Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ ба эҳёи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Сиёсати давлат дар ин марҳила ба таври возеъ бар пояи арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ ва илмии халқ таҳия ва татбиқ гардид. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ ба дастовардҳои муҳим ноил гашт.
Дар ин замина, мероси таърихӣ ҳамчун пояи асосии худшиносии миллӣ ва яке аз сарчашмаҳои таҳкими ваҳдати ҷомеа мавқеи марказиро ишғол намуд. Аз оғози истиқлол, бо вуҷуди мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёи рамзҳои давлатӣ, бозгардонии шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва рушди сиёсати илмӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ба шумор меравад. Ин иқдомҳо дар асоси таҳқиқоти илмӣ ва сиёсати ҳадафманд ба роҳ монда шуда, на танҳо барои таҳкими ҳувияти миллӣ, балки барои барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши муассир бозиданд.
То соли 2025, ки ба таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 74-солагии таъсисёбии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш рост меояд, саҳми ниҳодҳои илмӣ дар самти таҳқиқ ва таблиғи мероси таърихию миллии тоҷикон ба таври назаррас густариш ёфта, ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва таҳкими худшиносии ҷомеа мусоидат намудааст.
Дар даҳсолаи аввали истиқлол, новобаста аз мушкилоти шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, олимону муҳаққиқони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмии худро қатъ накарданд. Дар солҳои 1991-1998 муҳаққиқон М. Н. Наимов, З. З. Богуманова, академик А. Мухторов, Ҳ. Пирумшоев, С. Бобомуллоев, Н. Б. Ҳотамов ва Р. М. Масов таҳқиқоти муҳимро ба нашр расониданд, ки дар бознигарии таърихи сиёсиву иҷтимоии тоҷикон нақши муҳими худро гузоштанд ва ба таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат карданд.
Нашри шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» (1998-2013) яке аз дастовардҳои муҳими илми таърихнигории миллӣ буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва пайванди наслҳо нақши муҳим доштааст.Ҳамин гуна тадбирҳо ба ифшои амиқтари асли фарҳанги миллӣ ва эҳсоси ҳувияти миллӣ мусоидат карданд.
Дар заминаи таҳкими ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ, соли 1996 дар назди институт Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон таъсис ёфт. Он ба яке аз намунаҳои муассири сиёсати фарҳангии кишвар табдил ёфта, дар тарғиб ва таблиғи дастовардҳои бостоншиносии тоҷик нақши муҳим мебозад. Дар осорхона бозёфтҳои беназир аз ёдгориҳои Саразм, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Панҷакенти Қадим, Шаҳристон ва Кофирқалъа ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо муаррифгари гузаштагони фарҳангӣ ва таърихии миллати тоҷиканд.
Дар ин марҳилаи ниҳои (солҳои 2000-2010) таҳкими ваҳдати миллӣ ва сохтмони давлатдории миллӣ ба маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт. Қабули Барномаи давлатии рушди фарҳанг, сохтмони Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, ва дигар муассиcаҳои фарҳангӣ нишонаи сиёсати фарҳангии давлатӣ буданд.
Дар ин давра бештар таваҷҷуҳ ба таҳқиқи таърихи дохилӣ, эҳёи ёдгориҳои меъморӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва рушди забони давлатӣ равона шуд. Асарҳои муҳими илмиву таърихӣ, ки саҳми бузурге дар омӯзиши таърихи тоҷикон гузоштанд, аз ҷумла корҳои Ҳ. Пирумшоев, Н. Ҳотамов, Р. Абулҳаев, Л. Додхудоева, А. Саидов, Ҳамза Камол, С. Бобомуллоев, Н. Хоҷаева, Ф. Абдурашитов, А. Ғафуров, В. В. Дубовитский, Ф. Кароматов, Н. Нурҷонов, Б. Қобилова, Р. Мукимов, Г. М. Майтдинова ва дигарон мебошанд. Ин тадқиқотҳо масъалаҳои гуногуни таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро фаро мегиранд ва ба таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат карданд.
Ҳамзамон, ҳамкории бостоншиносони тоҷик бо муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва муҳаққиқони кишварҳои пешрафта, мисли Россия, Олмон, Фаронса, Италия, Ҷопон ва Чин, густариш ёфта, ин раванд ба таҳкими пайвастаи заминаи илмии соҳаи таърих ва фарҳанг дар Тоҷикистон таъсири мусбат расонд.
Солҳои 2010-2025, дар шароити таҳдидҳои фарҳангии ҷаҳонишавӣ, сиёсати фарҳангии Тоҷикистон хусусияти муҳофизакорона касб намуд. Дар ин давра таваҷҷуҳи олимон ба таҳқиқи этногенез, ташаккули ойину суннатҳои давлатдории тоҷикон, тамаддуни ориёӣ-тоҷикӣ ва нақши фарҳанги миллӣ дар тамаддуни минтақа бештар гардид. Ин раванд барои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тақвияти ҷойгоҳи тоҷикон ҳамчун мардуми бумии Осиёи Марказӣ аҳамияти калидӣ дошт. Дар ин замина, чорабиниҳои муҳим мисли таҷлили 5500-солагии Саразм бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар таҳқиқотҳои илмӣ ва маъракаҳои фарҳангӣ нақши муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Институт хеле назаррас гардиданд.
Дар ин марҳилаи муҳими таърихӣ, олимону муҳаққиқон бо асарҳои беназири худ нақши муҳим дар таҳқиқ ва таҳлили таърихи тоҷикон ба таъб расониданд: Ҳ. Пирумшоев, Н. Ҳотамов, Р. Абулҳаев, Б. Қобилова, Р. Мукимов, Л. Додхудоева, А. Саидов, Ҳамза Камол, С. Бобомуллоев, Н. Хоҷаева, Ф. Абдурашитов, А. Ғафуров, Шарифзода А., Бобоев Х., Абдурашитов Ф., Бобомуллоев С., Мирзоев Ҷ., Хуҷагелдиев Т., Раҷабов А., ва дигарон, ки ки бо таҳқиқоти амиқ ва асарҳои илмии худ ба омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни таърих, фарҳанг, бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷикон саҳми арзанда гузоштанд. Осори онҳо ҳамчун манбаи боэътимод барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди илми таърихшиносӣ дар Тоҷикистон хизмат карданд ва илҳоми нав барои пажӯҳишҳои минбаъда гардиданд. Инчунин, ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои байналмилалӣ ва нашри тадқиқотҳои муштарак саҳми Тоҷикистонро дар арсаи илмии ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.
Дар солҳои охир, бахусус соли 2019, дар Тоҷикистон 22 экспедитсияи бостоншиносӣ баргузор гардид. Дар солҳои 2021-2025 тадқиқотҳо дар Лағмон, Хоҷа Машҳад, Карон, Балҷувон ва Кангуртут (бостоншиносӣ), Саразм ва Панҷакент (антропология), инчунин Ваҳдат, Нуробод ва дараи Ромит (мардумшиносӣ) сурат гирифтанд. Олимон ёдгориҳои қадимиро дар Саразм, Карон, Золи Зар, Тахти Сангин, Фархор ва дигар мавзеъҳо омӯхтанд. Кашфиётҳои асосӣ дар солҳои 2021-2025 иборатанд аз: ёфтани намуди нави фарҳанги палеолити миёна (бифасҳо) дар Ғофилободи ноҳияи Мӯъминобод; нишонаҳои зиндагии одамон чандин ҳазор сол пеш дар Лоҳутӣ IV ва Хонақоҳи III; бозёфтҳои муҳими давраи асри биринҷ ва замонҳои қадим дар Кӯлоб, Саразм, Карон ва Санҷаршоҳ. Ин тадқиқотҳо собит карданд, ки инсон дар ҳудуди Тоҷикистон ҳазорҳо сол пеш зиндагӣ карда, фарҳанги ғанӣ ва таърихи куҳан дорад. Ин омӯзишҳо барои ҳифзи мероси таърихӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ аҳамияти муҳим доранд.
Дар давраи 1991-2025 сиёсати фарҳангии Тоҷикистон ба ҳифзи мероси таърихӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ тамаркуз дошт. Тадқиқотҳои бостоншиносӣ ва антропологӣ дар ёдгориҳои қадимӣ, ки дар саросари кишвар гузаронида шуданд, асоси амиқи таърихии тамаддуни тоҷиконро нишон доданд. Ин равандҳо ба мустаҳкам кардани ифтихори миллӣ, эҳёи суннату фарҳанги миллӣ ва ҷалби ҷомеа ба омӯхтани таърихи хеш мусоидат карданд. Аз ин рӯ, мероси таърихӣ ва ҳувияти миллӣ дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун рукни муҳими давлатсозӣ ва рушд ҳамеша дар мадди назар қарор дорад.
Дар мақола қисмате аз корҳои илмию таҳқиқотии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ дар даврони истиқлолият рӯи чоп оварда шудааст.
Азизуллозода Майсара Нурулло Ходими илмии Шуъбаи таърихи илм ва техникаи ИТБМ ба номи А. Дониш