Ҷаҳони имрӯзаи мо дар остонаи дигаргуниҳои куллии соҳаҳои энергетика ва саноат қарор дошта, гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва рушди технологияҳои сабз, талаботро ба ашёи минералии гуногун, бахусус ба металлҳои нодир (камёб) ба таври назаррас афзун намудааст. Ин захираҳо барои тавлиди технологияҳои нав замина гузошта, рушди устувори ҷомеаро дар оянда таъмин менамоянд.
Дар солҳои охир таваҷҷӯҳ ба металлҳои нодир дар арсаи ҷаҳонӣ зиёд ва рақобати глобалӣ байни кишварҳои истеҳсолкунандаи он, барои дастрасӣ ба захираи ин металлҳо пуршиддат гашта истодааст. Ҷумҳурии Мардумии Чин бозори истихроҷи металлҳои нодирро айни замон, таҳти назорати пурраи худ қарор додааст, дар ҳоле, ки ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар давлатҳо бо мақсади кам кардани хавфи вобастагии иқтисоди кишварҳояшон аз таҳвили ин металлҳо, дар ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии таъмини бозорҳои худ мебошанд. Дар ҳамсоякишвари мо захираҳои бузурги ҳисобишудаи (то 40% аз захираи ҷаҳонӣ) ин металлҳо мавҷуд буда, дар истихроҷ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз он, Чин нақши пешсафиро касб намудааст. Аз руи маълумотҳои оморӣ захираи металлҳои нодир дар Ҷумҳурии Мардумии Чин то ба 44 млн. тонна мерасад.
Воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти соҳаҳои технологияи пешрафта, бештар дар мамлакатҳои тараққикардаи дунё аз қабили ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон истеҳсол карда мешаванд ва ҳаҷми зиёди металлҳои истихроҷшуда маҳз ба ҳамин кишварҳо равона мегарданд. Дар ИМА то 80% металлҳои нодири барои саноат лозимӣ, аз дигар давлатҳо ворид карда мешаванд ва ин ҳолат бинобар тезу тунд гаштани муносибатҳо бо Чин таи солҳои охир, барои рушди саноати ИМА монеаи ҷиддӣ гашта истодааст. Металлҳои нодир ё ба ибораи дигар нодирзамин ашёи стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли аксар воситаҳои электронӣ нақши муҳимро мебозанд. Айни замон саноати ҷаҳонии ин металлҳо дар давраи рушди фаъоли худ қарор дорад. Ин металлҳо дар технологияҳои пешрафта истифода карда мешаванд ва ҳамчун “витамини саноат” номгузорӣ шудаанд. Истеҳсол ва истифодабарии онҳо дар кишварҳои тараққикарда аз бисёр ашёи хоми анъанавӣ дида, зиёдтар ба роҳ монда шудааст.
Металлҳои нодирзамин дар табиат анбӯҳи калони аҳамияти саноатӣ доштаро, ташкил намекунанд вале бо файзнокии паст дар таркиби бисёр ҷинсҳои кӯҳӣ паҳн гаштаанд. Ин металлҳо ба гурӯҳи унсурҳои кимиёвии дорои хосиятҳои якхела дошта, дохил мешаванд ва дар ҷадвали даврии унсурҳои кимиёвӣ дар гурӯҳи III, давраҳои VI ва VII ҷойгир мебошанд. Ба қатори металлҳои нодирзамин ҳамагӣ 17 унсур, лантаноидҳо аз лантан (La) то лютетсий (Lu) инчунин скандий (Sc) ва иттрий
дохил мешаванд. Номгузории онҳо ҳамчун нодирзамин на аз ҳисоби кам будан дар қораи замин, балки ба хусусиятҳои парешон паҳншавии онҳо, дар таркиби минералҳои гуногун вобаста мебошад. Онҳо дар шакли омехта ва олуда бо дигар унсурҳо бештар паҳн шудаанд, маҳз ҳамин хусусият коркард ва ҷудокунии ин металлҳоро душвор ва заҳматталаб гардонидааст. Раванди истихроҷ ва бойгардонии металлҳои нодирзамин мураккаб ва серхарҷ ва баландарзиш боқӣ мемонад, аз ин рӯ аз маъдан ҳосил намудани ин металҳо танҳо дар кишварҳои тараққикарда ва пешрафта ба роҳ монда шудааст. Вале арзиши баланди истеҳсоли металлҳои нодирзамин дар бозори ҷаҳонӣ хароҷоти назарраси истихроҷ ва коркарди гидрометаллургии ашёи хоми онҳоро ҷуброн менамояд.
Ин металлҳо дар табиат оксидҳо, пайвастагиҳои галоидӣ ва сулфидҳои хеле устуворро ташкил медиҳанд ва дар таркиби маъданҳои бастнезит ва монатсит бештар паҳн гаштаанд.
Металлҳои нодирзамин дорои як қатор хосиятҳои беназир ҳастанд, ки истифодабарии онҳоро дар соҳаҳои гуногуни илм ва техника, бештар намудааст. Онҳо қобилияти баланди гузаронидани қувваи барқ, хосияти магнитӣ, устуворӣ ба гармиро доранд ва аз лиҳози кимиёвӣ фаъол мебошанд. Имрӯз, металлҳои нодирзамин дар истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ, технологияҳои ҳастаӣ, таҷҳизоти таъиноти низомӣ, киштиҳои кайҳонӣ, саноати мошинсозӣ ва теъдоди зиёди асбобу восита аз қабили магнитҳои пурқудрат, лазерҳо, телевизорҳо, компютерҳо, телефонҳо, батареяҳо, экранҳо, нахҳои оптикӣ, микрочипҳо ва ғайра истифода карда мешаванд. Танҳо дар таркиби смартфон якбора ҳашт металли нодирзамин (Y, La, Pr, Gd, Tb, Eu, Dy ва Nd) истифода карда мешаванд.
Бо назардошти муҳимияти истифодабарии металлҳои нодирзамин дар иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ва болоравиии тамоюли ҳамарӯзаи нархи ашёи минералӣ ва талабот ба ин металлҳо байни давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон рақобат барои дастрасӣ ба боигариҳои Осиёи Марказӣ вусъат гирифта истодааст. Кишварҳои номбурда имрӯзҳо дар талоши бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд.
Сармоягузорӣ ба истихроҷи металлҳои нодирзамин дар давлати мо метавонад такони ҷиддӣ баҳри инкишофи иқтисоди миллӣ ва ҳамзамон заминаи хуб барои ташкили бозори истеҳсоли компонентҳои лозимии гузариш ба энергияи сабз, дар ояндаи наздик гардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таи солҳои охир ба омӯзиш ва истихроҷи ин металлҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад, айни замон дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон лоиҳаи “ Пешгӯи ва арзёбии дурнамои маъданҳои камёб дар мисоли Тоҷикистони Марказӣ ва Помир” амалӣ карда шуда истодааст, ки мақсад аз татбиқи лоиҳаи мазкур омӯзиши хусусиятҳои паҳншавии маъданҳои дорои металлҳои нодир дар ин қисматҳои кишвари мо ва пешниҳоди тавсияҳои илмӣ ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои иктишофӣ геологии дақиқ дар ин объектҳо, мебошад.
Бояд зикр кард, ки аз давраи шуравӣ дар қаламрави Тоҷикистон якчанд объектҳои ояндадор кашф карда шудаанд, ки дар онҳо ба роҳ мондани корҳои дақиқи омӯзишӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ, имкон дорад.Бинобар афзудани талабот ба металлҳои мазкур, истеҳсоли онҳо дар ҷаҳон босуръат меафзояд ва дар баробари он, ки металлҳои нодир ба рушди технологияҳои тозаи экологӣ мусоидат менамоянд, истихроҷ ва коркарди онҳо боиси сар задани проблемаҳои азими экологӣ ва иҷтимоӣ гашта истодааст. Иктишоф ва истихроҷи ин металлҳо дар минтақаҳое анҷом дода мешаванд, ки дорои экосистемаи ҳассос буда, аз таъсири манфии корҳо ба табиат зарари ҷиддӣ расонида мешавад.
Айни замон дар баробари омӯзиши хатари паҳншавӣ ва таъсири металлҳои нодирзамин ба муҳити зист, ҷамъшавии эҳтимолии онҳо дар организмҳои зинда низ, мавриди омӯзиши амиқ қарор дорад. Муайян карда шудааст, ки пайвастагиҳои зерини металлҳои Eu, Gd, Tb, Dy, Ho, Er, Tm, Yb, Lu, Sc, Y нисбат ба пайвастагиҳои La, Ce, Pr, Nd, Pm ва Sm заҳролудтаранд. Оксиди ин металлҳо назар ба пайвастагиҳои намакдори он камтар заҳрнок мебошанд. Дар шароити табиӣ унсурҳои нодирзамин танҳо ба микдори кам ба воситаи обҳои зеризаминӣ ва ҳавои атмосфера ба организми одам ворид шуда метавонанд. Аммо истифодабарии васеи онҳо дар оянда эҳтимолияти ба организми инсон дохилшавиро тавассути аэрозолҳо ва маҳсулоти хӯрокворӣ зиёдтар мегардонад.
Бинобар ин ҳангоми корҳои истихроҷ ва коркарди металлҳои нодир ва дигар корҳои ба истифодабарии қаъри замин вобаста, ҷорӣ намудани раванди истифодаи технологияҳои бехатари экологӣ, ки ба паст намудани таъсири манфии ин корҳо ба муҳити зист мусоидат менамоянд, бояд таъмин карда шавад. Ба масъалаи имкони дуюмбора истифода бурдани партовҳои саноатӣ низ, ки баъд аз истихроҷи конҳои аз замони гузашта боқӣ монда, бо назардошти ҳосил намудани металлҳои нодир аз онҳо бо истифода аз технологияҳои муосир, аҳамияти аввалиндараҷа додан лозим аст.
Абдусалом МАҲМАДАЛИЕВ, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои геология ва минералоги
