Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози расмии он ба 9 сентябри соли 1991 рост меояд, на танҳо оғози марҳалаи нави давлатдорӣ, балки нуқтаи ибтидоии рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмиву техникӣ гардид. Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барқарории сулҳу суботи миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳамчун ҳадафи асосӣ амалӣ гардид.
Маҳз оромию субот ва ваҳдати миллӣ шароите фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон тавонад бо қадамҳои устувор ба марҳалаи рушди босуръат ворид гардад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва илму техника ба даст омадаанд. Аз ҷумла, сохтмони неругоҳҳои бузурги тавлиди барқ, аз қабили НБО "Сенгтуда 1", "Сангтуда 2", "Роғун", бунёди нақбҳои байналмилалӣ ва роҳҳои автомобилгарди стратегӣ, ки Тоҷикистонро бо шабакаи нақлиётии минтақа ва ҷаҳон пайвастанд, на танҳо аҳамияти иқтисодӣ доранд, балки заминаи муҳим барои ҳамкориҳои байналмилалӣ фароҳам оварданд.
Дар соҳаи илм ва техника, неъмати соҳибистиқлолӣ имконият дод, ки муассисаҳои таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳои кишвар барномаҳои муосир ва навоваронаи таҳқиқотиро роҳандозӣ кунанд. Имрӯз олимони тоҷик бо ҳамкасбони худ аз кишварҳои Русия, Чин, Ҷопон, Олмон, Италия, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон ва даҳҳо кишвари дигари олам лоиҳаҳои мутаҳидаи илмӣ доранд ва таҳқиқотҳои муштараки илмӣ мегузаронанд. Масалан, дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои пешрафтаи Ҷопон, таҳқиқот дар самти синтези маводҳои нави фотоэлектрикӣ барои панелҳои офтобӣ анҷом дода мешавад. Инчунин, ҳамкориҳои илмӣ бо пажӯҳишгоҳҳои Русия дар соҳаҳои таҳқиқотҳои ҳастаӣ, нанотехнология ва таҳлили маводҳои функсионалӣ ба дастовардҳои амалӣ ва мақолаҳои муштарак дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ оварда расонидаанд.
Ҷумҳурии Тоқикистон дар баробари ин, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ, таъмини амнияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмии амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат паваста ба илму техника ва мутахассисони ватанӣ такя мекунад. Ин ҳадафҳо бевосита ба рушди таҳқиқотҳои илмӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафта вобастаанд, чун яқин ҳаст, ки бе ҳамгироии донишҳои муосир ва дастовардҳои илмӣ, иҷрои ин вазифаҳои стратегӣ ғайриимкон мегардад.
Бо гузашти се даҳсола аз рӯзи оғози соҳибистиқлолии худ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари аз рушдкарда аз ҷиҳати ҳамкориҳои илмӣ дар минтақа табдил ёфтааст. Лоиҳаҳои муштарак, барномаҳои инноватсионӣ, табодули таҷриба ва иштироки олимони тоҷик дар конфронсҳои бонуфузи байналмилалӣ, на танҳо сатҳи илму техникаи кишварро боло мебаранд, балки нуфузи онро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам месозанд, ки ҳамаи ин бо шарофати бадаст омадани истиқлолият, суботи пойдор ва сиёсати дурбинонаи роҳбарияти давлат имконпазир гардид.
Нематов Дилшод Давлатшоевич - мудири лаборатоияи Электроникаи квантӣ, н.и.т.