Иди Сада яке аз ҷашнҳои куҳан ва пуршукӯҳи мардуми ориёӣ ба шумор рафта, дар фарҳанги халқи тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили Иди Сада дар замони муосир танҳо зинда кардани суннатҳои гузашта набуда, балки василаи таҳкими фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад. Сарвари давлат борҳо зикр намудаанд, ки миллати тоҷик бо доро будан ба таърихи қадима, расму ойин ва арзишҳои фарҳангии ғанӣ, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Ҷашнҳои миллии мо, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дар тӯли асрҳо дар ташаккули ахлоқи ҳамида ва ҷаҳони маънавии созандаи мардум нақши муҳим бозидаанд. Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашнҳо бо ташаббуси Пешвои миллат мақоми расмии давлатӣ гирифта, имрӯз бо шаҳомати хос дар саросари кишвар таҷлил мегарданд.
Дар шароити имрӯза Иди Сада барои ҷавонони Тоҷикистон на танҳо як суннати таърихӣ, балки воситаи муҳими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон мебошад.
Мафҳуми “Сада” аз шумораи сад гирифта шуда, ба панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи боқимонда то фарорасии Наврӯз ишора мекунад. Тавре олими машҳур Абӯрайҳони Берунӣ қайд намудааст, гузаштагони мо шабу рӯзро ҷудогона ҳисоб мекарданд. Иди Сада нишонаи гузариши фасли зимистон ва муждаи наздикшавии баҳор аст. Ин ҷашн рамзи ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ буда, ҳамасола 30 январ мардум бо афрӯхтани оташ, сурудхонӣ, дуо ва баргузории барномаҳои фарҳангиву театрӣ онро истиқбол мегиранд.
Моҳияти Иди Сада бо оташ, нур ва заҳмат пайванди ногусастанӣ дорад. Гулхани афрӯхташуда рамзи поксозӣ, равшанӣ ва оғози марҳилаи нав дар зиндагӣ мебошад. Аз нигоҳи ҷавонон, ин гулхан нишонаи умед ба фардои дурахшон, рӯҳбаландӣ ва ҳамдилии ҷомеа аст. Ин анъана ҷавононро ба ҳам меорад ва ҳисси дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиро таҳким мебахшад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илм ва техника, ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи муҳим ва масъулияти ҷиддии насли ҷавон ба ҳисоб меравад. Иди Сада ба ҷавонон имконият медиҳад, ки бо таърих ва фарҳанги худ амиқтар ошно шаванд, аз таҷрибаи ниёгон сабақ гиранд ва онро бо ҳаёти муосир ҳамоҳанг созанд. Иштироки фаъол дар чорабиниҳои фарҳангӣ, баргузории маҳфилҳои маърифатӣ ва тарғиби ҷашн тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар эҳёи суннатҳои миллӣ нақши муассир дорад.
Аз ҷиҳати иҷтимоӣ, Иди Сада мардумро ба меҳнатдӯстӣ ва созандагӣ ҳидоят мекунад. Ин ҷашн ёдрас месозад, ки неъматҳои зиндагӣ бо заҳмат, сабр ва кӯшиш ба даст меоянд. Барои ҷавонон ин арзишҳо аҳамияти хоса дошта, заминаи пешрафти шахсӣ ва рушди ҷомеа маҳсуб меёбанд. Арзишҳои Сада насли ҷавонро ба худтакмилдиҳӣ, ватандӯстӣ ва хизмат ба Ватан раҳнамун месозанд.
Иди Сада ҳамчунин дорои паёми муҳими экологӣ мебошад. Эҳтиром ба оташ ҳамчун манбаи гармӣ ва рӯшноӣ, муносибати оқилона ба табиат ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ аз ғояҳои асосии ин ҷашн ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон метавонанд бо ташаббусҳои экологӣ, аз ҷумла тозагардонии муҳити зист, ниҳолшинонӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ, мазмуни ҷашнро боз ҳам ғанӣ гардонанд.
Ҳамин тавр, Иди Сада барои ҷавонон на танҳо як ҷашни таърихӣ, балки рамзи худогоҳӣ, ваҳдати миллӣ ва умед ба ояндаи дурахшон мебошад. Нигоҳдорӣ ва рушди ин мероси бостонӣ вазифаи ҳар як ҷавони худшинос аст, то арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии миллат ба наслҳои оянда ба таври шоиста интиқол ёбанд ва ҳамеша поянда бимонанд.
Ходими илмии филиали Агентии амнияти ХБРЯ дар вилояти Суғд, Исматдинов М.М
Имрӯз (18.02.2025) Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварда, бо президенти академия Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мулоқот намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеи ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуданд.
Дар мулоқот аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пешниҳод гардид, ки мо дар доираи ҳамкориҳо бо дастгирии Сафир метавонем дар пояи муассисаҳои олии Арабистони Саудӣ нимпайкараи яке аз шоирони форсу тоҷикро гузорем. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар оянда рӯйхати як зумра олимони муассисаҳои илмии Арабистони Саудӣ ба Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд то онҳо ба аъзои хориҷии академия ворид карда шаванд.
Дар идома ҷонибҳо барои амали сохтани як қатор корҳои муҳим, ки дар доираи созишномаҳо ба роҳ монда шудаанд ба мувоффиқа омаданд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки мо бояд ҳамкориҳои муштаракро миёни олимони муассисаҳои илмии ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, бо иштироки олимони тарафайн конфронс, симпозиюм ва мизҳои мудаввари сатҳи байналмилалӣ баргузор намоем.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки ҳоло ҷомеаи мо дар асри технологӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, бо дастгирии Сафир мо метавонем дар пояи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои омӯзиш ва таҳқиқоти ҳуши маснӯӣ як парки технологӣ бо истифода аз талаботҳои замонро таъсиси диҳем. Ҳамчунин зикр гардид, ки барои омӯзиши забони арабӣ дар пояи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Шуъбаи Шарқи миёна ва наздик фаъолият менамояд. Дар доираи ин мо метавонем барои ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба омӯзиши забони арабӣ корҳои муҳимро ба сомон расонем.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки бо дастгири сафир мо метавонем дар оянда асарҳои арзишманди шоирону мутафаккирони барҷастаи ду кишваро ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ тарҷума намоем.
Ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва маълумоти ҷолиб изҳори сипос ва қаноатмандӣ намуд.
Таъкид дошт, ки имрӯз сатҳи муносибатҳо байни ду кишвар албатта зери сиёсати дӯстонаи роҳбарони олии ду кишвар бисёр дар сатҳи хуб қарор доранд. Албатта пешниҳодҳое, ки дар инҷо қайд гардиданд умедворем дар оянда барои беҳбудӣ ва густариши муносибатҳо мусоидат намуда, дар якҷоягӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем гашт.
Сипас, ҷаноби Сафир роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро таъкид дошта, қайд намуд, ки мо бояд барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳо созишномаҳоро ҳарчи зуддтар ба тавсиб расонида, тибқи он амал намоем. Зеро ягона маҳаки асосие, ки ба густариши ҳамкориҳо мусоидат менамояд ин имзои созишномаҳо мебошад.
Ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон қайд намуд, албатта шумо, ки як кохи илмии бузург ҳастед мо ҳамеша барои густариш додани ҳамкориҳои илмӣ умед ба Шумо мебандем ва барои ҳама гуна ҳамкориҳо омода ҳастем.
Дар доираи мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як дастгоҳи замонавӣ аз ширкати CISCO – NETWORK барои баргузор намудани конфронсу мулоқотҳо тариқи маҷозӣ тақдим карда шуд, ки рӯзҳои наздик дастрас гардонида шуда, аз ҷониби мутахассисони ширкати CISCO – NETWORK насб карда мешавад.
Имрӯз (18.02.2025) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Ба кори маҷлис президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз бахшид. Сипас, муовини директори Институти демография дар бораи омӯзиш, тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳизбҳои сиёсии кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар рушду нумуъи тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мавқеи назаррасро соҳиб мебошад. Таъкид гардид, ки дар пеш маъракаи муҳими сиёсӣ интихобот аст ва мо олимон бояд дар тариғибу ташвиқи ин маъракаи муҳим саҳми арзишманд гузорем.
Таъкид гардид, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳайати худ корпуси олимони кишварро муттаҳид намудааст. Дар соли ҳисоботӣ кумита дар асоси сарчашмаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи сохтори ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монд.
Фаъолияти кумита дар доираи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», наи Оиннома ва Низомномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари муаззами хизб мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаласаҳои Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Точикистон, Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур роҳандозӣ шуда, як катор чорабиниҳоро дар амал татбиқ намуд.
Дар ин давра раёсати Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии зертобеъ дар якчанд самтҳо фаъолияти самарноку назаррасро ба роҳ монд, ки натиҷаи хуб ба бор овард. Дар доираи сиёсати маорифпарварона ва иҷтимоии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди маоши кормандони АМИТ 20 фоиз баланд бардошта шуд.
Ҳамчунин, дар арафаи иду ҷашнҳои милливу анъанавӣ аз ҷониби Раёсати КИИ "Хирадмандон" ба зиёда аз 300 нафар мандон кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Бояд гуфт, ки яке аз нишонаҳои устувории мақоми ҳизб дар ҷомеа ва ҳамовозӣ пайдо кардани он аз шумораи аъзоёнаш бармеояд. Имрӯз аъзои Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон нисбатан зиёд буда, дар раванди афзоиш қарор дорад. Натиҷаи таҳлилҳои охирини оморӣ нишон медиҳад, ки дар айни замон Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» 420 нафар аъзо дора, аз ин шумора 200 нафар зан (47% аз шумораи умумии занон) мебошанд. Дар талабот натиҷаи фаъол гардидани масъулини ҳизбии кумита, махсусан тарғибу ташвиқи барнома ва оинномаи ҳизб ва ҳамчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон шумораи аъзои хизб дар афзоиш аст.
Дар давраи хисоботӣ нисбат ба масъалаи аъзо намудани кормандон сафи ҳизб бештар мароқ зоҳир гардид. Ҳамин буд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ 80 нафар аъзои нав ба сафи ҳизб кабул карда шуд. Имрӯз дар маркази сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Сарвари муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба тамоми қишрҳои ҷомеа қарор дорад. Махсусан, сиёсати гендерии Сарвари давлат имкон дод, ки нақши занон дар рушди босуботи ҷомеа афзояд. Дар партави ҳамин сиёсат раёсати КИИ "Хирадмандон" ҷиҳати боло бурдани мақоми зан-модар чораҳои мунтаззам ва таъсирбахшро дар амал татбиқ намуда истодааст.
17 феврали соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ Иксанов Тахир Гаделзянович мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналхалқии маданӣ Швидкой Михаил Ефимович, ҷонишини директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ Элвира Рафиқовна Доля ва дигарон иштирок доштанд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар масъалаҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ (МФГС) изҳори андеша намуд.
Мақсад аз мулоқот мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти илмҳои гуманитарӣ ва таҳқиқотҳои илмӣ мебошад. Ҳамзамон дар доираи ҳамкориҳои муштарак ҷонибҳо барои баргузор намудани Форуми XVIII зиёиёни эҷодкори давлатҳои узви ИДМ санаи 13-14 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба мувоффиқа расиданд.
Зикр гардид, ки форуми мазкур ба муносибати 80- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва инчунин бо мақсади Соли нахустини ҳифзи саломатӣ дар ИДМ, ки соли 2026 эълон мегардад ба нақша гирифта шудааст. Таъкид гардид, ки дар доираи эълон гардидани Соли нахустини ҳифзи саломатӣ дар ИДМ соли 2026 ба табодули таҷриба, муҳокима ва банақшагирии ташаббусҳои муштараки бисёрҷониба дар соҳаи тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Маросими расмии супоридани дастгоҳи замонавии рентгени рақамӣ ба Маркази саратоншиносии вилояти Суғд
Ҳафтаи сипаригардида (15 феврали соли 2025) дар Маркази саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими расмии супоридани дастгоҳи замонавии ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) баргузор гардид. Дастгоҳ мазкур бо дастгирии бевоситаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳамоҳангсозии миллии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон аст, тақдим гардид.
Дар маросими тантанавӣ, академики АМИТ, Улмас Мирсаидов, муовини директор, Матин Ахмедов ва Олимҷон Азизов, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба ҳайси ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллии АБНА, инчунин Бахтиёр Орифов, сардухтур ва дигар мутахассисони касбии маркази саратоншиносӣ дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Дастгохи рентгении замонавии такдимгардида имконият медихад, ки ташхиси саривақти ва дақиқи бемориро амалӣ созад. Истифодаи ин дастгоҳ дар Марказ ба беморон шароит фароҳам меоварад, ки ташхисро дар марҳилаҳои аввал муайян намуда ва табобати саривақти онро таъмин намояд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки мутахассиси ин Марказ - Муҳаммадҷон Юсупов ба мӯҳлати як сол дар Марказӣ миллии саратоншиносии шаҳри Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон таҷрибаомӯзӣ намуда, саҳми назарраси худро дар самти ташхиси дақиқи саривақтии бемориҳои саратоншиносӣ татбиқ намуда истодааст.
Бояд зикр намуд, ки бештари лоиҳаҳои АБНА ба рушди иқтидории хизматрасониҳои марказҳои саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.
ИФТИТОҲИ УТОҚҲОИ ДАРСИИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ САМАРҚАНД БА НОМИ ШАРОФ РАШИДОВ
14 феврали соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ду утоқи дарсии забон ва адабиёти тоҷик мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ин пас донишҷӯён метавонанд аз ин утоқҳои дарсӣ, ки бо шумораи зиёди китобҳои илмию бадеии бо забони тоҷикӣ нигошташуда, истифода намоянд. Ҳамзамон толибилмон имкон доранд, ки тавассути филмҳои ҳуҷҷатию таърихӣ оид ба тамаддун, фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ, либоси миллӣ ва ашёҳои рузгордории тоҷикон шинос шаванд.
Дар ороиш ва муҷаҳҳазгардонии утоқҳои болозикр, мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон саҳмгузор буда, аз фонди ёрирасони муассиса ба миқдори 27 адад ашёҳои таърихӣ, аз қабили китобҳои қадимаи дастнавису чопи сангӣ, намунаҳои ҳунари хушнависӣ, мисгарӣ, кулолгарӣ, гулдузӣ ва зарфҳои армуғонӣ ба ин даргоҳ тариқи бебозгашт тақдим карда шуданд.
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ САМАРҚАНД БА НОМИ ШАРОФ РАШИДОВ
Дар доираи сафари корӣ меҳмонон ва иштирокчиёни Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "То тавони дӯстонро гум макун" аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ташриф оварданд.
Меҳмононро бо расму оини миллии суннатӣ ректори донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорон қабул намуданд. Зимни суханрониҳо ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, профессори ДДС Ҷумъа Ҳамро оид ба равобити дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек, ифтитоҳи утоқҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик дар донишгоҳи мазкур аҳамият, дурнамо ва масъалаҳои ороиши илмию бадеии ин утоқҳо суханронӣ намуданд.
Таъкид гашт, ки иҷрои ин амал дар доираи сиёсати фарҳангии сарони ду давлатҳои дӯсту бародар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев беназир ҳастанд.
МАҲФИЛИ ФАРҲАНГИИ "ГАНҶИ СУХАН" БО ИШТИРОКИ ШОИРОНУ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД
Дар доираи сафари корӣ аҳли зиёи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳфили фарҳангии "Ганҷи сухан" иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти маҳфил аз ҷониби олимону шоирони тоҷику ӯзбек шеърҳо дар васфи Ватан, Модар, дӯстӣ, бародарӣ ва муҳаббат бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ қироат карда шуданд. Маҳфили "Ганҷи сухан" аз соли 2004 ин ҷониб баргузор гардида, нишасти 225-уми он бо ширкати муштараки шоирону нависандагони тоҷику ӯзбек дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид.
БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ОСОРХОНАИ БОСТОНШИНОСИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ САМАРҚАНД БА НОМИ ШАРОФ РАШИДОВ
14 феврали соли равон дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “То тавони дӯстонро гум макун” дар шаҳри Самарқанд президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва намояндагони илму фарҳанги ҷумҳурӣ аз Осорхонаи бостоншиносии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов боздид намуданд.
