Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ - Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр душвор ва буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ қарор дошт. Дар ҷомеа ихтилофоти гуногун ба миён омад, ки дар ниҳоят ин ихтилофот ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Ҳазорҳо нафар шаҳрвандон маҷбур шуданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд ва ба кишварҳои ҳамсоя куч банданд. Дар чунин шароити буҳронӣ, кишвар ба парокандашавӣ ва ҳатто хатари аз байн рафтани истиқлол рӯ ба рӯ шуд. Аз ҳамин сабаб, зарурати ҷалби нерӯҳои қонунӣ барои наҷоти давлат ба миён омад. Ваколатдорони Шӯрои Олӣ - мақоми олии қонунгузори кишвар қарор доданд, ки иҷлосияи навбатиро дар минтақаи нисбатан амну ором баргузор намоянд. Дар он давр шаҳри Хуҷанд аз ҷиҳати амниятӣ нисбатан ба дигар минтақаҳои кишвар хело ором буд ва имконияти фароҳам овардани муҳити муносиб барои кори вакилонро низ дошт. Аз ин рӯ баргузории иҷлосия маҳз дар он ҷо амри зарурӣ гардид.
Дар ин иҷлосия лозим буд ки дар риштаҳои гуногуни давлвтдорӣ аз ҷумла “Роҳбарияти нав” шахсияте интихоб гардад, ки тавонад кишварро аз ин буҳрон берун барорад, сулҳро эҳё ва мардумро сарҷамъ намояд. Дар ин иҷлосияи тақдирсоз, вакилон тавонистан бо хираду заковати дурбинона фарзанди фарзона ва Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоянд. Ин интихоби таърихӣ ба оғози марҳилаи нави давлатдорӣ асос гузошт. Бо қабул шудани қарорҳои муҳим дар бораи сулҳ, қонуният, ваҳдат ва суботи иҷтимоӣ, иҷлосия ба рамзи эҳёи давлатдории миллӣ табдил ёфт. Ҳамин тавр, зарурати баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ на танҳо аз нигоҳи сиёсӣ, балки аз ҷиҳати таърихӣ ва маънавӣ як амри тақдирсоз буд. Он кишварро аз фурӯпошӣ наҷот дод ва ба оғози давраи нави сулҳ, ваҳдат ва бедории миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт.
Дар он шароит, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд ва таъкид кард: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам, ҳатто агар ҷони худро фидо кунам.» Ин суханон ҳамчун шиори сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат ба тамоми мардуми кишвар паём доданд. Ва ҳамин таврҳам шуд, сулҳро барқарор кард, мардумро сарҷамъ ва гурезагонро ба ватан баргардонид.
Таҷрибаҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои сиёсатмадорони ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як дастурамали аввалиндараҷа дар низоми давлатдорӣ низ арзиши бисёр баланд дорад. Аз ин лиҳоз Созмони Милали Муттаҳид таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро “намунаи нодири барқарорсозии сулҳи устувор” номид. Пешвои миллат инчунин дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои калидӣ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (2018–2028) ва сиёсати “дарҳои кушода”-ро пешниҳод намуданд, ки ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар ҷаҳон устувор сохт.
Аввалин маротиба аз минбари Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат бо забони ноби тоҷикӣ суханрони намуданд ва намояндагони ин созмон забони Тоҷикиро шуниданд. Мо ҷавонон бо чунин Пешво ифтихор мекунем ва барои иқдомҳояш арҷгузорӣ мекунем. Арҷгузорӣ ба Сарвари маҳбубамон ин арҷгузорӣ ба мардум ва миллат аст, чун ки миллат ин Пешворо интихоб намудааст.
Ташаббусҳои сулҳоваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба барқароршавии суботи сиёсӣ, балки ба таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карданд. Ба туфайли сулҳ ва ваҳдат, Тоҷикистон аз давлати ҷангзада ба кишвари амну обод ва рушдёбанда табдил ёфт. Аз ин рӯ, бо итминон метавон гуфт, ки меъмори воқеии сулҳ дар Тоҷикистон ва бунёди давлати соҳибистиқлол маҳз бо тавоноӣ ва сиёсати хирадмандонаи ин абармарди таърихсоз, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ходими илмии озмоишгоҳи “Геохимия ва химияи таҳлилӣ” Ҳабибуллоев Суҳайлӣ
