Баъзан дар тақвим санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти даҳсолаҳо аҳамияти худро гум намекунанд. 9-уми май маҳз аз ҳамин гуна рӯзҳост. Ин на танҳо як санаи таърихӣ дар китобҳои дарсӣ, балки қиссаи зиндаи ҳар як оила, дарди меросӣ ва ифтихори бузурги миллати мост. Ҳарчанд дар ҳудуди Тоҷикистон садои тиру тӯп шунида намешуд, аммо ҷанг ба хонаи ҳар як тоҷикистонӣ ворид гардида буд. Аз кӯҳистони дурдаст то водиҳои зарнисор беш аз 300 ҳазор ҷавонмард ба ҷабҳа рафтанд. Ин дар ҳолест, ки аҳолии онвақтаи Тоҷикистон ҳамагӣ тақрибан 1,5 миллион нафарро ташкил медод.
9-уми май дар таърихи инсоният ҳамчун санаи тақдирсоз сабт гардидааст. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1945, Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шикасти комили фашизм ба анҷом расид. Барои мардуми Тоҷикистон ин рӯз на танҳо рамзи пирӯзии низомӣ, балки нишонаи фидокорӣ, матонат ва ватандӯстии бемисл мебошад.
Дар ҳоле ки мардон дар муҳорибаҳои шадиди назди Москва, Сталинград ва дигар ҷабҳаҳо қаҳрамонӣ нишон медоданд, дар ақибгоҳ занону кӯдакон низ заҳмати шабонарӯзӣ мекашиданд. Онҳо дар саҳроҳои пахта, корхонаҳо ва муассисаҳои истеҳсолӣ бо шиори “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба!” меҳнат мекарданд. Корхонаҳои ҷумҳурӣ либос, маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти заруриро барои фронт омода менамуданд.
Зиёда аз 100 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Барои шуҷоату ҷасорати бемисл 54 нафар ҳамватанони мо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд. Дар байни онҳо Неъмат Қаробоев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Саидқул Турдиев ва дигар фарзандони шуҷои миллат ҳастанд. Неъмат Қаробоев аввалин тоҷикест, ки соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардидааст. Ӯ ҳанӯз соли 1940 барои шуҷоат дар ҷанги Финландия бо ин унвон қадрдонӣ шуда, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ қаҳрамониҳои зиёде нишон додааст.
Дар ҷанг на танҳо мардони тоҷик, балки занон низ фаъолона иштирок доштанд. Аз ҷумла, Ойгул Муҳаммадҷонова ҳамчун аввалин зани халабони тоҷик дар солҳои ҷанг зиёда аз 400 парвози ҷангӣ анҷом дода, борҳо техника ва мавқеъҳои душманро нобуд сохтааст.
Имрӯз барои насли ҷавон, ки дар фазои сулҳу оромӣ ба воя мерасад, ҷанг метавонад як воқеаи дур намояд. Аммо Рӯзи Ғалаба моро водор месозад, ки қадри сулҳ, субот ва истиқлолиятро бештар дарк намоем. Ҳар як гуле, ки имрӯз назди ёдгориҳо гузошта мешавад, рамзи эҳтиром ва арзи сипос ба қаҳрамониҳои гузаштагон аст. Ин рӯз ба мо ёдрас мекунад, ки маҳз иттиҳоду ҳамбастагӣ метавонад бар ҳама гуна бадӣ ва душманӣ ғолиб ояд.
9-уми май — ин иди бо ашк дар чашмон аст. Мо дар ин рӯз ба хотираи касоне, ки барои зиндагии осоиштаи имрӯза ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Сулҳе, ки имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо ҳукмфармост, идомаи ҳамон зафари бузурги соли 1945 мебошад.
Имрӯз дар байни мо собиқадорон хеле ангуштшумор боқӣ мондаанд. Ҳар як суҳбат бо онҳо, ҳар як хати рӯй ва ҳар як медали рӯи синаашон худ як достони пурифтихор аст. Вазифаи мо танҳо бо табрики солона маҳдуд намешавад, балки эҳтиром ба хотираи онҳо ва ҳифзи сулҳу ваҳдат бояд ҳамеша рисолати ҳар яки мо бошад.
9-уми май — ин рӯзи пирӯзии ҳаёт бар марг, рӯшноӣ бар зулмот ва инсоният бар бадист. Бигзор дар ҷаҳон дигар ҳеҷ гоҳ садои тир шунида нашавад ва сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бимонад.
САЙФУДИНОВА Н.И. Лаборанти Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
Дар асоси фармоиши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Қосимзода Солеҳ Салим доктори илмҳои филологӣ ба вазифаи Сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD- и АМИТ ва Қурбонов Қобилҷон Шарифбоевич доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба вазифаи Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ таъйин гардиданд.
Ба устодони гиромӣ дар ин вазифаи пурмасъулият барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.
14 майи соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чаҳор ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иваз шуданд.
Ҳамин тариқ дар асоси қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 14.05.2024 Амонзода Илҳом Темур – доктори илмҳои техникӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ, Мирзораҳимзода Акобир – доктори илмҳои биологӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи биологии АМИТ, Саломиён Муҳаммаддовуд – доктори илмҳои филологӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ, Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа – доктори илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ таъйин гардиданд.
Ҳар як миллат арзишҳои ба худ хосро дорост ва миллатро аз рӯи арзишҳои доштааш дар арсаи ҷаҳонӣ медонанду мешиносанд. Хушбахтона миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадим дорои расму русум ва арзишҳои миллии хеш ҳастанд, аз он ҷумла сару либоси миллӣ ин муаррифкунандаи миллат ва шахсият аст, миллати тоҷик бо бузургиву ғайрату матонати ба худ хос фарҳангу маданияту донишу арзишҳои худро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда тавонистаанд.
Қобили қайд аст, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атлас ва чакан дар Созмони Милали Муттаҳид ворид гардида, ҳамчун матои миллии зебову шинам пазируфта шудааст, ки инҳам шаҳодат аз тамаддундориву қадимӣ будани миллати тоҷик дарак медиҳад. Имрӯз 15.05.2024 дар ҳавои мусоиди фасли зебои баҳори оламафрӯз аҳли бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо бабаркунии либосҳои миллии шинаму зебои худ барои муаррифии либосҳои миллӣ ба сайру гашт ва тамошои шаҳр баромаданд.
14 майи соли равон дар толори Маркази “Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” –и Раёсати АМИТ курси омӯзишии “Зан –Сарвар” баргузор гардид. Дар ин курси омӯзишӣ масъалаҳои мубрам ва муҳим оид ба “Фаъолияти бонувон дар илм чун ҳадафи рушди устувор” аз ҷониби раиси бахши магистратура ва докторантураи АМИТ Азизхонова Р баррасӣ шуд. Қайд гардид, ки имрӯз зани тоҷик натанҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаи бунёдгари давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократии мост.
Ҷомеаи имрӯзаи на танҳо Тоҷикистон, балки кулли сайёраро бе зан тасаввур намудан имконнопазир мебошад, зеро бонувон дар тамоми соҳаҳои илмӣ – фарҳангӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ, сиёсӣ, техникӣ саҳмгузор ҳастанд ва аз замонҳои қадим сар карда,то имрӯз баробари мардон дар рушду нумӯи ҳаёти аҳли башар нақши дастони зан – модар дида мешавад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам тақвияти мақому манзалати занон пайваста ғамхорӣ менамояд. Барои ба таври шоиста баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаро аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва пешниҳод намоянд.
Дар доираи татбиқи ин санади муҳим масъалаи ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак ва риояи ҳуқуқҳои баробари занону мардон ба эътидол оварда мешаванд. Дар атрофи ин мавзуҳо дар хотима Раиси занони АМИТ Маҳмадҷонова М.Т. ва иштикочиёни курси омӯзишӣ ибрози ақида намуданд.
07 майи соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ дар толори маҷлисгоҳ Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ – и солҳои 1941 - 1945” ба муносибати Иди ғалаба баргузор гардид.
Нахуст ба кори Конференсия ноиби президенти Академия миллии илмҳои Тоҷикистон - Саидов Абдусаттор Самадович ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба Президенти Академия миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд, зимни баромади хеш роҳбарияти академия афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои табрикотии худ бахшида ба солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм таъкид карданд, ки: "Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ «зарбаи асосии фашизми гитлерӣ ба муқобили халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ равона гардида буд. Аммо дар ҷавоб урдуи фашистӣ ба қаҳрамониҳои беназир, далериву шуҷоатмандӣ ва муборизаи беамони мардумӣ дучор гардида, дар натиҷа дастгоҳи пурқудрати ҳарбии фашизм шикаст хӯрд, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон таъмин гардид ва роҳи халқҳои гуногуни ҷаҳон ба сӯи озодӣ ва зиндагии осудаву созанда кушода шуд".
Қайд гардид, ки дар қатори муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз садҳо ҳазор фарзандони ватандӯсту шуҷои Тоҷикистон низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, даҳҳо ҳазор нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният ҷони худро қурбон кардаанд.
Умуман, мо ҷоннисориҳои ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарӯзии калонсолону модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Санаи 8 майи соли 1945 дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистони Олмон имзо гардид. Ба ин муносибат 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба эълон гардид ва то ҳол қариб тамоми мардуми собиқ шуравӣ ин санаи бузурги таърихиро ҳар сол ҷашн мегиранд. Хизмати шоёни он абармардоне, ки солҳои 1941 -1945 ватану миллатро ҳимоя намуданд, ҳаргиз аз хотири ин миллати тамуаддунофар фаромӯш намешавад!
Дар идома Ҳотамов Намоз, сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор дар мавзуи “Корнамоии фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ва Ғафуров Абдулло, сарходими илмии Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, дотсент дар мавзуи “Саҳми Академияи илмҳои Тоҷикистон ва кормандони он дар ғалаба бар фашизм”., Забеҳуллои Беҳрӯз, мудири Шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи “Нақши адабиёт ва адибони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” баромад намуда, ба иштирокдорон маълумотҳои амиқ доданд.
Мусаллам аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобитҳои густурда байни халқияту миллатҳои ҷаҳон дар ҳамагуна соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, фараҳангию техникӣ, илму маориф рушду равнақ ёфтаанд. Маҳз давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хотири рушди соҳаҳои илму маориф ва пешрафти зинаҳои гуногуни илмии муосир диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои муаррифии он ба ҷаҳониён ба таври шоиста талош варзида истодааст. Умуман, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ниҳоди илмии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши бориз дорад.
Хушбахтона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар паҳлӯҳои сиёсати кишвар, ба илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин коргузорӣ бештар дар робитаҳои хориҷии мамлакат назаррас аст. Дар ҳамин раванд Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо муассисаҳои илмии кишварҳои ҳамҷавори худ хуб ба роҳ мондааст.
Дар доираи ин ҳамкориҳо нимаи дуюми рӯзи 03 май Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошиҳиро Аики мулоқот доир намуд. Дар мулоқот аз АМИТ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ, Мирвайсов Мамурҷон, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Қодиров Анвар, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз намояндагии сафорати Ҷопон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошиҳиро Аики, котиби сафорат Хасегава Томонори, атташеи сафорат Ямамото Томоки иштирок намуданд.
Дар мулоқот нахуст Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба академия хайрамақдам гуфта, дар робита ба ҳамкориҳои дуҷонибаи илмию таҳқиқотӣ ва доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳамкориҳои муштарак ва мутақобилан судманд байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Япония аҳамияти махсус дода, таваҷҷуҳи хосаро дар самти муносибатҳои манифатбахш бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA), ки аз соли 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳм мегузорад ва ҳамкориҳоро миёни донишгоҳу муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Акитаи Япония тақвият медиҳад.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ ба мувофиқа омада, барои густариш додани равобитҳо дар соҳаи илм масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа омада, таъкид доштанд, ки мо бояд ҳамкориҳои илмии худро дар низоми нав ба роҳ монда, ҷиҳати ташкили курсҳои омӯзиши забони ҷопонӣ байни олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тадбирҳо андешем. Дар рафти мулоқот ба масъалаи ҷалби магистрантону докторантони PhD ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳу муассисаҳои илмии Ҷопон таваҷҷуҳ равона гардид.
04 майи соли ҷорӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Николай Николаевич – муовини директори генералии Корпоратсияи давлатии Россия «Росатом»- ро ба ҳузур пазируфт. Дар оғоз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба академия хайрамақдам гуфта, дар робита ба ҳамкориҳои дуҷониба ва дар низоми сифатан нав ба роҳ мондани созишномаҳо изҳори андеша намуд.
Таъкид шуд, ки мо алакай миёни муассисаҳои худ ҳамкориҳои нек ва муҳимтар аз ҳама, ҳамкориҳои амалии мутақобилан судмандро барқарор кардаем. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муассисаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 14.05.1951 дар заминаи филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР таъсис ёфтааст. Ҳамзамон зикр гардид, ки мо бо Корпоратсияи давлатии Россия «Росатом» муносибатҳои қавӣ ва судманд инкишоф додаем, ки лоиҳаҳои муштарак, беҳбудии робитаҳои илмӣ, табодули иттилоот, табодули таҷриба ва натиҷаҳои илмиро дар бар мегирад.
Умуман, мо шарикии пурсамар ва ҳамкории самарабахши Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ ва Корпоратсияи давлатии Россия «Росатом» – ро қадр мекунем. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судман тамоми кушишҳоро ба харҷ дода, барои муаррифии бештари ватанӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.
Дар идомаи мулоқот қайд гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои ҷории фаъолияти муштараки илмӣ бо ҳамкасбони рус, аз ҷумла гузаронидани тадқиқоти илмӣ, инчунин табодули муҳаққиқон ва ҳайатҳо, татбиқи лоиҳаҳои тадқиқотӣ, эҷоди барномаҳои нав, табодули иттилоот ва нашрияҳои илмӣ, ташкили конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳо хуб роҳандозӣ менамояд. Бо назардошти ҳамаи ин, мо бояд тамоми донишу таҷриба, қобилият ва саъю кӯшиши худро ба рушди соҳаҳои кишварҳоямон, таъмини амният ва таъмини рушди устувор равона созем.
Дар охир мехоҳам қайд намоям, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия на танҳо решаҳои таърихии садсолаҳо, балки заминаи мустаҳками муосир ва дурнамои дурандеш доранд. Маҳз дар ҳамин шароит мо майдони васеи ҳамкории гуногунсоҳа ва ба ҳамдигар фоидабахши мамлакатҳои дуҷонибаро дар оянда тақвият хоҳем бахшид.
02 майи соли равон Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти кории олимону кормандони муассисаҳои илмии академия аз Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид ба амал оварда, зимнан бо олимону кормандони ин ниҳод вохурӣ доир намуд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз беҳтарсозии шароити корӣ дар утоқҳои кормандони Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин барои фароҳам овардани шароити корӣ изҳори сипос баён намуданд.
Ҳамзамон роҳбарияти академия бо олимону кормандони ниҳоди мазкур вохурӣ доир намуда, фикру андешаҳои хешро доир ба фаъолияти илмию таҳқиқотии Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баён дошта, ҷиҳати пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои тиббӣ ба масъулини соҳа вазифаҳои мушаххас дода шуд. Таъкид шуд, ки соҳаи тандурустӣ имрӯзҳо дар саргаҳи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ рушди бомайлон намудааст.
Дар идомаи вохурӣ роҳбарияти академия доир ба масъалаҳои мубрами зинаҳои гуногуни илмҳои тиббӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, зикр дошт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» мо бояд корҳои муҳимро ба сомон расонем. Ҳамин аст, ки вазифаи нахустини мо олимону зиёиён пеш аз ҳама омода намудани мутахассисони баландихтисоси касбӣ дар зинаҳои гуногуни илмӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки дар оянда ба самти механизми ҷалби кадрҳои ҷавон ба муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муҳайё намудани шароити иҷтимоӣ барои онҳо тадбирҳои нав бояд андешид. Ҳадафи нахустини ҳар як фарди хештаншинос ин пеш аз ҳама ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, пешрафти ҷомеа, рушди илму эҷод, ҳувияти миллӣ, муаррифии бештару аёнтари арзишҳои таърихиву фарҳангӣ дар арсаи байналмилаӣ мебошад.
