(дар ҳошияи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Замони беҳтарини рушду шукуфоии забони тоҷикӣ дар садсолаҳои ахири мавҷудияти он давраи Истиқлол давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби роҳи дурусти тараққиёти кишварамон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мегардад. Ин аст, ки Истиқлол барои мо неъмати бебаҳоест, ки барои инкишофи худшиносию худогоҳии миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ин нуктаи муҳимро Ҷаноби оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин баён карданд: “Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндарӣ мебошад. Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ин аст, ки миллати тоҷик дубора ба асли хеш, яъне ҳувияти таърихии хеш баргашт, мероси чандинҳазорсолаи фарҳангӣ, илмию адабӣ, забони ноби тоҷикӣ, расму оин ва суннату анъанаҳои миллии худро эҳё кард, соҳиби намуд ва омӯзиши онҳоро аз нигоҳи нав ба роҳ монд. (3, №37(1538).
Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва арзишҳои миллиест, ки ҳар миллате барои доштани он ифтихор карда, барои ҳифзи он тадбиру чораҳо ва иқдомоти зиёде карда, дар тули мавҷудияташ корҳои шоистаеро анҷом медиҳад. Дар ҳамаи қавму миллатҳои дунё тавассути ин ганҷи бебаҳо ибдоли ҳуруф сурат гирифта, алифбоҳои гуногун дар давраҳои мухталиф ба вуҷуд омада, ихтироот ва таърихи рӯзгори башарро иншо кардаанд. Иншои афкор дар сафолпораҳо, деворнигораҳо, сангпораҳо, кӯҳҳои сангин, пӯстҳо ва анвои гуногуни коғаз сурат гирифта, аз будубоши миллатҳо дар минтақаҳои олам дарак дода, бозгӯйи маънавиёти онҳо мебошад.
Барои миллати тоҷик забон нишонаи давлату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт буда, бозгӯ аз таърихи тайкардаи миллат, таърихи алифбою анвои хат, китобдорӣ, ҳаёти кишоварзӣ, мусиқӣ, бозгукунандаи таърихи фалсафаю ҳикмат, тиб, риёзиёт, ситорашиносӣ, нишони маданияти бузурги луғатнигорӣ, бозгукунандаи беҳамтои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили варзиш, кулолӣ, дуредгарӣ, дузандагию либосдузӣ ва чакан, рассомӣ, мусиқӣ, оҳангарӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли абрешим ва ғайра мебошад. Забони тоҷикӣ барои миллати бузурги тоҷик забони шеъру суруд, забони насри оламгири ориёӣ аст, ки тавассути он шоҳкорҳои беназир офарида шудаанд. Ҳоло ҳар кадоме аз ин ҳунарҳо чун қабатҳои алоҳидаи соҳаҳои номбаршуда ҳазорон калимаро фаро мегиранд, ки шомил бар вожагони худию бегона мебошанд.
Забони тоҷикӣ дар дарозои таърих барои қавму миллатҳои гуногуни дунё, ки бо тоҷикон будубош доштаанд, забони дину давлатдорӣ, мактабу маориф, урфу одат, ҷашну маросимҳо ва даҳҳо рукнҳои дигари зиндагӣ маҳсуб мешуд. Тавре аз осори гузаштагон маълум аст, онро новобаста аз қавму миллат ва нажод миллионҳо нафар аз Шибҳи Қора то Арабистон ва аз Аврупо то Чин чун забони пешрафтаи дунё медонистанд ва ҳамчун забони илм истифода мекарданд. Дар ин давраи дуру дарози таърих забони тоҷикӣ дар бархурди бузург бо қавму миллатҳои гуногуни дунё хазинаи вожагонии худро аз ҳисоби забони он қавму миллатҳо такмил дода, ба унвони забони муқтадири дунё арзи ҳастӣ кардааст. Дар ин росто, зикри ин нуктаро муҳим мешуморем, ки вомгирию вомдиҳии вожаҳо дар тамоми давру замон ҷараёни доимоамалкунанда буда, вобаста ба рушду инкишоф ва пешрафти соҳаҳои ҳаёт дар ҷомеа вусъат меёбад ва ё камнур мегардад. Ин вижагӣ хоси забонҳои алоҳида набуда, дар ҷомеаи мутамаддин раванди ҳамешагиро касб кардааст. Ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ ва ё тараққии ин ё он соҳа боиси ба вуҷуд омадани мафҳумҳое мегардад, ки барои ифодаи онҳо калимаю истилоҳоти нав лозим мешаванд. Аз ҳама муҳим он аст, ки забонҳо дар гӯшаю инзиво зиндагӣ надоранд, онҳо дар канори ҳам буда, ба ҳам таъсир мерасонанд. Ҳолати мазкур ба он водор мекунад, ки истифодаи имконоти забонии ҳамдигар ногузир мегардад. Дар забони ретсипиент дар сурати набудани калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои дар забони донор бавуҷудомада истифодаи гунаҳои иқтибосӣ ногузир мешавад. Ин ҳолат, дар мисоли забони тоҷикӣ, ба он овардааст, ки ба ин забон дар тули қарнҳо аз забонҳои зиёде иқтибосоти луғавӣ ворид шаванд. Дар миёни забонҳои олам забони арабӣ аз муқтадиртарин забонест, ки калимаҳои он ба соҳаҳои гуногуни забони тоҷикӣ нуфуз кардааст. Ҳамчунин, дар давоми беш аз ҳазор сол калимаю истилоҳоти арабӣ ба забони уламою шуарою удабо ва фузалою фарҳехтагони миллатамон нуфуз карда, боиси ҳарчи бештар истифода шудани онҳо гардида, ба табиати забони тоҷикӣ мутобиқ шудаанд. Дар баробари забони арабӣ дар замони нави тараққиёти илму фанноварӣ калимаю истилоҳоти фаннӣ ва интернетию компютерӣ ва зеҳни сунъӣ сели калимаҳои аврупоиро ба забонамон овардааст, ки барои ҳамгунсозии онҳо вақт ва ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ лозим аст.
Бо гузашти қарнҳо забони тоҷикӣ як идда хусусиётеро доро шудааст, ки метавон муҳимтарини онҳоро зикр намуд.
1. Саргузашти миллати тоҷикро чун оина дар худ мунъакис карда, бозгӯкунандаи таърихи пуршебу фарози зиндагонии мардумамон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, барҳақ, нигоштаанд, ки “Забон, дар маҷмуъ, як қисмати муҳим ва ё ба иборати дигар, як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст. Аз мутолиаи он мо дар бораи бисёр ҷанбаҳо ва масъалаҳои муҳимми ҳаёти гузаштагони хеш иттилое ба даст меоварем, ки ҳатто таърихнигорон ба онҳо камтар таваҷҷуҳ кардаанд. Масалан, аз рӯйи захираи вожагон ва истилоҳоти забон мо метавонем бо боварӣ дар бораи пешрафт ва ё заъфу сустии ягон соҳаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар давраҳои мухталиф қазоват кунем, аз ҷониби дигар, забон манбаи бисёр муътамад барои омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни мо мебошад” (7.
2. Дар ҳамаи давру замон барои муттаҳидии миллати тоҷик мусоидат кардааст. Дар душвортарин замони зиндагӣ миллати тоҷикро аз нобудӣ раҳо бахшида, ваҳдату ягонагии миллиро таъмин намудааст. Барои миллати куҳанбунёди мо дар қатори мафҳумҳои зиёди муқаддас вожаи «ваҳдат» аз арзиши маънавӣ ва ҳаётан муҳим бархурдор аст. Ҳамин мафҳум мардумро дар фазои иттиҳоду иттифоқ сарҷамъ меоварад ва сокинони як кишвари воҳидро перомуни ормонҳои воло ба хотири рушду тараққии ҷомеа муттаҳид месозад. Ваҳдати миллӣ аслитарин унсури ташаккулу такомули ҷомеаи ҳар кишвари дар роҳи демократӣ қадамгузор мебошад. Дар душвортарин марҳилаҳои таърихӣ халқи тоҷик бо истифода аз забон ва захираҳои неруи маънавии хеш тавонистааст буҳронҳои хатарноки мудҳишро пушти сар гузорад. Бо тавассул ҷустан ба ваҳдату иттиҳод хунинтарин марҳилаҳо дар таърихи халқи мо ба хотири ҳифозат аз фарҳанги миллӣ, ҳувияти миллӣ, русуми миллӣ, ақида, мазҳаб ва оинҳои мутараққии миллӣ аз шиддаташон коста ва бо тааммулу таҳаммули бошарофат сипарӣ гардидаанд. Бозтоби ин падидаи маънавӣ дар адабиёти деринасоли мо пешинаи қадим ва гуногун доштааст. Гузаштагони бофарру бофарҳанги мо ба мафҳуми ваҳдату ягонагӣ, ки сарвати бебаҳо маҳсуб мегардад, ҷиҳати пойдории оромиву амнияти кишвар бо диди шоиста назар кардаанд. Дар нахустин гомҳои адабиёти форсии тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ, дӯстиву ҳамбастагии халқҳо ва тарғибу ташвиқи ваҳдати халқу қавмҳои сокини кишвар будааст. Муҳаққиқони адаби форсии тоҷикӣ ғояҳои мазкурро баргирифта аз адабиёти бостонии қавмҳои ориёӣ медонанд, ки намунаҳои он имрӯз дастраси мардуми ҷаҳонанд. Ҳанӯз дар китоби муқаддаси «Авасто» мо ба пораҳое бармехурем, ки огандаи беҳтарин андарзҳои раҳнамудӣ ба ҳамбастагӣ ва зиндагии шоиста, некӣ ба ҳамнавъон, шоду пок зистан, хостори рӯшноӣ шудан, барои ободонии кишвар ва ҷаҳон кӯшидан, дар ҳолатҳои зарурӣ хашмро фурӯ бурдан, дурӯғ нагуфтан, обу ҳаво ва хоку оташро муқаддас дониста, барои покии онҳо талош варзидан, ҳимоят аз ҷонварон, рустаниҳо, риояти ҳуқуқу озодиҳои афроди ҷомеа ва дигар масоиле, ки ниёзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо ва ҳаллу таҳаққуқашон бештар шудааст, зеро он ҳама хушунат, зулм, даргириҳо ва фоҷиаҳои гуногун ба ахлоқу сиришти инсонҳо таъсири манфии муассире гузоштааст, ки барои ҳамаи мо равшантар аз офтоб аст. Бисёре аз ҳосили хомаҳои адибони номвари гузаштаи мо дар мавриди ваҳдату ҳамбастагии халқу миллат ва қавмҳо забонзади оламиён гаштааст. Ҳамин нукта ҷолибу диққат аст, ки тақрибан тамоми аҳли адаби тоҷик, хоса шуаро, аз хурд то бузург тавассути забони ноби тоҷикӣ ба тасвиру тавсифи ваҳдат даст задаанд, ки худ рамзу нишони ҳусни тафоҳуми умумимиллӣ буда метавонад. Ва боз муҳим ин аст, ки ваҳдат дар калимаю ибора, қолаб ва таркиб, шаклу тасаввурҳои рангине ғунҷонида мешаванд, ки дар батни худ дарки чанд ҷабҳаи онро фаро гирифтаанд: “ваҳдат”, ”ойини вахдат”, ‘ганҷи миллат”,“ватани ваҳдат”, “рӯзи мурод”, “ғазали сулҳ ва ваҳдат”, “таронаи муҳаббат”, “таронаи ягонагӣ”, “ суруди ваҳдат”, “ якдилӣ”, “нидои ваҳдат, “кӯчаи ваҳдат”, “манзумаи ваҳдат”, “посбони марзи ваҳдат”, “сулҳ”, “ҳисори ваҳдат”, “бахти ватан”, “ойинаи якрӯӣ”, “нури ваҳдат”, “ ғазали ваҳдат”, “таронаи ваҳдат”, “рӯзи ваҳдат” “кафили ваҳдат”, “пайки ваҳдат”,”субҳи ваҳдат” ва ғ.
3. Осори оламшумули таърихӣ, фалсафӣ, тиббӣ, динӣ, ҳунарӣ, мусиқӣ, ситорашиносӣ, забоншиносию адабиётшиносии миллати тоҷикро дар шакли назму наср дар худ инъикос кардааст, ки дар муаррифии миллати тоҷик дар олам василаи беназир ба шумор меравад, ки овардани номгӯйи ин осор дар ин маврид ғайриимкон аст.
4. Забони сиёсат, девондорию давлатдорӣ будааст ва барои масоили шифоҳию хаттӣ ва дипломатии миллати тоҷик аз дуриҳои дури таърих то имрӯз хидмати мондагор карда истодааст. “Саффориён (873-899) ва Сомониён (899-999) аз забон њамчун силоњи сиёсї дар муќобили араб барои касби истиќлол истифода карда, бори нахуст дар Хуросону Мовароуннањр парчами истиќлолро барафрохтанд ва сулолаву салтанатњои азимеро аз хонадонњои наљиби мањаллї бунёд намуданд. Амирони ватанпарасту донишпарвари сомонї барои эњёи мероси фарњангии пешазисломии худ низ кўшишњо карда, осори таърихию бадеї ва диниву ахлоќии муаллифони худї ва бегонаи асри хешро аз забони арабї тарљума карда, њатто талош варзиданд, Ќуръони маљидро ба тољикї (дарї, форсї) баргардонанд” (7, 9).
5. Забони тоҷикӣ дар тарбия ва таълими башарият тавассути осори тарбиявию ахлоқии ба қалами намояндагони миллати тоҷик офаридашуда саҳми беназир гузоштааст. Осори безаволи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ганҷинаҳои тобнокеро мемонанд, ки дар инъикоси ҳаёти миллати тоҷик беназир мебошанд. Ҳамчунин, мероси адабию илмии устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон намунаи барҷастаи хидмати фидокоронаи миллати тоҷик ба башарият аст. Баҳое, ки Пешвои миллат ба кору пайкори Ибни Сино додаанд, бозгӯйи воқеияти ҳол аст: “Ибни Сино парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдовори илми ҳазорсолаи мост. Ҳамду сано ба миллате, ки чунин абармардонро ба олами тамаддун эҳдо намудааст” (7, 364). Ин суханони Ҷаноби олӣ рамзӣ буда, ба ҳамаи абармардони олами зеҳнию фарҳангии миллати тоҷик мансубият пайдо мекунанд. Беҳуда нест, ки дар назди бинои ССМ дар шаҳри Вена муҷассамаи чор фарзанди бузурги миллати тоҷик – Абуали Ибни Сино, Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ ва Закариёт Розӣ гузошта шудааст.
6. Забон ба унвони ҳимоятгари арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои ҳамешагии миллат баромад карда, барои худшиносию худогоҳии миллӣ хидматҳои мондагор кардааст. Мусаллам аст, ки дар давраи нави тараққиёти илму фановарӣ ба масъалаи худшиносӣ ва худогоҳӣ дар ҷумҳуриамон диққати ҷиддӣ дода мешавад, ки он ҷиҳати боло рафтани иттилооти таърихӣ ва аз бар намудани дастовардҳои бешумори илмию адабиамон мусоидат мекунад. Таррақии забон бидуни омӯзиши осори пурғановати миллиамон ғайри қобили тасаввур аст. Ин аст, ки зимни чорабиниҳои давлатӣ нашри на танҳо осори марбут ба адабиёт, балки осори марбут ба сиёсат, дину мазҳаб, иқтисоду тиб ва ғайра низ дар назар аст ва то имрӯз ҳамасола ҷашни уламою шуарою удабо ва фузалою донишмандон гирифта шуда, дар ин замина осори онҳо мунташир мегардад, ки дар давраи нави таърихӣ барои афзудани ғановати забон мусоидат менамоянд. Дар ин замина суханони пурҳикмати Пешвои миллат доруи дармони моанд, ки мефармоянд: “зиндагиномаи забони мо саршор аз мисолҳои дурахшон дар бораи муҳаббат ба ватан, эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ ва қаҳрамониву ҷонбозиҳо дар роҳи дифоъ аз истиқлоли сарзамину давлати хеш аст, ки имрӯз барои дарки мавқеи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва кору хидмати содиқона ба ватан барои мо дарси ибратанд”. (7, 8.).
7. Яке аз хусусиятҳои барҷастаи забони тоҷикӣ рақобатпазир будани он аст. Дар ҳама давраҳои таърихӣ забонҳои зиёде ба забони тоҷикӣ таъсир расонидаанд. Аз ҷумла, забони арабӣ бо сиёсат ва дин ба забони тоҷикӣ ҳуҷум кард, аммо руҳи шикастнопазир ва озодипарасти миллати тоҷик тавассути забон ба по рост истода, дар муқовимати шадид бар ин забони муқтадир ғолиб баромад. Дар ин ҷода нақши забони тоҷикӣ бо доштани таркиби луғавӣ ва сохтори дастурии мустаҳкам бузург аст.
8. Забони тоҷикӣ чун забони ҷашну маросим ва анъанаҳои миллати тоҷик зи дурии замонаҳо то имрӯз хизмат кардааст. Ҷашнҳои бостонии Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, ки мероси арзишманди гузаштагони мост дар вусъати худшиносию худогоҳӣ ва болоравии ҳисси миллии сокинони кишварамон мусоидат кардааст. Аз нав зинда кардани ин ҷашнҳои бостонии миллатамон зинда кардани садҳо калимаи ноби мансуб ба онҳо мебошад.
9. Дар давраи нави тараққиёти давлатдории миллати тоҷик барои нишон додани дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ мусоидат кардааст. Истиқлоли давлатӣ низ дар навбати худ барои шукуфоӣ ва боландагии забон нақши бениҳоят калон дорад. Дар ин давра бо роҳбарии Сарвари муаззами миллати тоҷик, Пешвои миллати фарҳангсолорамон нисбат ба забон иқдомоти беҳамтое шудаанд, ки онро таърихи забони мо ёд надорад. Ин иқдомот ба таври мухтасар иборат аз ташкили Комиссияи тадбиқи Қонуни забон (2005), қабули барномаҳои рушди забони давлатӣ (солҳои 2007-2012; 2012-2016; 2020-2030), эълон намудани соли 2008 ҳамчун соли забони тоҷикӣ, қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони тоҷикӣ (2009), таҳия ва қабули “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” (1998, 2011), “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” 2021), баргузории ҳамасолаи Рӯзи забони давлатӣ ва ғайра мебошанд.
Ин иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии рӯзафзуни забони давлатӣ мусоидати ҳамешагӣ намуда, иқдомоти сарнавиштсоз аст.
Раҳматуллозода Сахидод доктори илми филология,
узви вобастаи АМИТ, сарходими илмии шуъбаи забони тоҷикии
Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ
Китобнома
1. Ғафуров, Б.Тоҷикон (Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна). Китоби 1 [Матн]/ Б. Ғафуров. – Душанбе:Нашриёти муосир, 2020. – 701 с.
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” [Матн]. – Душанбе :Шарқи озод , 2012.. – 20 с.
3. Минбари халқ. 11.09.2025, №37(1538) // Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ.
4. Назарзода, С. Забони ваҳдатгаро [Матн] / С. Назарзода // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.– Душанбе, 2019. – №5. – С. 35-40.
5. Эмомалӣ, Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ [Матн] / Э. Рањмон. – Душанбе, 2006. – 372 с.
6. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён [Матн] / Раҳмон Эмомалӣ. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 2с.
7. Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби 1 [Матн] / Раҳмон Эмомалӣ. – Душанбе, 2016. – 516 с.
8. Эмомалӣ, Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби 2 [Матн] / Раҳмон Эмомалӣ. – Душанбе, 2020. – 431 с.