Перейти к основному содержанию

Бахшида ба рӯзи илм

(Эссе)

Инсон, бузургтарин мавҷудоти олами ҳастӣ ва шоҳиди наҷибу гӯёе дар рӯи замин аст, ки асрори зиндагии ӯ боз дар худ ҳикмати ҷудогона дорад. Ин аст, ки мутафаккирони илму фалсафа, ҳамеша саргарми баҳсу гуфтугӯҳои аҷиби баҳсбарнгезанд. Замоне, ки бузургони илм дар бораи моҳияи инсони мегӯянд, ки «Инсон шоҳиди Худо дар замин аст», ин хеле баҳснок ва тааҷҷубовар аст. Зеро худи инсони шариф ягона мавҷудотест, ки зебоӣ, рангорангии табиат ва лаззату ҳастии воқеиро чашидаву дида метавонад. Муҳимаш ин аст, ки инсон ҳамеша, шоҳиди ҳастии оламу табиату мавҷудот мебошад ва метавонад гӯяд: об ширину табиат рангоранг ва рӯшноӣ аз торикӣ беҳтар аст. Дар баробари ин, меҳру имуҳаббати одамӣ то ҳанӯз дар назму низоми зиндагӣ фаромӯш нашудааст ва шояд асрори фалсафаи ҳастии инсон низ ҳамин бошад.

1212Фалсафаи ҳаёти сиёсӣ низ аҷиб аст, ки бузургони фалсафа мегуянд, ки : «Файласуф на онест, ки сухани бисёр медонад ва бисёр мегӯяд, балки нафарест, ки зиндагии беолоиш дорад» ва азизи илму маърифт аст. Синои бузург дар тақвияти ин гӯфтаҳо изҳори андеша дорад, ки “Нахустин сиёсате, ки сазовор аст, инсон бо он оғоз кунад, ҳамоно сиёсати нафси худи ӯст. Яъне, касе, ки худро ислоҳ карда бошад, метавонад ба сиёсату тадбири умури мардум иштиғол варзад». ки асрори ҳикмати сиёсат низ бояд чунин бошад.

Инсон ҳамчун мавҷудоти сиёсӣ дар ҳикмати маънавии дарки фазову вақт, ишқ, муҳаббат ба Ватан ва ҷаҳонбинии илмӣ мақоми хоссаи худро дорад, ки онро дар илм маърифатнокии сиёсӣ мехонанд. Чунин маърифат ба андешаи мо, ҳамон фалсафаи сиёсат аст, ки ба танзими ҳаёт, таъмини суботу адолат ва идоранамоӣ равона карда шудааст. Бо ибораи дигар ҳикмати сиёсӣ , пеш аз ҳама, қудрат барои хизмат ба мардум мебошад. Танҳо тавассути хирад, адолат ва масъулият мо метавонем ҷомеаро ба сулҳу салоҳ раҳнамоӣ намоем, ки моҳияти аслии фалсафаи сиёсат низ бояд чунин бошад.

Баъзан, кадхудоёне пайдо мешаванд, ки илмҳои сиёсиро намешиносанд ва эътироф ҳам надоранд. Хайр чи илоҷ, новобаста ба хоҳиши онҳо мегӯем, ки ҳанӯз аз маърифати сиёсӣ дӯранд ва андеша доранд, ки сиёсат танҳо амалия ҳаст, на як соҳаи дониш бо қонунҳо ва усулҳои худ. Ё шояд онҳо касоне бошанд, ки дар таҷрибаи зиндагӣ беадолатӣ , фасод ё нокомии сиёсатро дида бошанд. Аз ин рӯ, онҳо ба сиёсат боварӣ надоранд ва аз ин илму санъати бунёдӣ, ки маънои асосии он ҳифзи манфиатҳои инсонӣ мебошад ва онҳо аз моҳияти масъала, бехабаранду асрори дарки маънеи он бояд чунин набошад.

Муҳим он аст, ки мардони оқил ҳикмати сиёсатро оинаи андеша ва масъулиятшиносӣ медонанд, зеро инсон ҳамеша дар пайи тартибу низому илму адаб аст, ки он шуҷоати шахсиро талаб мекунад. Аз ин рӯ. ҳикмати он махз ба саволи масъулияти ҳукмронӣ бояд ҷавоб дошта бошад. Агар рафту мову шумо сиёсатро аз арзишҳои инсонӣ дур созем он хеле зуд ба зулму ситам табдил меёбад. Фикр мекунам, ки фалсафаи сиёсат барои мо, пеш аз ҳама, масъулият аст. Хикмати фалсафаи сиёсат бо ибораи дигар, мисли пайроҳаест, ки дар замони соҳибистиқлолӣ моро ба сӯи дарки беҳтари озодӣ ва ҳақиқат равона месозад. Умуман, сиёсат дар якҷоягӣ бо ҳикмати зиндагӣ мисли шамъи фурӯзон давлатро рушан месозанду дар қалби мо масъулияти ҳастиро бузургтар менамоянд. Пас сиёсат танҳо кори роҳбарону бузургон бояд набошад, он як ҷузъи тақдири ҳар як инсон ва кори дастаҷамъонае мебошад, ки бояд ба он эътирофу эҳтироми илмӣ дошта бошем ва моҳияти ҳикмати он низ бояд чунин бошад.

Муҳаммад Абдураҳмон – узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор