Skip to main content

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва давлатӣ аст, ки ба нақши бунёдкоронаи ҷавонон дар рушди ҷомеа ва давлат бахшида шудааст. Ин рӯз на танҳо имкони табрики насли ҷавон, балки фурсате барои арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар пешрафти кишвар ва муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба дурнамои сиёсати ҷавонон мебошад.

Тавре мушоҳида мегардад, ҷавонон ҳамчун қувваи пешбаранда ҳамеша дар рушди ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технология, ҷавонони тоҷик дар тамоми соҳаҳо – аз иқтисодиёт то фарҳанг ва илму маориф саҳми арзанда мегузоранд. Воқеан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, нисбат ба ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ин аст, ки дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳояшон мо ҷавононро насиҳатҳои падарона карда, пайваста ҷиҳати аз бар намудани илму дониш ва аз омӯхтани забонҳои гуногуни хориҷӣ даъват менамоянд. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Ояндаи кишвар, пешрафти мамлакат ва шукуфоии сарзамин ба неру, ақлу заковат ва муҳаббати ҷавонон ба халқу Ватан вобаста аст».
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шуруъ аз соли 1997 расман таҷлил мешавад, вақте ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯз ба тақвим ворид карда шуд. Ин иқдом нишонаи эътибори хосаи давлат ба насли ҷавон ва эътирофи нақши онҳо дар таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пешрафти ҷомеа хоҳад буд. Аз он замон инҷониб, 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Дар даврони истиқлолият, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонон як қатор барномаҳо ва имтиёзҳоро роҳандозӣ намудааст, аз ҷумла:
· Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон: Ин барнома барои солҳои 2021-2025 қабул шуда, ба беҳтар кардани шароити таҳсил, кор ва зиндагии ҷавонон нигаронида шудааст.
· Стипендия ва квотаҳои таҳсил: Стипендияҳои президентӣ ва квотаҳо барои донишҷӯёни болаёқат аз минтақаҳои дурдаст имкони таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи дохилу хориҷро фароҳам овардаанд.
· Грантҳо ва дастгирии ташкилотҳои ҷавонон: Грантҳои президентӣ барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва лоиҳаҳои ҷавонон дар самти фарҳанг, варзиш ва маърифатнокӣ кумак мерасонанд.
· Чалби ҷавонон ба идоракунии давлатӣ: Теъдоди зиёди ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ пешбарӣ шудаанд, ки нишонаи эътимоди Сарвари давлат ба онҳост.
Ин иқдомҳо боиси он шудаанд, ки ҷавонон дар рушди устувори кишвар фаъолона ширкат варзанд.
Ҳамасола Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон бо баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили консертҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, форумҳои илмӣ ва вохӯриҳо бо намояндагони гасбу кори гуногун ҷашн гирифта мешавад.
Хулоса Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рамзи умед ба ояндаи дурахшон ва эътимод ба қудрати созандаи насли ҷавон аст. Чавонон на танҳо оянда, балки имрӯзи кишваранд, ки бо ақлу заковат ва меҳнатдӯстии худ метавонанд Тоҷикистонро ба қуллаҳои нав бирасонанд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли ҷавононро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки мо дар арафаи он қарор дорем, самимона шодбош ва табрик гуфта, дар симои онҳо ба мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу субот, осоиштагию оромӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорам.
Бигзор ин рӯз ҳамеша бо шодиву нишот ва дастовардҳои созанда, баҳри пешрафти ҷавонони саодатманди кишвар ҷашн гирифта шавад!

Олимҷон Азизов – мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии Амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Заробудин Ширинов – корманди шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ