Skip to main content

Нури маърифат ба рӯям боз кард омӯзгор,

Мурғи иқболам баландпарвоз кард омӯзгор.

Озармеҳр

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2024 дар суханронӣ ба муносибати “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ” изҳори самимӣ намуданд, ки «Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шаъну шарафи омӯзгор таҳти кафолат ва муҳофизати қонун қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад».

Бале, омӯзгор шахси барумандест, ки инсонро аз хурдӣ илму адаб омӯзонида, тарбия мекунад. Омӯзгор сутуни асосии ҷомеа ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути заҳмат, дониш ва меҳнати касбии худ наслҳои ояндаро тарбия дода, ба роҳи пешрафт барои миллат равшан мегардонад. Агар ба таърих назар афканем, ҳамеша гуфтаҳои бузургон дар бораи муаллим – омӯзгор, ки ба ӯ ҳамчун чароғи роҳ ва асоси камолоти худ ёдовар мешуданду мешаванд, чунин суханҳоро навиштаанд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад» (Эмомалӣ Раҳмон). «Муаллим, то даме, ки зиндааст, мехонад: Ҳамин, ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад» (К.Д. Ушинский). «Муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагонаш гардад» (Д.И. Менделеев). «Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт» (А.С. Макаренко).

Воқеан сарчашмаи тамоми ҳастии инсон аз муаллим - омӯзгор оғоз мегардад. Омӯзгор ба қавли бузургон муҳандиси руҳии инсон ба ҳисоб меравад. Омӯзгор шахси воломақомест, ки аз хурди инсонро илму адаб омӯхта, ба воя мерасонад. Ӯ бузургтарин шахсест, ки дар баробари волидон мунису ғамхор буда, шахсро олами маънӣ мебахшад. Омӯзгорро оинаи чароғи роҳи зиндагӣ гӯем ҳам, хато намекунем, чаро, ки вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, шахсро тарбия намуда, илм меомӯзонад. Омӯзгор барои тарбияи хуб гирифтани шогирдонаш кӯшишҳои беандоза мекунад, тамоми ҳастиашро ба ӯ мебахшад, то ки шогирдон ба камол расида, тарбияи хуб гирифта, бузург гарданд. Зеро шогирди хуб ифтихори худи омӯзгор мебошад. Омӯзгор шогирдро ба роҳи рост равона накунад, ҳеҷ гоҳ шогирд шарафманду комёб намегардад. Барои як шахсро ба шахсият табдил додан заҳматҳои беандозаи зиёдро сарф менамояд, зеро мекӯшад, ки шогирд тарбияи хуб гирифта соҳибмаълумот гардад. Саодатманд ҳамон шахсест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгорӣ гаштааст. Омӯзгор аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳамиятии шогирдони худ ба изтироб афтода, қуввати худро барои тарбияи фарзандони мардум дареғ намедорад.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки омӯзгор касест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳама норасоиву нуқсонҳои инсон аст. Омӯзгор пешвою омӯзандаи алфози накӯ, таҷассумгари ростию ростқавлист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтору пиндори нек омӯхтааст. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба мартабаи камолот намерасад. Чуноне, ки шоири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ дар васфи омӯзгор менависад:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирадон рӯзгор.

Ифтихор ва сари баланди мост, ки мо тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат, бузургон ва олиму омӯзгорон доштему дорем. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз тарафи роҳбарияти давлат ба хотири баланд бардоштани шаъни омӯзгорон, дар маҷмӯъ рушди соҳаи маорифи кишвар тадбирҳои хеле зиёде андешида шудааст. Аз он ҷумла, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди меҳнати омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар сол то сол зиёд мегардад. Ин ҳам ғамхории бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ҷаноби олӣ-сарвари давлат нисбат ба омӯзгор мебошад.

Агар ба таърих назар афканем, аз мактаби куҳнаи устод Садриддин Айнӣ (1936) ба мо маълум аст, ки таҳсилот дар он замон чи гуна буду баъд аз ба даст овардани Истиқлолият алҳол чи гуна шудааст. Махсусан тавҷҷуҳи сарвари воломақоми давлатамон дар самти илм шароити хеле муфид ва замонавӣ фароҳам овардааст, ки имрӯз омӯзгорон аз усулҳои навини дарсдиҳӣ бе ягон душворӣ истифода мебаранд, бар замми ин, мақоми омӯзгор хеле баланд рафтааст.

Ҷомеае, ки ба омӯзгор эҳтиром дорад, ҳамеша пешрафт мекунад. Зеро обрӯ ва мақоми омӯзгор нишондиҳандаи дараҷаи маърифати ҷомеа мебошад. Имрӯз дар баробари дигар соҳаҳо, ҷомеа аз омӯзгор талаб мекунад, ки шахсияти намунавӣ ростқавл, босалоҳият, адолатпеша ва меҳрубон бошад.

Яке аз даргоҳи муққадаси илму эҷод ин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки дар ин ҷо олимону, муҳақиқон ва устодони соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд. Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон, ки аз соли 1971 таъсис дода шудааст, дар 13 бахш бо устодону муҳақиқони пуртаҷриба фаъолият дорад.

Омӯзгорони ин даргоҳ шогирдонро бо алфози неку таҷассумгари ростию росткорӣ, ба гуфтору рафтори дуруст низ омӯзонданд. Дар баробари ин фаъолияти омӯзгорони бахшҳо дар пояи муасиссаҳои илмӣ-таҳқиқотии АМИТ хонандагонро аввалин ҷанбаҳои амалии иҷроиши кори илмӣ-таҳқиқотӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ дар унвони мактабхонӣ омӯзониданд, ки ин яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи фаъолияти омӯзгорони бахшҳои Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон аз дигар омӯзгорони зинаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин муддат, чандин хонандагони болаёқат дар самти илмӣ-таҳқиқотӣ ба унвонҳои академикӣ ва узви вобастаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонидаанд шудаанд.

Самти фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши илму ҳунар ва донишҳои замони муосир, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тарғибу ташвиқи ҷаҳонбинии илмӣ ва ба ин васила тарбияи дурусти хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ буда, ба ҷалби истеъдодҳои нав ҳангоми иҷроиши корҳои илмию таҳқиқотӣ дар даврони мактабхонӣ равона гардида, татбиқи натиҷаҳои илмии хонандагонро дар доираи бахшҳои илмҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва ҷамъиятшиносӣ амалӣ мегардонад.

Аз ин рӯ, фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти истеъдодҳо, эҷодкорон ва дар оянда омода намудани мутахассисони моҳир, бомаърифат, инчунин такмилдиҳандаи фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар, пеш аз ҳама, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Воқеан, Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар оянда бо дастгирии роҳбарияти АМИТ дигар бахшҳоро низ ба роҳ монда, фаъолияти худро дар ин ҷода васеъ гардонад.

Хулас, бо назардошти андешаҳои баёнгардида, метавон хулоса намуд, ки таваҷҷуҳ ба илму таълиму тарбия, бахусус саҳми омӯзгор ва омода намудани кадрҳои баланд соҳибихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони имрӯза масъалаҳои афзалиятдошта, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат, бахусус ғамхориҳои Сарвари муаззами давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мо ҷавононро мебояд пайрави Пешвои миллат бошем ва ба суханону роҳандозиҳои вай такя намуда, кӯшишу заҳматҳои омӯзгорони худро фаромӯш накунем. Зеро дар масири ҳама ин ноилгардидаҳо заҳматҳои беандозаи омӯзгор бузург аст. Ва мо бояд ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ба хизматҳои омӯзгорон ва калонсолон эҳтиром гузорем.

Дар бобати саҳми устод шоири бузург Саъди Шерозӣ чунин мисраҳои шеърӣ баён намуданд:

Подшоҳе писар ба мактаб дод,

Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.

Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар,

“Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар”.

Идатон муборак, омӯзгорони азиз!

Салимов Аҳмадҷон - мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.