Skip to main content

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимӣ ва муҳимтарини тоҷикон ба шумор меравад. Ин ҷашни бузурги тоҷикон ҳамасола санаи 21-уми март дар тамоми гӯшаю канори мамлакати мо ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ва Шарқи миёна бо шукӯҳ ва ҳашамати хоса бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Наврӯз, ки иди баҳору зебоист сол аз сол дида дар тамоми сарзамини мо паҳн гардида ҳама сола ҷашнгирии он дар сатҳи хелоҳам олӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ин санаи муҳими таърихӣ тули қарнҳост, ки дар мулки Тоҷикистон ҷашн гирифта шуда симои худро гум накардааст.

Калимаи Наврӯз аз ду калимаи тоҷикии "нав" ва "рӯз" гирифта шуда, маънояш рӯзи нав аст. Наврӯз воқеан ҳам ҷашни хеле зебост, омадани баҳор, оғози шукуфтанҳо, эҳёи табиат, бедор ва зиндашавии саёра, гулпӯш гардидани дарахтон, сурудани хониши булбулон муждаест ба рӯзи наву, соли наву ҳаёти нав.

Ҷашни Наврӯз дар фасли баҳор ҷашн гирифта мешавад бо омадани фасли баҳору ҷашни Наврӯз дилҳо шод гардидаю кинаҳо дур. Бо гузоштани қудумҳои пурфайзу пурбаракати худ ин ҷашни ниёгони мо қалбҳоро фараҳу дидаҳоро нур мебахшад. Иди Наврӯз, ҷашнест хелоҳам фараҳбахшу хотирмон, ки бо омаданаш ҳамагон шоданду масрур, ки шодии ҳамаи қишри ҷомеаро ҳадду канор нест. Фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз арӯси соланд, чаро ки пас аз фасли даю, пас аз сардиҳои зимистон даричаи остонаи моро бо гулгулшукуфи мекушояд. Дар иди Наврӯз ҳама долу дарахтон, гулу гиёҳон гулпӯш шуда, арӯси солро мемонад, зин лиҳоз ин фазоро арӯси сол гӯем хато намекунем.

Наврӯз шуду асри наву, соли нав омад,

Дар кишвари тоҷик зи нав иқболи нав омад.

Пӯшида ба бар, тоҷ бар сар духтари тоҷик,

Бо асри наву, соли наву, фоли нав омад.

Оре, Наврӯз ҷашнест, ки пайки тоза дорад. Ин иди бостонии мо бо омаданаш як асри наву, соли наву ва фоли ҷадидеро ба мо мебахшад. Бо омад омади ин ҷашни пуршукӯҳ анъанаҳо ва расму оинҳои неки ниёгонамон аз нав эҳё гардида, моро водор месозад, ки гузаштаи худро фаромӯш насохта дар ин ҷашни қадима он ҳама расму суннатҳои неки ниёгонамонро боз ҳам ба ҳукми анъана дарорем. Ҳамчунон, ки гуфта гузаштем Наврӯз ба маънои “рӯзи нав” аст ва рамзи соли нави фархунда ва баҳор аст. Ин ҷашн ба муносибати баҳор ва эҳёи табиат таҷлил мегардад. Дар Тоҷикистони биҳиштосои мо Наврӯз бо анъана ва расму оинҳои хоса таҷлил мешавад. Яке аз анъанаҳои муҳимтарини Наврӯз дар Тоҷикистон «Хонатакон» аст, ки дар он хона ва ҳама чизҳои дар хона бударо тоза мекунанд. Ин анъана аз он шаҳодат медиҳад, ки баҳор ва соли нави фархунда оғоз шавад. Оростани дастурхони наврӯзӣ бо исми “Ҳафт шину ҳафт син”, дигар анъанаҳои маъмули ин ҷашн ба шумор меравад. Ва ҳама он нозу неъматҳое, ки дар дастурхони идонаи “Ҳафт шину ҳафт син” гузошта мешавад, далолат ба пурфайзию пурбаракатии ин ҷашн аст, ки ҳар кадоми он нозу неъматҳо дорои рамзҳои хос мебошанд. Омода намудани хурокҳои суннатӣ, аз чумла суманак, ош, ҳалво, шириниҳои гуногун ва дигар таомҳои миллиро ба маъраз мегузоранд. Бозиҳои миллии наврӯзӣ гуштин, бузкашӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва ғайраҳо. Дидани пиронсолону барнодилон, хешовандон, ҳамдигарро шодбош гуфтани мардум ва эҳтироми пирон яке аз суннатҳои муҳими Наврӯзӣ аст. Шинонидани дарахтон ва сабзаву гулҳо баёнгари пайванди инсон бо табиат ва муҳити зист аст. Дигар анъана ва расму оини тоҷикона дар ҷашни Наврӯз ба бар намудани либоси тоза ва либоси миллии тоҷикӣ аз ҷумла атласу адрас ва чакану гулдӯзӣ мебошад. Эҳё кардани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла чакандӯзӣ, атласбофӣ, гулдӯзӣ, чубтарошӣ, кандакорӣ марбут ба расму оинҳои Наврӯзӣ мебошанд. Эҳё кардан ва зинда нигоҳ доштани мероси ниёгон аз он шаҳодат медиҳад, ки инҳо симои зоҳирии худро гум накунанд, аз ин лиҳоз зарур бояд шуморид, ки дар ҳамаи ҷашнҳои фарҳангӣ, ру овардан ба анъана ва расму оинҳои неки ниёгонамон арҷ гузоштан ба онҳост. Зеро ин расму анъанаҳо давлати мо – Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифгар аст. Маҳз бо доштани ҳамин оинҳову суннатҳост, ки миллати тоҷик соҳибмақому соҳибэҳтиром аст, шинохти мо тоҷикон маҳз ана ҳамин анъанаву расму оину суннатҳост.

Бе ягон шаку шубҳа гуфтан мумкин аст, ки маҳз пос доштан, зинда нигоҳ доштан, арҷ гузоштан ба расму суннатҳои неки ниёгонамон буд, ки ин ҷашни миллии тоҷикии мо дар арсаи байналмиллалӣ мақоми хосеро пайдо намуда ҷойгоҳи баланди олиро ишғол намудааст. Наврӯз яке аз оинҳои куҳанбунёду ориёитабории мост, ки бо шарофати истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон, инчунин иқдоми наҷиби бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифт. Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 23-феврали соли 2010 дар бораи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” элон шудани 21 март Қатънома қабул кард ва бо ҳамин Наврӯзи тоҷикон ҷаҳонӣ шуд.

Ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамчун як фарди маърифатнок баҳри тақвияту фарҳангу миллат, пойдор намудани сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъии давлату миллати куҳанбунёди худ саъю кӯшиш намуда, дастовардҳо ва расму оинҳои аҷдодии худро на танҳо идома диҳем, балки боз ҳам ривоҷу равнақ диҳем.

Абирова Бахтинисо - ходими илмии Озмоишгоҳи рустаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи

Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон