Skip to main content

«Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ омили муҳимтарини пешрафти илму техника, иқтисоди миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, омӯзиши амиқи ин фанҳо бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки низоми маорифи кишвар табдил дода шавад.»

Эмомалӣ Раҳмон

123Дар ҷаҳони муосир илму маориф ба нерӯи асосии пешбарандаи рушди ҷомеа табдил ёфтааст. Пешрафти босуръати технологияҳои нав, иқтисодиёти рақамӣ, ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди илмӣ байни давлатҳо талаб менамоянд, ки низоми маориф ба таври ҷиддӣ таҷдид гардад. Махсусан фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамчун пояи асосии илмҳои муосир, муҳаррики рушди технология ва саноат ба ҳисоб мераванд. Бо дарназардошти ин воқеиятҳо, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020–2040 дар кишвар «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Ин иқдоми стратегӣ далели равшани он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди илм ва маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мешуморад.

Эълон гардидани Бистсолаи рушди фанҳои дақиқ тасодуфӣ нест. Таҳлилҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки имрӯз кишварҳое, ки дар соҳаи илму технология ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, маҳз ба рушди фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ такя намудаанд. Масалан, давлатҳои пешрафта, аз қабили ИМА, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон ва Чин қисми асосии буҷети худро ба таҳқиқоти илмӣ ва рушди технологияҳои муосир равона менамоянд. Таҷрибаи ин кишварҳо собит месозад, ки рушди воқеии иқтисодӣ бидуни омодасозии мутахассисони соҳаи математика, физика, химия, биология, информатика ва муҳандисӣ ғайриимкон мебошад. Тоҷикистон низ ҳамчун давлати рӯ ба рушд барои ворид шудан ба фазои ҷаҳонии илмӣ ва иқтисодӣ ниёз ба насли нави дорои тафаккури илмӣ ва техникӣ дорад.

Яке аз сабабҳои асосии роҳандозии Бистсола он аст, ки дар солҳои пешин таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар баъзе зинаҳои таҳсилот то андозае коҳиш ёфта буд. Аксари ҷавонон бештар ба самтҳои гуманитарӣ майл пайдо мекарданд ва ин раванд метавонист дар оянда ба норасоии мутахассисони соҳаҳои муҳандисӣ ва техникӣ оварда расонад. Бинобар ин, зарурати ҷиддӣ пеш омад, ки шавқу рағбати насли наврас ба илмҳои дақиқ аз нав бедор карда шавад. Бистсолаи рушди фанҳои дақиқ маҳз барои ҳалли ҳамин мушкилот нигаронида шудааст.

Мақсади асосии ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи донишҳои илмӣ, ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ, тақвияти заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мебошад. Дар доираи Бистсола вазифа гузошта шудааст, ки тамоми муассисаҳои таълимии кишвар бо озмоишгоҳҳои муосир, кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизоти технологӣ ва васоити аёнии таълим таъмин карда шаванд. Инчунин, такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим ва мутобиқсозии барномаҳои дарсӣ ба стандартҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд.

Имрӯз маълум аст, ки ташаккули тафаккури илмӣ аз овони кӯдакӣ оғоз меёбад. Маҳз дар мактаб шавқу завқи хонанда ба фанҳои дақиқ бедор мегардад. Бинобар ин, дар доираи Бистсола таваҷҷуҳи махсус ба зинаи таҳсилоти миёна равона гардидааст. Дар аксари муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои фаннӣ, озмунҳои илмӣ, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҳафтаҳои фанҳои дақиқ, конференсияҳои хонандагон ба роҳ монда шудаанд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки хонандагон на танҳо донишҳои назариявӣ гиранд, балки малакаҳои амалӣ, таҳлилӣ ва тадқиқотиро низ инкишоф диҳанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар солҳои охир иштироки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия ва информатика ба маротиб афзоиш ёфтааст. Дастовардҳои хонандагони кишвар дар ин самт далели он аст, ки дар сурати фароҳам овардани шароити мусоид ҷавонони тоҷик қобилияти баланди зеҳнӣ доранд. Маҳз чунин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки Бистсола аллакай самараҳои нахустини худро дода истодааст.

Фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ танҳо маҷмӯи формула ва қоидаҳо нестанд. Онҳо воситаи ташаккули тафаккури мантиқӣ, интиқодӣ ва эҷодӣ ба ҳисоб мераванд. Шахсе, ки илмҳои дақиқро амиқ меомӯзад, қобилияти таҳлил намудани ҳодисаҳо, ҳалли мушкилот, қабули қарорҳои дуруст ва дидани робитаи байни сабабу натиҷаро пайдо менамояд. Аз ин рӯ, Бистсолаи рушди фанҳои дақиқ дар асл барномаи тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии илмӣ мебошад.

Дар доираи татбиқи ин барнома дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ тағйироти назаррас ба амал омада истодаанд. Ихтисосҳои нав вобаста ба технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисӣ, энергетика, нанотехнология, биотехнология ва дигар самтҳои муосир кушода мешаванд. Донишгоҳҳо ба марказҳои илмию таҳқиқотӣ табдил ёфта, робитаи онҳо бо истеҳсолот тадриҷан тақвият меёбад. Таъсиси технопаркҳо, лабораторияҳои инноватсионӣ ва марказҳои тадқиқотӣ замина фароҳам меорад, ки донишҷӯён донишҳои худро дар амал татбиқ намоянд.

Албатта, дар баробари пешравиҳо баъзе мушкилот низ мавҷуданд. Норасоии омӯзгорони баландихтисос дар баъзе фанҳои дақиқ, камбуди таҷҳизоти замонавӣ дар мактабҳои дурдаст, дастрас набудани китобҳои дарсии муосир ва норасоии маблағгузорӣ аз ҷумлаи чунин масъалаҳо мебошанд. Вале бо сиёсати пайгиронаи давлат ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати кишвар ин мушкилот тадриҷан ҳалли худро ёфта истодаанд. Солҳои охир садҳо омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, барномаҳои нави таълимӣ таҳия гардида, мактабҳо бо компютер ва озмоишгоҳҳо таъмин шуда истодаанд.

Рушди фанҳои дақиқ танҳо вазифаи муассисаҳои таълимӣ нест. Дар ин раванд нақши падару модарон, ҷомеа, воситаҳои ахбори омма ва тамоми ниҳодҳои давлатӣ муҳим мебошад. Тарғиби илм, дастгирии хонандагони боистеъдод, қадрдонии омӯзгорони беҳтарин ва фароҳам овардани фазои мусоиди зеҳнӣ аз омилҳое мебошанд, ки ба татбиқи муваффақонаи Бистсола мусоидат менамоянд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи саноатикунонии босуръат қадам ниҳодааст. Сохтмони корхонаҳои нав, рушди энергетика, роҳандозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва татбиқи барномаҳои инноватсионӣ талаб менамоянд, ки кишвар дорои мутахассисони зиёди муҳандис, барномасоз, техник, химик ва физик бошад. Маҳз Бистсолаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ метавонад ин талаботи стратегии давлатро таъмин намояд.

Дурнамои татбиқи пурраи ин барнома хеле назаррас мебошад. Интизор меравад, ки то соли 2040 сатҳи саводнокии илмии ҷомеа ба маротиб боло рафта, теъдоди олимон ва муҳаққиқони ҷавон афзоиш ёбад, иқтисодиёти кишвар бештар ба технологияҳои нав такя намояд ва Тоҷикистон дар минтақа ба маркази муҳимми илмӣ табдил гардад. Ин ҳама танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки ҳамаи сохторҳои дахлдор бо масъулияти баланд ба иҷрои ҳадафҳои Бистсола муносибат намоянд.

Дар маҷмӯъ, Бистсолаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ иқдоми сарнавиштсоз барои ояндаи миллати тоҷик мебошад. Он заминаи воқеии ташаккули тафаккури илмӣ, рушди зеҳнии ҷавонон ва пешрафти устувори давлатро фароҳам меорад. Дар шароити ҷаҳони босуръат тағйирёбанда танҳо миллате метавонад мавқеи худро ҳифз намояд, ки дорои илми пешрафта ва насли донишманд бошад. Аз ин рӯ, татбиқи пурра ва самараноки ин барнома вазифаи муқаддаси ҳар як омӯзгор, олим, падару модар ва тамоми ҷомеа мебошад. Бо итминон метавон гуфт, ки Бистсола ба марҳилаи нави рушди илму маорифи тоҷик оғоз бахшида, Тоҷикистонро ба ояндаи дурахшон ва ҷомеаи донишбунёд роҳнамоӣ хоҳад кард.

Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода А.О.