Skip to main content

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 яке аз рӯйдодҳои бузургу таърихӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, пояи давлатдории навини тоҷиконро гузошт ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам намуд.

Конститутсия ба низоми идоракунии ҷумҳурии президентӣ асос гузошта, барои аввалин бор дар таърихи давлатдории тоҷикон усули таҷзияи ҳокимият, волоияти қонун, ва бартарияти ҳуқуқҳои инсонро муқаррар кард. Он ҳуҷҷати воқеан демократӣ буда, орзуву омоли таърихии халқи тоҷикро дар роҳи адолат, ваҳдат ва озодӣ инъикос мекунад.

Бо гузашти солҳо, барои такмили низоми ҳуқуқӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи замон, ба Конститутсия се маротиба (солҳои 1999, 2003 ва 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон равона гардиданд.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдат, озодӣ ва соҳибистиқлолии миллӣ хизмат мекунад. Он на танҳо қонуни асосии давлат, балки пояи маънавии ҳамбастагии миллат мебошад, ки ҷомеаро ба эҳтироми қонун, ватандӯстӣ ва меҳнати созанда ҳидоят менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро ҳамчун соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ мекунад ва инсонро - бо тамоми ҳуқуқу озодиҳояш - дар маркази фаъолияти мақомоти давлатӣ қарор медиҳад.

Имрӯз, дар арафи ҷашни 35 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо ифтихор мекунем, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои пойдории сулҳу амният, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ хизмат менамояд.

Конститутсия қонунест, ки ваҳдати сиёсӣ ва ҳуқуқии халқро таъмини мекунад. Он халқро ҳамчун воҳиди ҳуқуқӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, меъёрҳое муқаррар мекунад, ки аз таҳрифи ваҳдати сиёсии миллат пешгирӣ мекунад. Конститутсия ба рушду инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ бо эҳтироми гуногунандешӣ ва мафкуравиҳои сиёсӣ кафолат медиҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва шиносномаи давлату миллат ҷойгоҳи муҳим дорад. Он Тоҷикистонро дар дохил ва арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, заминаи қонунии сохтори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро фароҳам овардааст. Қабули Конститутсия дар давраи душвори пас аз истиқлолият амри таърихӣ буд, ки иродаи мардум ва андешаҳои нерӯҳои гуногуни сиёсиву ҷамъиятиро муттаҳид сохт. Маҳз ин ҳуҷҷат пояи давлатдории нав, Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсиро таъмин намуда, барои рушди устувори ҷомеа ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон шароити заруриро фароҳам овард.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санади тақдирсоз истиқлолияти давлатии кишварро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мустаҳкам намуд ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва сулҳҷӯёна ба ҷаҳониён шинос кард. Дар ҷомеае, ки мардум дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ ҳастанд, ҳуқуқҳои конститутсионӣ ҳифз шуда, сатҳи зиндагӣ ва зиндагии шоиста таъмин мегардад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имконоти он ҳарчӣ бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад.

Қонунҳое, ки бо асоси Конститутсия қабул шудаанд, ҳаёти ҷомеа ва фаъолияти давлатро танзим намуда, заминаи рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро фароҳам оварданд. Қонунҳои миллӣ ба мисли «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нақши муҳим дар тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сифати зиндагӣ доранд. Ҳамзамон, тамоми қонунгузории кишвар навсозӣ шуда, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ пурра танзим гардиданд.

Хулоса Конститутсия рамзи Ваҳдат, соҳибистиқлолӣ ва худшиносии миллист, ки ҷомеаро ба эҳтироми қонун ва ватандӯстӣ ҳидоят мекунад. Он барои рушди устувор ва суботи сиёсӣ шароити мусоид фароҳам оварда, насли имрӯзу фардоро барои зиндагии озодона ва созанда раҳнамоӣ мекунад.

Давлатова Мунзифа – Докторант PhD-и Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон