Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои фарҳангии мардумони ориёитабор маҳсуб ёфта, дорои аҳамияти бузурги таърихӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ мебошад. Ин ҷашн рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор ва марҳилаи нави ҳаёт буда, бо таҷдиди давраҳои табиӣ ва умеди инсон ба ояндаи нек алоқаманд аст. Аз нигоҳи табиатшиносӣ, Наврӯз ба эътидоли баҳорӣ мувофиқат намуда, оғози соли нави табииро ифода мекунад.
Дар фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистони азизамон Наврӯз на танҳо як ҷашни мавсимӣ, балки падидаи муҳими фарҳангӣ ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн дар тӯли ҳазорсолаҳо бо расму ойинҳои хос ташаккул ёфта, ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ то имрӯз ҳифз гардидааст.
Тибқи маълумотҳои муҳаққиқон, таърихи Наврӯз беш аз шаш ҳазор солро дар бар гирифта, ба давраҳои ибтидоии тамаддуни ориёӣ рост меояд. Пойдории ин ҷашн дар тӯли таърих нишон медиҳад, ки он дорои заминаҳои устувори фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Аз лиҳози мазмун, Наврӯз ҷашни эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав мебошад. Дар фасли баҳор табиат аз ҳолати сукунати зимистона баромада, табиат аз нав зинда мегардад: растаниҳо сабзида, дарахтон гул мекунанд ва муҳити табиат ранги тоза мегирад. Ин тағйирот рамзи эҳёи ҳаёт дар тамоми олами зинда ба шумор меравад.
Наврӯз инчунин бо фаъолияти кишоварзӣ иртиботи мустақим дорад. Дар ин давра замин барои кишту кор омода гардида, деҳқонон ба кишти зироат шурӯъ менамоянд. Аз ин рӯ, Наврӯзро метавон оғози мавсими киштукор ва рамзи фаровонии ризқу рӯзӣ ҳисобид.Барои миллати тоҷик Наврӯз аҳамияти хос дорад. Он ҳамчун ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ ва мероси фарҳангӣ шинохта мешавад. Дар анъанаҳои тоҷикон Наврӯз рамзи зебоии табиат, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва некбинӣ мебошад. Кулли донишмандону муҳаққиқони дунё Тоҷикистонро яке аз марказҳои таърихии ташаккули Наврӯз медонанд, ки ин ҷашн дар ин сарзамин аз замонҳои қадим бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардид, ва дар замони муосир бошад, бо талошҳову заҳматҳои хосатан Пешвои миллати тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуд.
Наврӯз дар ҳаёти иҷтимоӣ нақши муҳимеро иҷро мекунад. Дар ин рӯзҳо муносибатҳои иҷтимоӣ тақвият ёфта, мардум бо ниятҳои нек ба ҳамдигар табрик гуфта, арзишҳои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб менамоянду кинаҳоро аз дил дур месозанд.
Ҷашни Наврӯз бо расму ойинҳои гуногуни миллӣ таҷлил мегардад, ки қисми муҳими фарҳанги мардумро ташкил медиҳанд. Яке аз унсурҳои асосии он дастурхони идона мебошад, ки бо рамзҳои махсус оро дода мешавад. Аз ҷумла, анъанаҳои «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин» дар тамоми қаламрави ватани азизамон ва берун аз он маъруф мебошанд. Дар ин дастурхон ҳафт навъи хӯрок ва ашё гузошта мешавад, ки ҳар кадоми онҳо маънои рамзии ҳаёт, баракат ва фаровониро ифода менамоянд. Дар «Ҳафт син» ашёҳое чун сабза — рамзи эҳё ва навшавии табиат, себ — нишонаи саломатӣ ва зебоӣ, сир — рамзи тандурустӣ ва муҳофизат аз бемориҳо, суманак — нишонаи баракат ва фаровонӣ, сирко — рамзи таҳаммул ва пазируфтани талхиву шириниҳои зиндагӣ, санҷид — ифодагари ақлу хирад ва пойдории зиндагӣ, инчунин сипанд — барои дур кардани бадӣ ва ҳифзи хонадон гузошта мешаванд.
Дар «Ҳафт шин» низ хӯрок ва ашёҳое ҷой доранд, ки ҳар яке маънии рамзии худро доранд, аз ҷумла шир — рамзи покӣ, шакар — нишонаи ширинкомӣ, шамъ — рамзи рӯшноӣ ва гармӣ, шона — нишонаи покизагӣ ва оростагӣ, шарбат — ифодагари тароват ва шодмонӣ, инчунин дигар анвои хӯроку ашё, ки ҳар кадоме аз инҳо баракату фаровонӣ ва умедбахшиву беҳбудиро таҷассум мекунанд.
Илова бар ин, дар айёми Наврӯз мардум ба тозакунии манзил, пӯшидани либосҳои нав, шинонидани дарахтон ва анҷом додани корҳои хайр машғул мешаванд. Ин амалҳо рамзи навшавии зиндагӣ ва оғози марҳилаи нави ҳаёт ба ҳисоб мераванд.
Наврӯз бо зебоии табиат робитаи зич дорад. Дар фасли баҳор муҳит тағйир ёфта, гулҳо мешукуфанд, дарахтон сабз мешаванд ва шароити иқлимӣ барои фаъолияти инсон мусоид мегардад. Ин ҳолат ба инсон таъсири мусбати равонӣ расонида, ҳисси ҳамоҳангӣ бо табиатро тақвият мебахшад.
Дар давраи муосир Наврӯз аз доираи миллӣ фаротар рафта, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Соли 2010 Созмони бонуфузи дунё Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро расман ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намуд, ки ин иқдом аҳамияти умумибашарии онро собит месозад. Имрӯз Наврӯз дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил гардида, ҳамчун омили таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни халқҳо хизмат мекунад.
Дар воқеъ, Наврӯз яке аз муҳимтарин ҷашнҳои фарҳангии мардумони ориёитабор ва бахусус миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Он рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав, умед ба зиндагии нек ва фаровонии ризқу рӯзӣ мебошад. Пойдории ин ҷашн дар тӯли таърих нишон медиҳад, ки он дорои арзиши баланди фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аст.
Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди суннатҳои наврӯзӣ вазифаи муҳими ҷомеа ба шумор рафта, ин ҷашни қадимаи ниёгон дар дарозои таърих то ба имрӯз аҳамияти худро аз даст надода, ба ҳайси рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум боқӣ мондааст. Насли ояндаро низ мебояд, ки меросбари ин арзишҳои фарҳангӣ ва расму оинҳои ниёгони хеш бошанд, то ки душманону бадхоҳони давлату миллат натавонанд таъриху фарҳанг ва оинҳои миллати тамаддунофари моро рахна намоянд.
Саидов А.Т. ходими калони илмии Шӯъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ








