Перейти к основному содержанию

2122Ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашр бо номи “Рустами Эмомалӣ - дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо услуби хосса рӯйи чоп омад ва боиси сарфарозии ҳайати олимони кишвар аст, ки рӯнамоии китоби мавриди назар дар боргоҳи илму маърифати тоҷик-Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад

Китоби “Рустами Эмомалӣ - дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо сифати баланд чоп шуда, фарогири мақолаҳои 18 нафар чеҳраҳои маъруфи кишвар мебошад. Китоб аз 280 саҳифа иборат буда, нигоштаҳои он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудаанд. Муаллифони мақолаҳо дар сохторҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангӣ фаъолият менамоянд, ки нигоштаҳои хешро дар асоси санаду далел таълиф намуда, раванди меҳнату кӯшишҳои созандагиву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро инъикос намудаанд. Китоб бо аксаҳо оро ёфтааст, ки аксҳои дар китоб ҷойдода муҳтавои нигоштаҳоро таҳкиму тақвият мебахшанд.

Бо 3 забон нашр шудани китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани дастовардҳои 8 соли охири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба пойтахти кишвар мусоидат менамояд.

Китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” маҷмуи мақолаҳои олимону зиёиён ва ходимони давлатию сиёсии кишварро ҷиҳати муаррифии хизматҳои мондагори шаҳрдори ҷавон-муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвар ва идомабахши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар гирифтааст.

Воқеан, мактаби давлатдории Пешвои миллат ба ҳайси бузургтарин мактаби сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, ин мактаб ба таҳкими сулҳу субот, амнияту осоиштагӣ дар сартосари мамлакат, рушди тамоми инфрасохтори кишвар замина гузошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як муддати кутоҳ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як ҷумҳурии сарсабзу хуррам, бо суръат рушдкунанда ва муҳимтар аз ҳама ба як кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ табдил дод. Ин мактаби бузурги сиёсӣ дар ташаккул ва рушду инкишоф ёфтани шахсиятҳои ворастаи сиёсӣ ва тарбияи нерӯи зеҳнию ақлонии кишвар мунтазам мусоидат намуда, дар худ як қатор чеҳраҳои сиёсиро ба камол расонидааст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷавони кишварро метавон бешак аз зумраи беҳтарин дастпарварони асили ин мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат номид, ки тули фаъолияти хеш ба ҳайси шарҳрдори кишвар шаҳри Душанберо ба беҳтарин маркази маъмурии кишвар, давоми фаъолияти хеш ба ҳайси Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон нишон додани ташаббуси байналмилалӣ дар соҳаи мазкур ва ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи болоии парломуни кишвар-Маҷлиси Миллиро ба яке аз ниҳодҳои асосии ташаббускор дар низоми қонунгузории кишвар табдил дод.

Дар ин росто лозим ба ёдоварист, ки маҳз завқи баланди кордонӣ, эҷодкорӣ, андӯхтани таҷрибаи кишварҳои мутамаддин, маҳорати шоистаи роҳбарӣ, ишқи ҳақиқӣ ба Ватан, нигоҳи шаҳрофар ва иқдоми бузурги бунёдкориву созандагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат буд, ки дар пойтахти кишвар раванди ободиву навсозиҳо нисбат ба 10-солаи қалб рушд намояд. Пешрафти босуръати соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ба рӯйдоди муқаррарӣ табдил ёфтааст ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии солҳои охир пойтахтро бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кардан имконнопазир мебошад.

Қомат афрохтани биноҳои истиқомативу маъмурӣ, бунёду тармими маконҳои фарҳангиву фароғатӣ ва ба истифода додани мавзеъҳои хоси варзишӣ ба ҳусни шаҳри Душанбе зебоии дигарро зам намуд. Албатта, ин иқдоми шоиста дар бедор намудани ҳофизаи таърихи миллат, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастиву худшиносии сокинони кишвар нақши муассир мегузорад. Дар ҳақиқат, Душанбе агарчи шаҳри ҷавону тозабунёд аст, бо зебогиву озодагӣ ва перостагии худ дили ҳазорон нафарро мусаххар сохта, чун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди илму фарҳанги ин халқи куҳантаърих нақши босазо дорад. Маҷмааҳои бузурги фарҳангӣ, боғу гулгаштҳои дилпазир, муассисаҳои таълимию илмӣ ва биноҳои боҳашамати истиқоматӣ ба зебогии он ҳусни тозае зам намудааст. Ин шаҳри дилоро бо тарзи меъмориву оини шаҳрдории худ аз таърихи арзишманди халқи тамаддунофари мо гувоҳӣ дода, ободкориҳои даҳсолаи охир ҳамқадами ҷаҳони муосир будани моро бозгӯӣ менамояд.

Имрӯз бо ибтикори бевоситаи шаҳрдори ҷавони кишвар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муррифгари илму фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффуров, Майдони Истиқлол, Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худшиносии насли наврас ва ҷавонон замина фароҳам оварда, бозгӯи соҳибтамаддунии мардуми куҳантаърихи мост.

Хулоса, дар китоби мазкур фаъолияти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути таҳияи мақолаҳои гуногун таҷассум ёфтааст, ки ин фаъолият намунаи ибрат аст. Муаллифон зимни таҳияи мақолаҳои хеш дар асоси далелу санад ҳақиқати ин иддаоро дар китоби мазкур исбот кардаанд. Китоби тозанашр дабистони муқаддасест, ки ҷавонони имрӯзу фардо аз он сабақи зиндагӣ, дарси хештаншиносиву ватандорӣ ва созандагиву бунёдкориро меомӯзанд.

Умедворем, ки ин иқдоми шоиста бо мақсади муаррифии дастовардҳои наҷиби пойтахти азизамон–шаҳри Душанбе тавассути таҳияи чунин китобҳо идома ёфта, шоҳкориҳо ва хидматҳои мондагори шаҳрдори кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ намунаи ибрати ҷавонон мегардад. Бигзор, шукӯҳу шаҳомати шаҳри Душанбе, ки ҳамчун «Хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон» эътироф гардидааст, ҷовидона бимонад ва парчами иқболи миллат дар фазои пойтахти азизамон ҳамеша партавафшон бошад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт