Skip to main content

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -16 ноябр

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба шумор меравад, ки таҷлили он на танҳо рамзи эҳтиром ба шахсияти роҳбари давлат аст, балки ифодаи садоқат ба халқу Ватан, ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Ин сана ба тамоми мардуми кишвар ёдрас менамояд, ки истиқлолият ва суботи сиёсӣ маҳз бо талош ва иродаи мустаҳками Сарвари давлат ва мардуми меҳнатдусти Тоҷикистон ба даст омадааст.

Ин сана дар тарбияи насли ҷавон ва баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Маърифатнокӣ ва тараққиёти ҳар як ҷомеаро бисёр сабабҳо муайян мекунанд, ки дар байни онҳо мақому манзалати зан дар ҷомеа ва риояи ҳуқуқу озодиҳои вай яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамояд. Зеро ҷомеае, ки дар он ҳуқуқи шаҳрвандон бахусус, занон муҳофизат намешавад, наметавон онро ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд эътироф намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозанд. Имрӯз агар як нигоҳи амиқ намоем, мушоҳида хоҳем кард, ки бо натиҷа ва самараи ин ҳадафҳои воқеӣ занон сарбаландона дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа кору фаъолият намуда, мақоми арзандаро соҳиб гаштаанд.

Бо фароҳам овардани шароити мусоид аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору таҳсили бонувони тоҷик бо иқдомот ва ташаббусҳои худ собит намуданд, ки занон дар баробари мардон метавонанд дар тамоми соҳаҳо муваффақ ва дар рушду тараққиёти Ватани худ ҳиссагузор бошанд.

Дар сатҳи давлатӣ хушбахтона имрӯз, нақши зан-модар зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар иртибот ба ин гуфтаҳо, бо қадршиносӣ аз хизматҳои зан – модари тоҷик чунин иброз намуданд: «Мо – мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш намоем, ки тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд».

Илова бар ин гуфтаҳо, дар ҳақиқат ҳам занон ва модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида дареғ намедоранд

Маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамчун сохтори воқеии муайянкунандаи баробарии гендерӣ ва пешбарандаи сиёсати гендерии кишвар ташкил шуда, бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардондани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин то 30 фоиз расондани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030” аз 27 апрели соли 2022 қабул гардид.

Иловатан “Барномаи махсуси ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ ва мубориза бо ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи занон” бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин сол қабл ҳанӯз аз соли 1999 қабул гардид. Дар асоси ин дастур соли 2001 барномаи дигар “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон барои солҳои 2001–2010” қабул карда шуданд, ки дар заминаи ин санадҳо баробарии ҳуқуқу имкониятҳои занону мардон ва иштироки фаъолонаи бонувон дар зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тадриҷан амалӣ мегардад.

Ҳамзамон бо мақсади ҳавасманд гардонидани занону бонувон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 инҷониб грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуд, ки ин тадбир низ ҳамчун таҷрибаи муҳим барои дастгирии занон дар тамоми манотиқи кишвар арзёбӣ мегардад.Барои мисол, соли 2022 дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағҳои грантӣ аз 2 ба 2,5 миллион сомонӣ барои 80 лоиҳаи мақсадноки занону бонувон зиёд гардид, ки ин раванди корбарӣ пеш аз ҳама инъикосгари сиёсати сулҳпарваронаю созандаи дохилию хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мақому манзалати занону бонувони сарбаланди тоҷик мебошад.

Дар сатҳи давлатӣ занон имрӯз натанҳо вакилони мардумӣ дар парлумон ва мақомотҳои давлатӣ, балки шарики баробарҳуқуқ ва таъсиргузор дар қабули қарорҳо мебошанд.Мисоли равшан ҳамасола барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ барои баланд бардоштани сатҳи намояндагӣ ва иштироки занон амалӣ мешаванд, ки ин ба устувории давлат ва рушди ҷомеа мусоидат мекунад.

Тибқи маълумотҳои омории дастрасшуда дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон занон, тақрибан 30 % вакилони парламентро ташкил медиҳанд, ки аз Қирғизистон (22 %) ва аз Қазоқистон (27 %) бештар буда дар қиёс нисбат ба дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ намунаи устувор ба ҳисоб меравад. Ин рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати Пешвои миллат нисбат ба занон амалӣ, устувор ва бо якчанд ҷанбаҳо ҳамоҳанг мебошад.

Сиёсати Пешвои миллат нисбат ба занон имконият фароҳам овардааст, ки занон дар баробари мардон тавонанд ҳамчун қувваи созанда, таъсиргузор ва намунаи ибрат дар ҷомеа фаъолият кунанд.

Достиева Дилафрӯз, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ