намояндагони иттиҳоди соҳибкорон гардид.
КУРСИ ХОНИШҲОИ СИЁСИИ “САРВАРОНИ СИЁСӢ” ДАР АМИТ БО ИШТИРОКИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГУЛАҲМАДЗОДА ЗУЛФИҚОР АҲМАД
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, дар таърихи 31 – уми январи соли 2025 бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад нишасти 13-уми курси хонишҳои сиёсии “Сарварони сиёсӣ” баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз бахшида, ҳузури меҳмонро ба ин курс шодбош намуданд.
Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни суҳбат қайд намуданд, ки: “Ҷавонон такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз ба ҳамин хотир аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ, илмомӯзӣ, ҷисману руҳан солим ба воя расидани ин қишри фаъоли ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Фаъолияти ҷавонон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рушди иқтисоди миллӣ имрӯз назаррас буда, онҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳои созанда пешниҳод намудаанд ва бо дастгирии роҳбарияти давлат онҳоро дар амал татбиқ намуда истодаанд. Бо мақсади мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас дар мамаклат муосиртарин шароиту имконот фароҳам оварда шудааст”.
Тавре, ки иттилоъ дода будем, рӯзҳои 21 - 28 - уми январи соли 2025 сокинони дунё шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд.
Дар ин асно кормандони илмии Институти астрофизикаи АМИТ муддати се шаб дар Расадхонаи астрономии Ҳисор ба хонандагони Муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷиҳати мушоҳидаи сайёраҳо, ки дар як саф қарор гирифтаанд, экскурсия гӯзарониданд.
Ҳоло дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия бо ташаббуси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ ҷараён дорад.
Чорабинӣ рӯзи 27 январ оғоз шуда, рӯзи 31 январ ба анҷом мерасад.
Дар чорабинии мазкур н.и.т. Кодиров Анвар Саидкулович, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (мутахассиси самти гидрологияи изотопӣ) ширкат варзид.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур аз мубодилаи таҷриба ва баррасии истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ иборат буда, барои рушди минбаъдаи ин усул номгӯи чорабиниҳо коркард гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, гидрологияи изотопӣ яке соҳаҳои илм маҳсуб меёбад, ки равандҳои гардиши гидрологиро бо истифода аз изотопҳои устувор ва радиоактивӣ меомӯзад. Ин усулҳои беназири омӯзиши манбаъҳои об, синну сол, гардиш, бухоршавӣ ва таъсири мутақобила бо дигар ҷузъҳои муҳити зистро пешниҳод мекунад.
Рӯзи 28 январи соли 2025 Кодиров А.С. дар мавзӯи “Ensuring water availability in Central Asia amid a changing climate” бо забони англисӣ баромад намуданд.
Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и АМИТ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, мақоми маркази минтақавиро барои давлатҳои Осиёи Марказӣ расман сазовор шуд
23 январи соли 2025 дар қароргоҳи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия маросими тантанавии супоридани лавҳа ба маркази минтақавии Тоҷикистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки он сатҳи баланди мутобиқати Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядрои (ХБРЯ),-ро ба талаботҳои АБНА инъикос менамояд. Дар асоси ин аккредитатсия, Марказ расман мақоми Маркази минтақавиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сазовор шуд.
Маълумоти бештар дар телеграми мо: https://t.me/akademia55
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, санаи 24 январи соли 2025 зимни нишасти дувоздаҳуми ин иқдом дар АМИТ бо иштироки узви вобастаи АМИТ профессор, сиёсатшинос Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзуи “Санъати суханварӣ" хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар раванди чорабинӣ Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба ҷанбаҳои гуногуни баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти баланди миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба илму олимон сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуд.
Аз ҷониби гузоришгар устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ба олимони ҷавон роҳу усул ва тарзи баён ҳамчун маслиҳату машварат баён карда шуд ва ниҳоят саволу ҷавобҳо баргузор карда шуда дар музокира олимони ҷавон фикру андешаҳои худро оид ба масалаи санъати суханварӣ баён намуданд.
Санаи 23.01.2025 дар Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ маҷлиси умумии кормандони Марказ дар ҳошияи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рузи 17.01.2025 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, бо иштироки Раиси Шуъбаи илмҳои биология, д.и.б., профессор Мирзораҳимзода А.К. гузаронида шуд. Дар маҷлис ҳамаи кормандон ширкат варзиданд.
Дар маҷлис натиҷаҳои асосӣ ва камбудию норасогиҳои фаъолияти илмию ташкилии Марказ дар соли 2024, нақшаи кории фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии зертобеи Шуъба ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда шуданд.
Инчунин дастуру супоришҳо оид ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ, яхобмони боғу киштзорҳо ва шинонидани дарахту буттаҳо, қаламчакунии гули садбарг ва ғайраҳо дасуру супориш дода шуд.
24 январи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни Сада Конференсияи илмию – амалӣ таҳти унвони «Ҷашни Сада ва моҳияту арзишҳои миллии он» баргузор гардид.
Зимни суханронии ифтитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба ҷашнҳои миллии тоҷикон ва барои аз нав эҳё кардани онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, мақоми онҳоро то ба сатҳи байналмилалӣ боло бурданд.
Бояд гуфт, ки ҷашну маросими фарҳангию суннатӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи умумиятҳои гуногуни башарӣ ба шумор мераванд. Маҳз ба туфайли пуштибонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакат ҷашнҳои миллӣ, махсусан Наврӯзи оламафрӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, дар сатҳи хеле баланд таҷлил мегарданд.
Таъкид гардид, ки тоҷикон аз зумраи он миллатҳои куҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашонро алорағми фишорҳои мафкураҳои ҳоким дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд.
Зикр гардид, ки Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст.
Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.
Ҳамин аст, ки барои дубора эҳё ва ҳифзи Ҷашни Сада маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.
Ёдовар мешавем, ки 6 декабр соли 2023 зимни иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки намояндагони муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доштанд “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Дар идома директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ Фарангиз Шарифзода дар мавзуи «Сада ҷашни мулуки номдор аст» ва мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш Абувалӣ Шарифзода дар мавзуи «Таърихи ташаккул ва таҳаввули ҷашни Садда», сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Тоҷинисо Муродова дар мавзуи «Ҷашни Сада омодагӣ ба Наврӯз» маъруза намуданд.
