Перейти к основному содержанию
Аз 19 то 20 декабри 2025 дар Токиои Ҷопон, бори аввал дар сатҳи роҳбарон, Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” (CA+JAD) баргузор гардид. Ҷопон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз соли 2004 инҷониб равобитро дар қолаби муколама маҳфуз медоранд ва дар ду даҳсолаи охир 10 мулоқоти сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор кардаанд. Бо баргузор намудани Нишасти Токио дар нимаи дуюми декабри 2025 бори аввал аст, ки ҷониби Ҷопон ин қолабро ба сатҳи роҳбарони олӣ баланд бардошт.

Барои Ҷопон, ин нишаст имкониятест барои баланд бардоштани ҳузури худ дар фазое, ки муддати тӯлонӣ дар доираи манфиатҳои геополитикии дигар қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор дошт. Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги маъданӣ, аз ҷумла унсурҳои нодири заминӣ ва уран мебошанд, яъне маводе, ки барои барномаҳои дифоъӣ ва таҳаввулоти энергетикӣ муҳиманд. Ҷойгиршавии Осиёи Марказӣ дар фазои ҳаётии Русия, Чин, Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна минтақаро ба як долони стратегӣ барои инфрасохтор ва тиҷорати минтақавӣ табдил медиҳад.

Ҷопон бо мизбонии роҳбарони олии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аввалин нишастро дар сатҳи баландтарин баргузор намуд.Хонум Такайчи Санае, сарвазири Ҷопон, раёсати ин нишастро ба ӯҳда дошт.Дар ин Ҳамоиш, бо иштироки президентҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ки шарикони нигоҳдорӣ ва тақвияти низоми байналмилалӣ дар асоси волоияти қонун мебошанд, давлатҳои иштирокчӣ дар бораи пешбурди рушди мустақилона ва устувор дар минтақа, мубодилаи афкор карданд.

Ҷопон тавассути ин Ҳамоиш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шарикии муҳим ва муносибатҳои вусъатёбандаи ҳамкории худро тасдиқ намуда, ҳамкории мутақобилан судманди худро минбаъд тақвият медиҳад. Ба муносибати ин Ҳамоиш, Вазорати иқтисод, тиҷорат ва саноати Ҷопон Форуми тиҷоратии “Осиёи Марказӣ + Ҷопон”-ро баргузор намуд.

Сарвазир Ҷопон хонум Такайчи инчунин бо президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом намуда ва дар бораи тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ дар баробари дигар масоил мубодилаи афкор кард.

Таҳлили ҳадафҳои Ҳамоиш ва натиҷаҳои васеътари геополитикии он нишон медиҳад,ки Токио тасмим дорад шарикии иқтисодӣ ва амниятии худро дар минтақае, ки қудратҳои ҷаҳонӣ бештар дар он рақобат мекунанд, гуногунранг созад.

Ҷопон бо баргузории ин Ҳамоиши аввалини нишасти роҳбарони худ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон тағйироти назаррасро дар сиёсати хориҷии худ нишон медиҳад. Ин чорабинӣ, ки дар асоси омилҳои иқтисодӣ, стратегӣ ва геополитикӣ замина мегирад, ҳадафҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии Ҷопонро барои ҳифзи манфиатҳои миллиаш дар Осиёи Марказӣ инъикос мекунад.

Осиёи Марказӣ, ки аз давлатҳои миллӣ, яъне Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон иборат аст, барои ҷаҳони пуртазоди имрӯза аҳамияти бузурги геополитикӣ,геофарҳангӣ ва иқтисодӣ дорад. Ин минтақа як долони муҳим барои тиҷорат байни Осиёву Аврупо ва Ховари Миёна ва Наздик мебошад. Захираи унсурҳои нодири заминӣ ва уран барои бахшҳои технология ва энергетикаи Ҷопон хеле муҳим арзёбӣ мегарданд. Илова бар ин, ҷойгиршавии стратегии ин минтақа дар наздикии чорроҳаи Авруосиё онро ҳамчун рукни устувории минтақавӣ ва рушди инфрасохторӣ муаррифӣ мекунад.

Осиёи Марказӣ муддати тӯлонӣ аст,ки барои Русия ва Чин, бахусус тавассути долони иқтисодии Чин , минтақаи таъсиргузор маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди ин,Осиёи Марказӣ бо назардошти аҳамияти стратегии худ, диққати дигар қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавиро, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, ШМА ва Ҷопонро ба худ ҷалб кардааст.

Бояд таъкид намоем,ки сарвати маъдании Осиёи Марказӣ, бахусус унсурҳои нодири заминӣ, ки барои соҳаи мудофиа ва технологияҳои сабз муҳиманд, бо ниёзҳои энергетикӣ ва истеҳсолии Ҷопон бархурдор мебошанд. Бо сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ, Ҷопон ҳадаф дорад, ки дастрасӣ ба ин захираҳоро таъмин кунад ва вобастагии худро аз занҷирҳои таъминоти дигар давлатҳои Осиё коҳиш диҳад. Алъон Ҷопон шарикии устувор ва шаффофро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид мекунад ва худро ҳамчун як давлати масъулиятшинос дар минтақаи мо муаррифӣ менамояд.

Рӯзномаи Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” (CA+JAD) дар Токио ба се рукн тамаркуз кард: ҳамкории иқтисодӣ, рушди инфрасохторӣ ва шарикии амниятӣ. Ҷопон дар ин Ҳамоиш нишон дод,ки таваҷҷӯҳи Ҷопон ба татбиқи лоиҳаҳои “инфрасохтори босифат” дар минтақаи мо , ба монанди низомҳои шабакаи зеҳнӣ ва пайвасти рақамӣ хеле зиёд аст.

Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Ҷопон як қадами муҳим дар талошҳои ин кишвар барои таъмини нақши намоён дар минтақаи муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз абзорҳои иқтисодӣ ва мувозинати дипломатӣ, Ҷопон мекӯшад, ки таъсири дигар кишварҳои қудратманди осиёгиро дар минтақа коҳиш диҳад ва доираи шарикии ҷаҳонии худро гуногунранг созад. Ташаббусҳои нави Ҷопон, ба монанди Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, бо ҳадафи институтсионализатсияи ҳамкорӣ татбиқ мегардад.

Вуруди Ҷопон ба арсаи Осиёи Марказӣ аз оғози фаъолияти низоми бисёрқутбаи муносибатҳои байналмилалӣ,ки айни замон эъмори он идома дорад, далолат мекунанд Дар ҳоле ки баъзе давлатҳои авруосиёгӣ бартарии иқтисодӣ ва низомиро дар минтақаи мо маҳфуз медоранд, тамаркузи Ҷопон ба шарикии устувор метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки мехоҳанд сиёсати бисёрсамтаи хориҷии худро идома диҳанд,ҷолиб бошад.

Стратегияи Ҷопон дар Осиёи Марказӣ бо иштироки ин кишвар дар муколама оид ба амният дар минтақаи Ҳинду Уқёнуси Ором ва иттифоқи чоргонаи ин давлат бо ШМА, Ҳиндустон ва Австралия (QUAD) тавъам мебошад. Токио бо тақвияти робитаҳои наздиктар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, умқи стратегии худро дар Авруосиё тақвият медиҳад.

ҲАЙДАРЗОДА Рустам, директори Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ