Забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ташаккули миллат ва шинохти ҳувияти миллӣ, дар тамоми давраҳои таърихӣ мақом ва ҷойгоҳи беназир доштааст. Он на танҳо воситаи муоширати байнифардӣ, балки омили муҳими интиқоли арзишҳои фарҳангӣ, тамаддуни гузаштагон, ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи таърихии наслҳо мебошад.
Дар ин замина, забони тоҷикӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб аст, дар тӯли беш аз се ҳазор сол ҳамчун яке аз забонҳои қадимаи дорои таърих, адабиёт ва фарҳанги густурда, дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик нақши бориз доштааст. Забони тоҷикӣ дар паҳнои таърих тавассути осори бузургони илму адаб, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил, Айнӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарон рушд ва такомул ёфта, дар нигаҳдошти тамаддуни миллӣ хизматҳои арзанда анҷом додааст.
Дар масири таърих, забони тоҷикӣ борҳо ба фишорҳои сиёсиву идеологӣ дучор гаштааст. Аз ҷумла, дар асри XIX ва асри XX дар натиҷаи сиёсати русикунонии маориф ва фарҳанг дар қаламрави Осиёи Миёна, махсусан дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, забони тоҷикӣ мавқеи худро дар бахшҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла илму маориф ва идоракунии давлатӣ, тадриҷан аз даст медод. Он бештар дар муоширати ғайрирасмӣ ва муҳити хонаводагӣ истифода мешуд.
Бо вуҷуди ин, дар нимаи дуюми солҳои 1980 ва дар заминаи ислоҳоти сиёсӣ (перестройка), рӯҳияи худшиносии миллӣ дар ҷомеа боло гирифт ва талошҳо ҷиҳати барқарор намудани мақоми забони тоҷикӣ афзоиш ёфт. Дар натиҷа, санаи 22 июли соли 1989, дар Иҷлосияи Шӯрои Олии ЉШС Тоҷикистон Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ) қабул гардид. Ин санад бори аввал мақоми давлатии забони модариро дар замони муосир ба расмият шинохт ва то соли 2009, санаи 22 июл ҳамчун Рӯзи забон таҷлил мешуд.
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, сиёсати забонӣ ба марҳилаи нав ворид гардид. Қабули Конститутсияи Љумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) заминаи ҳуқуқии забони модариро ҳамчун забони давлатӣ боз ҳам таҳким бахшид. Мувофиқи моддаи 2-и Конститутсия:
«Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — забони тоҷикӣ мебошад».
Сипас, бо назардошти эҳтиёҷоти замони муосир ва зарурати таҳкими меъёрҳои ҳуқуқии истифодаи забони давлатӣ, 5 октябри соли 2009, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Он истифодаи забони давлатиро дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа – мақомоти давлатӣ, маориф, фарҳанг, муносибатҳои меҳнатӣ, расонаҳо ва бахши хусусӣ танзим мекунад.
Дар асоси ҳамин қонун, 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ муайян гардида, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Дар баробари ин, масъалаи забон, ҳифзи он, омӯзиши таъриху рушди забони тоҷикӣ ва таҳкими забони давлатӣ, ҳамеша аз самтҳои калидии сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Дар ин замина, асари илмӣ-таҳлилӣ ва барҷастаи Пешвои миллат таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат», ки соли 2019 ба нашр расид, саҳми назаррас дар рушди худшиносии миллӣ ва ташаккули сиёсати давлатии забон дорад.
Ин асар, ки аз муқаддима, шаш боб, зербобҳо, хулоса ва китобнома иборат аст, бо усули таҳлили илмӣ масъалаҳои забоншиносӣ, таърихи забони тоҷикӣ, таҳдидҳои мавҷуда ва дурнамои истифодаи забонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Он дар муҳити илмӣ, адабӣ ва фарҳангии кишвар мавқеи баланди таҳлилӣ пайдо намуда, яке аз аввалин тадқиқоти фарогир доир ба забони тоҷикӣ бо назари стратегӣ арзёбӣ мешавад.
Имрӯзњо, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, яке аз воситаҳои муҳимтарини таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва рушди илм дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Нашри осори илмӣ, тавсеаи забони меъёрии адабӣ, татбиқи қонунгузории забонӣ дар соҳаҳои маорифу фарҳанг, таҳкими худшиносии забонӣ дар байни ҷавонон ва омӯзиши забон дар ҳама зинаҳои таҳсилот, аз нишондиҳандаҳои асосии рушди устувори забони миллӣ мебошад.
Сиёсати забон дар замони истиқлол, зери роҳбарии Пешвои миллат, на танҳо ҳифзи забони модариро таъмин менамояд, балки рушди онро ҳамчун забони илм, фарҳанг ва дипломатияи муосир ба як ҳадафи стратегӣ табдил додааст. Забони тоҷикӣ имрӯз як унсури таъсиргузори ҳувияти миллӣ ва василаи муассири тавсеаи тафаккури илмӣ ва маърифатӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик ба шумор меравад.
Мусоев Дилшод - ходими калони илмии шӯъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти саҳроӣ МДИ Маркази омӯзиши пиряхњои АМИТ