Skip to main content

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 на танҳо санади сиёсӣ, балки роҳнамои стратегӣ барои рушди тамоми соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла тавсеаи тадқиқотҳои илмӣ дар кишвар ба шумор меравад. Роҳбари давлат дар паёми навбатӣ зикр намуданд ва ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Илму маориф пояи асосии рушди устувор” аст.

Муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва олимон бояд ба паёмҳои Президенти мамлакат, ки ба сифати барномаҳои мукаммали стратегӣ вазъи кунунии илму маорифро воқеъбинона арзёбӣ карда, нақшаҳои кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлати рушдро муайян менамоянд, вокуниши саривақтӣ нишон дода, баҳри амалисозии он бештар аз дигар қишрҳои аҳолӣ саъю талош варзанд.

Маълум аст, ки даст ёфтан ба пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ бе рушди тадқиқоти илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар муассисаҳои таълимӣ ғайриимкон аст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои омодасозии мутахассисони ҷавон, дастгирии тадқиқоти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус равона гардид, ки бо татбиқ ёфтани онҳо ватани маҳбуби мо дар радифи пешрафтатарин мамолики дунёи мутамаддин қарор хоҳад гирифт. Дар ин росто давлат ва ҳукумати кишвар, бахусус, Пешвои тараққихоҳи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста чораандешиҳо карда, талош менамоянд, ки нақши илм дар ҳаёти ҷомеаи мо ҷойгоҳи махсус дошта бошад ва ҷавонону наврасон ҳарчӣ бештар ба илмомӯзӣ рӯ биёранд.

Ман, ҳамчун як ҷавони даврони соҳибистиқлолии кишварам ифтихормандам, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат соли 2019 сазовори бурсияи магистратураи Академияи илмҳои Чин гардидам ва соли 2024 онро бомуваффақият хатм намудам ва ба мисоли ман як қатор магистрантон ва доктор PhD-ҳои дигар, ки дар хориҷа таҳсил карда истодаанд ва илмҳои муосирро омӯхта истодаанд, бо боварии комил гуфта метавонем,ки пас аз хатми донишгоҳояшон ба ватан баргашта барои пешрафти ватану кишвар саҳми худро мегузоранд ва илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва дастгирии олимони ҷавон барои тадқиқоти илмии байналмилалӣ аҳаммияти калидӣ дорад ва метавонад ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият диҳад. Бо дарназардошти ҳамин нукта Роҳбари давлати мо зарур мешуморанд, ки сифати донишандӯзӣ ва стандартҳои таълимӣ ба сатҳи байналмилалӣ баланд бардошта шуда, донишгоҳҳо ва донишкадаҳо ба талаботи кунунӣ ҷавобгӯ бошанд, то ҷавонон бо малакаҳои муосир таъмин гарданд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ барои рушди илм ва татбиқи технологияҳои нав густариш ёбанд.

Чунин сиёсати устувор ва дурандешона на танҳо рушди илм ва таълимро таъмин мекунад, балки барои таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар ва мустаҳкам намудани ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор мегузорад.

Барои мо олимони ҷавон хеле хушоянд аст, ки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба рушди илми ватанӣ диққати махсус дода, дар ин самт ба неруи тавонои ҷавонон бовар доранд ва дар роҳи рушд ба ин қишри ояндасоз такя мекунанд.

Хурсандибахш аст, ки бо дастгирӣ ва тавсияҳои роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҳти сарварии олими кордон, номзади илмҳои геология ва минералогия Сафарализода Носир Саидҷалол зина ба зина рушд карда, имкониятҳои тадқиқоти илмиро барои олимон васеъ мекунад.

Ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат ва дастгирӣ ёфтани соҳаи геология ва сейсмология аз тарафи давлат ва ҳукумати мамлакат, ба рушди таҳқиқоти илмӣ мусоидат карда, имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар самти омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок пешрафти назаррас кунад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат рамзи таваҷҷуҳи давлат ба илму дониш, роҳнамои стратегӣ барои олимон аст ва татбиқи саривақтӣ ва босифати он аз ҳар як фарди кишвар, хусусан, намояндагони илму маориф масъулияти вижаро тақозо менамояд. Имсол, ки мо дар арафи 35-солагии бузургтарин ҷашни миллӣ, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, шарт ва зарур аст, ки ҳидояти хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро ҳамчун шиори зиндагӣ пазируфта, пеш аз ҳама, ба илму маърифат рӯ оварда, худамонро ҳамчун, як узви ҷомеаи башарӣ ва як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол шиносем. Танҳо дар ҳамин сурат роҳи мо ба сӯи ояндаи дурахшон равшан хоҳад гашт.

Соҳибназар Ашуралиев, ходими калони илмии лабораторияи петрология ва геокимиёи Институти геология,

сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон